Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НМО (СПИД) 2017-2020

БАРНОМАИ ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НМО (СПИД) 2017-2020

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 феврали соли 2017, № 89 тасдик шудааст

БАРНОМАИ МИЛЛИ ОИД БА МУКОВИМАТ БА ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2017-2020

БОБИ 1. ТАХЛИЛИ ХОЛАТИ ЭПИДЕМИОЛОГИ

  1. Барномаи милли оид ба муковимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солхои 2017-2020 (минбаъд – Барнома) вобаста ба холати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, тахлили маълумот оид ба фаъолияти соха нисбати пешгирии ин сироят, ки дар доираи ичрои барномаи кабли дар солхои 2011-2015 амали гардида буданд, тахия шудааст.
  2. Тибки маълумоте, ки дар натичаи гузаронидани Назорати дидбонии эпидемиологи ба даст омадааст, эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Точикистон дар байни гуруххои махсусан осебпазири ахоли ва занони хомила дар мархилаи чамъшаванда (пахншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни нашъамандони тазрики – 12,9 фоиз ва дар байни занони хомилаи шахрхо – 0,1 фоиз) карор дорад.
  3. Вобаста ба тамоюли бакайдгирии ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар расми 1 маълумоти Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии пешгири ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” оид ба микдори ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар Точикистон дар солхои 2009-2015 бо дарназардошти роххои гузариш нишон дода шудааст.

spid-2Расми 1. Бакайдгирии ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар Точикистон дар солхои 2009-2015 вобаста ба роххои пахншави.

  1. Расми 1 тамоюли умумии зиёдшавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одамро нишон медихад, ки дар он афзоиши ходисахои бо рохи алокаи чинси ва аз модар ба кудак пахншуда ба мушохида мерасанд. Ин дар холест, ки аз соли 2010 ба таври назаррас камшавии ходисахои бо рохи тазрики сироятёфта ба кайд гирифта шудаанд.
  2. Тибки маълумоти омории расми то 1 январи соли 2016 шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (аз соли 1991) дар чумхури 7709 ходисаро ташкил дод, ки аз ин шумора 68,4 фоиз дар байни мардон ва 31,6 фоиз дар байни занон ба кайд гирифта шудааст. Дар давраи аз соли 1991 то декабри соли 2015 аз шумораи умумии сироятёфтагон бо сабабхои гуногун, аз чумла аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 1592 нафар фавтидаанд. Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар аввали мохи январи соли 2016 дар чумхури 6117 нафарро ташкил медихад, ки бештари онхо ё 76,1 фоиз тахти назорати диспансери карор доранд.
  3. Дар соли 2015 дар чумхури 1151 ходисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам ба кайд гирифта шудааст, ки нисбати хамин давраи соли 2014 (1008 ходиса) 143 ходиса зиёдтар мебошад. Аз ин шумора 688 (59,8 фоиз) нафарро мардон ва 463 (40,2 фоиз) нафарро занон ташкил медиханд. Дар солхои охир тамоюли зиёдшавии сироятёфтагон дар байни занон зиёд гардида, аз 28,9 фоиз дар соли 2011 то 40,2 фоиз дар соли 2015 баланд гардидааст.
  4. Дар соли 2015 дар бештари холатхо ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни калонсолон (18-сола боло) – 87,1 фоиз, асосан дар гурухи одамони 30-39-сола дарёфт гардиданд. 1,5 фоиз ходисахои нави вируси норасоии масунияти одам дар байни чавонону наврасони 15-18-сола ба кайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, далели ташвишовар он аст, ки солхои охир афзоиши бакайдгирии ходисахои нави вируси норасоии масунияти одам дар байни кудакон ба назар мерасад (чадвали 5).
  5. Тибки баходихи шумораи эхтимолии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар Чумхурии Точикистон 15721 нафарро ташкил медихад. Шумораи расмии ин шахсон тибки маълумоти омори дар охири мохи декабри соли 2015 ба 6117 нафар баробар буд.
  6. Тибки маълумоти расми дар соли 2015 дар чумхури 1151 ходисаи нави вируси норасоии масунияти одам дарёфт гардид, ки аз он 268 (23,3 фоиз) ходиса дар мархилаи дери беморшави, яъне дар холате, ки дар бемор нишонахои сарири (клиники) ё бемории пайдошудаи норасоии масуният ба мушохида мерасид, дарёфт карда шудаанд. Дар соли 2015 аз шумораи умумии аз нав дарёфтшудагон 92 нафар (8 фоиз) аз беморихои бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният вобаста ва дигар сабабхо фавтидаанд. Маълумоти дар боло овардашуда шаходат медихад, ки мурочиати дери шахрвандон оид ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам дар сатхи баланд карор дошта, кариб дар хар як аз 268 ходиса (23,3 фоиз) дар мархилаи дери беморшави дарёфт карда шудаанд.
  7. Ба холати аввали соли 2016 дар кайди марказхои вируси норасоии масунияти одам 6117 нафар шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (калонсолон ва кудакон) сабт гардидаанд, ки 2074 нафар ба шахри Душанбе, 285 нафар ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, 1146 нафар ба шахру нохияхои тобеи чумхури, 1178 нафар ба вилояти Сугд ва 1434 нафар ба вилояти Хатлон рост меоянд. Пахншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам (дар 100000 ахоли) дар ин минтакахо мутаносибан ба 263.0, 133.0, 59.6, 48.0 ва 48.3 нафар баробар буда, сатхи пахншави дар чумхури 73,24 нафар дар 100 хазор нафарро ташкил мекунад (чадвали 1).
  8. Аз шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар соли 2015 (1151 нафар) 226 нафар ба шахри Душанбе (дар 100 хазор нафар ахоли – 28,7), 56 нафар ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (26,1), 237 нафар ба шахру нохияхои тобеи чумхури (12,3), 300 нафар ба вилояти Сугд (12,2) ва 332 нафар ба вилояти Хатлон (11,2) рост меоянд. Сатхи гирифторшави ба вируси норасоии масунияти одам дар чумхури 13,8 нафар дар 100 хазор нафар мебошад (чадвали 1).

Чадвали 1

Сатхи пахншави ва сироятнокшави ба вируси норасоии масунияти одам дар Точикистон ва минтакахои чумхури ба холати 31 декабри соли 2015

Минтакахои чумхури Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар Чумхурии Точикистон то

31 декабри соли 2015

Сатхи пахншавии вируси норасоии масунияти одам дар Чумхурии Точикистон (микдори шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар 100000 ахоли) то

31 декабри

соли 2015

Шумораи ходисахои нави вируси норасоии масунияти одам дар Чумхурии Точикистон дар соли 2015 Сатхи сироятнокшави ба вируси норасоии масунияти одам (микдори сироятёфтагон  дар 100000 ахоли) дар соли 2015
Душанбе 2 074 263,0 226 28,7
Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 285 133,0 56 26,1
Шахру  нохияхои тобеи чумхури 1 146 59,6 237 12,3
Вилояти Сугд 1 178 48,0 300 12,2
Вилояти Хатлон 1 434 48,3 332 11,2
Хамаги 6 117 73,2 1 151 13,8
  1. Роххои асосии пахншавии сироят дар соли 2015 алокаи чинси ва тазрики (асосан истифодаи маводи мухаддир бо усули тазрики) ба шумор мерафт, аз чумла:

– пахншавии вируси норасоии масунияти одам бо рохи алокаи чинси: хамаги – 61,7 фоиз, аз чумла шахри Душанбе – 43,4 фоиз; Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон – 48,2 фоиз; шахру нохияхои тобеи чумхури – 65,8 фоиз; вилояти Сугд – 73,3 фоиз; вилояти Хатлон– 63 фоиз.

– пахншавии вируси норасоии масунияти одам бо усули тазрики: хамаги – 21,2 фоиз, аз чумла шахри Душанбе – 37,2 фоиз; Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон – 48,2 фоиз; шахру нохияхои тобеи чумхури – 14,3 фоиз; вилояти Сугд – 17,7 фоиз; вилояти Хатлон – 13,9 фоиз.

  1. Дар маълумоти омори пахншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам бо рохи “номаълум” низ вучуд дорад, ки дар соли 2015 дар чумхури 140 ходиса ё 12,2 фоиз аз шумораи умумии ходисахои нави бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфтагонро ташкил медихад. Аз ин шумора 18 фоиз ба вилояти Хатлон, 15 фоиз ба шахри Душанбе ва такрибан 15 фоиз ба шахру нохияхои тобеи чумхури рост меоянд.
  2. Дар чадвали 2 маълумот оид ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда аз руи сохтори чинс ва синну сол оварда шудааст.

Чадвали 2

Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда. Сохтори чинси ва синну соли. Точикистон, соли 2016

Гуруххо вобаста ба синну сол Хамаги % вобаста ба шумораи умумии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда Мардон Занон
1 0-4-сола 309 5,1% 201 108
2 5-14-сола 247 4% 146 101
3 15-18-сола 30 0,5% 18 12
4 19-29-сола 1735 28,4% 879 856
5 30-39-сола 2509 41% 1752 757
6 40-49-сола 1028 16,8 795 233
7 50-59-сола 232 3,8% 166 66
8 60-сола ва калон 27 0,4% 17 10
        Хамаги 6117 100% 3974 (65%) 2143 (35%)
  1. Тавре аз чадвали 2 аён аст, аз шумораи умуми шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунандаи чинси мард 65 фоиз ва занон 35 фоизро ташкил медиханд. Кисмати бештари сироятёфтагон ба синну соли 30-39 рост меоянд, ки он 41 фоизро дар бар мегирад. Кисми зиёди мардони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта дар синни 30-39-солаги ва занони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта дар синну соли 19-29-солаги мебошанд. Ба синну соли репродуктиви (15-49-сола) 5302 нафар сироятёфтагон ё 86,7 фоиз рост меоянд. Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунандаи синни 0-14-сола 556 нафарро ташкил медиханд, ки он ба 9,1 фоиз шумораи умумии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда баробар аст. 0,5 фоиз шумораи умумии ин шахсон ба синни 15-18-сола рост меояд. Ба таври умуми ба гурухи 0-18-сола 9,6 фоиз шумораи умумии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда рост меоянд.
  2. Дар чадвали 3 маълумот оид ба шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки тахти назорати диспансери карор доранд (тибки холати то 1 январи соли 2016), оварда шудааст.

Чадвали 3

Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки тахти назорати диспансери карор доранд. Точикистон, соли 2016

Синну соли

шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда

Шумораи

шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда

Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки тахти назорати диспансери карор доранд Фоизи фарогири ба назорати диспансери
0-14-сола 556 519 93,3%
15-сола ва калон 5561 4141 74,5%
Хамаги 6117 4660 76,2%
  1. Тибки ракамхои чадвал сатхи фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба назорати диспансери ба 76,2 фоиз баробар мебошад. Кариб хамаи кудакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (93,3 фоиз) ба назорат фаро гирифта шудаанд.
  2. Тахлил нишон медихад, ки чоряки шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунандаи синну соли 15-сола ва боло (25,5 фоиз) сари вакт ба кабули хизматрасонии махсус мурочиат намекунанд. Сабабхои асосии зерин ба он мусоидат менамояд:
  • вучуд доштани табъиз дар байни ахоли нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ва тарси зиёди сироятшудагон оид ба овоза шудани мушкилии онхо;
  • хароси падару модар нисбати овоза шудани сироятнокии фарзандаш дар чомеа;
  • мавчуд будани далелхои тамгагузории сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ва тарси зиёди шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда аз овоза шудан ва аз даст додани чои кор;
  • паст будани сатхи маълумотнокии як катор сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам нисбати табобати зиддиретровируси ва бартарихои табобат барои солими ва хаёти инсон;
  • омилхои дохилии равони дар баъзе шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки сабаби кабул накардани назорати диспансери ва табобат мегарданд (то вазнин шудани холати саломатии шахс);
  • имконоти бесамар шуморидани табобати зиддиретровируси аз чониби баъзе нафарони сироятёфта;
  • мавчудияти сатхи баланди мухочирати дохилию хоричии ахолии чумхури метавонад сабаби аз назорат дур мондани шахсони сироятёфта гардад;
  • омилхои паст будани фаъолноки аз чониби як катор кормандони марказхои махаллии пешгири ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам оид ба фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба назорати диспансери, инчунин паст будани сатхи хизматрасонихо ба мухточон.
  1. Барои тасдики иловагии мавчудияти табъиз ва тамгагузори дар чумхури нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, инчунин дар ин замина пайдо шудани холатхои худтабъизи, натичаи тадкикот оид ба “Индекси тамгагузори”, ки дар мохи ноябри соли 2015 амали шуда буд, нишон дода мешавад (расмхои 2 ва 3 (бо фоиз).
  1. Дар чадвали 4 маълумот нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, ки тахти назорати диспансери карор доранд ва дар давраи то 1 январи соли 2016 ба табобати зиддиретровируси фаро гирифта шудаанд, оварда шудааст.
  1. Дар чадвали 4 маълумот нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, ки тахти назорати диспансери карор доранд ва дар давраи то 1 январи соли 2016 ба табобати зиддиретровируси фаро гирифта шудаанд, оварда шудааст.

Чадвали 4

Фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам

 зиндагикунанда ба табобати зиддиретровируси

Синну соли шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки тахти назорати диспансери карор доранд Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки табобати зиддиретровируси мегиранд % фарогирии мухточон ба табобати зиддиретровируси
0-14-сола 519 495 95,4%
15-сола ва боло 4141 2640 63,8%
Хамаги 4660 3135 67,8%
  1. Тавре аз чадвал бармеояд, бештари кудакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (95,4 фоиз), ки тахти назорати диспансери карор доранд, ба табобати зиддиретровируси фаро гирифта шуда, онро идома дода истодаанд.
  2. Дар Чумхурии Точикистон дар доираи конунхои амалкунанда давлат ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Аз ин ру хар як нафар сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам имконият дорад, ки вобаста ба зарурат аз табобати ройгон бархурдор бошад. Айни замон таъмини дорухои зиддиретровируси бапурраги аз чониби созмонхои байналмилали, асосан аз чониби Хазинаи глобали оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача амали карда мешавад. Норасогии дорувори то имруз ба мушохида нарасидааст.
  3. Тибки маълумоти дар чадвали 4 овардашуда, айни замон фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки тахти назорати диспансери (4660 нафар) карор доранд, ба табобати зиддиретровируси 67,8 фоизро ташкил медихад. Ин нишондиханда дар баробари хамаи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (6117 нафар) ба 51,3 фоиз баробар мебошад. Фарогири ба табобати зиддиретровируси аз хисоби шумораи эхтимолии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (тибки баходихи -15721 нафар) дар чумхури хамаги 19,9 фоиз мебошад. Ин нишондиханда сол аз сол бехтар гардида, дар соли 2015 ба 1282 нафар расид (дар соли 2014 – 885 нафар).
  4. Шуруъ аз соли 2011 дар сатхи Хукумати чумхури ба оилахое, ки дар онхо кудакони гирифтор ба вируси норасоии масунияти одам зиндаги мекунанд (то 16-сола), пешниходи кумакпулихои мохонаи ичтимои ба андозаи 7 нишондиханда барои хисобхо (тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 3 майи соли 2010, №232) огоз гардид. То имруз барои гирифтани чунин кумакпули ба 440 нафар кудакони ба вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда аз чониби Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии пешгири ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” хулосаи тибби дода шудааст. Дар солхои охир барои таъмини гизои кудаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар чумхури таъмини сарикасии чунин оилахо бо гизои кудаконаи сунъи ба микдори зарури ба рох монда шуд.
  5. Шуруъ аз соли 2011 дар чумхури шумораи кудакони синну соли то 14-солаи сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам тамоюл ба болорави намуд (чадвали 5). Дар 4 соли охир (2012-2015) шумораи ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни кудакон зиёд гардида, аз 11,4 фоиз то 16,2 фоиз хамаи ходисахои нави сироятро ташкил дод.
  6. Дар чумхури шумораи чамъшавандаи кудакони то 15-солаи ба вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ба холати 1 январи соли 2016 хамаги 636 нафарро (чадвали 5) ташкил медиханд, ки он ба 8,2 фоиз шумораи умумии сироятёфтагон баробар мебошад.

Чадвали 5

Тамоюли сирояти вируси норасоии масунияти одам

 дар байни кудакон дар Точикистон тайи солхои 2002-2015

2002-2006 2007 2008 2009 2010 2011 2012 2013 2014 2015 Хамаги
Шумораи умумии ходисахои нави вируси норасоии масунияти одам дар байни кудакони

0-14-сола

8 13 5 12 15 71

 

132 129 122 129 636

 

Бо фоиз 1,2 3,2 1,7 2,7 1,5 7,2 16,2 14,7 12,2 11,4 8,2
аз чумла пахншавии сироят бо рохи амуди (аз модар ба кудак) 1 8 3 11 14 26 34 47 56 55 255
аз чумла бо рохи “номаълуми пахншави” (кудакон аз модарони вируси норасоии масунияти одам-манфи таваллудшуда) 1 2 1 1 1

 

 

45

 

98 82

 

66

 

74

 

 

371

 

аз чумла хангоми хунгузарони 6 3 1 10
  1. Дар 4-5 соли охир дар чумхури кариб ду маротиба шумораи кудакони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта бо рохи “аз модар ба кудак” афзудааст. Ин масъала тахлили дурусту амики сабабу омилхои пахншавиро бо ин рох талаб менамояд. Хамзамон баланд бардоштани сатху сифати чорабинихои пешгирикунанда дар байни занони синну соли кобили таваллуд, аз чумла занони хомила зарур мебошад.
  2. Аз 129 нафар кудакони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаи соли 2015, 74 нафараш модарони сихат дошта (дар соли 2012- 98 нафар, дар соли 2013 – 82 нафар ва дар соли 2014- 66 нафар), рохи пахншавии сироят хамчун “номаълум” гузошта шудааст. Шумораи умумии чунин кудакон аз соли 2009 то соли 2015 ба 371 нафар ё 58,2 фоиз аз шумораи умумии кудакони сироятёфта баробар аст.
  3. Тавре, ки тахлилхо нишон медиханд, сабаби асосии пайдошавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кудакони дар боло кайдгардида (371 нафар) номаълум боки мемонад. Эхтимолияти пахншавии вируси норасоии масунияти одам хамчун сирояти дохилибеморхонаги вучуд дошта, инчунин ба пахншавии сироят метавонанд, омилхо ва холатхо, ба монанди амалиёти тибби, ки умумияти пуст ва пардахои луобии баданро вайрон месозанд (сурохсозии гуш, хатнакуни, махсгари бо сузан, холкуби ва гайра) дар шароити хона низ таъсир расонанд.
  4. Далел ва ракамхои нишондодашуда, аз ташвишовар будани холати эпидемикии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни ин гурух дарак дода, водор месозанд, ки кудакон ба гурухи осебпазири ахоли ворид карда шаванд. Нисбати ин гурух ба таври фаври бояд мачмуи чорабинихои профилактики бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва дигар сироятхои ба воситаи хун гузаранда кабул карда шавад. Инчунин зарур аст, ки чорахои катъи бахри муайянсозии механизми пахншавии хар як ходисаи рохи гузаришаш “номаълум”, дар алохидаги хам дар байни кудакон ва хам дар байни калонсолон андешида шавад.
  5. Ба ахоли дар хамаи муассисахо, утокхо ва чойхои хизматрасонии маиши (сартарошхонахо, кошонахои хусн, хучрахои косметологи ва гайра) новобаста аз шакли моликияташон, бехатарии тамоми хизматрасонихо (сартароши, ришгири, маникюр, педикюр, амалиёти косметологи, сурохкунии гушхо, хатна, татуаж, пирсинг), ки ба халалёбии комилияти пуст ва пардахои луоби сабаб шуда метавонанд, бояд кафолат дода шавад. Хамаи мутахассисон, ки хизматхои дар боло зикргардидаро мерасонанд, бояд нисбати асосхои бехатарии сирояти омузонида шуда, оид ба масъулияташон хангоми вайронкунии речаи санитарию зиддиэпидемики дар чои кори худ огохонида шаванд.
  6. Аз огози эпидемия то 31 декабри соли 2015 аз хисоби сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам бо сабабхои гуногун 1592 нафар фавтидаанд, ки 20,7 фоизро аз шумораи умуми ташкил медихад. Шумораи умумии фавтидагон дар солхои 1991-2015 дар минтакахои чумхури чунин мебошад: шахри Душанбе – 224 нафар (9,7 фоиз аз шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам), Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон – 194 нафар (40,5 фоиз), шахру нохияхои тобеи чумхури – 323 нафар (22 фоиз), вилояти Сугд – 381 нафар (24,4), вилояти Хатлон – 470 нафар (24,7 фоиз). Шумораи умумии фавтидагон дар чумхури дар 5 соли охир (2011-2015) хамаги 1075 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 585 нафараш аз бемории пайдошудаи норасоии масуният фавтидаанд. Нишондихандахои фавт дар чадвали 6 оварда шудааст.

Чадвали 6

Ходисахои фавт дар байни сироятёфтагони вируси норасоии

 масунияти одам дар Точикистон тайи солхои 2011-2015

Нишондиханда 2011 2012 2013 2014 2015
Шумораи фавтидагон дар байни сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (шумораи умуми бо сабабхои гуногун) 182 214 232 234 213
Аз чумла, шумораи фавтидагон аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 93 113 128 137 114
  1. Бояд кайд намуд, ки табобати зиддиретровируси, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда таъин карда мешавад ва хамасола фарогири ба он бехтар шуда истодааст, инчунин мачмуи чорахои пешгирикунанда, нигохубин ва дастгирии онхо сабаби кам гардидани фавт дар байни сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам гардид.
  2. Дар панч соли охир дар чумхури тамоюли баландшавии шумораи сироятёфтагони беморихои хамрадифи вируси норасоии масунияти одам/сил зиёд гардида, аз 49 ходиса дар соли 2009 ба 176 ходиса дар соли 2015 баробар гардид. Яке аз сабабхои асосии зиёдшавии шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам/сил ин ворид намудани ташхиси вируси норасоии масунияти одам дар муассисахои зиддисили ва фарогирии бештари сироятёфтагони сил ба ташхис мебошад, ки он сол аз сол бехтар гардида истодааст. Дар соли 2015 дар чумхури 9434 нафар сироятёфтагони сил аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам гузаронида шуданд, ки дар 99 нафари онхо сирояти вируси норасоии масунияти одам дарёфт гардид.
  3. Аз хисоби сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам бошад дар 77 нафар сирояти сил дарёфт гардид. Мутаассифона, на хамаи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам сари вакт аз ташхиси сил гузаронида мешаванд. Барои муайянсозии сирояти сил дар шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда тахлили акси рентгении кафаси сина зарур мебошад. Аз сабаби набудани нишонахои клиники на хама сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам аз ин ташхис мегузаранд. Аз ин ру, ба накша гирифта шудааст, ки масъалаи мазкур бо истифодаи ташхиси молекулавии сил бо усули GenExpert бартараф карда шавад.
  4. Тибки маълумоти омори бемории сил хануз хам яке аз сабабхои асосии фавти сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам боки мемонад. Дар соли 2015 хамаги 76 нафар сироятёфтагони беморихои хамрадифи вируси норасоии масунияти одам/сил фавтидаанд, ки 35,7 фоиз хамаи фавтидагони соли 2015-ро ташкил медиханд (бо сабабхои гуногун).
  5. Вобаста ба ин таъмини ташхиси саривакти ва босифати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ба бемории сил хеле зарур мебошад. Фарогирии кудакони сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам ба ташхиси сил яке аз самтхои асосии фаъолият ба шумор меравад, чунки эхтимолияти гирифторшавии кудакон ба намуди мутобикгаштаи бемории сил нисбати ашхоси калонсол зиёдтар мебошад.
  6. Ба гуруххои нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам хатари баланддошта нашъамандони тазрики, шахсони расонандаи хизматхои шахвони ва махбусон дохил мешаванд.
  7. Дар чадвали 7 маълумот оид ба шумораи нашъамандони тазрики ва шахсони расонандаи хизматхои шахвони дар чумхури тибки баходихи оварда шудаанд.

Чадвали 7

Баходихии шумораи нашъамандони тазрики ва шахсони

 расонандаи хизматхои шахвони дар Точикистон

Гурухи осебпазир Шумора тибки баходихи Соли гузаронидани тадкикоти баходихи
Нашъамандони тазрики 23 100 2014
Шахсони расонандаи хизматхои шахвони 14 100 2014
  1. Дар чадвали 8 бошад баходихии сатхи пахншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни намояндагони ин гуруххо, ки дар натичаи гузаронидани тадкикот оид ба назорати дидбонии эпидемиологи ба даст омадаанд, нишон дода шудааст.

Чадвали 8

Маълумоти баходихии назорати дидбонии эпидемиологи

 оид ба пахншавии вируси норасоии масунияти одам

 дар байни гурухи осебпазири ахоли

Гурухи осебпазир Пахншавии

вируси норасоии масунияти одам

Соли баргузории

назорати дидбонии эпидемиологи

Нашъамандони тазрики 12.9% 2014
Махбусон 8.4% 2013
Шахсони расонандаи хизматхои шахвони 3,5% 2014
  1. Тибки баходихи шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар чумхури аз хисоби намояндагони гуруххои дорои хатари баланди сироятёби (нашъамандони тазрики, шахсони расонандаи хизматхои шахвони) хамаги 3836 нафарро ташкил медиханд, ки ин шумора 24,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (тибки баходихи-15721 нафар)-ро дар бар мегирад. Кисми бокимондаи сироятёфтагон (11264 нафар ё 75,6 фоиз) тибки баходихи ба намояндагони дигар гуруххои ахоли (мухочирони мехнати, аъзои оилахои онхо, чавонон, шарикони чинсии шахсони сироятёфта ва гайра) рост меоянд.
  2. Истифодаи маводи мухаддир бо рохи тазрики ба огоз ва инкишофи эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Точикистон ба таври назаррас таъсир гузошт. Шуруъ аз соли 2011 тамоюли пастшавии шумораи ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам бо рохи тазрики, ки асосан аз истифодаи тазрикии маводи мухаддир вобаста мебошад, ба мушохида расида, аз 412 ходиса дар соли 2011 то 245 ходиса дар соли 2015 кам гардид. Пахншавии ходисахо бо рохи тазрики аз шумораи умумии сироятёфтагон дар солхои 2011-2015 мутаносибан ба 41,7 фоиз ва 21,3 фоиз баробар шуд.
  3. Натичаи дар боло нишондодашуда, аз хисоби зиёдшавии хамасолаи фарогирии нашъамандони тазрики ба хизматрасонихо дар доираи барномаи кам кардани зарар, аз чумла мубодилаи сузандорухо ва тесткунони ба даст омаданд. Дар соли 2015 ба хизматрасонихои нуктахои бовари барои нашъамандони тазрики ё ба ибораи дигар нуктахои мубодилаи сузандорухо хамаги 13456 нафар, машваратдихи ва тесткунонии ихтиёри оид ба вируси норасоии масунияти одам 18192 нафар нашъамандони тазрики фаро гирифта шуданд. Микдори миёнаи сузандоруи таксимшуда ба як нафар нашъамандони тазрики тайи сол ба 283 адад (аз хисоби шумораи нашъамандони тазрики тибки баходихи) баробар шуд. Нишондихандахои фарогири дар соли 2014 мутаносибан ба 11993, 13082 ва 214 баробар буд. Ахамияти дигари мухими нишондодхои болозикр дар соли 2015 дар киёс бо соли 2014 ва солхои сипаригардида, аз бехтар шудани дастрасии нашъамандони тазрики ба хизматрасони оид ба пешгирии бемори дарак медихад. Дар соли 2015 табобати зиддиретровируси ба 275 нафар нашъаманди тазрикии сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам таъин карда шуд, ки ин нишондиханда дар соли 2012 ба 158 нафар баробар буд.
  4. Тибки маълумоти омории расми соли 2014 дар Точикистон шумораи беморони нашъаманд, ки дар кайди марказхои наркологи карор доштанд, ба 7310 нафар баробар шуд, ки аз онхо 7111 нафарашро (97,3 фоиз) мардон ва 199 нафарашро (2,7 фоиз) занон ташкил доданд. Зиёда аз 60 фоизи онхо нашъамандони тазрики мебошанд. Инчунин тибки маълумоте, ки дар натичаи гузаронидани тадкикот оид ба “Баходихии шумораи нашъамандони тазрики ва шахсони расонандаи хизматхои шахвони дар Чумхурии Точикистон” дар соли 2014 аз чониби Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии пешгири ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” бо иштироки мушовири байналмилали гузаронида шуд, шумораи нашъамандони тазрики дар чумхури 23100 нафарро ташкил дод.
  5. Тибки маълумоти назорати дидбонии эпидемиологи дар байни нашъамандони тазрики (бо фарогирии 2200 нафар) дар соли 2014 пахншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни нашъамандони тазрики 12,9 фоиз, пахншавии хепатити вирусии С-22,7 фоиз ва оташак – 4,5 фоизро ташкил дод. Нишондодхои мукоисавии назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011 мутаносибан ба 13,5 фоиз, 24,9 фоиз ва 7,4 фоиз баробар буданд.
  6. Кам гардидани сатхи пахншавии вируси норасоии масунияти одам, хепатити вирусии С ва оташак дар байни нашъамандони тазрики (назорати дидбонии эпидемиологии солхои 2011-2014) аз самаранокии чорабинихо, ки дар чумхури дар байни ин гурух амали мегарданд, дарак медихад.
  7. Харчанд солхои охир дар байни намояндагони ин гурух сироятёби ба вируси норасоии масунияти одам кам гардида бошад хам, аз сабаби хусусияти хос доштани онхо хама вакт бояд дар зери назорати катъи бошанд. Баръакс бояд сифати чорабинихо барои паст намудани зарар дар байни нашъамандони тазрики боз хам пурзур карда шаванд.
  8. Чорабинихои мачмуи чун пештара бо дарназардошти хама хатархои мавчудбуда барои солимии намояндагони ин гурух (пешгирии вируси норасоии масунияти одам, сил, хепатити вирусии С, пешгири ва табобати беморихои бо рохи алокаи чинси гузаранда, табобати нашъаманди ва гайра) амали гардонида шаванд. Дар холати дарёфт намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам дар нашъамандони тазрики зарур аст, ки харчи барвакт табобати зиддиретровируси огоз карда шуда, сироятёфта дар бораи зарурат ва самаранокии табобат бояд огох карда шавад.
  9. Шахсони расонандаи хизматхои шахвони яке аз гуруххои махсус ва нисбати вируси норасоии масунияти одам хатари баланди сироятёбидошта ба шумор рафта, дар инкишофи эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар ин ё он давлати дунё таъсиргузор мебошанд. Таъсири онхо аз як катор омилхое, ки намояндагони ин гурухро нисбати ин сироят осебпазир намудааст, вобастаги доранд. Ба ин омилхо дохил мешаванд: махдудиятхо дар дастрасии шахсони расонандаи хизматхои шахвони ба хизматрасонихои тибби, ичтимои ва хукуки, хукуквайронкунихо ва фуруши одамон; махдудият дар дастрасии маълумот ва маводи пешгирикунандаи сироятхо; табъизу тамгагузори; хатархо вобаста ба тарзи хаёти намояндагони ин гурух (зуровари ва гайра) ва истифодаи аз меъёр зиёди маводи нашъадор ва спирти.
  10. Дар Точикистон даст задан ба фохишаги хамчун конунвайронкунии маъмури гурухбанди гардидааст. Ин амал дар кисмхои 1 ва 2 моддаи 130 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон ифода гардида, дар холати вайронкунии он чазо дар намуди чарима ва хабси маъмури пешбини гардидааст.
  11. Тибки маълумоте, ки дар натичаи гузаронидани тадкикот оид ба “Баходихии шумораи нашъамандони тазрики ва шахсони расонандаи хизматхои шахвони дар Чумхурии Точикистон” дар соли 2014 ба даст омаданд, шумораи шахсони расонандаи хизматхои шахвони дар чумхури 14100 нафарро ташкил медихад.
  12. Назорати дидбонии эпидемиологи дар байни шахсони расонандаи хизматхои шахвони (бо фарогирии 1300 нафар) дар соли 2014 нишон дод, ки пахншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни шахсони расонандаи хизматхои шахвони 3,5 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011-3,7 фоиз), пахншавии хепатити вирусии С – 4,2 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011-2,5 фоиз) ва оташак-10 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011-14,6 фоиз)-ро ташкил дод. Мавчуд будани сирояти оташак дар шахсони расонандаи хизматхои шахвони аз эхтимолияти хатари баланди сироятнокшавии вируси норасоии масунияти одам дарак медихад. Сироятнокии шахсони расонандаи хизматхои шахвони бо хепатити вирусии С аз истифодаи маводи мухаддири тазрики дарак дода, инчунин дар баробари рохи алокаи чинси, нишондихандаи хатари баланди сироятнокшави ба вируси норасоии масунияти одам бо рохи тазрики низ шуда метавонад.
  13. Харчанд, ки сатхи пахншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни шахсони расонандаи хизматхои шахвони он кадар баланд хам набошад, пурзур намудани чорабинихои профилактики дар ин самт зарур мебошад. Шахсони расонандаи хизматхои шахвони хамчун гурухи дорои хатари баланди сироятёбии вируси норасоии масунияти одам ва сироятхои тавассути акокаи чинси гузаранда дар оянда низ яке аз самтхои асосии фаъолияти соха ва Барномаи мазкур боки мемонад.
  14. Махбусон низ ба гурухи дорои хатари баланд нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам шомил мебошанд. Тибки маълумоти назорати дидбонии эпидемиологи, ки дар соли 2013 дар чумхури дар байни 800 нафар махбусон гузаронида шуда буд, сатхи пахншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни махбусон ба 8,4 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2010-9,0 фоиз) хепатити вирусии С ба 11,0 фоиз (18 фоиз) ва оташак ба 13,1 фоиз (9 фоиз) баробар мебошад.
  15. Мутобики холати то 1 январи соли 2016 тибки маълумоти омори расми шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар махбас 222 нафар буда, аз онхо 130 нафарашон табобати зиддиретровирусиро идома дода истодаанд. Ба хамаи онхо дар соли 2015 аз чониби табиби силшинос машварат дода шуда, 59 нафарашон ба табобати пешгирикунандаи сирояти сил бо изониазид фаро гирифта шуданд.
  16. Дар солхои охир ба танзим даромадани сатхи сироятнокшави бо вируси норасоии масунияти одам дар байни махбусон, паст гардидани сатхи пахншавии хепатити вирусии С аз гузаронидани мачмуи чорабинихо оид ба истифодаи лавозимоти безарари тибби, машваратдихи ва тесткунонии ихтиёри оид ба вируси норасоии масунияти одам ва табобати зиддиретровируси вобастаги дорад.
  17. Новобаста аз ин нишондихандахои пахншавии хамаи се сироят дар байни махбусон то хануз баланд боки монда, дар самти фаъолиятхо нисбати пешгири, табобат, нигохубин ва дастгири оид ба вируси норасоии масунияти одам дар низоми ичрои чазои чинояти бехбудихоро талаб менамояд.
  18. Тибки маълумоти Хадамоти федералии мухочирати Федератсияи Россия шумораи шахрвандони Точикистон, ки дар худуди ин давлат карор доранд, то 12 январи соли 2016 862321 нафар, аз чумла 81,2 фоиз мардон ва 18,8 фоиз занонро ташкил медиханд, ки аксарияти онхо ба мухочирати мехнати рафтаанд. Дар байни мардон 47,8 фоиз ва аз хисоби занон 34,3 фоизро чавонони синни 18-29-сола ташкил медиханд. Айни замон асосан дар масъалаи мухочирати мехнатии байналмилали Федератсияи Россия ва баъдан Чумхурии Казокистон барои шахрвандони Точикистон давлатхои серталабот ба шумор мераванд.
  19. Омори расми нишон медихад, ки сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар байни шахсони пештар дар мухочирати мехнати карордошта зиёд гардида, дар соли 2015 онхо 165 нафар, аз чумла 151 нафар мард ва 14 нафар занро ташкил медихад. Ин нишондиханда ба 14,3 фоизи хамаи ходисахои нави сироят дар соли 2015 (65 нафар ё 7,7 фоиз дар соли 2012) баробар мебошад. Рохи асосии пахншавии сироят дар байни нафарони дар гузашта дар мухочирати мехнати буда дар соли 2015 асосан (151 нафар ё 91,5 фоиз) алокаи чинси мебошад. Маълумоти солхои охир нишон медиханд, ки шавхарони кариб хамаи занони хомиладори сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам дар солхои кабли дар мухочирати мехнати буданд ва онхо низ сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам мебошанд.
  20. Далел ва ракамхои овардашуда бевосита мавчуд будани пайвастагиро байни мухочирати байналмилалии мехнатии шахрвандони чумхури ва зиёд гардидани дарёфти ходисахои нави сироятёбии вируси норасоии масунияти одам дар чойи мукимии зист нишон медиханд. Аз ин ру, зарурати ворид намудани мухочирони мехнати ба гурухи осебпазири ахоли ба миён омада, дар байни онхо ва шарикони чинсии онхо гузаронидани мачмуи чорахои профилактики оид ба пешгирии пахншавии вируси норасоии масунияти одам, сироятхои тавассути алокаи чинси гузаранда ва сил зарур мебошад.
  21. То мохи январи соли 2015 дар Чумхурии Точикистон шумораи чавонони 15-19-сола 865,5 хазор (10,4 фоиз) нафар, 20-24 сола 855,5 хазор (10,2 фоиз) нафар, 25-29-сола 807,3 хазор (9,7 фоиз) нафарро ташкил дода, хамаги синну соли 15-29-сола ба 2528300 нафар ё 30,3 фоиз ахоли баробар буд.
  22. Дар январи соли 2016 тибки маълумоти Хадамоти федералии мухочирати Федератсияи Россия дар худуди ин давлат 334999 нафар мардони шахрванди Точикистон (47,8 фоиз аз шумораи умумии мардони мухочир) ва 55407 нафар занони шахрванди Точикистон (34,3 фоиз аз шумораи умумии занони мухочир) дар синну соли 18-29-сола карор доштанд. Хамаги чавонони синни 18-29-сола аз Точикистон дар худуди Федератсияи Россия 390406 нафар ё 45,3 фоизи шумораи умумии мухочирони мехнатиро ташкил медиханд.
  23. Тавре аз натичаи тадкикоти милли оид ба муайянсозии сатхи маълумотноки, тачриба ва рафтор оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни ахолии 15-49-солаи Чумхурии Точикистон (чавонони 15-24-сола- 38,8 фоиз) нишон медихад, фоизи чавонони 15-24-сола, ки то синни 15-солаги алокаи чинси доштанд, ба 1,1 фоиз баробар буд. Ин нишондиханда дар соли 2012 0,68 фоизро ташкил медод. Танхо наздики 50 фоиз пурсидашудагони синну соли 15-24-сола ба саволхо оид ба усулхои пешгирии сироятёбии вируси норасоии масунияти одам бо рохи алокаи чинси дуруст чавоб дода тавонистанд. Чавонони 15-19-сола дар 38 фоиз ва 20-24-сола дар 71фоиз холатхо аз доштани алокахои чинси хабар дода, мутаносибан 16,1 фоиз ва 25,4 фоизи чавонон нисбати зиёда аз як нафар шарики чинси доштанашон маълумот доданд. Истифодабарии рифола аз чониби чавонон дар сатхи хеле паст карор дошта, дар 70 фоиз холатхо онхо аз алокаи чинсии бехатар худдори намудаанд. Инро ба инобат гирифта хулоса намудан мумкин аст, ки чавонон низ ба гурухи осебпазири ахоли нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам шомил буда, дар байни онхо гузаронидани чорабинихои пешгирикунандаи сирояти вируси норасоии масунияти одам ва сироятхои тавассути алокаи чинси гузаранда хатми мебошад.
  24. Дар соли 2014 шумораи таваллуд дар Точикистон хамаги 242635 нафар ва микдори занони хомиладор 248129 нафарро ташкил дод. Шуруъ аз соли 2011 дар чумхури гузаронидани скрининги унверсалии занони хомиладор оид ба дарёфти вируси норасоии масунияти одам бо истифодаи стратегияи “opt out” (ташхис оид ба вируси норасоии масунияти одам, ки ба хама занони хомиладор тавсия гардида, хамаи онхо фаро гирифта мешаванд) огоз карда шуд.
  25. Дар солхои охир зиёда аз 80 фоиз занони хомила дар чумхури ба тесткунони фаро гирифта мешаванд. Ин сабаб гардид, ки дар байни микдори муайяни занони хомиладор мавчудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам аник карда шуда, чорахои пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кудак амали гардонида шаванд. Маълумот оид ба шумораи занони хомиладори бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта дар чадвали 9 оварда шудааст.

                                                                                                  Чадвали 9

Сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни занони

хомила дар Точикистон тайи солхои 2011-2015

Солхо 2011 2012 2013 2014 2015
Шумораи занони хомилаи бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта 75 100 112 168 174
  1. Дар соли 2015 шумораи занони хомила, ки бо вируси норасоии масунияти одам сироят гардидаанд, 174 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 168 нафар ё 96,6 фоиз ба табобати зиддиретровируси ва табобати пешгирикунандаи вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кудак фаро гирифта шуданд. Новобаста аз ин, зиёдшавии шумораи ходисахои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни кудакони бо рохи амуди сироятёфта боиси нигаронист. Дар соли 2015 шумораи чунин кудакон 55 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиханда дар солхои 2011 ба 26 нафар, 2012 ба 34 нафар, 2013 ба 47 нафар ва 2014 ба 56 нафар баробар буд.
  2. Вобаста ба ин зарур аст, ки сабаби мурочиат накардани як кисмати муайяни занони хомила барои назорат дар муассисахои пеш аз таваллуд (тибки маълумоти омори 7,4 фоиз занон соли 2014 дар чумхури дар шароити хона таваллуд кардаанд) ва нагузаштани онхо аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам бояд ба таври сахех омухта шавад.
  3. Амалисозии чорахои катъи барои фарогирии хамаи занони хомила дар чумхури ва назорати онхо дар муассисахои пеш аз таваллуди зарур буда, гузаронидани мачмуи хизматрасонихои пешгирикунанда вобаста ба ташхис, табобат, нигохубин ва дастгири (хангоми зарурат) оид ба вируси норасоии масунияти одам хеле мухим мебошад.

БОБИ 2. ТАХЛИЛИ ЧОРАХОИ ЗИДДИЭПИДЕМИКИ

  1. Ба хатари пахншавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар хама сатххои идоракунии давлати ва чомеаи шахрвандии Чумхурии Точикистон ахамияти хосса дода мешавад. Чорахои зиддиэпидемики бар зидди ин сироят яке аз самтхои асосии фаъолияти тандурустии чамъиятии кишвар ба шумор меравад.
  2. Чумхурии Точикистон Эъломияи пайрави ба фаъолият дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (Ичлосияи махсуси Мачлиси умумии Созмони Милали Муттахид, соли 2001)-ро кабул намуда, дар катори давлатхои дунё яке аз аввалинхо шуда Стратегияи миллии рушдро, ки дар он мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар мувофика бо Хадафхои Рушди Хазорсола (ХРХ 6, нишондихандаи асосии 7) нишон дода шудааст, тахия ва мавриди амал карор дод. Дар доираи ичрои Стратегияи миллии рушд дар Точикистон дар давраи то соли 2015 бахри пешгирии беморихои сирояти корхои зиёд ба анчом расонида шуда, дар кохиш додани сарбории эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният сахми босазо гузошта шуд.
  3. Илова бар он, ки Стратегияи паст намудани сатхи камбизоати дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2013-2015 дар баробари дигар самтхои афзалиятнок, ки дар Стратегияи миллии рушд кабул шудаанд, чорахои хозираи бахши тандурустиро низ дар бар мегиранд. Эчод намудани мухити солим барои хаёт ва бехтар намудани солимии ахоли, аз чумла гуруххои осебпазири он – хадафи асосии Стратегияи миллии солимии ахоли дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2020 ба шумор меравад. Ин Стратегия чорахоеро дар бар мегирад, ки барои дастрасии хамаи ахоли ба чорахои пешгирикунанда, табобат, нигохубин ва дастгири оид ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният равона гардидаанд.
  4. Дар Барномаи милли оид ба муковимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар давраи солхои 2011-2015 ба масъалахои гендери дар чорахои милли оид ба муковимат ба вируси норасоии масунияти одам диккати махсус зохир гардида буд. Аввалин маротиба дар ин хуччати мухим масъалахои занону духтарон ва баробарии гендери дар масъалахои вируси норасоии масунияти одам, ки дар натичаи тадкикот оид ба дастрасии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба хизматрасонихои ичтимои бо дарназардошти баробарии гендери ба даст омада буданд, ба таври возех инъикос гардиданд.
  5. Соли 2014 дар доираи амалишавии Конуни Чумхурии Точикистон “Оид ба муковимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният” дар чумхури хамаи махдудиятхо нисбати шахрвандони дигар давлатхо, ки сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам мебошанд, вобаста ба воридшави, буду бош ва зиндаги дар Точикистон бархам дода шуданд.
  6. Соли 2009 дар чумхури баходихии мачмуии харочоти милли вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам чори карда шуд, ки дар доираи он маблаггузории самтхои афзалиятнок тахлил карда мешаванд. Ин баходихи дар ду сол як маротиба амали карда мешавад.
  7. Харочоти умуми дар самти пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар давраи солхои 2008-2013 зиёда аз 10 маротиба бештар гардида, дар соли 2013 67 миллион доллари америкоиро ташкил дод. Харчанд дар панч соли охир аз бучаи давлати маблаггузори хеле зиёд гардида бошад хам, дар самти муковимат бо эпидемия бештари чорабинихо аз чониби созмонхои байналмилали маблаггузори карда мешаванд.
  8. Хукумати Чумхурии Точикистон дар самти пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам асосан дар масъалахои омодасозии мутахассисон, таъмини маоши онхо, таъмини иморат ва харочоти чори, инчунин кисман харидори намудани маводи ташхиси ва доруворихо барои табобати сироятхои оппортуники сахмгузор мебошад.
  9. Хамохангии хамаи фаъолиятхо дар самти муковимат бо вируси норасоии масунияти одам дар чумхури аз чониби Кумитаи миллии хамохангсози оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача амали гардонида мешавад. Дар сохтори Кумитаи миллии хамохангсози оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача дар баробари Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон боз намояндагони дигар вазорату идорахои дахлдор, созмонхои байналмилали, инчунин иттиходияхои чамъияти, аз чумла иттиходияхои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда шомил гардидаанд. Айни замон дар Кумитаи миллии хамохангсози оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача 22 ташкилот, аз чумла 9 иттиходияи чамъияти, 10 сохтори давлати ва 3 созмони байналмилали аъзо мебошанд. Кумита ба таври мунтазам на камтар аз чор маротиба дар як сол чаласахо гузаронида, масъалахои мухимро дар самти пешгирии сироятхои вируси норасоии масунияти одам, сил ва варача мавриди барраси карор медихад.
  10. Айни замон дар Кумитаи миллии хамохангсози оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача панч гурухи кори бо хайати муайян ва ухдадорихои тасдикгардидаи вазифави фаъолият менамоянд: 1) Арзёби ва баходихи; 2) Табобат; 3) Паст намудани зарар; 4) Конунгузори ва сиёсат; 5) Иттилоот, дониш ва коммуникатсия.
  11. Дар назди Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон аз соли 2003 гурухи кории доимоамалкунанда оид ба нигахдории тандурусти дар ин сохтор фаъолият мекунад.
  12. Кумитаи миллии хамохангсози оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача бо Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва бо федератсияхои варзиши чорабинихо бар зидди маводи мухаддир, зуровари нисбати занон, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният барпо менамоянд.
  13. Чумхурии Точикистон дар фаъолияти хеш нисбати муковимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам бо чомеаи чахони зич хамкори дорад. Дар самти амалисозии барномахои милли дастгирии техникию молиявии дучониба: Хукумати Федератсияи Россия ва Накшаи фавкулоддаи Президенти Иёлоти Муттахидаи Америка оид ба расонидани кумак нисбати пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бисёрчониба: Хазинаи Глобали оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача, агентихо ва муассисахои Созмони Милали Муттахид (Барномаи рушди Созмони Милали Муттахид, Барномаи муштараки Созмони Милали Муттахид оид ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, Созмони Умумичахонии Тандурусти, Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттахид, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттахид, Раёсати Созмони Милали Муттахид оид ба маводи мухаддир ва чинояткори ва гайра) зиёд мебошад.
  14. Пешгирии вируси норасоии масунияти одам яке аз чузъхои асоси ва мухими муковимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар чумхури ба шумор рафта, он аз чорахои таъсири аввалия (пешгирии аввалия) ва дуюмдарача (пешгирии дуюмдарача) иборат мебошад.
  15. Яке аз чорахои мухими пешгирикунанда дар самти пешгирии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам – машваратдихи ва тесткунонии ихтиёри оид ба вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки дар чумхури ба рох монда шудааст ва он бо принсипи тесткунони хамчунин ташхис ва пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам амали гардонида мешавад. Машваратдихи ва тесткунонии ихтиёри дар ташхисгоххои марказхои вируси норасоии масунияти одам ва дигар муассисахои вазифадори тандурустии кишвар (марказхои солимии репродуктиви, таваллудхонахо, муассисахои пусту зухрави, наркологи, зиддисили ва сохтори хусуси) амали карда мешавад.
  16. Дар чадвали 10 маълумоти умуми оид ба машваратдихи ва тесткунони нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам дар чумхури (солхои 2012-2015) нишон дода шудааст.

                                                                                          Чадвали 10

Машваратдихи ва тесткунонии ихтиёри оид ба вируси

 норасоии масунияти одам дар чумхури дар солхои 2012-2015

Нишондиханда 2012 2013 2014 2015
Шумораи шахсони санчидашуда (Машваратдихи ва тесткунонии ихтиёри) 453 836 517 376 647978 597 426
Фоизи мардон ва занон аз шумораи умумии санчидашудагон З М З М З М З М
75,9% 24,1% 78,3% 21,7% 80,4% 19,6% 76,5% 23,5%
  1. Аз чадвали 10 маълум мебошад, ки фарогирии ахоли дар соли 2015 ба тесткунони оид ба вируси норасоии масунияти одам паст гардидааст, ки он асосан бо харидори нагардидани тестхои фаври бо максади фарогирии мухочирони мехнати ва занони хомиладор дар доираи амалисозии сармояи Хазинаи глобали оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва варача бо усули нави маблаггузори вобаста мебошад.
  2. Бояд кайд намуд, ки чумхури бомаром тачрибаи хариди тестхои фавриро барои фарогирии занони хомила аз хисоби бучаи давлати чори намуда истодааст. Инчунин дар чадвали 10 ба мушохида мерасад, ки хамасола шумораи занон ба хисоби миёна 75-80 фоиз ва шумораи мардон 20-25 фоизро ташкил медихад. Ин нишондиханда аз шумораи умумии занони кишвар ба 12 фоиз ва аз шумораи умумии мардон танхо ба 3 фоиз баробар мебошад. Аз ин ру, зиёд намудани фарогирии мухочирони мехнати, ки бештари онхоро мардон ташкил медиханд, ба тесткунони оид ба вируси норасоии масунияти одам зарур мебошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …