Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАКОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД”

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАКОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД”

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 апрели соли 2017 № 159 тасдик шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАКОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД” ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2017-2021

1. Мукаррароти умуми

  1. Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаком, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2021 (минбаъд – Барнома) дар асоси дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон, ки дар тачлили Рузи Шашмаком (12 майи соли 2015) баён доштанд, тахия гардида, ба рушди санъати Шашмакому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” нигаронида шудааст.
  2. Барнома бо дарназардошти анчом додани ислохоти кулли дар вазъи кунуни ва рушди Шашмаком, макомхои махаллии точик, Фалак ва эхёи мактаби суннатии “устод-шогирд” бахри таквият ва ба даст овардани худшиносии вокеии наслхои чавон, баланд бардоштани макоми мусикии суннатии точик дар чомеаи муосир, рушди хамачонибаи тафаккури бадеиву маънавии точикон тахия гардидааст.
  3. Барномаи мазкур бо максади хифзи мероси мусикии суннатии точик, хифзи аслияти ин мероси маънавии точикон ва хусусан санъати классикии Шашмаком, ки хамчун шохкории башарият аз чониби ЮНЕСКО пазируфта шудааст, умуман санъати макоми точик, инчунин мусикии суннатии касбии точик Фалак ва институти меросии таълими санъати мусикии касбии точик – мактаби суннатии “устод-шогирд” дар чараёни чахонишави, якрангшави ва оммавишавии фархангу санъат амали карда мешавад.
  4. Асосгузории чашнхои давлатии Рузи Шашмаком ва Рузи Фалак маънои дар сиёсати фархангии Чумхурии Точикистони сохибистиклол макоми афзалиятнок пайдо кардани ин ду шакли санъати мусикии ирфониро дорад. Накши ин ду чашн дар устуворгардонии санъати макомхониву фалакхони хеле бузург аст.
  5. Дар баробари таквияти чараёни худшиноси дар чомеаи муосири Точикистон ва зарурати тарбияи инсони дорои тафаккури нав дар амалияи мусики ва таълимоти махсуси касбиву иловагии бадеи эхтиёчот ба омузиши дакик, тахкикот, усули тадриси ва методологияи фаннии мусикии классикиву касбии суннатии точик афзуда истодааст.
  6. Барномаи мазкур ба устуворгардони ва мушаххасгардонии шаклхои мухталифи омузишу фахмиш, тарбияи мутахассисон ва шунавандагони волои санъати Шашмакому Фалак равона карда мешавад.
  7. Барнома ба меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, хадафхо, афзалият ва тадбирхоро оид ба рушди санъати Шашмакому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” муайян менамояд.

2. Максад ва вазифахои Барнома

  1. Максади асосии Барнома хифз намудани мероси гаронбахои мусикии миллати точик ва рушду таргиби он дар чомеаи муосири Точикистони сохибистиклол мебошад.
  2. Бахри ноил шудан ба ин максадхо ичрои вазифахои зерин зарур мебошад:

– эхё ва баркарорсозии мактаби суннатии бадеии Шашмаком ва Фалак;

– тахияи санадхои меъёрии хукуки ва хуччатхои таълими-методии мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– омода кардани мутахассисони Шашмакому Фалак тибки талаботи мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– тахияи роху усулхои навини замонави тибки талаботи мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– тахияи барномахои таълими, маводи методи ва китобхои дарси оид ба Шашмаком ва Фалак тибки талаботи мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– амали намудани чопи дувуми “Донишномаи Шашмаком” бо тагйиру иловахо;

– омода ва нашри шашчилдаи Шашмаком;

– чамъовари, омода ва нашр намудани макомхои махаллии точики;

– омода ва нашр намудали мачмуахои нотави оид ба Фалак;

– бахри чустучуи симохои нав дар ду сол як маротиба миёни чавонон гузаронидани озмуни “Макомхони бехтарини сол” ва “Фалакхони бехтарини сол”;

– тахияи силсилаи филмхои мустанад оид ба “Устодони Шашмакому Фалак”;

– баргузор намудани чорабинихои гуногун бахри таргиби Шашмакому Фалак;

– ташкил намудани экспедитсияхо дар минтакахои чумхури бахри чамъоварии намунахои гуногуни макомхои махалли ва Фалак;

– мусоидат намудан ба фаъолгардони ва ба рохи дурусти илми-эчоди равон кардани хунари тайёр кардани асбобхои мусики дар Точикистон;

– тахкими асосхои таълими-методи ва илмии мусикии суннатии точик тавассути тахияи фехристу лугатномахо;

– мусоидат намудан ба рушди Шашмаком ва Фалак дар тахсилоти касбии сезинаги ва бадеии сохаи фарханг ва санъат;

– ворид намудани унсурхои аввалини макому фалак ба тахсилоти бадеии мактабхои ибтидои ва таълимоти бадеии томактаби;

– доир намудани мизхои мудаввар дар барномахои телевизиони ва радиои бахшида ба Шашмакому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– дар услубхои суннативу композитори эчод намудани асархои нав бо истифода аз макому фалак.

3. Самтхои асосии амали намудани Барнома

  1. Бахри тахкими макоми зарурии Шашмаком ва Фалак дар чомеаи муосир дар Барнома самтхои асосии зерин муайян карда шудаанд:

– аз нав дида баромадани истилохоти Шашмаком ва Фалак дар доираи вожагихои суннативу таърихии забони точики;

– ташаккули заминаи асосии таълими-методии Шашмакому Фалак дар системаи таълимоти касби ва бадеи;

– таргибу ташвики Шашмакому Фалак тавассути воситахои ахбори омма;

– баргузории чорабинихои гуногуншакл (мубодилаи афкор, мизхои мудаввар, конференсия ва симпозиумхо) чихати рушди санъати Шашмакому Фалак;

– нашри матнхои асосии шеъриву мусикии Шашмакому Фалак;

– фаро гирифтани хамаи муассисахои таълимиву эчоди дар худуди Точикистон чихати таргибу ташвики Шашмакому Фалак ва гайра.

  1. Барномаро асосан Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон якчо бо Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Иттифоки композиторони Точикистон амали менамояд.
  2. Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон хамохангсоз ва масъули амалигардонии Барнома мебошад.
  3. Манбаъхои маблаггузории Барнома
  4. Манбаъхои асосии маблаггузории амалигардонии Барнома маблагхои хамасола аз бучети давлати барои рушди сохаи фарханг ва илму маориф чудошаванда, инчунин маблагхои гайрибучети ва грантхои фондхои байналмилали мебошанд.
  5. Харочот барои амалигардонии Барнома аз хисоби маблагхои хамасола аз бучети давлати барои рушди сохаи фарханг ва илму маориф чудошаванда (тибки замима) 3 366 000 (се миллиону сесаду шасту шаш хазор) сомониро ташкил медихад.

5. Мухлати амалисозии Барнома

  1. Чорабинихои Барномаи мазкур дар давоми солхои 2017-2021 амали карда мешаванд.
  2. Барномаи мазкур мархилаи аввали амали намудани сиёсати фархангии Чумхурии Точикистон оид ба рушди Шашмаком, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” буда, чихати рушди устувори мероси маънавии точикон дар чомеаи муосири Точикистон барои мархилахои минбаъда замина фарохам меорад.

6. Натичахои ичрои Барнома

  1. Тавассути амали намудани Накшаи чорабинихои Барнома натичахои зерин ба даст хоханд омад:

– бахри тахким намудани аслияти миллии Шашмакому Фалак шароити мусоид мухайё мегардад;

– меъёрхои тархрезишудаи таълими-методи, илми-эчодии мусикии суннатаи точик дар системаи таълимии махсуси мусики ва иловагии бадеии кишвар заминаи асосии рахнамоиро ташкил медихад;

– дар чомеаи муосири кишвар фахмишу ахамияти Шашмаком, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” ба сатхи арзанда мерасад;

– масъулияти насли чавон дар нигахдошти мероси маънавии ачдоди фаъол мегардад;

– инфраструктураи системаи таълимии мусикии касби ва иловагии бадеи тахким меёбад.

  1. Накшаи чорабинихои амалисозии Барнома ва сарчашмахои маблаггузории он замима мегарданд (замимахои 1 ва 2).

Замимахои 1 ва 2

Замимаи 1

ба Барномаи давлатии рушди

санъати Шашмаком, Фалак ва

мактаби сунатии “устод-шогирд”

дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2017-2021

Накшаи чорабинихои амалисозии Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаком, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2021

Номгуи чорабинихо Мухлати ичро Ичрокунандагон Сарчашмаи маблаггузори Хачми харочот

(хазор сомони)

1 2 3 4 5 6
1 Тахияи санадхои меъёрии хукуки ва хуччатхои таълими-методи барои мактабхои бачагонаи макомхони ва фалакхони Хамасола Вазорати фарханг Вазорати фарханг 5
2 Баргузории Фестивал-симпозиуми Фалак 2017

2020

Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 10

50

3 Баргузории Фестивал-симпозиуми Шашмаком 2018 2021 Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 40

50

4 Тахия ва ворид кардани системаи “устод-шогирд” ба се зинаи тахсилоти муассисахои таълимии сохаи фарханг ва санъат (тавассути дарсхои махорат, тахияи усулхои нав ва накшаву барномахои таълими ва гайрахо) Хамасола Вазорати фарханг,

Вазорати маориф ва илм

Вазорати фарханг 4
5 Ташаккули маводи ёрирасони таълими-методи ва илмии мусикии суннатии точик Хамасола Вазорати фарханг,

Вазорати маориф ва илм

Вазорати фарханг 4
6 Баргузории семинархо оид ба мактаби сунатии “устод-шогирд” Хамасола Вазорати фарханг,

Вазорати маориф ва илм

Вазорати фарханг 4
7 Баргузории мизхои мудаввар дар мавзуи “Шашмаком дар системаи таълимии ибтидои асри XXI” 2018

2020

Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 7

7

8 Баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Омузиши фалак дар муассисахои таълими” 2019

2021

Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 7 7
9 Баргузории мизхои мудаввар дар мавзуи “Рушди мактаби сунатии “устод-шогирд” дар замони муосир” 2017

2020

Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 7 7
10 Табдил додани корхонаи “Созтарош” ба лабораторияи илми-истехсолии созтароши дар назди Консерваторияи миллии Точикистон Хамасола Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 20
11 Эчоди асархои нав дар усулу зарбхои Шашмаком Хамасола Вазорати фарханг, Иттифоки композиторони Точикистон Вазорати фарханг 5
12 Эчоди асархои нав бо истифода аз усулу зарбхои Фалак Хамасола Вазорати фарханг, Иттифоки композиторони Точикистон Вазорати фарханг 5
13 Баргузории экспедитсияхо оид ба чамъоварии намунахои Фалак ва макомхои махаллии точик Хамасола Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 8
14 Банотагирии намунахои маком, Фалак ва нашри силсиламачмуахо Хамасола Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 16
15 Баргузории барномахои консертии “Шоми фалакхони” Хамасола Вазорати фарханг Вазорати фарханг
16 Баргузории барномахои консертии “Шоми макомхони” Хамасола Вазорати фарханг Вазорати фарханг
17 Ташкили хафтаномахои “Шоми макомхони” дар телевизион ва радио Хамасола Кумитаи телевизион ва радио Кумитаи телевизион ва радио
18 Ташкили барномаи хархафтаинаи “Шоми фалакхони” дар телевизион ва радио Хамасола Кумитаи телевизион ва радио Кумитаи телевизион ва радио
19 Баргузории мизхои мудаввар оид ба истилохоти мусикии суннатии точик 2017

2019

Вазорати фарханг Вазорати фарханг 7

7

20 Баргузории мизхои мудаввар оид ба истилохоти мусикии композитории точик 2018

2020

Вазорати фарханг, Иттифоки композиторони Точикистон Вазорати фарханг 7

7

21 Тахия, омодасози барои чоп ва нашри шашчилдаи Шашмаком Хамасола Вазорати фарханг Вазорати фарханг 120
22 Баргузории мизхои мудаввар дар мавзуи “Усули омузиши нави Шашмаком дар Точикистон” вобаста ба консепсия, тахияи истилохот, ворид намудани шеърхои нав ва гайрахо дар шашчилдаи Шашмаком Хамасола Вазорати фарханг Вазорати фарханг 5
23 Дар тахрири нав омода ва нашр намудани “Донишномаи Шашмаком” 2017 2018 Вазорати фарханг, Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии точик” Вазорати фарханг 7

100

24 Баргузории мизхои мудаввар оид ба консепсия, иловахо, мавзуъхо, истилохоти точики ба “Донишномаи Шашмаком” 2017

2018

Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 5

5

25 Банаворгирии силсилаи филмхои мустанад ва ташаккули бойгонии “Устодони Шашмаком” ва “Устодони Фалак” Хамасола Кумитаи телевизион ва радио Кумитаи телевизион ва радио 50
26 Баргузор намудани озмунхои чумхуриявии наврасону чавонон “Макомхони бехтарини сол” ва “Фалакхони бехтарини сол” 2017

2019

2021

Вазорати фарханг Вазорати фарханг 8

38

38

27 Дар заминаи муассисаи давлатии “Пажухишгохи илми-тадкикотии фарханг ва иттилоот” таъсис додани “Маркази мероси фархангии гайримоддии точикон” 2017

2018

Вазорати фарханг,

(дар доираи маблагхои пажухишгох)

Вазорати фарханг 20

20

28 Таъсиси шабакаи мактабхои бачагонаи макомхони ва фалакхони Хамасола Вазорати фарханг Вазорати маориф ва илм Вазорати фарханг 10
29 Чамъовари, омодаги ба чоп ва нашри бисёрчилдаи макомхои махаллии точик Хамасола Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 100
30 Чамъовари, омодаги ба чоп ва нашри бисёрчилдаи “Фалаки точики” Хамасола Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 100
31 Таъсиси шуъбаи бастакори дар сохтори Иттифоки композиторони Точикистон 2018 Иттифоки композиторони Точикистон Иттифоки композиторони Точикистон 5
32 Эчоди асархои нави композитори дар заминаи мусикии маком ва фалак Хамасола Иттифоки композиторони Точикистон Иттифоки композиторони Точикистон 10
33 Мураттабсози, омодаги ба чоп ва нашри бисёрчилдаи “Баёзхои Шашмаком”

(матнхои замонави)

Хамасола Вазорати фарханг Вазорати фарханг 60
34 Тахия, омодасози барои чоп ва нашри “Фарханги истилохоти мусикии суннатии точик” 2017

2018

2019

Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 14

60

110

35 Тахия, омодасози барои чоп ва нашри “Лугатномаи мухтасари истинохоти мусики” 2020 2021 Вазорати фарханг, Консерваторияи миллии Точикистон Вазорати фарханг 50

50

Замимаи 2 ба Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаком, Фалак ва мактаби сунатии “устод-шогирд”дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2021

Манбаъхои маблаггузории Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаком, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” барои солхои 2017-2021

Сарчашма Соли

2017

Соли

2018

Соли

2019

Соли

2020

Соли

2021

Хамаги

(хазор сомони)

Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон 544 698 628 580 611 3061,0
Кумитаи  телевизион  ва радиои  назди Хукумати Чумхурии Точикистон 50 50 50 50 50 250,0
Иттифоки композиторони Точикистон 10 15 10 10 10 55,0
Хамаги: 604,0 763,0 688,0 640,0 671,0

3 366,0

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …