Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ СУДИ-ХУКУКИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ СУДИ-ХУКУКИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Бо Фармони Президенти

Чумхурии Точикистон

аз 5 январи соли 2015 № 327

тасдик шудааст

БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ СУДИ-ХУКУКИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

БАРОИ СОЛХОИ 2015-2017

(Фармони Президенти ЧТ аз 3.09.2016 № 750)

Барномаи ислохоти суди-хукуки дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2017 (минбаъд – Барнома) идомаи ислохоти суди-хукуки дар Чумхурии Точикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 23 апрели соли 2014 тахия гардидааст.

Максади асосии ислохоти суди-хукуки ин тахкими минбаъдаи хокимияти суди, соддагардонии чараёни мурофиаи суди, баланд бардошташ накши суд дар хифзи хукуку озодихои инсону шахрванд, химояи манфиати давлат, ташкилотхо, таъмини конунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти макомоти судии кишвар мебошад.

Дар Барномаи ислохоти суди-хукуки, ки бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдик гардида буд, масъалахои такмили минбаъдаи сохтори суди, тахкими мустакилияти судхо, баланд бардоштани масъулияти судяхо ва бехтар намудани вазъи ичтимоии онхо, рушди конунгузории соха, таъмини дастрасии шахрвандон ба ёрии хукукии баландихтисос, ислохоти низоми мавчудаи адвокатура пешбини шуда буданд.

Барои таъмини ичрои Барномаи мазкур як катор чорабинихо, аз чумла оид ба чобачогузории дурусти кадрхои соха, баланд бардоштани сатхи тахассусии онхо, халли дигар масъалахои ташкилии фаъолияти суди рохандози гардида, дар ин раванд конунхои конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон”, “Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон”, Кодекси мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон ва як зумра конунхо оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба конунхои дахлдори Чумхурии Точикистон кабул карда шуданд. Инчунин Кодекси одоби судяи Чумхурии Точикистон дар тахрири нав кабул карда шуд.

Хамзамон лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокати” дар баррасии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор дошта, тахияи лоихаи Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон идома дорад.

Барномаи ислохоти суди-хукуки дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2017 бо максади идома додани ислохоти суди-хукуки дар кишвар, тахкими минбаъдаи хокимияти суди, таъмини мустакилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди конунгузории соха кабул карда мешавад.

1. Рушди конунгузории мурофиави

Дар банди 2 Накшаи чорабинихо оид ба татбики Барномаи ислохоти суди-хукуки дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2013 омузиши масъалаи рушди мурофиахои тосудии халли бахсхо пешбини гардида буд.

Дар натичаи рушди босуръати сохахои мухталифи хаёти чомеа шумораи парвандахои граждани, оилави, иктисоди, чинояти ва хукуквайронкунии маъмури сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин холат боиси афзоиши сарбории судяхо шуда, барои босифат ва дар мухлатхои мукарраршуда барраси гардидани парвандахо метавонад таъсири манфи расонад.

Барои таъмини саривактии баррасии парвандахо, кам кардани сарбории судяхо ва соддагардонии мурофиахои суди рушди мурофиахои тосуди мувофики максад мебошад. Чунин муносибат тарафхоро ба созиш меорад ва ба халли тосудии бахси тарафхо мусоидат менамояд. Дар ин радиф ба таври соддакардашуда барраси намудани парвандахо оид ба чиноятхои категорияи вазнин ба максад мувофик аст.

Вобаста ба ин ва бо максади халли дигар масъалахои фаъолияти суди зарур аст, ки конунгузории мурофиавии граждани, чинояти, иктисоди ва хукуквайронкунии маъмури тачдид гардида, ба онхо тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шаванд. Хамчунин зарур аст, ки конунгузории мурофиавии чинояти бо максади такмили тафтишоти пешаки мавриди омузиш карор дода шавад.

2. Такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон

Судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон парвандахоро дар мархилаи якум барраси карда, дар холатхои пешбининамудаи конун ичрои санадхои кабулгардидаро таъмин менамоянд, дар мачлисхои коллегияхои судии мархилахои кассатсиони ва назорати иштирок менамоянд, оид ба парвандахо маъруза карда, санадхои судиро тахия мекунанд, дархостро дар бораи ичрои мачбурии карори судхои давлатхои хоричи барраси менамоянд, парвандахоро дар асоси шикоят ё эътирози кассатсиони ва назорати мавриди барраси карор дода, оид ба ирсоли парванда барои мохиятан барраси намудан ва ё оид ба рад намудани ирсоли парванда ба суди мархилаи назорати дар доираи салохияташон карор (таъинот) кабул мекунанд, лоихахои карорхои Пленуми Суди Оли ва Суди Олии иктисодиро тахия намуда, дар мачлиси Пленум маъруза мекунанд, барои гузаронидани чамъбасти амалияи суди парвандахоро мавриди омузиш карор дода, оид ба хар як парвандаи омухташуда маълумотнома тахия намуда, аз натичаи онхо ба макомоти дахлдор пешниходот ирсол менамоянд. Оид ба такмили конунхо ва дигар санадхои меъёрии таклифхо тахия мекунанд. Ваколатхои дигареро, ки конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки пешбини намудаанд, амали менамоянд.

Ба гайр аз ин ба зиммаи судяи Суди Оли ва Суди Олии иктисоди дигар вазифахо, ба монанди расонидани ёрии амали ба судхои поёни, гузаронидани машгулиятхои семинари бо судяхо ва кормандони масъули дастгохи судхо, аз руи барномахои тасдикгардида дар Маркази таълимии судяхои Суди Олии Чумхурии Точикистон бо судяхо ва коромуз-судяхо гузаронидани дарсхо, ба воситаи телевизион ва радио дар мавзухои хукуки баромад намудан, дар рузномаю мачаллахо хабару маколахо ба нашр расонидан, дар ташкилотхо вохурию мулокотхо баргузор намудан, ба маълумоти ахолии кишвар расонидани карорхои кабулгардидаи суди ва гайрахо вогузор карда шудааст (Фармони Президенти ЧТ аз 3.09.2016 № 750).

Бинобар ин барои сари вакт, пурра, хаматарафа, босифат амали намудани ваколатхои судяи Суди Оли ва Суди Олии иктисоди, ба анчом расонидани корхои омодаги ва техники таквият бахшидани самти ташкилии фаъолияти онхо ба максад мувофик мебошад.

Хорич карда шуд (Фармони Президенти ЧТ аз 3.09.2016 № 750)

4. Ислохоти низоми суди нисбати ноболигон

Дар асоси тавсияхои Кумитаи Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки кудак, инчунин банди 13 Накшаи миллии Чумхурии Точикистон оид ба татбики тавсияхои давлатхои аъзои Шурои Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки инсон вобаста ба Шархи универсалии даврии Чумхурии Точикистон оид ба хукуки инсон барои солхои 2013-2015 таъсиси судхои ювенали пешбини карда шудааст.

Дар ин раванд, бо максади таъмини адолат нисбати ноболигон, хаматарафа таъмин намудани хукуку манфиатхои онхо, фарохам овардани мухити солим ба ноболигон дар рафти тахкик ва тафтиш, инчунин баррасии парвандахои маъмури ва чинояти дар суд, муайян намудани судяхои баррасикунандаи парвандахо оид ба хукуквайронкунии ноболигон дар хайати судхои амалкунанда ва такмили конунгузори, аз чумла конунгузории мурофиавии чинояти Чумхурии Точикистон мувофики максад аст.

5. Тадбирхо оид ба таъмини ичрои санадхои суди. Такмили сохтор ва фаъолияти ичрочиёни суд

Дар паёмхои Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар баробари масъалахои таъмини фаъолияти шаффофу ошкорои судхо, кабули карорхои конунию асоснок ба таъмини ичрои онхо диккати махсус дода шудааст.

Зиёд гардидани шумораи парвандахо ва истехсолоти ичро, хамзамон дар сатхи пешин карор доштани шумораи ичрочиёни суд ва аз тарафи макомоти тафтишоти ва судхо дар сатхи зарури наандешидани чорахо оид ба таъмини талаби даъво ва мусодираи молу мулки судшаванда барои таъмини ичрои саривакти ва хаматарафаи санадхои суди таъсир мерасонад.

Бинобар ин, бо максади таъмини ичрои саривактии санадхои суди, мувофики максад аст, ки сохтор ва фаъолияти ичрочиёни суд такмил дода шуда, дар ин радиф ба конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шаванд.

6. Тадбирхо оид ба таъсиси сохтори мустакили эксперти

Бо максади гузаронидани экспертизаи мустакил, бартараф намудани таъсири идорави, назорати ягонаи методи аз руи сифат ва истехсолоти экспертизаи суди, ташкили корхои илми-тахкикоти ва хамохангсозии фаъолияти муассисахои эксперти, муайян намудани кормандон аз руи ихтисос, тачрибаи кори ва хусусияти фаъолият, баланд бардоштани сатх ва сифати ташкили экспертизаи суди ва тачрибаи тафтишоти, мучаххаз намудани онхо бо дастгоххои замонави ва хамчунин чихати рох надодан ба хатогихо дар рафти тахкик ва тафтишоти пешаки, амалияи суди, хифзи хукуку озодихои инсон, аз байн бурдани такроршавии вазифахои онхо бояд муассисахои эксперти (ба истиснои экспертизаи судии тибби) ба як сохтори мустакили давлатии берун аз таъсири идорави табдил дода шаванд. Инчунин масъалаи дар асоси ичозатнома чори намудани экспертизахои мустакили гайридавлати низ мавриди барраси карор дода шавад.

Чихати амали намудани ин тадбирхо тачдиди назар кардани санадхои меъёрии хукукии дахлдор мувофики максад мебошад.

7. Рушди ёрии хукукии ройгон

Конститутсияи  Чумхурии Точикистон кафолати ёрии хукукиро пешбини намуда, тарзи ташкил ва тартиби шаклхои расонидани ёрии хукукиро ба Конун вогузор кардааст (Фармони Президенти ЧТ аз 3.09.2016 № 750).

Бо дарназардошти таъмини дастраси ба адолати суди ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд чихати амали намудани меъёри зикргардидаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ба максад мувофик аст, ки Консепсияи расонидани ёрии хукукии ройгон тахия ва барои барраси пешниход карда шаванд (Фармони Президенти ЧТ аз 3.09.2016 № 750).

Дар ин раванд санадхои меъёрии хукуки оид ба расонидани ёрии хукуки бояд такмил дода шаванд.

8. Таъминоти модди-техникии судхо, хифзи ичтимоии судяхо ва кормандони дастгохи судхо

Барои таъмини фаъолияти самаранок ва таъмини мустакилияти судхо хифзи ичтимоии судяхо ва кормандони дастгохи судхо, инчунин бехдошти вазъи модди-техникии судхо ахамияти мухим дорад.

Чихати амали намудани ин хадафхо ба максад мувофик аст, ки маблаггузории макомоти суди, бо дарназардошти эхтиёчоти вокеии судхо, аз чумла талабот ба бино, воситахои наклиёт, техникаву тачхизоти муосир, музди мехнат, манзили истикоматии хизмати таъмин карда шавад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …