Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМУЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАХОИ МЕТАЛЛХОИ НОДИР БАРОИ СОЛХОИ 2016-2026

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМУЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАХОИ МЕТАЛЛХОИ НОДИР БАРОИ СОЛХОИ 2016-2026

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 728 тасдик шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМУЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАХОИ МЕТАЛЛХОИ НОДИР БАРОИ СОЛХОИ 2016-2026 

металхои киматбахо

  1. Мукаддима
  1. Рушди илм ва техника пеш аз хама ба истифодаи металлхои нодир алокаманд аст. Истифодаи онхо ба пайдоиши як катор сохахои саноат, илм ва техникаи хозиразамон сабабгор гардид. Хамаи маводхои конструксионии фавкулмагнити, фавкуссабук, фавкуссахт, фавкулгармитобовар ва баландустувор дар асос ё бо истифодаи металлхои нодир офарида мешаванд.
  2. Дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 23 апрели соли 2014 самтхои афзалиятноки рушди иктисодиёти милли барои солхои минбаъда муайян гардида, дар катори дигар масъалахо оид ба зарурати омузиш ва арзёбии захирахои металлхои нодири чумхури вазифа гузошта шуд.
  3. Геологхо ба металлхои нодир одатан 36 унсурхои кимиёвии системаи даврии Д.И. Менделеевро мансуб медонанд, ки саноат танхо солхои 50-60-уми асри XX ба азхудкунии васеи онхо шуруъ намуд.

Ниг.ба Чадвал

Таснифоти техникии металлхои нодир

Гурухи системаи даври Унсурхо Гурухи металлхои нодир
I

II

Литий, рубидий, тсезий Бериллий Сабук
IV

V

Титан, сирконий, гафний Ванадий, ниобий, тантал Мушкилгудоз
III

IV

VI

VII

Галлий, индий, таллий Германий Селен, теллур Рений Пароканда
III Скандий, иттрий, лантан ва лантаноидхо Нодирзамин
I

II

Франсий Радий Радиоактиви
VI Актиний, торий, протактиний, уран, плутоний ва дигар трансуранхо  

 

VII Полоний, Технетсий  

 

  1. Тахкикоти муосир хусусиятхои нав ба нави металлхои нодир ва имкониятхои нави истифодаи онхоро ихтироъ менамояд. Агар дар ибтидои азхудкунии саноатии онхо доираи асосии он техникаи мудофиави бошад, имруз бисёрии металлхои нодирро барои истехсоли молхои мукаррарии истеъмоли – зарфхои борбанди (Gе, Li), маснуоти сантехники ва кошинхо (Zr), батареячахо барои асбобхои электрони (Та, Li, La, Gd) истифода мебаранд. Аз руи суръати афзоиши истехсолот ва истифода металлхои нодир аз хамаи дигар металлхои саноати пеш гузашта, дар баъзе сохахои зуд тараккикардаистода талабот ба онхо дар як сол 1525 фоиз афзуда истодааст. Дарачаи истифодаи саноати аз бисёр чихат аз арзиши металлхои нодир вобаста аст, ки фаркияти нарххои онхо хеле бузург аст – аз наздик ба кургошиму рух барои кадмий то наздикшави ба тилло ва металлхои гурухи платина барои лютетсий ва скандий.
  2. Истифодаи металлхои нодир дар чахонниз якранг нест – аз садхо килограмм барои рубидий то садхо хазор тонна барои сирконий.
  3. Конхои металлхои нодирро ба ду гурух чудо намудан мумкин аст. Дар гурухи якуми конхо металлхои нодир (Li, Gs, Ве, Nb, Та, TR, Zr, Sr) дар минералхои хосаи худ вомехуранд. Микдори зиёди минералхои дорои металлхои нодир маълуаманд, аммо танхо кисми ками онхо чамъшавии саноатиро ташкил медиханд. Дар як кон одатан якчанд минералхои дорои металлхои нодир вомехуранд. Ба ин конхои стронтсий истисно мебошанд, ки дигар минералхои дорои металлхои нодирро ба гайр аз селестин надоранд.
  4. Дар гурухи дуюми конхо металлхои нодирро хангоми коркарди хамрох бо дигар канданихои фоиданок хосил мекунанд. Манбаъхои ашёи хоми металлхои нодир хангоми истихрочи хамрохи маъданхои металлхои ранга – мис, молибден, кургошим, рух, калъаги, алюминнй мебошанд. Аз чунин маъданхо Вi, Ge, Gа, In, Re, Se, Те, Tl, Cd хосил мекунанд. Германийро инчунин аз ангиштсангхои бур, гафний ва рубидийро хангоми коркарди маъданхои металлхои нодир ва ванадийро аз маъданхои охан ва титан низ хосил мекунанд. Ин металлхои нодирро бисёр вакт пароканда меноманд. Минералхои онхо фавкулкам буда, чамъшавии саноатиро ташкил намедиханд.
  5. Бо кадри азхудкунии манбаъхои ашёи хоми металлхои нодир хелхои конхо, ки накши асосиро дар таркиби захирахо ва истихрочи онхо бозидаанд, тагйир меёфтанд. Минералхои аксарияти металлхои нодир (Li, Cs; Ве, Nb, Та) дар пегматитхо ё ин, ки пошхурдахо (Nb, Та, ТR, Zr) кашф гардиданд. Аз миёнаи солхои 50-уми асри XX сар карда, накши асоси дар истихрочи ниобий ва унсурхои нодирзамин ба карбонатитхо ва кишри бодхурдашудаи онхо гузашт, аз солхои 80-ум бошад, чойи асосиро дар таркиби захирахои тантал ва унсурхои нодирзамини гурухи иттрий гранитхои ишкори ишгол менамоянд. Сохти геологи ва хусусияти ин хелхои конхои металлхои нодир катъиян фаркият доранд.
  6. Пегматитхои металлхои нодир ин чинсхои кухии асосан аз кристалхои калони кварс ва шпати сахрои иборатбуда мебошанд. Пегматитхо дар шакли лонахо, рагхо ва линзахо хобида, ба дарозии садхо метр, баъзан то якчанд километр бо бари то 100 м мерасанд. Барои пегматитхои металлхои нодир сохти минтакави бо чамъшавии чудогонаи минералхои дорои металлхои нодир – поллутсит, лепидолит, сподумен, берилл хос аст. Конхои пегматитхо асосан захирахои калон надоранд: хазорхо тонна тантал, ниобий, бериллий, рубидий, даххо хазор тонна сезий, садхо хазор тонна литий. Новобаста ба ин, то аввалхои солхои 60-ум махз дар онхо 100 фоизи захирахои литий, бериллий, сезий ва рубидий, 95 фоизи тантал, 25 фоизи ниобий муайян гардида, махз чунин конхо хамчун манбаи асосии истихрочи ин металлхо истифода мешуданд. Барои сезий ва рубидий пегматитхо имруз хам манбаи ягонаи ашёи хоми дорои ахамияти саноати ба хисоб мераванд.
  7. Минералхои металлхои нодири ба бодхурдашавии физикию кимиёви устувор дар пошхурдахо (россипхо) чамъ мешаванд. Сарфи назар аз файзнокии пасти минералхои вазнин (одатан 5-15 фоиз дар кумхои кварси) пошхурдахо бо усули содда ва арзон коркарди фоидаовар карда мешаванд.
  8. Карбонатитхо махсули булуршавии (кристализатсияи) гудозахои умкии карбонатхо (магмахо) мебошанд. Конхои карбонатитхо (Lа, Се, Рг, Nd) ва кишри бодхурдашудаи онхо (Nb) баъди чанги дуюми чахон, вакте ки майлу рагбат ба истифодаи металлхои нодир бошиддат афзуд, кашф ва иктишоф карда шуданд. Дар мукоиса бо пегматитхо ва пошхурдахо ин конхо хеле калон ва бой мебошанд.
  9. Конхои калони комплексии металлхои нодир дар хоросангхои (гранитхои) аз металлхои ишкори бой дар солхои 50-уми асри XX кашф шуданд. Конхои хоррсангхои ишкори бо мачмуи доимии канданихои фоиданок ва устувории файзнокии онхо тавсиф карда мешаванд. Хоросангхои ишкории металлхои нодирдор манбаи конхои калони тантал ва унсурхои нодирзамини гурухи иттрий, инчунин конхои калонтарини сирконий мебошанд.
  10. Бо хамин асос, тагйири сохтори базаи ашёи хом ва истихрочи ашёи металлхои нодир дар самти аз конхои хурд ба конхои бузург ва хеле бузург равона гардид, ки имруз накши пешбарандаро дар сохтори истихрочи ашёи металлхои нодир дар чахон мебозанд. Ба таври назаррас меъёри дигари асосии арзёбии сифати конхо – файзнокии кисматхои фоиданок дар маъдан низ зиёд гардид. Дар байни конхои металлхои нодир имруз объектхое мавчуданд, ки аз руи ин нишондиханда на танхо ба маъданхои коркардшавандаи металлхои ранга, балки ба металлхои сиёх хам наздик мешаванд. Аз руи сатхи истифодаи хозира ва пешбинишуда саноати чахон ба садхо сол бо захира ва манбаъхои аксарияти металлхои нодир таъмин мебошад.
  11. Айни замон, дар каъри замин захирахои ашёи хомро дар мукоиса бо сатхи истифодаи хозиразамони онхо барои аксарияти металлхои нодир беканор хисобидан мумкин аст. Хелхои нави конхои металлхои нодир ва объектхои нав нисбатан ба наздики кашф гардиданд ва ба геологхо лозим меояд, ки бо максади зиёд намудани ин кашфиётхо, аз чумла дар худуди Точикистон, иловатан конунияти ташаккул ва чойгиршавии онхоро омузанд.
  12. Дар Точикистон ба истехсоли махсулоти металлхои нодир Чамъияти сахомии кушодаи “Комбинати фузулоти нодири Ленинобод”, Чамъияти сахомии кушодаи “Тамохуш – Исфаринский гидрометаллургический завод” ва Корхонаи вохиди давлатии “Востокредмет” машгул буданд, ки айни замон то 10 – 15 фоизи иктидори истехсолиашон кор мекунанд.
  13. Дар асоси тахлил ва арзёбии холати базаи ашёи минералии чумхури Барномаи давлатии омузшли геологии захирахои металлхои нодир барои солхои 2016 – 2026 (минбаъд – Барнома) тахия карда шуд.
  14. Дар Барнома масъалахои чустучу, иктишоф ва баходихии захирахои металлхои нодир дар пегматитхо барраси гардида, накшаи мархилавии корхои иктишофи геологии ба имкониятхои хадамоти геологии Точикистон чавобгу тартиб дода шудааст.
  15. Фармоишгари корхои дар Барнома пешбинишуда Хукумати Чумхурии Точикистон буда, макоми ичроияи ин корхо Саридораи геологияи назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – Саридораи геология) мебошад.
  16. Дар Барнома вазъи кунунии омузиши геологии тамоми минтакахои чумхури вобаста ба металлхои нодир то соли 2014 тахлил карда шуда, самтхои корхои иктишофи геологи ва натичахои чашмдоштшаванда муайян гардидаанд. Инчунин,- бо максади сари вакт, самаранок ва хушсифат ичро намудани вазифахои гузошташуда манбаъхои молияви ва тачхизонии техникии соха барраси карда шудаанд.

2. Максад ва вазифахои Барнома

  1. Максади асосии Барнома тавсеаи базаи ашёи минералии металлхои нодир, дар асоси он баркароркунии корхонахои кухию маъдантозакунии металлхои нодир ва ташкили корхонахои нави маъдантозакуни мебошад.
  2. Барои ноил гаштан ба ин максад дар Барнома ичрои вазифахои мухими зерин пешбини шудааст:

– амали кардани чорабинихое, ки ба таъмини эхтиёчоти иктисодиёти давлат бо захирахои ашёи минерали равона шудаанд;

– ба таври комплекси ва мархила ба мархила омухтани каъри замин бо максади тавсеаи базаи ашёи минералии металлхои нодир; – таъмини афзоиши захирахои иктишофшудаи металлхои нодир;

– таъмин намудани корхои иктишофи геологи бо маводхои моддию техники.

  1. Барнома имкон медихад, ки лоихахои мушаххаси омузиши майдон ва зухуроти металлхои нодири чумхури тахия ва маблаггузори карда шаванд.

3. Маблаггузории Барнома

  1. Ичрои Барномаи мазкур пеш аз хама ба ташкили механизми маблаггузори вобастаги дорад. Маблаггузории Барнома аз хисоби Бучети давлати ва сармоягузорони ватанию хоричи пешбини гардидааст. Аз хисоби Бучети давлати маблаггузории корхои омузиши геологии майдонхои металлхои нодир бояд чунин сурат гирад, ки ноил гардидан ба максадхои дар Барнома муайяншуда ва халли вазифахои гузошташударо таъмин намояд. Барои ин маблаггузори бо тарзи пешпардохти квартали зарур аст.
  2. Дар Барнома таксимоти маблагхо аз Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои объектхои мушахассе, ки пештар дар онхо корхо огоз гардиданду анчоми мантикии худро такозо менамоянд, инчунин маблагхо барои объектхои ашёи минерали, ки вактхои наздик аз чониби истифодабарандагони каъри замин дархост карда мешаванд, пешбини гардидааст (замимахои 4 ва 5).
  3. Пешбурди корхои иктишофи геологи аз хисоби Бучети давлати то мархилаи иктишофи кабли пешбини шудааст, хамзамон пешниход мегардад, ки барои ба охир расонидани корхо оид ба тайёр кардани конхо барои азхудкунии саноати харочот ба зиммаи истифодабарандагони каъри замин гузошта шавад.
  4. Маълумот дар бораи хачми маблаггузори, таксим ва манбахои он умуман ва таксимбанди ба солхо дар бобхои минбаъдаи Барнома муайян карда шудаанд.

4. Вазъи омузиши геологии металлхои нодир дар Точикистон

  1. Омузиши максадноки геологии металлхои нодир дар Точикистон солхои 40-ум бо коркарди яквактаи танахои чудогонаи пегматитхо дар худуди каторкухи Туркистон огоз гардида, баъдан солхои 60 – 70-и асри XX омузиши чинсхои ишкори давом ёфтанд.
  2. Айни замон, дар тарози захирахои канданихои фоиданоки Точикистон металлхои нодир ба кайд гирифта нашудаанд. Хамзамон ба хар се нуктаи маъдании металлхои нодир як зухурот рост меояд, ки аз онхо 10-тоаш ояндадор хисобида мешаванд. Инхо зухуроти Гапиров, Александров, Зорбурулгок, Хаданго, Ванчруд, Ясногор, Родник, Тутек, Самжон, Чиндон мебошанд.
  3. Маъданхои тантал ва ниобий факат дар ду минтакаи иктисодии геологи: Маркази ва Чанубу Шарки (Помир) маълуманд. Худуди минтакаи аввал, ба гайр аз кисми шаркиаш, пурра бо аксбардории калонмикёс фаро гирифта шуда, дар минтакаи дуюм аксбардории геологии микёси 1:50000 танхо дар худуди 15 фоизи он гузаронида шуда аст.
  4. Минтакаи иктисодии геологии Маркази. Сархади шимолии он аз каторкухи Туркистон гузашта, сархади чанубиаш бо дарёхои Кизилсу, Сурхоб, Элок бо кисми чанубии доманаи каторкухи Хисор мегузарад. Дар худуди он каторкуххои Зарафшон ва Каротегин низ чойгиранд. Манбаи асосии об дарёи Зарафшон бо шохобхояш (Карокул, Ягноб) ва дарёи Сурхоб бо шохобхояш (Гориф, Дубурса) мебошанд. Баландии миёнаи каторкуххо 3000-3500 метрро ташкил дода, баландии мутлаки он 45005500 метр аст. Худуди гарбии ин минтака аз чихати иктисоди бисёртар таракки ёфта, махалхои асосии ахолинишин шахрхои Душанбе, Турсунзода, Панчакент, Вахдат, инчунин нохияхои Айни, Хисор, Гарм, Нуробод, Чиргатол ва Кухистони Мастчох мебошанд.
  5. Манбаи сузишвории энергетики конхои ангиштсанги “ФонЯгноб” ва “Назарайлок” мебошанд.
  6. Зухуроти металхои нодир дар шарки минтака, дар минтакаи камтар азхудкардашуда ва душворгузари он чойгир шудаанд. Дар натичаи гузаронидани омузиши геологи 15 майдон чудо гардидааст. Ба инхо майдонхои пегматитдори Каросу, Агбасой, Пайрон, Рохшиф, ТроСамчон, Чиндон-Дакоданг, Назарайлок, Иштансалдин, Ёрмазор, Ёсуман, Барзанги, Камарсу, Хонако, Войдара ва Хочилдиёр дохил мешаванд. Тавсифи пурраи ин майдонхо дар замимаи 1 оварда шудааст.
  7. Минтакаи иктисодии геологии Чанубу Шарки. Кисми гарби ва шаркии минтака барои металлхои нодир нисбатан ояндадор ба хисоб мераванд. Сархади шимолии минтака шартан бо водии дарёи Бартанг гузаронида шуда, сархади чануби бо сархади давлатии Точикистону Афгонистон рост меояд. Каторкуххои асосии минтака Рушон, Шугнон, Ишкошим, Шохдара, Вахон, Музкол, Аличури Шимоли ва Чануби мебошанд. Манбаи оби минтака дарёхои Бартанг, Гунд ва Шохдара мебошад, ки ба дарёи Панч хамрох мешаванд.
  8. Дар натичаи дар солхои 1958 – 1994 гузаронидани омузиши геологи ба гайр аз майдони пегматитии Намангут боз 13 майдон кашф шуданд, ки нисбати мавчудияти захирахои саноатии тантал, ниобий, бериллий, тсезий, литий, калъаги ва унсурхои нодирзамини гурухи ояндадор буда, ахамияти стратеги доранд. Ба онхо майдонхои пегматитдори Колхозобод – Таглиххас, Пиш – Хидорчев, Вездара, Курустики Маркази, Курустики Асоси, Порчуз, Шевчор, Ясногор, Агачон, Шазуд – Дузахдара ва Богчагир дохил мешаванд.
  9. Майдони пегматитии Колхозобод – Таглиххас дар нишебии шимолу гарбии каторкухи Шугнон чойгир буда, масохаташ 15 км2-ро ташкил медихад. Дар худуди ин майдон 335 танахои пегматитии намуди гуногун муайян шудаанд. Гафсии танахои пегматити аз 1 то 60 метр, дарозиашон бошад 20 – 650 метр ташкил медиханд. Файзнокии тантал (Та2O5) аз 0,02 то 0,029 фоиз (файзнокии миёна 0,024 фоиз), бериллий (Вi2O5) аз 0,044 то 0,054 фоиз тагйир меёбад.
  10. Майдони пегматитии Пиш – Хидорчев аз чанубу гарб ба шимолу шарк тул кашида, дарозиаш 55 км ва бараш 3-4 км-ро ташкил медихад. Дар худуди ин майдон 453 рагхои пегматити муайян шудааст, ки аз хама хубтар омухташудааш минтакаи Пиш – Хидорчев аст. Ин минтака дар куллаи каторкухи Вахон чойгир мебошад. Дар майдони 4 км2 85 рагхои пегматитии намуди гуногун муайян карда шудаанд. Рагхои пегматити гуногуншакл буда дарозиашон аз 5 то 350 метр ва гафсиашон 2 – 50 метрро ташкил медиханд. Рагхо чунин файзноки доранд (фоиз): окиси бериллий0,042 – 0,55, пентаокиси ниобий – 0,005 – 0,006, пентаокиси тантал – 0,005, окиси литий – 0,57, окиси рубидий – 0,06.
  11. Майдони пегматитии Вездара дар худуди нохияи Рушон, дар болооби шохоби чапи дарёи Вездара чойгир мебошад. Дар сохти геологии майдон тахшинхои метаморфи, кварситхо ва регсангхои кварси иштирок менамоянд. Дар худуди ин майдон 13 рагхои пегматитии металлхои нодирн ду шакла: мусковит-албити бо сподумен ва сподумен-албити муайян шудаанд. Рагхои пегматити гуногуншакл буда, гафсиашон аз 6 то 60 метр, дарозиашон аз 25 то 350 метрро ташкил медиханд. Рагхо чунин файзноки доранд (фоиз): дар пегматитхои мусковит-албити – пентаокиси тантал – 0,003 – 0,008, пентаокиси ниобий – 0,006 – 0,007, окиои бериллий0,01 – 0,062 ва дар пегматитхои сподумен-албити – пентаокиси тантал 0,003 – 0,07, пентаокиси ниобий – 0,003 – 0,009, окиси литий – 0,006 – 0,78.
  12. Майдони пегматитии Курустик дар нишебиичапи водии дарёи Курустик чойгир мебошад. Минтакаи Асоси дар кисми чанубу шаркии шохаи кухи Окбур, дар кисми болоии сохили чапи дарёи Сулючилга, ки шохоби чапи дарёи Курустик мебошад, чойгир шудааст. Дар минтака ду намуди дегматитхо: албити ва лепидолит – албити бо гафсии аз 0,5 то 2,53 метр чудо карда шудаанд, ки аз 10 то 25 – 30 метр тул мекашанд. Дар минтака 47 рагхои пешатитии гуногуншакл бо файзнокии миёнаи пентаокиси тантал – 0,02 фоиз, пентаокиси ниобий – 0,012 фоиз, окиси литий – 0,026 фоиз, окиси рубидий – 0,023 фоиз муайян шуданд. Захирахои пешакии пентаокиси тантал – 21,8 тонна, пентаокиси ниобий – 11,1 тонна, окиси рубидий – 76,1 тоннаро ташкил медиханд.
  13. Майдони пегматитии Порчуз дар болооби дарёи Порчуз вокеъ мебошад. Дар он 6 раги пегматити металлхои нодири шакли мусковиталбити бе сподумен ва бо сподумен муайян карда шудаанд. Пегматитхо рагмонанд ва линзамонанд бо регсангхои метаморфию вараксангхо мутаносиб хобидаанд. Гафсии чинсхои маъдани аз 1,5 – 6 метр то 2060 метр бо дарозии аз 25 – 70 то 250 – 300 метр мебошад. Минералхои металлхои нодир аз манган – танталит, колумбит – танталит, касситерит, бериллии натрийдор, амблигонит – монтебразит ва камтар сподумен иборат мебошанд. Файзнокии пентаокиси тантал – 0,017 – 0,02 фоиз, ниобий – то 0,01 фоиз буда, захирахои пентаокиси тантал пешаки то 200220 тонна бахо дода мешавад.
  14. Майдони пегматитии Ясногор дар миёнаоби дарёи Чалан, шохоби рости дарёи Сасиксу, дар байни гнейсхои биотити ва биотитшпати сахрои чойгир шудаанд. Рагхои пегматити дорои танталит, колумбит, фергюсонит, самарскит, пирохлори сиркон, литий ва бериллийи дона – донаи махин мебошанд. Файзнокии пентаокиси тантал аз 0,01 то 0,056 фоиз; пентаокиси ниобий – 0,02 – 1,35 фоиз; металлхои нодирзамин0,01-3 фоиз; сирконий то 1 фоиз мебошад. Захирахои ояндадори пентаокиси тантал 225 тонна, пентаокиси ниобий 2700 тоннаро ташкил медиханд.
  15. Майдони пегматитии Агачон дар болооби дарёи Агачончилга чойгир аст. Дар худуди майдон дар байни регсангхои кварситмонанд 5 рагхои пешатитии тахтасанг ва линзамонанд муайян шудаанд. Гафсии рагхо аз 7 то 25 метр тагйир ёфта, дарозиашон аз 50 то 300 метр тагйир меёбанд. Пегматитхо пенталит – микроклини буда, минералхои металлхои нодир дар баробари пенталит бо танталит, колумбит – танталит ва берилл алокаманд мебошанд. Дар рагхои пегматити пентаокиси тантал бо файзнокии миёнаи 0,0174 фоиз мавчуд мебошад.
  16. Майдони пешатитии Шазуд – Дузахдара 102 км шарктар аз шахри Хоруг, дар мавзеи дарёхои Гунд ва Токузбулок чойгир мебошад. Худуди майдон бо баландихои мутлаки 3150 – 4600 метр 21 км2 ташкил медихад. Майдони маъдандор ба пайдоишхои ултраметаморфогении комплекси Бачор (Т3) вобаста аст. Маъдани металлхои нодир дар метасоматитхои гранитоиди ба намуди танахои линза ва кабатшакл махдуд гардидаанд. Гафсии танахои маъдандор дар метасоматитхо 0,530 метр (гафсии миёна 2 метр), дарозиашон то 100 метр (дарозии миёна 50 метр) буда, бо пахноии 1,2 км ба дарозии 7 км пахн шудаанд. Файзнокии унсурхои нодирзамин, аслан гурухи тсерий, то 6,1 фоиз мерасад. Дар рагхои кварси чамъшавии баланди пентаокиси тантал то 0,022 фоиз, пентаокиси ниобий то 0,025 фоиз, иттрий то 0,2 фоиз ва торий то 0,952 фоиз муайян карда шудаанд. Чамъи гафсии танхо бо минерализатсияи нодирзамини 200 метр мебошад. Захирахо бо дарназардошти пахншавии нобаробари метасоматнтхо то жарфи 500 метр ва дарозии 6700 метр арзёби гардидаанд. Захирахои пешбинишуда бо файзнокии унсурхои нодирзамин 0,3 фоиз; пентаокиси тантал 0,005 фоиз; иттрий 0,0075 фоиз аз руи категорияи Р2 – 450 млн. тонна мебошанд. Хамин тавр, захирахои унсурхои нодирзамини гурухи тсерий -1,4 хаз. тонна, пентаокиси тантал – 22,5 хаз.тонна, иттрий – 33,8 хаз. тоннаро ташкил медиханд.
  17. Майдони пегматитии Богчагир дар байни дарёхои Аличур ва Сулу – Тагаркаки чойгир шуда, бо комплекси гранитоиди помир-шугнони интрузиви Яшилкул вобаста аст. Дар масохати майдон ду минтака чудо карда шудаанд: минтакаи Кунтумиш дар водии дарёи Кунтумиш наздикии резиши ин дарё ба дарёи Сулу – Тагаркаки. Дар майдони 28 км2 зиёда аз 50 чинсхои пегматитии тахтасангмонанд муайян карда шудаанд. Минерализатсияи металлхои нодир дар пегматитхо бо минтакахои албитизатсияшави вобаста буда, аслан аз заррахои хурда берилл ва колумбит – танталит иборат мебошанд. Файзнокии металлхо чунин аст (фоиз): окиси бериллий 0,007 – 0,014 (миёна 0,07), пентаокиси тантал 0,002 – 0,004 (миёна 0,003), пентаокиси ниобий 0,003-0,007 (миёна 0,004) ва окиси литий до 1 фоиз. Минтакаи Ортабуз дар нишебии рости водии дарёи Суулу-Тагаркаки дар майдони 23 км2 чойгир буда, аз 70 рагхои кабатмонанди пегматит ва аплит – пегматитхо иборат мебошад. Гафсии рагхо аз – 0,1 то 25 метрро ташкил медиханд. Минерализатсияи металлхои нодир аслан бо микроклини албитнок вобаста аст. Дар 30 рагхои омухташуда файзнокии (фоиз) пентаокиси тантал 0,006 – 0,007 (миёна 0,007), пентаокиси ниобий 0,003 – 0,004 (миёна 0,003) ва окиси литий то 1 фоизро ташкил медихад.

5. Тавсифи манбаъхои ашёи минерали дар минтакахо

  1. Вилояти Сугд. Каъри замини вилояти Сугд аз канданихои фоиданоки гуногун нихоят бой мебошад. Дар худуди вилоят (26,1 хаз. км2) конхои сурб ва рух, висмут, молибден ва волфрам, сурма, стронсий, тилло, нукра, охан, калъаги, симоб, ангиштсанг, нафт ва газ, намаки оши, флюорит, санги сохтмони ва дигар намудхои ашёи минерали барои индустрияи сохтмон, обхои зеризаминии ошомидани, минерали, термали ва саноати, озокерит ва сангхои заргари муайян гардидаанд. Бо ин заминаи ашёию минерали дар вилоят сохахои гуногуни хочагии халк ташкил гардидаанд ва рушд меёбанд, аз чумла кухию маъдани, сузишвори, энергетики, сохтмони, хочагии дехот, коркарди санг ва гайра. Доираи чойгиршавии чугрофи корхонахое, ки ашёи минералиро истифода мебаранд, васеъ гардида, имруз он кариб хамаи нохияхои вилоятро фаро мегирад.
  2. Вилояти Хатлон. Солхои гузашта дар худуди вилояти Хатлон (24,6 хаз.км2) конхои гуногуни ашёи минерали – нафт ва газ, намаки оши, маводи сохтмони, ашё барои истехсоли семент, обхои минерали ва гарм, маъданхои сурбу рух, стронсий, тиллои пошхурда ва дигар намудхои ашёи минерали, ки дар саноат ва хочагии халки чумхури истифода мешаванд, кашф шуданд. Вазъи кунунии заминаи ашёи минералии иктисодиёти вилоят, чун дар тамоми чумхури, нисбат ба эхтиёчоте, ки мархилаи имрузаи рушди истеъмоли такозо менамояд, акиб мондааст. Аз ин ру давом додани корхои чустучуи ва иктишофи геологии намудхои ашёи минерали, ки барои хочагии халк ва саноат афзалиятнок мебошанд, зарур аст.
  3. Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон. Дар худуди вилоят (63,7 хаз.км2) дар солхои гуногун конхо ва зухуроти ояндадори 23 намуди канданихои фоиданок, аз чумла охан, марганс, мис, тиллои тахчои, калъаги, волфрам, ашёи аз гилхок (оксиди алюминий) бой, инчунин гилхо барои истехсоли хишт, ашёи сементи, зухуроти ояндадори нукра, кони калонтарини ашёи боросиликати, намак, молибден, висмут, асбест, ашё барои истехсоли охак, аглопоритва васлкунандаи гайрисементи, керамзит, регу шагал ва рег муайян ва иктишоф гардидаанд. Гайр аз ин дар худуди вилоят обхои зиёди минерали ва термали мавчуданд.
  4. Нохияхои тобеи чумхури. Омузиши геологии муттасили худуди нохияхои тобеи чумхури дар мачмуъ аз соли 1932 огоз гардидааст. Аз хамин давра то имруз дар ин худуд (28,7 хаз.км2) конхои гуногуни канданихои фоиданок – ашё барои истехсоли семент, маводи сохтмони, обхои минерали ва термали, конхои пегматитхои хрусталдор ва калъагидор, охан (магнетит), волфрам, калъаги, таилло, сурб, рух, флюорит, маъданхои радиоактиви, алюминий, фосфорит, гилхои ба оташ тобовар, регсангхои кварси, ангишт (сангин ва антрасит) ва гайра кашф гардиданд.

Бисёре аз намудхои номбаршудаи канданихои фоиданок хамчун заминаи ашёи дар корхонахои амалкунандаи маъдантозакуии кухи ва дигар корхонахои саноати истифода бурда мешаванд. Бояд зикр кард, ки захирахои ашёи минералии худуди тавсифшаванда хануз дар саноат ва хочагии халк пурра истифода карда намешаванд.

6. Фондхои асоси, тачхизоти техники ва заминаи лаборатори

  1. Гузаронидани корхои иктишофии геологи, сари вакт, самаранок ва хушсифат ичро намудани вазифахои дар Барнома гузошташуда аз бисёр чихат ба дарачаи тачхизонии техникии соха алокаманд мебошад. Аз ин ру, бояд тачхизот, воситахои наклиёт ва техникаи заминкоби мунтазам нав карда шаванд. Навсозии воситахои асоси (тачхизот, воситахои наклиёт ва техникаи заминкоби, ки хангоми мархилахои чустучуи ва чустучуию арзёбии корхои иктишофии геологи истифодашаванда) хам аз хисоби маблагхои Бучети давлати, бо рохи хар сол чудо намудани маблагхо аз руи моддаи “маблаггузории асоси”, хам аз хисоби манбаъхои дигаристифодаи маблагхои сармоягузорон, чалби грантхои байналмилали (асосан барои хариди тачхизоти лаборатори, техникаи компютери ва таъминоти барномавии онхо) имконпазир мебошад (замимаи 2).
  2. Тачхизоти лаборатори инчунин ба навсози ва таъмир эхтиёч доранд. Тачхизоти мавчуда хаматарафа кухна шудаанд ва таъмири тачхизоти нуксондор имкон надорад, зеро онхо аз истехсолот бардошта шуда, кисмхои такмили ва эхтиётии онхо мавчуд нест. Аз ин ру, хариди тачхизоти лаборатории нави дакики муосир мувофики максад аст (замимаи 3).

7. Самти корхои иктишофии геологи ва натичахои пешбинишаванда

  1. Корхои чустучуи ва чустучуию арзёбии металлхои нодир ва унсурхои хамсафар (унсурхои нодирзамини гурухи тсерий) мархила ба мархила гузаронида шуда, аз хисоби маблагхои бучети маблаггузори мешаванд.
  2. Дар Барнома асосноккунии захирахо (Р3, Р2) бо дарназардошти намудхои саноатию геологии зухурот ва дарачаи ояндадории онхо муайян арзёбй карда шудаанд.
  3. Мувофики Барнома дар навбати аввал гузаронидани корхои чустучуии микёси 1:25000 бо арзёбии захирахо ва баъдан гузаронидани корхои чустучуию арзёби бо хисоби захирахои категорияхои С2 ва Р1 ба накша гирифта шудааст.
  4. Корхои чустучуи дар се майдони пегматитдор: Шазуд Дузахдара, Назарайлок ва интрузияи Ходанго гузаронида хоханд шуд ва корхои чустучуию арзёби бошад, дар зухуроти Намангут, Гапиров ва Ясногор ба накша гирифта шудаанд.
  5. Хачми маблагхои зарури ва таксимоти солонаи он дар замимахои 4 ва 5 оварда шудаанд.

Замимахои 1-5

Замимаи1

ба Барномаи давлатии омузиш ва

арзёбии захирахои металнхои нодир

барои солхои 2016-2026

                              Тавсифи майдонхои пегматитдори минтакаи Маркази

 

Майдони ояндадор (км2) Холати захирахои пешгуишуда, хаз. т. Файзноки, % Натичаи пешбинишаванда
 

 

 

 

Хамаги Аз он чумла  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Р2 Рз  

 

 

 

1 Каросу (295)
тантал 3,0 3,0 0,012 кон
ниобий 7,0 7,0 0,024 зухурот
2 Агбасой (550)
тантал 15,0 15,0 кон
ниобий 400,0 400,0 кон
3 Пайрон (575)
тантал 7,0 7,0 0,012 кон
ниобий 14,0 14,0 0,024 зухурот
4 Рохшиф (125)
тантал 7,0 7,0 0,056 кон
ниобий 370,0 370,0 2,96 кон
5 Тро-Самчон (150)
тантал 0,04 0,04 0,0002 зухурот
ниобий 0,12 0,12 0,0008 зухурот
6 Чиндон-Дакоданг (462,5)
тантал 5,7 5,7 0,012 кон
ниобий 11,36 11,36 0,024 зухурот
7 Назарайлок (1725)
тантал 234,0 38,0 196,0 0,135
ниобий 5118,0 247,0 4871,0 2,96
8 Иштансалдин (125)
тантал 7,0 7,0 0,056 кон
ниобий 370,0 370,0 2,96 кон
9 Ермазор(350)
тантал 46,5 10,0 36,5 0,132
ниобий 460,0 50,0 410,0 1,31
10 Ёсуман (375)
тантал 18,0 18,0 18,0 0,048
ниобий 157,0 157,0 0,418
11 Барзанги (785,5)
тантал 13,5 13,5 0,017 кон
ниобий 137,0 137,0 0,173 кон
12 Камарсу (550)
тантал 39,0 39,0 0,071
ниобий 724,0 724,0 1,317
13 Хонако (495)
тантал 35,0 35,0 0,071 кон
ниобий 652,0 652,0 1,317 Кон
14 Войдара
тантал 28,0 28,0 0,071 кони хурд
ниобий 527,0 527,0 1,317 кони миёна
15 Хочилдиёр
тантал 7,0 7,0 0,012 кон
ниобий 15,0 15,0 0,024 зухурот

                                         Замимаи 2

ба Барномаи давлатии омузиш ва

арзёбии захирахои металлхои нодир

барои солхои 2016-2026

Руйхати тачхизоти геологи, дастгоххои пармакуни ва воситахои наклиёти  сомони

Номгуй Ченак Микдор Нарх
 

 

 

 

 

 

 

 

вохид хамаги
1 Тачхизоти хавофишордихандаи тамгаи ПК-9 дона 3 120000 360000
2 Тачхизоти хавофишордихандаи тамгаи ПР-4 дона 3 28000 84000
3 Тачхизоти пармагарии дасти дона 3 16000 48000
4 Тачхизот барои баровардани чинсхои кухи дона 3 22400 67200
5 Дастгохи пармагарии колонкавии намуди ХУ-1 дона 3 75000 225000
6 Дастгохи пармагарии колонкавии намуди ХУ-2 дона 3 130000 390000
7 Техникаи рохсози (булдозери тамгаи Б-10М) дона 3 720000 2160000
8 Пойгохи обкашии НБ-32 дона 3 52000 156000
9 Автомашинаи сабукрав дона 3 103400 310200
10 Автомашинаи харчогард дона 3 284320 852960
11 Радиометри тамгаи СРП- 69-01 дона 3 10340 31020
Хамаги 4684380

Замимаи 3

 ба Барномаи давлатии омузиш ва

арзёбш захирахои металлхои нодир

           барои солхои 2016-2026

                                        Руйхати тахизотхои лаборатори сомони

Тачхизот Ченак Микдор Нарх
 

 

 

 

 

 

 

 

вохид хамаги
12 Спектрометри эмиссионни бо камонаки чараёни доими дона 1 930600 930600
13 Спектрометри рентгению спектрали дона 1 2060000 2060000
Хамаги 2990600

    Замимаи 4

ба Барномаи давлатии омузиш ва

арзёбии захирахои металлхои нодир

барои солхои 2016-2026

Маблаггузории Барнома аз хисоби сармояи давлати барои солхои 2016-2026 сомони

Номгуй Арзиши ■ корхо 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022 2023 2024 2025 2016-2026
 

 

 

 

 

 

Накша Накша Накша Накша Накша Накша Накша Накша Накша Накша  

 

Маблаггузории асоси 2059893 2059893
Лимити маблаггузори ба корхои иктишофии геологи 34580000 345000 3870000 3020000 3983000 4200000 4205000 3997000 3950000 3773000 2287000 34580000
1 Корхои чустучуи-арзёби дар зухроти Намангут 3700000 37000 370000 370000. 383000 500000 500000 400000 400000 370000 370000 3700000
2 Корхои чусгучуи-арзёби дар зухуроти Гапиров 5300000 53000 600000 600000 600000 700000 700000 647000 600000 500000 300000 5300000
3 Корхои чустучуи-арзёби дар зухуроти Ясногор 8190000 81000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 509000 8190000
4 Корхои чустучуи дар майдони пегматитдори Шазуд-Дузахдара 8190000 82000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 508000 8190000
5 Корхои чустучуи дар интрузияи Ходанго 4500000 45000 500000 550000 550000 550000 555000 500000 500000 500000 250000 4500000
6 Корхои чустучуи дар майдони Назарайлок  4700000 47000 500000 550000 550000 550000 550000 550000 550000 503000 350000 4700000

   Замимаи 5

ба Барномаи давлатии омузиш ва

арзёбии захирахои металлхои нодир

барои солхои 2016-2026

                           Маблаггузории Барнома аз хисоби сармоягузорихо барои солхои 2016-2026

Номгу Чойгиршави Кандании фоиданок Холати захирахои ояндадор, т Мархилаи омузиш Маблаггузории пешбинишаванда   сомони
1 Корхои чустучуи дар майдони пегматитдори Курустик

 

 

 

Минтакаи Чанубу Шарки

 

 

 

Тантал 21,8 Корхои чустучуи ва чустучуи-арзёби

 

 

 

27000000
 

 

Ниобий 11,1  

 

 

 

Рубидий 76,1  

 

2 Корхои чустучуи дар майдони пегматитдори Порчуз Минтакаи Чанубу Шарки Тантал 200,0 Корхои чустучуии дакик ва арзёби 22000000
3 Корхои чустучуи дар майдони металлхои нодири Иштансалдин

 

 

Минтакаи Маркази

 

 

Тантал 7,0 Корхои чустучуи ва чустучуи-арзёби

 

 

18000000
 

 

Ниобий 370,0  

 

4 Корхои чусткчуи дар майдони пешатитдори Пайрон

 

 

Минтакаи Маркази

 

 

Тантал 7,0 Корхои чустучуи ва чустучуи-арзёби

 

 

19000000
 

 

Ниобий 14,0  

 

5 Корхои чустучуи дар майдони металлхои нодири Ёрмазор

 

 

Минтакаи Маркази

 

 

Тантал 46,5 Корхои чустучуи ва чустучуи-арзёби

 

 

23500000
 

 

Ниобий 460,0  

 

6 Корхои чустучуи дар майдони металлхои нодири Рохшиф

 

Минтакаи Маркази

 

 

Тантал 7,0 Корхои чустучуии дакик ва арзёби

 

 

20500000
 

 

Ниобий 370,0  

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …