Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 марти соли 2016, № 144 тасдик шудааст

malim

1. МУКАДДИМА

  1. Барномаи тайёр намудани мутахассисони тахсилоти олии касби барои солхои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) бо максади тайёр намудани мутахассисони дорои тахсилоти олии касбии чавобгуи талаботи бозори муосири мехнат, амалигардонии афзалиятхои рушди ичтимоию иктисодии кишвар тахия гардида, ба истифодабарии самараноки маблагхои пешбинигардида мусоидат менамояд.
  2. Барномаи мазкур дар асоси Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори мехнат”, Консепсияи миллии маълумоти Чумхурии Точикистон, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 3 майи соли 2002, № 200, Стратегияи миллии рушди маорифи Чумхурии Точикистон то соли 2020, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 июни соли 2012, № 334 ва банди 34 Накшаи чорабинихо оид ба ичрои вазифахои дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 23 январи соли 2015 зикргардида, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 январи соли 2015, № 35 тасдик шудаанд, инчунин бо дарназардошти мукаррароти Барномаи тайёр намудани кадрхои тибби барои солхои 2010-2020 ва дигар барномахои сохавию минтакави тахия шудааст.
  3. Таъмини рушди устувори иктисодиёт, истифодаи окилонаи сарватхои моддию маънави, амали гаштани максадхои стратегии давлат чихати баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли ва муаррифии арзишхои милли ба сатху сифати неруи инсони вобаста аст. Тачрибаи чахони нишон медихад, ки маблаггузории максаднок барои рушди неруи инсони, аз чумла тахсилот аз синни хурдсоли то давраи камолот ва тахсилоти касби, барои рушди иктисодиёти кишвархо самараи хуб медихад.
  4. Рушди иктисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иктидодиёти милли ба хисоб меравад.
  5. Пешрафти чомеа, таъмини амнияти чамъияту давлат, сифати зиндагии ахоли, азхудкунии имкониятхои нави технологи ва дар ин асос расидан ба сатхи чахонии иктисодиёт аз сатхи илму маориф, ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони мутобик ба талаботи бозори мехнат ва дар мачмуъ аз сатхи саводнокии миллат вобаста мебошад.
  6. Чумхурии Точикистон низ хамчун чузъи чомеаи чахони ба халли масъалахои марбут ба баланд бардоштани некуахволии ахоли, сатхи рушди устувори иктисодиёти миллии кишвар таваччухи хоса зохир менамояд, ки натичаи рушди босуботи ичтимоию иктисодии чумхури дар солхои охир гувохи он мебошад.
  7. Ба хотири расидан ба ин хадафхо, илму маориф аз чониби давлат бахши хаётан мухими иктисодиёти милли арзёби гардида, барои суръат бахшидан ба ислохоти соха заминахои меъёрии хукуки тахия гардида, мавриди амал карор доранд.
  8. Аммо чараёни сусти ислохоти ниходи ва истифодаи нокифояи захирахои мавчудаи маънавию молияви халли масъалахои навсозии сохаи илму маориф, бехтаргардонии дастовардхои илму техника, комёб шудан ба дастрасии баробар ба тахил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар хамаи зинахои тахсилот ва таъмин намудани сохахаи мухталифи иктисодиёти милли бо мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори мехнат чавобгуйро мушкил намуда истодааст. Харчанд, ки харочоти давлати барои рушди сохаи илм ва маориф хамасола тамоюли афзоиш дошта бошад хам, дар мукоиса ба талаботи вокеии онхо нокифоя мебошад.
  9. Хачми харочоти давлати барои рушди сохахои илм ва маориф дар соли 2015 нисбат ба мачмуи махсулоти дохили (ММД) мутаносибан 0,2 ва 5,5 фоиз пешбини гардидааст.
  10. Тахлилхо нишон медиханд, ки барои то хадди акал конеъ гардонидани эхтиёчот чихати нигохдошт ва рушди сохтори илму маориф, бо дарназардошти омилхои демографи, дар дурнамо бояд хиссаи харочоти солона барои илм то 3,0 фоиз ва маориф то 7,0 фоизи мачмуи махсулоти дохили баробар карда шавад.
  11. Дар баробари ин, халли масъалахои ичтимоию иктисодии хар як кишвар ба талаботи сохахои мухталифи иктисодиёт ба кадрхои ихтисосманд вобастагии зич дорад. Таъмини илму истехсолот ва макомоти идоракуни бо мутахассисони сохибкасб вазифаи мухими сохаи маориф ба шумор меравад, зеро неруи зехни бояд ба омили муайянкунандаи рушди чомеа мубаддал гардад.
  12. Чумхурии Точикистон айни замон дар шароити бархурди тамаддунхо рушд ёфта истодааст. Аз ин лихоз, бояд сарчашмахое пайдо карда шаванд, ки ракобатпазирии рушди иктисодаёти миллиро таъмин карда тавонанд. Яке аз омилхое, ки барои рушди илму техника ва куввахои коргарии пешбарандаи чомеаю иктисодиёт дар шароити зудтагйирёбандаи чахони имруза ракобатпазир ба хисоб меравад, ин неруи инсони аст. Иктисодиёти пешрафта иктисодиётест, ки метавонад дар тамоми бахшхо дар баробари имконоти мавчуда аз кадрхои ихтисосманди чавобгуи сгандартхои чахони низ дуруст истифода бурда тавонад.
  13. Тахкикот дар самти макро ва микроиктисодиёт аз он шаходат медихад, ки байни тахсилот, истехсолот ва даромадноки вобастагии зич мавчуд аст. Яъне, агар иктисодиёт харчи зиёдтар дар заминаи илму технология асос ёфта бошад, хамон кадар устувор ба шумор меравад.
  14. Бинобар ин, дар Точикистон дар ояндаи наздик бояд бо истифода аз кувваи кории дорои тахсилоти касбии чавобгуи тамоми талабот рушди устувори иктисодиёти милли таъмин карда шавад. Тахсилоти босифат бояд заминаи мустахкаме гардад, ки иктисодиёти миллии кишвар дар оянда ба он такя карда тавонад.
  15. Бо дарназардошти ин, рушди сохаи маориф ва тайёр намудани кадрхо яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии Хукумати Чумхурии Точикистон эълон карда шудааст.
  16. Тайёр намудани мутахассисони сохибкасб дар шароити имруза яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистон ба шумор рафта, амали гардидани тадбирхои барои ин максадхо андешидашаванда ба рушди устувори иктисодиёти милли дар солхои минбаъда заминаи асосиро мухайё месозад.

2. МАКСАДХОИ БАРНОМА

  1. Максади асосии Барнома аз мутобик гардонидани низоми тайёр намудани мутахассисони сохибкасби чавобгу ба талаботи бозори мехнат, фарохам овардани заминахои моддию техники ва кадрию омузгори дар муассисахои тахсилоти олии касби, хамкории давлат ва бахши хусуси дар самти тайёр намудани мутахассисон дар чунин муассисахо дар дохили кишвар ва берун аз он, пайвастагии илм бо истехсолот ва гайра иборат мебошад. Барнома бо андешидани тадбирхои зерин амали карда мешавад:

– тайёр намудани мутахассисони дорои тахсилоти олии касби тарики бучети ва шартномави дар муассисахои тахсилоти олии касбии чумхури (номгуй замима мегардад);

– тахия намудани Накшаи кабули умуми (бучети ва шартномави) ба муассисахои тахсилоти олии касбии дохил ва хоричи кишвар аз руи дархости вазорату идорахои чумхури;

– мутобик гардонидани сатху сифати тахсилоти оли дар кишвар бо истифода аз тачрибаи чахони дар сохаи маориф;

– фарохам овардани шароит барои тайёр намудани мутахассисони чавобгуи талаботи бозори мехнати дохилию хоричи;

– чори намудани модели тахсилот, ба истиснои тахсилоти тиббию фарматсевти;

– чори гардидани стандартхои нави хозиразамони тахсилот ва мутобик гардонидани чараёни таълим ба талаботи он;

– ташкили корхонахои хурд ва бизнес-инкубаторхо дар назди муассисахои тахсилоти олии касби ва чалби васеи донишчуён ба фаъолияти онхо;

– тахияи стандартхои давлатии тахсилоти олии касби аз руи ихтисосхои муосири инноватсиони ва аз чихати технологи ва инноватсиони пешрафтаи иктисодиёти милли;

– ташкили тачрибаомузии таълими ва истехсолии донишчуён дар корхонахои истехсолии давлати ва гайридавлати;

– ташкил ва тачхизонидани пойгоххои таълими бо технологияхои муосир дар муассисахои тахсилоти олии касбии кишвар чихати тачрибаомузии истехсоли;

– хамкории бевосита бо макомоти шугли ахоли дар халли масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисахои тахсилоти олии касби;

– ташкили низоми хисоботи омори дар хусуси бо кор таъмин шудан ва аз руи ихтисос фаъолият намудани хатмкунандагони муассисахои тахсилоти олии касби;

– чоннок намудани бахамоии муассисахои тахсилоти олии касби бо муассисахои илми ва хамгироии таълим бо илми муосир;

– ба рох мондани чалби неруи илми барои тахияи барномахои мачмуии илмию техникии чумхурияви, ки ба халли мушкилоти мухими рушди иктисодию ичтимоии кишвар нигаронида шудаанд;

– баланд бардоштани самаранокии тахкикоти илми дар сохаи илмхои табиатшиносию техники ва чустучуи роххои самараноки дар истехсолот чори намудани дастовардхои илму техника ва технология;

– тахкими фаъолияти паркхои технологи дар заминаи муассисахои тахсилоти олии касби ташкилкардашуда;

– тибки тартиби мукарраргардида андешидани чорахои зарури бо максади хамгироии илми академи ва амали бо муассисахои тахсилоти олии касби ва такмили низоми тайёр намудани кадрхои баландихтисоси илми дар зинаи аспирантура ва докторантураи муассисахои илмии хоричи;

– баланд бардошгани макоми ичтимои ва касбии кормандони сохаи маориф, таквияти дастгирии давлати ва чамъиятии онхо;

– баланд бардоштани мавкеъ ва масъулияти субъектхои раванди таълиму тарбия – донишчуён, омузгорон, падарону модарон ва дигар шахсоне, ки дар ин раванд иштирок менамоянд.

– тачдиди назар намудани низоми тачрибаомузии донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби вобаста ба ихтисосхо.

3. ВАЗИФАХОИ БАРНОМА

  1. Вазифахои асосии Барнома аз инхо иборат аст:

– дар асоси нишондихандахои дурнамои рушди ичтимоию иктисодии чумхури муайян намудани афзалиятхо ва вобаста ба он тайёр намудани кадрхо;

– самаранок ва максаднок истифода бурдани маблагхои бучети ва тайёр намудани мутахассисон аз руи сохахои афзалиятдоштаи иктисодиёти милли, аз чумла сохахои техники, технологи, геологиву чустучуи ва сохахои дигари афзалиятнок;

– омузиш ва тахлили талаботи бозори мехнати дохилию хоричи, чалб намудани иттиходияхои корфармоён барои халли мушкилот дар тайёр намудани кадрхои чавобгу ба талаботи имруза дар тамоми зинахои тахсилот;

– ба рох мондани дарсхои кушоди “интихоби касб”, “касби манифтихори ман” дар муассисахои тахсилоти умуми, ташкили вохурихо бо намояндагони касбу кори гуногун ва гузаронидани чорабинихо барои чалби хатмкунандагон ба касбхои гуногун;

– тибки тартиби мукарраргардида тайёр намудани кадрхо дар кишвархои хоричи бо дарназардошти ихтисосхое, ки дар дохили кишвар имконияти тайёр намудани онхо мавчуд нест;

– баланд бардоштани тахассуси касбии омузгорон ва рохбарони муассисахои тахсилоти олии касби бо рохи такмили ихтисос ва бозомузии касбии онхо;

– андешидани тадбирхои мушаххас чихати такмили механизми таксимоти хатмкунандагон ва ба чойи кор хозиршавии мутахассисони чавон;

– тахкими заминаи моддию техники ва кадрию омузгории муассисахои тахсилоти олии касби.

4. ДАВРАХОИ ТАТБИКИ БАРНОМА

  1. Барномаи мазкур дар ду давра амали карда мешавад:

– давраи якум – солхои 2016-2017;

– давраи дуюм – солхои 2018-2020.

  1. Дар давраи якум баррасии масъалахои зерин дар назар дошта шудааст:

– мутобик намудани накшаи кабули умумии довталабон аз хисоби маблагхои бучети ва шартномави бо самтхои афзалиятноки рушди иктисодиёти милли;

– такмили низоми бозомузи ва баланд бардоштани тахассуси омузгорони муассисахои тахсилоти олии касби;

– тахкими заминаи моддию техникии муассисахои тахсилоти олии касбии кишвар ва мутобик намудани он ба талаботи стандартхои чахони;

– тахияи дурнамои тайёр кардани кадрхои тахсилоти олии касби дар асоси талаботи иктисодиёти милли барои солхои минбаъда бо дарназардошти гузаштан ба низоми нави тахсилоти умуми.

  1. Дар давраи дуюм бояд масъалахои зерин роххои халли мусбии худро пайдо намоянд:

– бозсозии ниходии хамаи зинахои тахсилот дар асоси хамкории самарабахш ва тахлили талаботи бозори мехнат;

– такмили низоми идоракунии сохаи тахсилоти олии касби;

– мухайё намудани чанбаи илми ва пайдарпаии фаъолият дар самти тайёр намудани кадрхо дар муассисахои тахсилоти олии касби;

– истифодаи самарабахши захирахои соха ва чалби самараноки бахши хусуси чихати фарохам овардани шароити мувофики таълиму тахсил вобаста ба талаботи бозори мехнат;

– бо максади таъмини эхтиёчоти идтисодиёти миллии кишвар бо кадрхои ботачриба ва баландихтисоси дорои тахсилоти олии касби муайян кардан ва ба рох мондани хамкорихои судманд байни муассисахои тахсилоти олии касби ва вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, шуъбахои маориф, муассисахои тахсилоти умуми, ташкилоту корхонахои давлатию гайридавлати, инчунин дигар иттиходияхои корфармоён.

5. НАТИЧАХОИ ТАТБИКИ БАРНОМА

  1. Татбики Барномаи мазкур натичахои зеринро пешбини менамояд:

– чалб намудани вазорату идорахои дахлдор, корхонахои давлатию гайридавлати ва иттиходияхои корфармоён барои халли масъалахои бо чойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисахои тахсилоти олии касби бо дарназардошти талаботи бозори мехнат;

– тайёр намудани кадрхои баландихтисос бо дарназардошти самтхои афзалиятяоки иктисодиёти милли;

– кам намудани тайёркунии кадрхо аз руи ихтисосхое, ки ба онхо талабот дар бозори мехнат махдуд аст ва ба зиёд гардидани сафи бекорон сабаб мешавад;

– мусоидат ба дастрасии тахсил барои кудакон аз оилахои камбизоат ва гуруххои осебпазири чомеа, инчунин фарогирии зиёди духтарон бо тахсил дар муассисахои тахсилоти олии касби;

– истифодаи технологияхои иттилооти ва усулхои фосилавии тахсил чихати афзун гардонидани дастрасии барномахои тахсилоти касби;

– ташаккули низоми тайёр намудани кадрхо бо дарназардошти шахрвандони маъюб ва дорои эхтиёчоти махсус;

– дастгири ва рушди барномаю технологияхои инноватсионии тахсилоти олии касби;

– ташкили махзани маълумот бо воситахои техника ва технологияхои иттилоотии дастрас;

– бунёди низоми миллии баходихии сифати таълим дар хама зинахои тахсилоти олии касби;

– баланд бардоштани сифати идоракунии маориф.

6. МАНБАЪХОИ МАБЛАГГУЗОРИ

  1. Маблаггузории умумии Барнома аз хисоби маблагхое, ки хамасола дар Бучети давлати ба ин максад пешбини мегарданд, маблагхои муассисахои тахсилоти олии касби, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, ташкилотхое, ки аз хисоби маблагхои худ мутахассис тайёр мекунанд, ташкилотхои гайридавлати ва дигар сарчашмахои маблаггузори, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали карда мешавад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …