Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2025

БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2025

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри соли 2015, № 791 тасдик шудааст  

МУКАДДИМА

Ислохоти сохаи оби Точикистон бо кабули Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 15 марти соли 2006, № 1713 “Стратегияи ислохоти системаи идоракунии давлати” огоз гардида, якчанд мархиларо дар бар мегирад. 1 августи соли 2012 Барномаи ислохоти сохаи кишоварзии Чумхурии Точикистонро барои солхои 2012-2020, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон кабул гардидааст, нуктахои асосии ислохоти сохаи обро, аз он чумла гузариш ба Идоракунии хамгироиёнаи захирахои об (минбаъд – ИХЗО)-ро дар хавзахои дарёхо дар бар мегирад. Ислохоти сохаи об хамчун кисми чудонашавандаи ислохоти кишоварзи ба назар гирифта шудааст.

Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 “Дар бораи такмили сохтори макомоти ичроияи хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон” барои огози ислохоти сохаи об заминаи хукуки фарохам овард. Тибки Фармони мазкур Вазорати мелиоратсия ва захирахои оби Чумхурии Точикистон бархам дода шуда, вазифахои сиёси дар сохаи об ба зиммаи Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон ва вазифахои марбут ба обёри ва бехдошти замин ба зиммаи Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон вогузор карда шуданд.

Максад аз ислохоти сохаи об гузоштани замина барои гайримутамарказонидани системаи идоракуни ва базиммагузории як кисми корхои хизматрасони дар чараёни таксимоти масъулият байни вазорату идорахои давлати ва кисман ташкилотхои гайридавлати мебошад. Ислохоти пешниходшаванда ба принсипхои умумии танзимкунандаи ИХЗО асос ёфта, дар он ба масъалахои ба эътибор гирифтани манфиатхои ичтимои, иктисоди ва мухити зист тавассути идоракунии босубот ва рушди захирахои об эътибори хоса дода мешавад.

Барномаи ислохоти сохаи оби Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2025 (минбаъд- Барнома) масъалахои ислохоти сохаи обро дар тамоми зерсохторхои баистифодаи об алокаманд инъикос мекунад. Дар фаслхои оянда сохаи об хамчун “соха” ва намудхои гуногуни махсуси истифодаи об, ба монанди обёри ё гидроэнергетика хамчун “бахш” зикр мегарданд. Дар Барнома аввал мушкилоти асосии сохаи оби Чумхурии Точикистон овардашуда, сипас роххои халли онхо тавассути ислохот пешниход карда мешавад.

I. ЗАХИРАХОИ ОБ

  1. Точикистон кишвари кухсор буда, 93 фоизи худуди онро кухистон ташкил медихад. Боришоти солона дар мамлакат такрибан 760 мм буда, аз 100 мм дар баъзе минтакахои чудогонаи кисми чануби кишвар то 2400 мм дар куллаи Федченко тагйир меёбад.
  2. Пиряххо. Масохати умумии пиряххо 11,146 хазор км2 ё 8% худуди кишварро ташкил медихад. Такрибан 845 км3 захирахои об дар пиряххо махфуз мебошанд.
  3. Дарёхо. Дар Точикистон 947 дарё ва сойхоидоими ва мавсими вучуд доранд, ки чараёни оби бозтавлидшавандаи онхо ба 64 км3/сол баробар аст, аз он чумла 1,1 км3/соли он дар хавзаи дарёи Сир ва 62,9 км3/соли он дар хавзаи дарёи Аму, такрибан 55% захирахоиоби солонаи хавзаи бахри Арал дар Точикистон ташаккул меёбад.
  4. Аз нуктаи назари гидрографи дар Точикистон хавзахои дарёхои Аму, Сир, Панч, Вахш, Зарафшон, Кофарнихон ва зерхавзахои Каротог-Ширкент, Кизилсу-Яхсу, Исфара, Хочабакиргон, Оксу ва сойхои Ашту-Сомгор мавчуданд.
  5. Кулхо ва обанборхо. Дар мамлакат 1300 кулхо бо масохати 705 км2 мавчуданд. Хачми умумии захирахои оби онхо 46,3 км3-ро ташкил медихад, ки аз ин микдор 20 км3 обхои ширин мебошанд. Шумораи обанборхо дар Точикистон 11 адад буда, хачми умумии муфиди онхо такрибан 7,5 км3-ро ташкил менамояд.
  6. Обхои зеризамини. Захирахои обхои зеризаминии баркароршаванда дар Точикистон 18,7 км3/сол-ро ташкил медиханд, ки аз он, 2,8км3/сол захирахои истифодашаванда махсуб меёбанд.
  7. Обхои партови бозгарданда. Табиати Точикистон асосан аз куххо ва доманакуххою теппахои сарнишеб ташаккул ёфтааст, ки ин ба чамъу пас гаштани хачми калони обхо ба дарёхо мусоидат менамояд. Хачми обхои бозгарданда такрибанба 3.5 – 4.0 км3/сол мерасад, ки 3,0 км3 он обхои захбур ва бозгарданда аз заминхои обёришаванда буда, 0,50 км3-и он обхои партови маиши ва бахши саноат мебошад.

II. ВАЗЪИЯТИ СОХАИ ОБ 1. ИСТИФОДАИ ЗАХИРАХОИ ОБ ДАР БАХШХОИ ГУНОГУН

  1. Истифодабарандагони асосии захирахои об дар Точикистон бахшхои таъминоти оби нушоки ва санитария, гидроэнергетика, обёрии кишоварзи, саноат, мохипарвари, солимгардони ва мухити зист мебошанд. Чумхурии Точикистон дар асл танхо 17-20 фоизи захирахои оби дар худудаш ташаккулёбандаро истифода мебарад. Ба хисоби миёна дар давраи мушохидахои гузаронидашуда (1985-2014) хачми солонаи обе, ки аз чониби сохахои мухталифи иктисод дар кишвар истифода бурда мешавад, аз 8,0 то 14,5 км3/сол- ро ташкил медихад.
  2. Таъминоти оби нушоки ва санитария. Таъминоти оби нушоки ва санитария яке аз бахшхои мухимтарини сохаи об шумор рафта, рушди он барои Хукумати Чумхурии Точикистон афзалияти аввалиндарача дорад. Хачми оби дар ин бахш истифодашаванда дар як сол худуди 400 млн.м3-ро ташкил медихад. Аз ин микдор 103-105 млн.м3 бевосита аз чониби ахоли истифода бурда мешавад. Эхтиёчоти таъминоти оби нушоки ва санитария камтар аз 5,0% хачми умумии оби барои тамоми ниёзхои кишвар истифодашавандаро ташкил медихад.
  3. Гидроэнергетика. Гидроэнергетика яке аз бахшхои мухими сохаи оби Точикистон ба шумор рафта, асоси иктидорхои энергетикии кишварро ташкил менамояд. Аз 5414МВт иктидори энергетикии мавчудаи кишвар 4996 МВт ё 93% ба гидроэнергетика рост меояд. Дар истехсоли солонаи неруи барк, сахми гидроэнергетика 98-99%-ро ташкил менамояд. Хусусияти мухими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, худи онро хамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба хачм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Хамасола, худуди 30-35 км3 об тавассути неругоххои баркии обии кишвар гузашта, дар мачмуъ 16-17 млрд. кВт. соат неруи барк истехсол карда мешавад.
  4. Обёрии кишоварзи. Бахши обёрии кишоварзи барои таъмини амнияти озукавори дар кишвар ахамияти мухим дорад. Худуди 80% махсулоти сохаи кишоварзи аз заминхои обёришаванда ба даст оварда мешавад. Хачми умумии оби аз тамоми сарчашмахо барои обёри гирифташаванда ба хисоби миёна 8,0-10,0 км3/сол-ро ташкил менамояд. Зиёда аз 90% хачми умумии обхои аз махзанхои табии гирифтамешуда барои эхтиёчоти обёрии кишоварзи истифода бурда мешавад.
  5. Саноат. Истехсолоти саноати дар солхои аввали истиклолияти кишвар ба таври назаррас паст рафта, таи солхои охир ба тадрич баркароршуда истодааст. Соли 1990 дар сохаи саноат 607 млн.м3 об истифода шуда, айни хол, хачми умумии истифода наздик ба 240-300 млн. м3-ро ташкил менамояд, ки ин ба 2-3% хачми умумии оби дар кишвар истифодашаванда рост меояд. Кисми назарраси об барои саноат аз хисоби обхои зеризамини гирифта мешавад.
  6. Мохипарвари низ яке аз бахшхои мухими истифодаи об ба хисоб меравад. Хавзхои мохипарвари дар сохилхои фарохи дарёхо ё дар чойхои ба мачрои дарё бисёр наздик сохта шудаанд, ки ин талафоти бебозгашти обро хеле кам мекунад. Хачми миёнаи оби барои хавзхои мохипарвари истифодашаванда дар як сол 90-100 млн.м3 ё 0,8-1,5% хачми умумии оби истифодашудаи кишварро ташкил медихад.
  7. Солимгардони дар манобеи об. Худуди Точикистон дорои иктидори бузурги рекреатсиони мебошад. Дар чумхури 162 ёдгории манзаравии табиии оби, бештар аз 200 чашмаи маъдани, 18 кули лойкаи шифобахш ва намакин ба кайд гирифта шудаанд. Хачми истифодаи об дар минтакахои рекреатсионии чумхури ба хисоб гирифта нашудааст, вале муайян аст, ки оби истифодашаванда дар ин холатхо баъди тоза намудан кисман ба махзанхои оби баргардонида мешаванд.
  8. Мухити зист. Истифодаи об барои бехдошти мухити зист накши бисёр калон дорад. Гарчанд айни хол дар чумхури хисоби мушаххас оид ба хачми оби барои мухити зист истифодашаванда вучуд надорад, муайян аст, ки барои субот ва рушд мухит хачми муайяни обро истифода мебаранд. Истифодабарандагони об бо максади хифзи мухит дар Точикистон чангалзор, кул ва ботлокзорхо мебошанд.

2. АСОСХОИ ХУКУКи ВА ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИДОРАИ ЗАХИРАХОИ ОБ

  1. Асоси конунгузории сохаи оби Точикистонро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Кодекси оби Чумхурии Точикистон, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишномахо, конвенсияхо ва дигар санадхои хукукии байналмилали, минтакави ва байнидавлати оид ба об, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, ташкил медиханд.
  2. Дар раванди идоракунии захирахои оби Точикистон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Шурои хамохангсози назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои обу энергетика, вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва иттиходияхои чамъияти шомил мебошанд.
  3. Вазоратхо, кумитахои давлати, агентихо ва муассисахои ба идора, истифода ва хифзи захирахои об алокаманд, чихати амали намудани сиёсати сохаи об ба манфиати иктисодиёти милли ва истифодабарандагони об салохияти ичроия доранд.
  4. Бо вучуди тагйироти зиёд дар сохтори Хукумати Чумхурии Точикистон ва таъсис гаштани макоми нав, таксими вазифахо ва салохиятхо дар сохаи идоракунии об байни сохторхои гуногун то хануз тибки Низомнома дар бораи муайян намудани ваколатхои макомоти ваколатдори махсуси давлати доир ба танзими истифода ва хифзи об, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4 феврали соли 2002, № 39 тасдик шудааст, амали карда мешавад.
  5. Макомоти давлати оид ба идоракунии захирахои об дар Чумхурии Точикистон инхо мебошанд:

– Вазорати энергетика ва захирахои об;

– Вазорати кишоварзи;

– Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли;

– Кумитаи хифзи мухити зист;

– Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани;

– Саридораи геология;

– Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори;

– Агентии бехдошти замин ва обёри;

– Корхонаи вохиди давлатии “Хочагии манзилию коммунали”;

– Ширкати сахомии холдингии кушодаи “Барки Точик”.

  1. Дар хамкори бо ташкилотхои давлати иттиходияхои чамъияти низ дар сохаи идоракунии захирахои об фаъолият доранд. Ассотсиатсияхои истифодабарандагони об (минбаъд – АИО) ва Федератсияхои АИО-хо дар Точикистон иттиходияхои чамъиятии махсусгардонидашуда мебошанд, ки ба нигохдори ва идоракунии шабакахои обёри ва захкашу захбурхои дохилихочаги хукук доранд.

III. МУШКИЛОТИ СОХАИ ОБ

1. МАЪЛУМОТИ УМУМи

  1. Солхои охир бинобар таъсири омилхои гуногун, аз чумла гузариш ба муносибатхои бозори, афзудани талабот ба захирахои об бо сабаби афзоиши ахоли, кохиши захирахои об бо таъсири тагйироти иклим, афзоиши холатхои фавкуллодаи гидрометеорологи, бухрони молияви, урбанизатсия, биёбоншави ва гайра мушкилот дар сохаи об ру ба афзоиш дорад.
1.1. ДАВРАИ ГУЗАРИШ ДАР ИКТИСОДИЁТ
  1. Точикистон мархалаи гузариш ба бозори иктисодиро аз сар гузаронида истодааст ва тамоми тагйироти сиёсиву иктисоди дар мачмуъ ба фаъолияти сохаи об ва истифодабарии он, аз чумла мутобиксозии идоракунии об ба шароити нави иктисоди низ таъсир расонида истодааст.
  2. Мутобиксозии мазкур масоили зеринро дар бар мегирад: (1) бехтар намудани вазъияти марбут ба пушонидани харочоти истифодаву нигохдори; (2) баланд бардоштани самаранокии сохторхои давлатии масъули идоракунии об; (3) таъмини таксимоти меъёрии об байни истифодабарандагон мувофики шатрномахои басташуда.
  3. Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 июни соли 1996, №281 хизматрасонии пулакии об дар бахши обёрии заминхои кишоварзи чори карда шуд. То ин давра хизматрасонихо барои обёрии заминхо пурра аз бучети давлати маблаггузори карда мешуд. Пардохти хакки хизмати обрасони, гарчанде то андозае ба холати имруза мутобик гардида бошад хам, то хануз на хама хочагихои дехкони мукаррароти мазкурро пурра амали менамоянд.
1.2. АФЗОИШИ АХОЛи
  1. Афзоиши ахоли яке аз омилхои чиддии ба обтаъминкуни таъсиркунанда мебошад. Афзоиши солонаи ахоли дар Точикистон такрибан 2,5 фоизро ташкил медихад, ки ин ба афзоиши талабот ба об, неруи барк, махсулоти озукавори ва манзил оварда мерасонад.
  2. Агар соли 1991 ба хар як нафари ахолии Точикистон 11963 м3 захирахои табиии об ва 0,13 га заминхои оби рост меомад, пас соли 2015 ин нишондихандахо мувофикан то 7711 м3 ва 0,09 га расидаанд.
  3. Зиёдшавии ахоли ва талабот ба захирахои об андешидани тадбирхои фавриро чихати танзими дуруст ва таксимоти одилонаи захирахои об, идораи талабот ба об, идораи хамгироёнаи захирахои об, хамохангсозии фаъолияти истифодабарандагони гуногун, истифодаи самараноки об, ба истехсолот ворид кардани технологияи каммасрафи об ва дигар чорачуихоро талаб менамояд.
1.3. ТАГЙИРОТ ВА ТАГЙИРПАЗИРИИ ИКЛИМ
  1. Тагйирот ва тагйирпазирии иклим ба захирахои оби ЧумхурииТочикистон таъсири зиёд дорад. Тибки маълумоти мавчуда дар дахсолахои охир харорати миёнаи хаво дар Точикистон 0,7-1,9оС боло рафта, такрибан хазор адад пиряххои хурд аллакай об шудаанд. Бо сабаби он, ки сарчашмаи асосии дарёхои Точикистон пиряххо мебошанд, ин дар даврахои миёна ва дарозмуддат ба кам шудани оби онхо оварда мерасонад.
  2. Илова ба ин, дар зери таъсири тагйироти иклим тагйирпазирии гидрологи мушохида гардида истодааст, ки ин низ ба идора ва истифодаи захирахои об, хусусан дар бахши обёрии кишоварзи таъсири манфи хохад расонид.
  3. Тагйирот ва тагйирпазирии иклим андешидани тадбирхои фавриро чихати таъмини устувори ва мусоидшави ба ин тагйирот, аз чумла бехтар намудани пешгуи, эътино ба паст кардани зарари обхезихо, ярч, сел ва такмили идоракунии болооби хавзахоро такозо менамояд.
1.4. ОФАТХОИ ТАБИи ВА ТЕХНОГЕНИИ МАРБУТ БА ОБ
  1. Худуди кухсори Чумхурии Точикистон ва сатхи боришоти нисбатан фаровон дар кишвар, инчунин истифодаи нодурусти об сабаби офатхои табииву техногении гуногуни марбут ба об мешаванд. Намудхои асосии офатхои табиии дар натичаи таъсири об рухдиханда ин обхези, эрозияи сохил ва заминхои назди дарёхо, баландшавии сатхи оби дарё, ярч ва сел буда, ба офатхои техногени, шуршавии заминхо, эрозияи заминхои обёри, ботлокшави ва биёбоншави дохил мешаванд.
  2. Тибки маълумоти мавчуда дар Точикистон вобаста ба шиддати боришот солона аз 40 то 230 селу обхезихои хурду калон ба кайд гирифта мешаванд, ки ба хисоби миёна ба иктисодиёти мамлакат аз садхохазор то даххо миллион доллари ШМА зарар мерасонанд. Муттаассифона, дар баъзе холатхо ин боиси фавти одамон низ мегардад.
  3. Кохиш додани хатари офатхои марбут ба об амалисозии механизмхои самараноки пешгири ва омодаги ба холатхои фавкулодда, аз чумла муайянсозии вазифахо дар сохаи мухофизат аз обхези ва сохилмустахкамкуни, таъсиси системаи боэътимоди пешгуи ва омодаги дар сатхи чумхурияви, хавзави ва махалли, рушди потенсиали техникиву ташкилиро чихати идоракунии холатхои фавкулодда дар якчояги бо механизмхои боэътимоди молияви бо максади эътинои самаранок ба холатхои фавкулодда дар бар мегирад.
1.5. МУХИТИ ЗИСТ
  1. Афзоиши шумораи ахоли ва фаъолияти иктисоди дар сатхи баланди истехсолот ба замину захирахои об таъсир мерасонад. Ин дар навбати худ ба камшавии худудхои табии, олудашави, эрозияи хок ва шусташавии хачмхои калони он, зиёд шудани истеъмоли об, паст рафтани сатхи оби зеризаминии нушоки, шуршави ва ботлокзоршави дар натичаи баланд шудани сатхи оби зеризамини дар заминхои обёри оварда мерасонад.
  2. Халли ин мушкилот тавассути пешгирии самараноки олудашавии захирахои об, баркарорсози ва модернизатсияи шабакахои канализатсия ва захкашу захбурхо, назорати самараноки сифати об ва ба таври самаранок ва саривакти чамъ намудан, тахлил ва мубодилаи маълумот оид ба об имконпазир мебошад. Инчунин муайян намудани лимити гирифтани обхои руизамини ва зеризамини бе расонидани зарар ба мухити зист аз вазифахои пешгуии гидрологи ва гидрогеологи ба хисоб рафта, натичахои он бояд ба накшаи хавзавии дарёхо ворид карда шаванд.

2. МУШКИЛОТ ДАР БАХШХОИ ИСТИФОДАБАРИИ ОБ

  1. Дар сохаи оби чумхури як катор мушкилотхо хастанд, ки хоси хамаи бахшхои истифодабарии об мебошанд, аз чумла:

– имкониятхои махдуди маблаггузори чи аз бучети чумхурияви ва чи аз хисоби кумакхои шарикони рушд;

– кухнаву фарсуда шудани инфрасохтори мавчуда;

– набудани заминаи меъёриву хукукии мукаммал;

– баланд будани сатхи талафоти об;

– мувофикат накардани тарифхои хизматрасони ба арзиши асли ва паст будани сатхи чамъоварии маблагхои пардохти хизматрасони.

2.1. ТАЪМИНИ ОБИ НУШОКи ВА САНИТАРИЯ
  1. Бахши таъмини оби нушоки ва санитария дар натичаи бархамхурии иктисоди накшави ва гузариш ба иктисоди бозори бо мушкилоти зиёд ру ба ру шуд, ки асоситарини онхо инхоанд:

– танхо 51,4% ахолии Точикистон, аз чумла 86,9% ахолии шахрхо, 61,5% ахолии шахракхо ва 43,4% ахолии дехот, бо оби ошомидани ва мувофикан 79,8%, 18,2% ва 0,2% ахоли бо шабакаи фозил об ва шароити хуби санитари таъмин мебошанд;

– дар шахрхо ва шахракхо танхо 68% инфрасохти мавчуда дар холати кори карор дошта, 7% он кисман кор мекунад ва 25% умуман дар холати кори нестанд. Дар дехот бошад, танхо 40% инфрасохтори мавчуда дар холати кори карор дошта, 44% кисман кор мекунад ва 16% умуман дар холати кори нестанд;

– талафоти об дар системахои таъминоти шахрхои калон зиёда аз 60%, шахрхои миёна ва шахракхо зиёда аз 20%-ро ташкил менамояд;

– ташкилоту муассисахои аз бучет маблаггузоришаванда хакки хизматрасонихоро мувофики талаботи асли ё меъёри мукарраршуда маблаггузори наменамоянд;

– тарифхои амалкунандаи хизматрасонихои корхонахои тобеи КВД “Хочагии манзилию коммунали” харочоти онхоро пушонида наметавонанд;

– чамъоварии маблаги хакки хизмати обрасони дар сатхи нокифоя карор дорад.

  1. Вобаста ба ин тачдид ва модернизатсия ииншоотхои мавчудаи системахои таъмини оби нушоки ва санитария, мукаммал намудани сиёсати нархгузории хизматрасони бо максади баланд бардоштани потенсиали ташкилотхои обрасон ва инчунин таъмин намуданисифати меъёрии оби ба ахоли додашаванда, бехтар намудани пардохти хакки хизмати таъминоти об аз чониби истифодабарандагон як кисми механизми самараноки иктисоди ва дар мачмуъ вазифахои аввалиндарача махсуб меёбанд.
2.2. ОБЁРи ВА ЗАХКАШи
  1. Бахши обёрии кишоварзи барои таъмини ахоли бо маводи озука ва таъсиси чойхои кори дар дехот накши мухим мебозад. Ин бахш айни замон бо як катор мушкилот, аз чумла фарсуда гаштани инфрасохтори мавчудаи обёри ва бехдошти замин, зиёд гардидани майдони заминхои холати мелиоративиашон гайриканоатбахш, аз гардиши кишоварзи берун мондани заминхои корами оби, эрозияи заминхои оби, аз кор мондани пойгоххои обкаши, нарасидани мошину механизмхо, мавчуднабудани хисоби дурусти об ва гайра дучор омадааст.
  2. Ба холати 1 январи соли 2015 дар чумхури такрибан 33,5 хазор га замин, аз чумла 16,8 хазор га заминхоикорами оби аз гардиши кишоварзи берун монда, 31 хазор га замини партов мавчуд аст ва холати мелиоративии 49 хазор га замини оби гайриканоатбахш хисобида мешавад. Самарнокии системахои обёрии чумхури дар баъзе холатхо танхо 40-50%-ро ташкил менамояд.
  3. Ин мушкилот дастрасии дехкононро ба хачми зарурии об махдуд карда, ба хосилнокии махсулоти кишоварзи таъсири манфи расонида истодааст.
  4. Яке аз роххои халли ин мушкилот тачдиди инфрасохтор ва гузаронидани ислохоти иктисодиву институтсионалии бахши обёри ва бехдошти замин мебошад.
2.3. ГИДРОЭНЕРГЕТИКА ВА ТАЪМИНОТИ БАРК
  1. Гидроэнергетика чихати фаъолияти пурсамари тамоми сохахои иктисодиёт, аз чумла сохаи об, накши хаётан мухим мебозад. Бахши мазкур низ бо мушкилоти зиёд, аз чумла нарасидани неруи барк дар фасли зимистон (бинобар кам гаштани сарфи оби дарёхо дар ин давра ва кам будани хачми обанборхои мавчуда), ба мувозинат овардани ниёзи истехсоли неруи барк ва обёри, маблаггузории нигохдории обанборхо ва ичрои корхои сохилмустахкамкуни дар онхо, паст будани пардохти хакки неруи барк, баланд будани сатхи талафот ва гайра дучор гардидааст. Халлу фасли ин масъалахо дар доираи ислохоти бахши энергетикаи чумхури пешбини гардидааст.
2.4. ТАЪМИНИ ОБ БАРОИ ЭХТИЁЧОТИ САНОАТ
  1. Таъмини эхтиёчоти оби бахши саноат солхои охир бо назардошти рушди он раванди тоза гирифтааст. Вале дар ин бахш низ мушкилихои зиёд мавчуданд.
  2. Инфрасохтори дастраскунии об ба корхонахои саноати муддати 30-50 сол инчониб истифодашуда, фарсуда гардидааст. Танхо иншоотхои нави саноати (корхонахои коркарди пахта, консервабарори ва г.) бо системаи нисбатан замонави тачхизонида шудаанд.
  3. Мушкилоти асосии таъминоти корхонахои саноати бо об ин зарурати самаранок безарар гардонидани обхои партови саноати, кам кардани талафоти об, чори намудани системаи истифодаи гардони (такрории) об, мониторинги самараноки сифат ва хачми обхои партов мувофики меъёру стандартхо мебошад.

3. ЧАНБАХОИ ИКТИСОДИВУ МОЛИЯВи

  1. Асоси фаъолияти бо суботи хама гуна система, аз чумла сохаи обро модели иктисодии он ташкил медихад. Мукаммалгардонии модели иктисодиву молияви дар чунин давраи гузариш вазифаи осон нест, аммо тачрибаи кишвархои таракки карда ва ру ба таракки нишон медихад, ки ин вазифа ичрошаванда мебошад.
  2. Аз ин лихоз мукаммалгардонии чанбахои иктисодиву молияви дар сохаи об андешидан ва амали намудани тадбирхои зеринро талаб менамояд: , чори намудани принсипхои “истифодабаранда пардохт мекунад” ва “ифлоскунанда пардохт мекунад”; , таъмири муттасили системави, навсозии даври ва пурра, такмил ва тачдиди инфрасохтори сохаи об; , таъмини танзими самараноки муносибатхои иктисодии байни ташкилотхои хизматрасон ва истифодабарандагони об инчунин шаффофияти хизматрасони тавассути системаи дахлдори нархгузорие, ки метавонад харочоти сохаро пушонида, рушди онро таъмин намояд.

4. ТАКМИЛИ ЗАМИНАИ ХУКУКи

  1. Аз соли 2000 то имруз механизмхои истехсолот, сохибмулки ба замин ва муносибатхои иктисодии байни истехсолкунандагон, тахвилгарон ва истеъмолкунандагони нихои ба кулли тагйир ёфт. Пас аз ислохоти замин истехсоли махсулоти кишоварзи аз чониби ширкатхои хусуси ба рох мондашуда, махсулоти онхо дар асоси принсипхои бозори озод ба фуруш бароварда мешавад. Бо вучуди ин, хизматрасонихои обёри ва захкаши то хол аз принсипхои бозори дур буда, барои ташкили чунин система такмили конунгузории чори зарур мебошад.
  2. Конунгузории чори дар сохаи об, аз чумла Кодекси оби Чумхурии Точикистон, вобаста ба гузариш ба иктисоди бозори ва амали намудани ислохоти сохаи об, аз чумла гузариш ба принсипи идоракунии хамгироёнаи захирахои об такмили чиддиро талаб менамояд.
  3. Конунхои дигари дахлдор, хусусан конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи ассотсиатсияхои истифодабарандагони об” ва “Дар бораи оби нушоки ва таъмини он” низ дар робита бо мутобикат ба принсипхои ИХЗО ва шароити бозори ворид намудани тагйиру иловахоро ба онхо такозо менамоянд.
  4. Гузариш ба идоракунии хавзави ва таъсиси институтхои нав дар сатхи хавза тахияи низомнома ва дигар санадхои меъёрию хукукии танзими муносибатхои онхоро бо макомоти мавчуда талаб менамояд.

5. ТАКМИЛИ МЕХАНИЗМХОИ ИНСТИТУТСИОНАЛи

  1. Бинобар ислохоти гузаронидашаванда, хусусан таъсиси макомоти нав ва таксимоти вазифахо байни онхо тибки Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12, бо дарназардошти сохтори институтсионалии печидаи сохаи об чихати мушаххасгардонии муносибати байни сиёсат, танзим, идоракуни ва истифодабариву нигохдори дар тамоми бахшхои сохаи об чорахои иловаги тахия ва амали намудан зарур аст.
  2. Гарчанд баъзе унсурхои ИХЗО аллакай дар системаи идоракунии захирахои об дар Чумхурии Точикистон ворид карда шуда бошанд хам, сохтору механизмхои мавчудаи пушонидани харочот барои амалисозии самараноки ИХЗО мусоид нестанд.
  3. Дар системаи мавчудаи идоракуни, истифода ва хифзи захирахои об такроршавии функсияхои баъзе макомот мушохида мегардад. Барои ташкили системаи мукаммал ва чихати ба рох мондани идора ва истифодаи устувори захирахои об ин номувофикатихо дар доираи ислохоти сохаи об бояд ба танзим дароварда шаванд.
  4. Рушди институтсионали дар идоракунии захирахои об андешидан ва амали намудани тадбирхои зеринро такозо мекунад:

– гузариш аз сохтори идоракунии маъмуриву худуди ба идоракуни дар худудхои гидрологи ё гидрографи, ба монанди хавзаи дарёхо, зерхавзахо, болооби хавзахо ва системахои обёри;

– хамохангсозии самаранок ва пайдархами зерсохторхои гуногун дар доираи фаъолияти сохтори пешбаранда;

– таъсиси сохтори ташкилии самараноки ташкилотхое, ки метавонанд ИХЗО-ро чори намоянд, аз чумла АИО-хо дар сатхи поён (махал) дар асоси сархадхои гидрологи ва гидрографи;

– бехтар намудани муносибат байни ташкилотхои хизматрасон ва истифодабарандагон ва кам кардани дахолати макомоти махалли дар масоили идоракунии захирахои об ва пешниходи хизматрасонихо.

IV. ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБ

1. МАКСАД ВА ВАЗИФАХО

  1. Тахлили дар боло овардашудаи сохаи об зарурати гузаронидани ислохоти хамачонибаро бо максади баланд бардоштани самаранокии идоракунии захирахои об, бехтар намудани идоракуни бахри баланд бардоштани сифати хизматрасонихо ва пушонидани харочоти соха ба таври возех нишон медихад. Аз сабаби он, ки бахши кишоварзии обёришаванда истифодабарандаи асосии об дар кишвар мебошад, ислохоти сохаи об хамчун як кисми ислохоти аграрии хамачонибаи соли 2009 огоз гардида мебошад.
  2. Максади ислохоти мазкур “банакшагири, рушд ва идоракунии самараноки сохаи об дар асоси сиёсати окилона, тахлил ва идоракунии муштараки хачм ва сифати обхои зеризамини ву руизамини, мувозинати истифодаи об аз чониби бахшхои гуногун тавассути истифодаи хавза ва системахои гидрографи хамчун минтакаи идоракуни ба манфиати рушди баланди иктисодии Чумхурии Точикистон ба таври одилона, баробар ва бе расонидани зарар ба суботи экологи” мебошад.
  3. Ноил гардидан ба максади дар боло зикргардида ичрои чорахои зеринро такозо мекунад:

– гузариш аз идоракунии худудиву маъмурии захирахои об ба идоракуни дар худудхои минтакахои гидрологи ва гидрографи;

– таъсиси сохтори чумхуриявие, ки мутобики ИХЗО фаъолият намуда, бо сиёсат ва санадхои меъёрии хукуки таъмин мекунад ва сохторхову гуруххои манфиатдорро дар сатххои гуногун аз махалли то байналмилали ба таври самаранок хамоханг месозад;

– таъсиси сохторхои идоравии шаффоф ва хисоботдиханда бо таксимости вазифахои вобаста ба сиёсату рохнамоии стратеги аз як чониб ва ичроия аз чониби дигар, бо риояи принсипхои замонавии идоракуни ва ичрои самаранок амалкунанда.

  1. Мухим аст, ки дар тамоми сатху мархилахои ислохоти институтсионали тамоми чонибхои манфиатдор дар чараёни банакшагири, кабули карор ва амалисозии он иштирок кунанд, то масъулияти сохибияти чараёнро хис кунанд ва ба афзалияту нигаронихои чамъият эътино кунанд.

2. ПРИНСИПХОИ РОХНАМО

  1. Ислохоти сохаи об дар Точикистон дар асоси якчанд присипхои рохнамо амали карда хохад шуд, ки миёни онхо гузаштан ба ИХЗО, аз чумла идоракунии хавзави ва таксимоти вазифахои сиёсиву идоракуни (танзимкуни) аз вазифахои истехсолию хочагидори, аз чумла дар истифодабари ва нигохдории инфрасохтори хизматрасонии об накши мухим мебозанд.
2.1. ИДОРАИ ХАМГИРОЁНАИ ЗАХИРАХОИ ОБ
  1. Чори намудани ИХЗО дар тачриба яке аз шартхои асосии муваффаккона амали намудани ислохоти сохаи об мебошад. Тавсифхои гуногуни ИХЗО вучуд дорад ва дар тачриба тамоми онхо хамон як принсипро истифода мебаранд. Дар хуччати мазкур тавсифе истифода шудааст, ки дар Кодекси оби Чумхурии Точикистон аз мохи апрели соли 2012 оварда шуда, ба шароити махаллии кишвар мутобик карда шудааст. Мутобикион мафхуми ИХЗО – системаи идоракуни мебошад, ки бахисобгири ва таъсири мутакобилаи захирахои об (обхои руизамини, зеризамини ва бозпасгашта) ва захирахои замин, инчунин захирахои дигари табиии ба онхо вобастаро дар худуди муайяни гидрографи ба асос гирифта, манфиати сохахо ва сатххои гуногуни истифодабарии об ва захирахои табииро алокаманд месозад ва онхоро ба раванди кабули карор, банакшагири, маблаггузори, хифз ва рушди захирахои об ба манфиати рушди устувори чомеа ва хифзи мухити зист чалб менамояд.

Расми 1

  1. ИХЗО хамкории ба хам пайваста ва фаъолияти амалии идоракунии захирахои об мебошад. Дар Барномаи мазкур эътироф карда мешавад, ки сохаи об дар Чумхурии Точикистон ахамияти бузург дошта, асосан дар сатхи маркази тавассути мутобик намудани вазифахои мушаххаси муайян ба ниёзи махал дар холатхои зарури танзим карда мешавад.
  2. ИХЗО бар принсипхои зерин асос ёфтааст:

– баркарор намудани муносибатхои динамики, хамохангшуда, пайдархам ва бисёрсохави чихати истифодаи захирахои об, аз чумла муайянсозиву мухофизати сарчашмахои эхтимолии таъмини оби тоза;

– банакшагирии истифодаи босубот ва окилона, истифодаи сарфакоронаи захирахои об, ба назар гирифтани талабот ва афзалиятхои чомеа ва амалисозии барномахои сиёси ва иктисодии рушди кишвар;

– тахия, амалисози ва арзёбии лоихаву барномахое, ки камхарч ва аз нуктаи назари ичтимои кобили кабул буда, дар асоси стратегияхои хамачониба тархрези шудаанд, ки иштироки васеи чомеа, аз чумла иштироки занхо, чавонон, мардуми тахчоиро дар ташаккули сиёсат ва халли мушкилоту низоъ дар бар мегирад;

– такмил ва ё рушди механизмхои зарурии ташкили, хукуки ва молияви чихати таъмини амалисозии бегаразонаи ИХЗО бо максади тезонидани пешравии ичтимоии босубот ва рушди иктисоди.

  1. Дар шароити имрузаи Чумхурии Точикистон амали намудани танхо бахшхои асосии ИХЗО, ки аз нуктаи назари техники, иктисоди, ичтимои, мухити зист ва сиёси заруранд, имконпазир аст.
  2. Хусусиятхои хоси идоракунии хамгироёнаи об дар ЧумхурииТочикистон инхоянд:

– ахамияти мухими гидроэнергетика;

– ахамияти пардохти хакки хизматрасонии об;

– пешгирии кохиши оби зеризамини;

– ахамияти дастраси ба оби обёри;

– гузариш ба принсипхои идоракунии хавзави;

– зарурат ба иштироки чомеа;

– зохир намудани диккати махсус ба осебпазирии минтакахои кухи ва тахким намудани мухофизат аз обхези.

  1. Аз ин лихоз тавсияхои зерини ИХЗО барои Чумхурии Точикистон пешниход мешавад: “ИХЗО ин хамкории мутакобилаи зерсохторхои гуногун бо максади дастрасии пурраи ахоли ба хизматрасонии баланд сифати об ва санитария, таъмиини дастраси ба об барои обёри, гидроэнергетика, мухити зист ва дигар истифода барандагони об дар худуди хавзаи дарё ва риояи сархадхои гидрографии муайяншуда мебошад. ИХЗО ба мухофизати захирахои об аз истифодаи аз меъёр зиёду олудасози мусоидат намуда, хифзи мухити осебпазири кухистон, сохили дарёхо ва манотики назди сохилии онро аз обхези ва фарсудашави таъмин менамояд, иштироки чомеаро дар чараёни кабули карор, банакшагири, маблаггузори ва рушди захирахои об ба манфиати рушди устувори иктисоди ва ичтимои таъмин намуда, ба нигохдории мухити зист кумак мерасонад.
2.2. ИДОРАКУНИИ ХАВЗАВи
  1. Банакшагирии таксимоти хамачонибаи об ва рушди захирахои обро метавон танхо дар доираи хавзаи табиии захирахои об таъмин намуд, зеро тамоми корхои дар боло об амалишаванда ба дастрасиву сифати об дар поёноб таъсири бевосита мерасонанд. Аз ин лихоз чунин вохиди табии ё хавзаи дарё ченаки бехтарини идоракунии захирахои об мебошад. Хавзаро метавон ба таври зерин тавсиф намуд: худуде, ки ба он аз як резишгох об чори шуда, бо дигар сарчашмахои об дар болооб ва минтакаи резиши поёноб (бахр ё кул) хамсархад мебошад. Дар холати идеали сархадхои гидрологии худуди чамъшавии об бо сархадхои хавзахо мувофик меояд, лекин ин на дар хамаи холатхо чунин шуда метавонад.
  2. Бинобар ин чори кардани идоракунии хавзавии захирахои об, ки кисми таркибии ИХЗО ба хисоб меравад, яке аз принсипхои асосии ислохоти сохаи об эътироф мегардад.
2.3. ТАКСИМОТИ ВАЗИФАХОИ СИЁСАТ ВА ИДОРАКУНи АЗ ВАЗИФАХОИ ИСТЕХСОЛИЮ ХОЧАГИДОРи
  1. Бо максади амалисозии самараноки тамоми вазифахои вобаста ба ИХЗО, таксимости чудо кардани вазифахои сиёси ва конунгузори (ташаккули сиёсат, конунгузори), ташкили (банакшагири, идоракуни ва танзим) аз вазифахои вобаста ба истифода (таъминоти об, хизматрасонихо оид ба нигохдориву таъмири система) зарур мебошад, ки ин низ яке аз принсипхои рохнамои ислохоти сохаи об ба хисоб меравад.
2.4. ПРИНСИПХОИ ИЛОВАГИИ РОХНАМОИ ХАВЗАВи
  1. Бо дарназардошти афзалиятхо, принсипхои зерин бояд риоя карда шаванд: , мухити зист бояд хамчун истифодабарандаи об эътироф карда шуда, талаботи он ба об бояд хатман ба инобат гирифта шавад, зеро дар холати вайроншави ё зарар дидан онро наметавон ба осони бар карор кард ва ё метавон пурра аз даст дод; , хангоми муайян намудани афзалиятхои истифодаи об ба мувозинат овардани талаботи тамоми бахшхо зарураст, то ин ки истифодаи об дар як бахш ба истифодаи он аз чониби бахши дигар таъсир нарасонад; , дар холатхои фавкулодда таъмини оби ошомидани бояд афзалиятнок бошад, чунки он хаётан мухим аст.
  2. Азбаски огози ислохоти институтсионали аз хама чониб ухдадории пурраро талаб мекунад, нихоят эхтиёткорона амал кардан зарур аст. Ислохоти кисман амалишуда дар аксари холатхо ба системаи кисман амалкунанда оварда мерасонад, ки он метавонад ба сохторхои мушаххас ба чои бехтар намудан баръакс зарар расонад. Аз ин лихоз, то кадри имкон риояи принсипхои асоси нихоят мухим дониста мешавад.

V. ИХЗО ВА ГУЗАРИШ БА ИДОРАКУНИИ ХАВЗАВи

  1. Дар доираи ислохоти сохаи оби Точикистон гузариш ба ИХЗО ва идоракунии хавзави амали карда хохад шуд.
  2. Сархади хавзаи дарёхо минтакаи чугрофии танзими институтсионали, меъёри ва идоракунии истифодаи обро ташкил карда, илова ба оби мачрои дарё обхои зеризамини, чашма, кул, пирях ва дигар намудхои захирахои обро дар бар мегирад. Хангоми муайян намудани сархадхои гидрологии хавзахо ё зерхавзахо хамчун вохиди идоракунии об шартхои зерини табииву иктисоди ба эътибор гирифта мешаванд:

– сархадхоичугрофии хавзахои дарёхо;

– дастраси ба тамоми кисмхои хавза;

– вобастагии кори якчояю пурраи иншоотхои системахои об аз муносибатхои иктисоди;

– сатхи рушди иктисоди ва тавоноии ташкилотхои махалли чихати кабули карорхои мустакилона оид ба максадхои асосии идоракунии бо суботи захирахои об.

1. ХАВЗАХОИ ДАРЁХО

  1. Бо дарназардошти сархадхои гидрологи ва шартхои дар боло зикргардида системаи дарёхои Чумхурии Точикистон ба чор хавзаи дарё хамчун вохидхои идорашаванда таксим карда шудааст (расми 2.)
  2. Кисми точикистонии хавзаи Сирдарё аз хавзаи дарёи Сир ва шохобхои он дар худуди Точикистон иборат аст. Чун вохиди идоракуни, хавзаи Сирдарё, хавзаи дарёи Зарафшонро хамчун зерхавза дар худуди Точикистон дар бар мегирад. Дарёхои мазкур ахамияти байнидавлати дошта, идоракунии захирахои оби дарёи Сир инчунин дар робита бо карорхои Комиссияи байни давлатии хамохангсозии хочагии оби кишвархои Осиёи Маркази (минбаъд – КБХМО) танзим карда мешавад.
  3. Хавзаи дарёи Кофарнихон аз системаи дарёи Кофарнихон ва шохобхои он – Элок, Сарво ва Варзоб иборат аст; кисми поёноби сархадхои хавзаи дарё аз хисоби шохобхои Кофарнихон ташаккул ёфтааст. Ба кисми болооби хавзаи дарёи Кофарнихон зерхавзаи дарёи Каратог, ки аз сархади байни чумхурихои Точикистону Узбекистон мегузарад, дохил карда шуда, кисми болооби хавзаи дарёи Сурхандарёро ташкил медихад.
  4. Хавзаи дарёи Вахш тамоми дарёи Вахш ва шохобхои онро ба истиснои кисми аз хама болооби он, ки дар Киргизистон чойгир шудааст, дар бар мегирад.
  5. Кисми точикистонии хавзаи дарёи Панч минтакаи дарёи Панч ва шохобхои дар Точикистон чойгиршудаи онро дар бар мегирад. Хавза дар шимол ва гарб бо сархадхои хавзаи дарёи Вахш ва дар чануб бо мачрои дарёи Панч (сархади байни Точикистону Афгонистон) хамсархад мебошад.
  6. Дар доираи ислохоти сохаи об дар хар як хавза ва дар холати зарури дар зерхавзахо ташкилотхои дахлдори хавзави, аз кабили Ташкилоти хавзавии дарё ва Шурои хавзавии дарё таъсис дода хоханд шуд.

Расми 2

2. ВАЗИФАХОИ АСОСИИ ТАШКИЛОТХОИ ХАВЗАВи

  1. Ташкилоти хавзавии дарё (минбаъд – ТХД). Вазифаи асосии ташкилотхои хавзавии дарё инхоянд:

– тахияи накшаи солонаи истифодаи оби хавза ва хифзи он;

– накшахои миёнамухлат ва дарозмуддати рушд ва хифзи захирахои об;

– мониторинги таксимоти об ва сифати он ва пешниходи дидани чорахои хатми дар холатхои берун баромадан аз накша;

– тахия намудани накшахои паст кардани окибатхои хушксоли ва обхези ва мониторинги амалисозии онхо;

– санчиши вазъияти хифзи сохили дарёхо ва дигар корхои вобаста ба хифз аз обхези ва муайян намудани корхои таъмирии зарури дар сатхи хавза ва зерхавзахои муайян.

  1. Шурои хавзавии дарё (минбаъд – ШХД). Вазифаи асосии Шурои хавзавии дарё аз инхо иборатанд:

– барраси ва тавсияи накшахои мавсимии таксимоти об миёни истифодабарандагони гуногун ва накшахои миёна ва дарозмухлати рушди захирахои оби хавза;

– машварат бо ТХД ва дигар чонибхои манфиатдор оид ба ичрои вокеии ин накшахо;

– баёни фикру акида оид ба масоили гуногуни марбут ба идора, таксимот, истифода, хифз ва сифати об;

– расонидани кумак ва халли бахсхои байни чонибхои манфиатдор ва истифодабарандагони об, ассотсиатсия ва федератсияхои онхо.

VI. РУШДИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБ

  1. Ислохоти институтсионали, аз чумла таксимоти вазифахои сиёси, танзимкуниваидоракуни аз вазифахои истехсолию хочагидори кисми таркибии ислохоти сохаи об ба хисоб меравад. Бе гузаронидани чунин тагйирот дар сохтори институтсионалии мавчуда самаранокии ислохоти сохаи об гайриимкон хохад буд.
1. ИСЛОХОТИ АМАЛИШУДАИ ИНСТИТУТСИОНАЛи ДАР СОХАИ ОБ
  1. Ислохоти институтсионали дар сохаи об (бо таваччухи хос ба обёри)асосан бо кабули Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 огоз ёфт, ки тибки он вазифахои сиёсиву идори аз вазифахои истехсолию хочагидори дар сохаи об аз хам чудо карда шуданд.
  2. Мутобики ин Фармон Вазорати энергетика ва саноат ба Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон табдил дода шуда, ба зиммаи он пешбурди вазифахои сиёсиву идори (танзими) дар сохаи об вогузор карда шуда, хамзамон Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон бо ваколатхои ичрои вазифахо оид ба бехдошти замин ва обёри таъсис дода шуд.
  3. Хамзамон дар робита ба ичрои Фармони мазкур бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 3 марти соли 2014, № 149, Ширкати сахомии холдингии кушодаи (минбаъд -ШСХК “Барки Точик”), ки масъули истифодабари ва нигохдории иншооти гидроэнергетика мебошад, аз хайати Вазорати энергетика ва захирахои об бароварда шуд.
  4. Хамин тарик, вазифахои марбут ба истехсолию хочагидори, аз чумла истифодабари ва нигохдории иншоотхои хизматрасони дар сохаи об комилан аз вазифахои Вазорати энергетика ва захирахои об бароварда шуда, Вазорат танхо масъули вазифахои сиёсиву идори гашт, ки ин чавобгуи яке аз принсипхои рохнамои ислохоти сохаи об мебошад.
  5. Пеш аз кабули Фармони дар боло зикршудаи Президенти Чумхурии Точикистон низ як кадами чидди оид ба тагйироти институтсионали гузошта шуда буд. Тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 18 майи соли 2012, № 247 Муассисаи давлатии “Сарраёсати “Точикобдехот”, ки дар назди собик Вазорати мелиоратсия ва захирахои об фаъолият мекард, ба хайати КВД “Хочагии манзилию коммунали” гузаронида шуд. Хамин тарик, дар чумхури масъалаи таъмини оби нушоки ва санитария хам барои шахр ва хам барои дехот зери назорати ташкилоти хизматрасони ягона оварда шуд, ки ин низ ба принсипхои ислохоти сохаи об мувофик аст.

2. ИСЛОХОТИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОХАИ ОБ

  1. Ислохоти институтсионалии сохаи об ворид кардани тагйиру иловахоро ба ташкилотхои мавчудаи сохаи об ва таъсиси ташкилотхои навро дар сатхи милли, хавзави ва зерхавзави пешбини менамояд.
2.1. CОХТОРХОИ ИХЗО ДАР САТХИ ЧУМХУРИЯВи
2.1.1 СОХТОРХОИ СИЁСи, ТАНЗИМКУНАНДА ВА КОНУНБАРОРи
2.1.1.1. Шурои миллии об
  1. Ислохоти сохаи об таъсиси Шурои миллии обро пешбинименамояд, ки макоми машваратию маслихатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки фаъолияти вазорату идорахо ва макомоти дигари давлати, инчунин ташкилотхои гайридавлатиро дар бобати банакшагири, идоракуни, истифодабари ва хифзи захирахои об хамоханг месозад. Таъсиси Шурои миллии об тибки тагйироти ба Кодекси оби Чумхурии Точикистон дар мохи апрели соли 2012 ворид кардашуда пешбини шудааст.
  2. Тибки хадаф ва принсипхои асосии ислохоти сохаи об максад ва вазифахои Шурои миллии об бояд инхо бошанд:

– кабул ва рушди сиёсати давлати ва конунгузори дар сохаи ИХЗО ва истифодаи самараноку хифзи захирахои об;

– тахия ё дархости тахияи сиёсат оид ба идоракунии захирахои об ва хифзи мухити зист;

– ташаккули сиёсат оид ба назорати истифодаи окилонаи захирахои об;

– дар холатхои зарури тавсия намудани махдудиятхои истифодаи об барои истифодабарандагони он;

– вусъати сиёсати сармоягузори оид ба рушд, истифода ва хифзи захирахои об;

– тахия ва идоракунии созишномахои байналмилали дар самти истифода ва хифзи захирахои об;

– ташаккули сиёсат чихати дидани чорахо оид ба истифода ва хифзи захирахои об дар натичаи таъсири тагйирёбии иклим.

  1. Айни замон дар кишвар Шурои хамохангсозии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои обу энергетика амал мекунад, ки кисман ин вазифахоро ичро мекунад. Ба Шуро Сарвазири Чумхурии Точикистон рохбари карда, рохбарони вазорату идорахои дахлдори чумхури аъзои он мебошанд. Ба хайати он ворид намудани рохбарони баъзе ташкилотхои хизматрасон, аз чумла КВД “Хочагии манзилию коммунали”, ШСХК “Барки Точик”, Агентии бехдошти замин ва обёри ва Хадамоти санитарию эпидемиологи ба максад мувофик аст.
  2. Бо дарназардошти ин дар доираи ислохоти сохаи об зарур аст, ки ё Шурои хамохангсози назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои обу энергетика ба Шурои миллии об бо ваколатхои болозикр табдил дода шавад ва ё ин ки ба ваколатхои он ваколатхои мувофики Шурои миллии оби пешбинишаванда ворид карда шуда, фаъолияти он чоннок карда шавад. Дар ин замина ба хайати он ворид кардани рохбарони хамаи ташкилотхои сатхи чумхуриявии фаъолияташон марбут ба об низ лозим аст.

Расми 3

2.1.1.2. Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон
  1. Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон (минбаъд – ВЭЗО ЧТ) макоми пешбаранда ва амаликунандаи асосии ислохоти сохаи об ва чори намудани ИХЗО хохад буд. Дар ин робита накш ва вазифахои асосии ВЭЗО ЧТ чунин хоханд буд: , хамохангсозии сиёсати умуми дар сохаи оби чумхури ва амалисозии стратегияи ИХЗО дар асоси идоракуни дар сатхи хавзаи дарё;

– муайян намудани максад ва вазифахои миллии рушди захирахои об, хифз ва нигохдории ин захирахо барои наслхои оянда;

– тахия ва чори намудани амалисозии заминаи мукаммали конунгузори ва механизмхои танзим (коида, меъёр ва стандартхо) оид ба идоракунии босуботи захирахои об, аз чумла обхои байнисархади;

– муайян намудани хачми обгири барои истифодабарандагон тибки меъёрхои мукараргардида;

– ташкили идоракунии хавзавии дарёхо тавассути таъсис додани ташкилотхои махсус дар худуди хавза ва зерхавзахо.

2.1.1.3. Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КХМЗ ХЧТ)
  1. КХМЗ Х ЧТ масъули додани ичозати истифодаи махсуси об ва партовхои оби буда, хамзамон назорати давлатиро дар сохаи хифзи мухити зист, аз чумла захирахои об амали менамояд. Дар ин робита накшу вазифахои асосии КХМЗ ХЧТчунин хоханд буд: , тахияи сиёсату стратегия оид ба мухити зист бо ишораи махсус ба хифзи захирахои об аз нуктаи назари мухити зист;

– тахияи меъёру стандартхои хоси мухити зист оид ба банакшагири, тархрези, сохтмон ва амалисозии тамоми инфрасохтори об;

– омухтани холати пиряххо ва дигар захирахои об, равандхои тагйирёбии иклим, гузаронидани мониторинги ифлосшавии обхои руизамини, пешгуии падидахои табиии гидрометеорологи ва тахияи чорахои милли оид ба мутобикшави ва истодагари ба тагйироти иклим, аз чумла дар сохаи об;

– таъмини амалисозии конунхои мавчуда ва иштирок дар тахияи конунгузории нав оид ба назорати олудасозии захирахои об ва инчунин назорати сифати об аз нуктаи назари мухити зист;

– тахияи коида, меъёр ва стандартхои олудасозии мухити зист вобаста ба об ба монанди таъсири партовоб;

– бамеъёрдарори ва додани ичозати истифодаи махсуси об ба субъектхои хочагидори;

– додани ичозати меъёри партовхои оби ба объектхо.

2.1.1.4. Саридораи геологияи назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – СИГ ХЧТ)
  1. Саридораи геологияи назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар чодаи истифодаи захирахои обхои зеризамини ва нигохдории онхо дар хамкории наздик бо КХМЗХ ЧТ фаъолият мекунад. Дар ин робита накшу вазифахои асосии СИГ ХЧТ чунин хоханд буд:

– тахияи стратегияву механизмхои хифзи сифат ва хачми обхои зеризамини;

– иштирок дар тахияи дастуруламалхои муайян намудани харочот ва нархномаи тавассути пойгоххо кашида баровардани обхои зеризамини ва ченакхои сифат ва чори намудани чунин ченакхо;

– иштирок дар тахия ва амалисозии Кодекси об ва конунхои дахлдор бо эътибори махсус ба обхои зеризамини;

– амалисозии коидаву стандартхои милли оид ба истифода ва рушди захирахои оби зеризамини.

2.1.1.5. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди Хукумати Чумхурии Точикистон
  1. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – ХНДБКСК ХЧТ) минбаъд низ фаъолияти худро дар самтхои зерин давом хохад дод:

– мувофика намудани лоихаи ичозат барои истифодаи обхои маъдани, табобати ва гарми табии;

– назорат оид ба партофтани обхои партов ва техники ба ковокихои кишри замин;

– риояи коидахои бехатари дар сохаи коркарди саноати;

– мониторинги обхои партови саноати ва дигар вазифахо тибки ваколатхои мукарраргардида.

2.1.2. СОХТОРХОИ ИЧРОИЯ – ТАШКИЛОТХОИ ХИЗМАТРАСОН ДАР СОХАИ ОБ
  1. Вазифахои вобаста ба истифодаи об аз чониби ташкилотхои гуногуни хизматрасон вобаста аз намуди истифодаи об амали карда хоханд шуд. Тибки вазифахои аллакай муайянгардида Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон масъули хизматрасони дар бахши обёри ва бехдошти замин, КВД “Хочагии манзилию коммунали” масъули хизматрасони дар бахши таъмини оби нушоки ва санитария (канализатсия), ШСХК “Барки Точик” масъули хизматрасони дар бахши гидроэнергетика мебошанд.

2.1.2.1. Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – АБЗО ХЧТ)

  1. АБЗО ХЧТ тибки принсипхои асосии ислохоти сохаи об барои хизматрасонихои обёри ва бехдошти замин масъул буда, татбики сиёсат ва стратегияхоро оид ба истифодаи самараноки оби обёри дар сатхи бахш, пешгирии истифодаи аз меъёр зиёди об ва беобшавиро тавассути чори намудани технологияхои сарфакори об ва кам кардани талафоти об, истифода ва нигохдории инфрасохтори обёри ва захкаши амали хохад кард.
  2. Хизматрасонихои обёри ва захкаши аз чониби АБЗО ХЧТ дар сатхи маъмурию худуди ва дар холати зарури дар сатхи хавза, зерхавза ва системахои обёри дар хамкори бо АИО-хо ва Федератсияхои АИО пешниходкарда мешаванд.
  3. АБЗО ХЧТ метавонад дар робита бо ислохоти сохаи об ва гузариш ба идоракунии хамгироишудаи захирахои об, аз чумла идоракунии хавзави, ислохоти бахши обёри ва бехдошти заминро гузаронад. Ислохоти мазкур метавонад идоракунии системахои обёриро дар сатхи хавза, зерхавза ва системахои обёри чори намояд, ки ин ба принсипхои асосии ислохоти сохаи об мувофик хохад буд.
  4. Бо дарназардошти амали намудани ислохоти сохаи об дар бахши бехдошти замин ва обёри, АБЗОХЧТ метавонад накшу вазифахои зеринро амали намояд:

– тахияи максаду вазифахо ва стратегияи истифодаи самараноки оби обёри, пешгирии истифодаи аз меъёр зиёд ва беобшави;

– тахияи механизмхои хифзи сифат ва хачми оби обёри;

– тахияи барномахои мушаххас бо дарназардошти арзиши ичтимоиву иктисодии об барои обёри, аз чумла чори намудани системаи пушонидани харочоти хизматрасонихои обёри ва захбари;

– таъмини суботи мухити зист дар чараёни меъёрбанди, банакшагири, тархрези, сохтмон ва истифодаи лоихахои рушди инфрасохтори обёри;

– амали намудани талаботи Накшаи идораи хамгироёнаи захирахои оби хавзаи дарё дар худуди шабакахои обёри дар хамохангсози бо сохторхои шарик;

– амали намудани корхои илми-тадкикоти, лоихакаши ва тачрибавию навовари дар бахши бехдошти замин ва обёри;

– иштирок ва гузоштани хисса чихати тахия ва амалисозии Кодекси об ва конунхои дахлдор, хусусан вобаста ба бахши обёри.

2.1.2.2. КВД “Хочагии манзилию коммунали” (минбаъд-КВД “ХМК”)
  1. КВД “Хочагии манзилию коммунали” тибки принсипхои асосии ислохоти сохаи об ташкилоти хизматрасон дар бахши таъмини оби нушоки ва санитария ба хисоб рафта, тавассути ширкатхои фаръии худ ин хизматрасонихоро дар сатхи шахрхо ва дехот амали менамояд. Дар шахрхои нисбатан калон бошад, хизматрасонии обтаъминкуни ва санитария аз чониби идорахои обу корези назди макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати (масалан, КВД “Обу корези ш. Душанбе”, КВД “Обу корези ш. Хучанд”) амали карда мешаванд.
  2. Дар доираи ислохотиин корхона дар назар аст, ки дар сохтори КВД “Хочагии манзилию коммунали” ширкатхои минтакавии об, ки тамоми марказхои шахрхои хурд, шахрак ва дехоти кишварро фаро мегирад, таъсис дода мешаванд. Оид ба таъминоти об дар шахрхои калону хурд бошад, ширкатхое таъсисдода хоханд шуд, ки корхои амалиро ичро намуда, чихати амалисозии корхои калонхачм ва вазифахои нисбатан мушкил аз чониби ширкатхои минтакавии об дастгири шуда, ба хамин васила аз сарфа намудани захирахо аз чихати хачми кор бахра хоханд бурд. Вазифахои мушаххаси ширкатхои минтакави дар чараёни ислохот муайян карда хохад шуд. Дар амалисозиву рушди механизми пушонидани пурраи харочот мустакилият ва худмаблаггузории ин ширкатхои минтакави дар назар дошта шудааст.
2.1.2.3. ШСХК “Барки Точик”
  1. ШСХК “Барки Точик” тибки принсипхои асосии ислохоти сохаи об минбаъд низ фаъолияти худро хамчун ташкилоти хизматрасон дар бахши гидроэнергетика дар самти идораи оперативи, истифода ва нигохдории иншоотхои гидроэнергетики идома хохад дод.
  2. Бахши гидроэнергетикаи Точикистон аз чихати фоиданоки дар оянда на танхо дар сатхи кишвар, балки дар сатхи минтакави низ дорои иктидори бузург хохад монд. Барои хамачониба пайванд намудани сохаи гидроэнергетика ба чараёни ИХЗО амалисозии чорахои зерин тавсия дода мешавад: , амали намудани чорахои дар барномахои гуногун (милли ва минтакави), ба монанди Барномаи рушди об ва энергетика дар Осиёи Маркази пешбинишуда;

– бехтар намудани хамохангсозии гидроэнергетика ва истифодаи захирахои об дар дигар бахшхо дар доираи Шурои миллии об;

– чори намудани пешбинии речаикори неругоххои барки оби дар накшаи солонаи хавзахо;

– амалисозии лоихахои сохтмони обанборхои миёна ва калонхачми аз нуктаи назари техники ва иктисоди имконпазир дар хавзахои хама дарёхо;

– арзёбии чорахо оид ба бехтар намудани таъминоти барк дар моххои зимистон дар минтакахое, ки НБО-хои хурд бо кувваи барк таъмин мекунад, масалан истифодаи технологияи сарфаи неруи барк ва таъминоти иловаги аз чониби НБО-хои бузург тавассути шабакаи умумии таъминоти барк.

2.1.2.4. Дигар ташкилотхои хизматрасон
  1. Корхонахои саноати асосан тавассути истифодаи захирахои дохилии худи корхонахо ё ташкилотхои махсуси хизматрасон бо об таъмин карда мешаванд.
  2. Сохаи мохипарвари чихати таъминоти об асосан бо АБЗО ХЧТ ва ВЭЗО ЧТ хамкори намуда, харочоти таъминотро аз хисоби маблагхои худ амали менамояд.
  3. Таъмини чорахои хифзи мухити зист бо об аз чониби КХМЗ ХЧТ дар хамкори бо вазорату ташкилотхои хизматрасони давлати ва гайридавлати, инчунин, ташкилотхои гайридавлатии бо чомеаи шахрванди алокамандидошта амали карда хохад шуд.
  4. Истифодаи об дар муассисахои рекреатсиони (солимгардони) аз чониби макомоти дахлдори дар бахши рушди туризм, аз чумла ширкатхои сайёхи ва/ё намояндагихои туристи, фаъолиятдошта дар хамкори бо муассисаи давлатии обрасон ва/ё танзимкунандаи масъалахои истифода ва хифзи захирахои об, аз хисоби маблагхои худи онхо амали гардонида мешавад.
  5. Ташкилотхои хизматрасон оид ба дастрас намудани об мувофики принсипхои замонавии ба талаботи мизоч нигаронидашуда фаъолият намуда, дар холатхои дахлдор, пушонидани пурраи харочот мутобики принсипхои “истифодабаранда ва олудакунанда пардохт мекунад” амали карда хохад шуд.
2.2. CОХТОРХОИ ИХЗО ДАР САТХИ ХАВЗАХО ВА ЗЕРХАВЗАХО
2.2.1. ТАШКИЛОТИ ХАВЗАВИИ ДАРЁХО (минбаъд-ТХД)
  1. Ташкилотхои хавзавии дарёхо барои хар як хавзаи муайяншуда ва дар холати зарури дар зерхавзахо дар назди ВЭЗО ЧТ таъсис дода шуда, оид ба масоили банакшагири ва мониторинги идоракунии захирахои об ва амалисозии накшаи хавзави масъул хоханд буд.
  2. Дар ин замина, дар назди ВЭЗО ЧТ чор ташкилоти хавзавии дарёхо, аз чумла ТХД “Сир”, ТХД “Кофарнихон”, ТХД “Вахш” ва ТХД “Панч” таъсис дода мешаванд.
  3. Бо дарназардошти мавкеи чугрофи ва таъмини идоракунии оперативии захирахои об, баъд аз таъсиси ТХД-хои болозикршуда ташкилотхои зерхавзавии дарё дар худуди зерхавзахои Болооби Панч, Болооби Вахш ва Поёноби Кофарнихон ва инчунин дар хавзаи дарёи Зарафшон ба накша гирифта шудааст.
  4. Дар назар аст, ки фаъолияти ТХД-хо дар 2-3 соли аввал ба таври ташкили гуруххои кори дар хайати Муколамаи хавзавии дарёхо бо дастгирии шарикони рушд амали карда шуда, баъдан онхо ба ТХД табдил дода шуда, фаъолияти онхо бо маблаггузори аз бучети чумхурияви (ВЭЗО ЧТ) ба рох монда хохад шуд.
  5. Вазифахои асосии ТХД иборатанд аз:

– тахияи накшахои мавсими, миёнамуддат ва дарозмуддати истифода ва хифзи захирахои об ва барномахои рушди хавзахои дарё;

– назорати таксимот ва сифати об, пешниходи чорахои пешгирии риоя нанамудани шартхои накшахои кабулгашта;

– мушохида ва назорати сифати ичрои хизматрасони дар амали намудани таксимоти об ва захбуру захкаши, инчунин обхои канализатсия;

– бакайдгири ва нигохдории руйхати ичозатномахо оид ба истифода ва партофти об, пахн намудани маълумот барои ташкилотхои дахлдор оид ба таксимоти об;

– хамохангсозии ташкилотхо ва истифодабарандагони об дар хавза ва халли бахсхои байни онхо.

2.2.2. ШУРОХОИ ХАВЗАВИИ ДАРЁХО (минбаъд-ШХД)
  1. Шурохои хавзавии дарёхо дар хамаи чор хавза (Сир, Кофарнихон, Вахш, Панч) ва дар холати зарури дар сатхи зерхавза таъсис дода шуда, платформаи намояндагии шарикони гуногунро ташкил медихад.
  2. ШХД хукуки дастраси ба маълумот дошта, дар чараёни кабули карор оид ба идоракунии захирахои об иштирок хоханд кард. ШХД манфиати тамоми истифодабарандагони об ва дигар шарикони манфиатдорро пешбурда, дар хайати худ намояндагони чомеаи шахрвандии дар идораи об манфиатдорро низ хоханд дошт.
  3. Мухимтарин вазифаи ШХД пешниходи каноатбахш дар истифода, хифз ва рушди манбахои об, назорати самараноки истифода ва хифзи он ба ТХД мебошанд. Вазифахои дигари ШХД аз инхо иборатанд:

– чамъоварии малумот аз ташкилотхо оид ба таксимот, обрасони ва сифати он дар чорчубаи накшахои солона ва пешниход оид ба бехтар намудани онхо;

– чамъоварии фикру акидахои тарафхои манфиатдор оид ба: (1) идора ва танизими захирахои об; (2) таксимоти об (3) сифати об; (4) сифати хизматрасони ва расонидани маълумот оид ба он ба ТХД;

– дастгирии халли фасли бахсхо байни истифодабарандагон ё гуруххои онхо ва пешниходи таклифхо оид ба фасли бахсхо.

  1. Хайатишахсии ШХД-ро хангоми таъсисдихии он метавон муайян кард ва он метавонад аз намояндагони категорияхои гуногуни истифодабарандагони об ва чомеаи шахрванди иборат бошад.
  2. Фаъолияти ШХД дар асоси Оиннома, ки аз тарафи Шуро тасдик мегардад, ба рох монда мешавад. Азбаски гузариш ба ИХЗО чараёни дарозмуддат мебошад, ШХД метавонад инчунин хамчун платформаи муколамаи сиёсии сатхи хавза оид ба ИХЗО фаъолият кунад.
2.2.3. АССОТСИАТСИЯХОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ФЕДЕРАТСИЯХОИ АИО
  1. Мутобики конунгузории амалкунанда, Ассотсиатсияхои истифодабарандагони об (АИО) ба истифода ва нигахдории шабакахои обёри ва захбари дар сатхи дохилихочаги ва дар баъзе холатхо дар сатхи байнихочаги хукук доранд. Зарур аст, ки худуди хизматрасонии АИО-хо ва федератсияхои АИО-хо бо сархадхои гидрографии кисматхои системахои обёри ва дар холатхои лозима мувофикан ба кисмати сархадхои зерхавзахо мукаррар карда шаванд.

VII. ТАКМИЛИ КОНУНГУЗОРи ДАР ДОИРАИ ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБ

  1. Ислохоти сохаи об гузариш ба шаклхои нави идоракуни, таъсиси институтхои нав ва такмили чиддии конунгузории чориро талаб менамояд. Бе тахияи заминаи мустахками хукуки гузаронидани чунин тагйирот ва самаранок амали намудани ислохоти сохаи об гайриимкон хохад буд. Тагйирот бояд дар хамохангсози бо вазорату макомотидахлдор ворид карда шавад.
  2. Такмили конунгузории амалкунанда тавассути ворид намудани тагйиру иловахо ба конунхо ва санадхои меъёрии хукукии мавчуда ва инчунин тахияи конунхо ва санадхои меъёрию хукукии нав амали карда хохад шуд.

1. ТАГЙИРУ ИЛОВАХО БА КОНУНГУЗОРИИ АМАЛКУНАНДА

  1. Барои муваффаккона амали намудани ислохоти сохаи об ворид намудани тагйиру иловахо ба конунхои зерин зарур мебошад:

– Кодекси оби Чумхурии Точикистон – тагийру иловахои мувофик чихати чори намудани ИХЗО дар хавзахои дарё ва бо максади таъмини пайдархамии дохили дар чори намудани воситахои иктисодии хизматрасонии об, мушаххасан муайян намудани намудхои фаъолияти ташкилотхои давлатии ба идора ва хифзи захирахои об чалбгардида, вусъат додани фаъолияти хифзи сифат ва микдори захирахои об, хусусан обхои зеризамини ва кабили инхо;

– Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ассотсиатсияхои истифодарандагони об” тагийру иловахо барои ба танзим даровардани муносибатхо оид ба таъсиси федератсияхои АИО, андозсупори, хукуки моликият, тартиби муайян кардан ва чараёни чамъоварии хакки хизмати обрасони, мушаххас муайян намудани хукуки худи АИО-хо, танзими масъалахои алокамандии хукукии хочагидории АИО бо дигар конунгузории ба фаъолияти АИО алокаманд ва дигар масъалахои кабили инхо;

– Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи оби нушоки ва таъминион” – тагйиру иловахо барои халли масъалхои андозбанди, сохибмулки, иштироки бахши хусуси дар идора кардани системахои обтаъминкуни, танзими хукукии тарифхои хизматрасони, танзимихукукии меъёр ва стандартхо, тартиби танзими таъмин намудани сифати оби нушокии аз тарафи хизматрасон ба истифодабарандагон расонидашаванда, танзими мушаххас муайян намудани хукуки истифодабарандагони об ва дигар масъалахои ба танзими хукуки ниёздошта.

– дар мавриди зарурат ворид намудани тагйиру иловахо баконунхо барои осон кардани татбики конунгузори оид ба об.

  1. Хангоми такмил додани конунгузории об тачрибаи пешкадами байналмилали бояд ба эътибор гирифташуда, дар мавриди зарури ба шароити ичтимоиву иктисоди ва инфрасохтори Точикистон мутобик карда шаванд.
  2. Тагйиру иловахо инчунин ба баъзе санадхои меъёрии хукукии мавчуда низ зарур мебошанд, ки кисме аз онхо дар поён оварда шудаанд: , Низомнома дар бораи ваколатхои макомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба идоракунии истифодабари ва хифзи захирахои об бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4 феврали соли 2002, №39 тасдик шудааст. Бо дарназардошти тагйироти баамаломада, махсусан барои гузаштан ба ИХЗО, тахияи лоихаи нави Низомномаи мазкур зарур аст, ки чавобгуи татбики ислохоти сохаи об бошад;

– Барраси ва такмил додани Низомномахои ВЭЗО ЧТ ва АБЗО ХЧТ ва дигар ташкилотхои сохаи об барои бартараф намудани такроршавии функсияхо, мутобик намудани вазифахою фаъолияти ин ташкилотхо ба принсипхои ислохоти сохаи об.

2. ТАХИЯИ КОНУНХО ВА САНАДХОИ МЕЪЁРИЮ ХУКУКИИ НАВ

  1. Тахияи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии нав барои муваффаккона амали намудани ислохоти сохаи об зарур мебошад.
  2. Аз чониби АБЗО ХЧТ лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бехдошти замин ва обёри” тахия карда шудааст, ки муносибатхоро дар бахши обёри ва бехдошти замин ба танзим медарорад. Кабули Конуни мазкур бешубха барои пешрафти бахши мазкур накши мухим хохад бозид.
  3. Тахлили пешакии конунгузории чори оид ба масъалахои об (талаботи ислохоти сохаи об, гузариш ба ИХЗО ва чори намудани идоракунии хавзави) нишон медихад, ки зарурати тахияи лоихаи нави Кодекси оби Чумхурии Точикистон пеш омадааст.
  4. Таъсиси ташкилотхои нав дар сатхи хавза ва зерхавзахо зарурати тахия ва кабули низомномахои (оинномахои) ташкилотхои хавзавии дарёхо, Шурохои хавзавии дарёхо, инчунин дигар санадхои танзимкунандаи муносибати ин ташкилотхо бо истифодабарандагони об ва дигар шариконро ба миён меорад.
  5. Дар сурати мувофика шудани бархамдихии Шурои мавчудаи хамохангсозии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои обу энергетика, зарурати тахия ва кабули Низомномаи (Оинномаи) Шурои миллии об ба миён меояд.

VIII. ВОСИТАХОИ КУМАКРАСОНИ ТАТБИКИ ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБ

1. МАЪЛУМОТИ УМУМи

  1. Гарчанде такмили системаи идоракуни, гузариш ба ИХЗО дар худуди хавзаи дарёхо барои рушди ояндаи иктисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатхи зиндагонии мардум максадхои асосии ислохоти сохаи об бошанд хам, бе татбики тадбирхои иловаги таъмин намудани муваффакияти ислохоти сохаи об мушкил мебошад. Воситахои дастгирии ислохот чанбахои гуногуни идоракунии захирахои обро фаро гирифта, барои максади ислохоти мазкур бояд чорахои зерин амали карда шаванд:

– тахкими иктидори ташкилотхои масъул ва истифодабарандагони об;

– таъсиси махзани маълумот ва системаи иттилооти оид ба ИХЗО;

– хамкории байналмилали дар сохаи захирахои об;

– иштироки истифодабарандагони об ва чомеаи шахрванди дар истифода ва хифзи захирахои об;

– иштироки шарикони рушд ва донорхо дар татбики барномаи ислохот.

  1. Амали намудани воситахои дастгирии дар боло зикргардида дарачаи баланди тахассуси иштироккунандагони амали намудани чорахои пешбинигардида ва тачхизоти хозиразамони идори ва ташхисиро талаб менамояд. Аз ин лихоз, такрибан аксарияти ин чорахо бояд, ки дар хамкори ва бо дастгирии шарикони рушд, бо иштироки мутахассисони варзидаи байналмилали амали карда шаванд.

2. ТАХКИМИ ИКТИДОРИ ТАШКИЛОТХОИ МАСЪУЛИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАХОИ ОБ ВА ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

  1. Барои тахкими иктидори ташкилотхои масъули идоракунии захирахои об ва истифодабарандагони об дар доираи ислохоти сохаи об бояд чорахои гуногуни омузиши аз сатхи поёни дар сахро то кормандону рохбарияти ташкилотхои масъул дар сатхи болои андешида шуда, барномахои сайёри таълими барои шиносои бо тачрибаи пешкадами байналмилали оид ба истифода ва хифзи захирахои об ташкил карда шаванд, ташкилотхои масъул ва истифодабарандагони об бо тачхизоти хозиразамони идори ва ташхиси, воситахои алока, амсилахои компютерии тахлили маълумот ва хисобхои гидрологи, обтаксимкуни ва хисоби иншоотхои гидротехники таъмин карда шаванд. Дар чараёни ислохот бояд чорахои зиёди ба ин монанд амали карда шаванд.
  2. Ташкил ва гузаронидани корхои илми-тадкикоти, ки барои рушди сохаи об дар давраи хозира заруранд, яке аз вазифахои афзалиятноки соха мебошад. Дар чараёни амали намудани ислохот ахамият ба пажухишгоххои илми-тадкикотии соха бояд зиёд карда шуда, маблаггузори ба корхои илми-тадкикотии барои соха мухим оид ба такмили конструксияхои иншоотхои сохилмустахкамкуни, чори намудани технологияхои сарфакори обёри, бехтар намудани холати мелиоративии заминхо, чори намудани услулхои самараноки банакшагири ва идора намудани захирахои об зиёд карда шавад.

3. МАХЗАНИ МАЪЛУМОТ ВА СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИ ИХЗО

  1. Махзани маълумот талаботи асосии идоракунии намудхои мухталифи инфрасохтор ва истифодабарандагони гуногуни об мебошад. Истифодаи захирахои об ва идоракуниву нигохдории самараноки инфрасохтор вазифахои мухими стратеги ва мачмуи мебошанд.
  2. Маълумот оид ба захирахои об, холати техникии инфрасохтори об ва шароити техникиву арзиши имрузаи онхо дар байни вазорату сохторхои гуногун дар шаклхои мухталиф вучуд дорад. Баъзе намудхои маълумот танхо дар лоихахои мушаххас вучуд доранд ва онхо пас аз хотимаи лоиха шояд пурра аз байн бурда шаванд. Формати маълумот аз шакли чопи то раками, хамчунин нихоят гуногун мебошад.
  3. Аз ин лихоз, ташкили системаи ягонаи иттилоот, ки кобили истифодаи босамар бошад, барои татбики ислохоти сохаи об дастгирии зарур хохад шуд.
  4. Махзани маълумот ва системаи иттилооти ИХЗО таъсис дода шуда, бояд дорои портали байниидорави бо сатххои гуногуни дастраси барои истифодабарандагони гуногун бошад. Маълумот ва иттилооти ба таври оммави дастрас бояд дар сомонаи махсуси интернет чойгир карда шавад. Таъсиси махзани маълумот ва системаи иттилооти ИХЗО тамоми махзанхои маълумоти лоихахои гуногуни вобаста ба сохаи об татбикшуда ва ояндаро муттахид ва муносиб мегардонад.

4. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛи ДАР СОХАИ ОБ

  1. Истифодаи бехтари захираи обхои дарёхои фаромарзи ба хамкории зичи байни кишвархои хамсоя ниёз дорад. Аз ин лихоз, хамкори ва хамгироии байни кишвархои хамсояи наздисохили дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслхои оянда накши мухим мебозад.
  2. Чумхурии Точикистон хамчун ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Дахсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои хаёт” (2005-2015), инчунин Соли байналмиллалии хамкори дар сохаи об (2013) мебошад. Мутаносибан, кишвар ба амалисозии саривактии барномаи оби СММ ва чорахои дахлдори амали чихати тадричан хал намудани мушкилоти зиёди вобаста ба идоракунии об нихоят хавасманд аст.
  3. ЧумхурииТочикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии начоти Арал (минбаъд – ФБНА), Комиссияи байнидавлати оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии хамохангсозии хочагии оби Осиёи Маркази (минбаъд – КБХО) мебошад. Аз ин лихоз Чумхурии Точикистон, бо назардошти манофеи кишвархои назди сохили бояд аз захирахои оби дар ихтиёр доштааш окилона истифода намояд.

5. ИШТИРОКИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН ВА ЧОМЕАИ ШАХРВАНДи ДАР ИСТИФОДА ВА ХИФЗИ ЗАХИРАХОИ ОБ

  1. Системаи ояндаи идораи захирахои об дар Чумхурии Точикистон бо иштироки фаъоли ташкилотхо ва истифодабарандагон иоб, бахши хусуси дар тахияи сиёсат ва стратегияхо, тахия ва татбики барномахо инчунин дар раванди кабули карорхо асос хохад дошт. Иштироки бахши хусуси дар рушди сохаи об дар асоси конунгузории ЧумхурииТочикистон оид ба хамкории давлату бахши хусуси сурат гирифта, барои рушди босуботи иктисодиёт дар сохаи об накши мухим мебозад.
  2. Иштироки фаъоли чомеаи шахрванди дар ташаккули сиёсати истехсоли ва конунгузорихамчун намояндагони чомеа, ичунин сахми истифодабарандагони об дар танзим ва истифодаи окилона ва устувори захирахои об, нигохдории инфрасохторхои об, накшасози ва таъмини об мувофики ниёзи мардум бо меъёрхои мукарраршуда ахамияти мухим дорад. Аз ин лихоз таъсис ва рушди ташкилотхои истифодабарандагони об (АИО) ба дастгирии давлати ва гайридавлати ниёзи мубрам дорад.
  3. Барои таъмини иштироки фаъоли тарафхои манфиатдор ташкилотхои давлати аз се зинаи хамкори истифода мебаранд. Дар зинаи аввал Шурои хамохангсозии назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахоиобу энергетика накши минбари иштирокро барои ташкилотхои давлатии сатхи милли мебозад. Дар назар аст, ки дар чараёни татбики ислохоти сохаи об вазифахои феълии Шурои мазкур ба Шурои миллии об вогузор карда шавад. Дар шароити хозира Муколамаи миллии сиёси дар сохаи ИХЗО (минбаъд -ММС ИХЗО) накши минбари гуфтугуи манфиатдорони милли ва шарикони хоричиро ичро менамояд.
  4. Татбики Барномаи ислохоти сохаи об хамчунин дар назар дорад, ки дар сатхи хавзахои дарёхо шурохои хавзави ташкил дода шаванд, то дар он чой хам шарикони сохави ва хам манфиатдорони шахрванди ширкати баробарона дошта, бо хам дар раванди банакшагири ва татбики барномахои танзим, таксимот ва истифодабарии об, мониторинги пешрафти барномахо, халли бахсхои байни истифодабарандагон зич хамкори намоянд.
  5. Дар сатхи поёни ташкилотхои хизматрасон иштироки истифодабарандагонро (таъминоти оби нушоки, обёри ва гайра) дар раванди банакшагири ва таксимоти об, бо дарназардошти ниёзи мардум ва дастрасии захирахои об, таъмин менамоянд.
  6. Дар шароити хозираи Точикистон ахамияти масъалахои гендери дар сохахои гуногуни иктисодиёт, хусусан дар кишоварзии обёри баланд шудааст. Вобаста ба ин дар чараёни ислохоти сохаи об иштироки занхо дар идоракунии захирахои об тавассути намояндагии онхо дар зинахои гуногуни истехсолот ва рохбарии ин ташкилотхо бояд мувофикан вусъат дода шавад.

6. ИШТИРОКИ ШАРИКОНИ РУШД ВА ДОНОРОН ДАР ТАТБИКИ БАРНОМАИ ИСЛОХОТ

  1. Татбики Барномаи ислохоти сохаи об ба гайр аз дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин ба дастгирии шарикони рушд ва донорони дохилию байналмилали ниёз дорад. Кумаки техники барои чалби мутахассисони варзидаи милли ва байналмилали барои тахияи сиёсат, барномахо ва стратегияхо, такмили конунгузории об, бехтар намудани сохтори ташкилотхои идоракунии захирахои об ва баланд бардоштани кобилияти кормандони онхо ва истифодабарандагони об барои самаранок истифода бурдани захирахои об лозим аст.
  2. Хамчунин чалби маблаг барои баркарорсози ва рушди инфрасохтори об, аз чумла ниёзхои аввалиндарачаи татбики ислохоти сохаи об дар назар аст. Зимни тахияи Барномаи ислохоти сохаи об аз иктидори шарикони рушд истифода бурда шуд ва бовари хаст, ки дар амали намудани ислохоти сохаи об низ онхо иштироки фаъолонаи худро давом хоханд дод.

IX. МАБЛАГГУЗОРИИ ТАТБИКИ БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ СОХАИ ОБ

  1. Маблаггузории ислохоти сохаи об асосан аз ду махзан амали карда мешавад: (1) аз хисоби бучети мутамаркази вазорату идорахои дахлдор ва (2) маблаггузори аз хисоби шарикони рушд.
  2. Ислохоти сохаи об асосан аз чониби ташкилотхои байналмилали дастгири карда шуда, барои шарикони рушд ахамияти сиёси дорад. Онхо дар асосноккунии лоихахои марбута ба об, ислохотро хамчун яке аз омилхои мусбати маблаггузори нишон медиханд. Шарикони асосии рушди Точикистонро ташкилотхои зайл намояндаги менамоянд, аз чумла: Бонки умумичахони (БУ), Бонки осиёгии рушд (БОР), Ташкилоти рушд ва хамкории Швейтсария (SDC), Бонки аврупоии тачдид ва рушд (БАТР), Иттиходи Аврупо (EU), Шурои хамохангсозии рушд (DCC), Барномаи рушди СММ (UNDP). Соли 2015 шарикони рушд лоихахои мушаххасро дар сохаи об амали карда истодаанд, ки маблаггузории баркарорсозии инфрасохтор, рушди системаи идора, аз он чумла чараёни ислохоти сохаи обро дар назар дорад. Бояд кайд кард, ки такрибан 99% маблаггузории ислохоти сохаи об аз чониби шарикони рушд дар доираи бучетхои лоихахои мушаххас амали карда мешавад.
  3. Дар Накшаи маблаггузории ислохоти сохаи об барои давраи солхои 2016-2025, ки дар замима оварда шудааст, маблаггузории ислохоти сохаи об аз хисоби бучети мутамаркази чумхурияви низ дар назар дошта шудааст. Чунин маблаггузори дар доираи бучети солонаи муайяншудаи вазорату идорахои дахлдор, аз он чумла бучети солонаи ВЭЗО амаликарда хохад шуд.
  4. Ташкилотхои навтаъсиси хавзави ва зерхавзавии дарёхо дар зинаи аввали ислохоти сохаи об (2016-2018) ба таври гуруххои кори таъсис дода, аз чониби шарикони рушд дастгири карда хоханд шуд. Аз соли 2019 сар карда, барои маблаггузории 4 ташкилоти хавзавии дарё ва 5 ташкилоти зерхавзавии дарё (чамъ 9 ташкилот) бояд аз хисоби бучети мутамаркази чумхурияви ба бучети ВЭЗО солона ба микдори 1,681 млн. сомони маблаг илова карда шавад.
  5. Дар асоси тахлили маблаггузории давлатии солхои гузашта муайян гардид, ки ба сохахои идораи захирахои об, бехдошти замин ва обёри, таъминоти оби нушоки дар солхои 20162025 аз хисоби бучети мутамаркази чумхурияви факат дар хайати бучетхои солонаи вазорату идорахои дахлдор ба сохаи об зиёда аз 200 млн. сомони маблагузори карда хохад шуд. Инчунин дар давраи солхои 2016-2025 ба сохаи об аз чониби шарикони рушд маблаггузории зиёда аз 1,60 млрд. сомони пешбини шудааст.
  6. Дар назар аст, ки дар давраи солхои 2020-2025 низ аз тарафи шарикони рушд маблаггузории иловаги амали карда хохад шуд. Дар давраи солхои 2019-2025 барои ташкилотхои хавзавии дарёхои навтаъсис маблаггузории иловаги аз хисоби бучети мутамаркази чумхурияви ба микдори такрибан 11,78 млн. сомони ичро карда хохад шуд, ки ин киёсан хамаги такрибан 0,65% маблаггузории умумиро ташкил медихад. Маблаггузории бокимонда аз чониби шарикони рушд амали карда хохад шуд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …