Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМХОИ ТАБИАТШИНОСИ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКИ

БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМХОИ ТАБИАТШИНОСИ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКИ

БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМХОИ ТАБИАТШИНОСИ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКИ БАРОИ СОЛХОИ 2010-2020

Мукаддима

Ном: Барномаи рушди илмхои табиатшиноси, риёзию техники барои солхои 2010-2020 (минбаъд – Барнома)

Асос барои тахияи Барнома:

Накшаи тадбирхо бо максади ичрои дастуру пешниходоте, ки аз мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон бо намояндахои зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2009 ва Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеоянд, тахия шудааст.

Фармоишгари давлатии Барнома:

Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон

Ичрокунандагон:

Муассисахои илмию тахкикоти, муассисахои тахсилоти умуми ва муассисахои тахсилоти олии касбие, ки дар онхо оид ба илмхои табиатшиноси ва риёзию техники тахкикот анчом дода мешавад.

Мухлати татбики Барнома:

Солхои 2010-2020

Максад ва вазифахои асосии Барнома:

Дастгири ва рушди тахкикот дар сохаи илмхои табиатшиноси ва риёзию техники, тахкими заминаи моддию техники барои гузаронидани тахкикоти озмоиши, мухайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрхои илми, фарохам овардани шароит барои зиёд намудани дониши неруи аклонии инсони ва вусъат бахшидан ба хамкорихои байналмилалии илми.

Самтхои асосии Барнома:

Муттамарказонидани иктидорхои илми дар татбики “Барномаи самтхои афзалиятдори илмхои табиатшиноси ва риёзию техники, дастгирии мактабхои илмии мавчудаи эътирофи чахони пайдокарда оид ба самтхои афзалиятдори тахкикот дар сохаи илмхои табиатшиноси ва риёзию техники, ташкили шароити мусоид барои ташаккули мактабхои илми аз руйи самтхои навтарини тахкикот дар сохаи илмхои табиатшиноси ва риёзию техники, рушди заминаи моддию техники барои гузаронидани тахкикоти озмоиши, мустахкамкунии заминаи моддию техникии пажухишгох ва озмоишгоххо бо тачхизоти навтарини илми, асбоб, технологияи навин, реактивхо ва дигар маводи зарури, хамгироии институтхои академи ва кафедрахо, озмоишгоххои муассисахои тахсилоти олии касби, ташкили инфраструктура дар заминаи истифодаи технологияи навтарини иттилооти ва коммуникатсия, рушди хамкорихои байналмилали.

Натичахои нихоии Барнома:

Дар заминаи муттамарказонидани нерухои илми ва воситахои моддию техники дар самтхои афзалиятдори тахкикот, кооператсияи олимони Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, дигар ташкилотхои илмию тахкикоти ва муассисахои тахсилоти олии касби бо максади анчом додани тахкикоти муштарак ва тарбияи кадрхои илми, таъмини муассисахои илмию тахкикоти бо асбобу тачхизоти зарури ва ташаккули инфраструктураи муосири иттилооти ва баланд бардоштани самаранокии хамкорихои байиалмилали, такмил ва вусъат додани низоми дастгири ва рушди илмхои табиатшиноси, риёзию техники дар Чумхурии Точикистон.

Манбаъхои маблаггузори:

Маблаггузории Барномаи мазкур аз хисоби маблагхои хамасола барои сохаи илм чудогардида, инчунин аз хисоби ташкилоту фондхои байналмилаливу хоричи, сарпарастони алохида ва дигар манбаъхо амали карда мешавад.

Низоми назорати ичрои Барнома:

Назорати ичрои Барномаро Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон якчоя бо Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, институтхои илмию тахкикотии сохави, муассисахои тахсилоти олии касби ва озмоишгоххои назди мактабхои оли анчом медихад.

Чараёни татбики тадбирхои Барнома, арзёбии ахамияти илми ва самаранокии он аз тарафи Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барраси гардида, аз чониби фармоишгари Барнома кабул карда мешавад.

Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон хар сол то якуми феврали баъди соли хисоботи ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар хусуси тадбирхои ичрои минбаъдаи Барнома ва самаранокии истифодаи маблагхои молияви гузориш ирсол менамояд.

 

Боби 1. Асосноки ва зарурати кабули Барнома

 

Барнома илмхоеро дар бар мегирад, ки дар заминаи илмхои табиатшиноси, риёзиёт ва истифодаи усулхои табиию риёзи, илмхое, ки мавзуи тахкики онхо дарк ва маърифати табиат ва конуниятхои ходисахои табии (илмхои биология, физика, геологияву кимиё ва гайра) бунёд шудаанд.

Баъди амали гаштани “Барномаи рушди илмхои дакик ва табиатшиноси дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2005-2008” тахкикоти илми дар сохаи илмхои дакик ва табиатшиноси чи дар муассисахои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва чи дар сохторхои тахсилоти олии касби рушду такомул пайдо кард.

Тачрибаи фоидаовари хамохангсозии тахкикот дар ин соха андухта шуд, самтхои афзалиятдоштаи рушди илмхои дакик ва табиатшиноси муайян гардида, неруи илми ба ин самтхо муттамарказ гардонида шуданд.

Дар баробари ин, мушкилоту камбуди ва норасоихо дар пешрави ва сифати амалисозии бандхои алохидаи чорабинихои Барнома муайян карда шуданд.

Хусусияти мухими амалисозии чорабинихои Барнома хамоханг гардидани он бо “Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва техника барои солхои 2007-2015” (минбаъд – Стратегия) буд, ки имкониятхои рушди бемайлону мачмуии илмхои дакик ва табиатшиноси ва таъсири рузафзуни зиёди онхоро ба пешрафти илму техникаи Точикистон васеъ менамояд.

Дар баробари ин кисми бештари муассисахои тахсилоти олии касби, муассисахои илмию тахкикоти, озмоишгох ва кафедрахо холо хам фаъолияти худро ба шароити нав мутобик карда натавонистаанд, муассисахои тахсилоти олии касби барои барпо кардани шаклхои нави робитаи илм бо истехсолот ва чустучуи манбаъхои гайрибучетии маблаггузори ба илм (махсусан илмхои дакик) ташаббус нишон надодаанд.

Аз ин ру, пешрафти минбаъда ва пурзур намудани таъсири иктидори илми ба рушди ичтимоии мамлакат минбаъд хам зарурати тагйир додани вазъи баамаломадаро дар сохаи илмхои табиатшиноси ва риёзию техники ва кабули Барномаи рушди минбаъдаи илмхои табитшиноси ва риёзию техникиро талаб менамояд.

Барнома дар асоси накшаи тадбирхо оид ба ичрои дастуру пешниходоте, ки аз мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон бо намояндахои зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2009 ва Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеояд, тахия гардидааст.

 

Боби 2. Максад ва вазифахои Барнома

 

Максади Барнома суръат бахшидан ба низоми самараноки дастгири ва рушди илмхои табиатшиноси ва риёзию техники дар Чумхурии Точикистон мебошад. Барои ноил шудан ба максадхои Барнома ва халли вазифахои дарпешистода пешбини шудааст:

-ичрои саривакти ва босифати тахкикот оид ба коркарди технологияхое, ки дар “Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва техника барои солхои 2007-2015” пешбини шудаанд;

-муайян намудани самтхои афзалиятноки илм ва технология, муттамарказонидани нерухои илми ва воситахои моддию техники дар ин самтхо;

-ворид намудани тагйироту ислохот дар сохтори муассисахои илмию тахкикоти ва мувофиккунонии онхо бо талаботи давр;

-ташкили шароити мусоид барои гузаронидани тахкикот аз руйи самтхои навтарини илм;

-рушди пояхои моддию техникии илмхои табиатшиноси ва риёзию техники;

-инкишофи инфраструктураи иттилооти дар заминаи истифодаи технологияи пешкадами иттилоотиву коммуникатсиони;

-ривочи пояхои моддию техники барои нашри асархои илми, мачалла, китобхои дарси, адабиёти иттилооти оид ба фанхои табиатшиноси ва риёзию техники;

-тайёр кардани технологхо, мухандисхо ва мутахассисон оид ба ахбороти техники;

-васеъ намудани хамкорихои илмии байналмилаливу технологи ва баланд бардоштани самаранокии он;

-истифодаи самараноки захирахои молияви, ки аз бучети давлати барои гузаронидани тахкикоти илми дар сохаи илмхои риёзию техники ва табиатшиноси чудо гардидаанд;

-чалб намудани манбаъхои гайрибучетии маблаггузори, пеш аз хама аз хисоби лоихахои ташкилотхои байналмилали барои рушди илмхои табиатшиноси ва риёзию техники.

 

Боби 3. Самтхои асосии татбики Барнома

 

Барнома бояд рушди минбаъдаи илмхои табиатшиноси, риёзию техникиро дар Чумхурии Точикистон – дар муассисахои тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби ва муассисахои зертобеи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ва дигар ташкилотхои илмию тахкикоти таъмин намояд. Дар мувофика бо ин, самтхои асосии Барнома ба халлу фасли вазифаи мухими сиёсати давлатии илмию техники: ташкили низоми самараноки дастгири ва рушди илмхои табиатшиноси, риёзию техники дар заминаи марказонидани иктидорхои илми дар сохаи тахкикоти афзалиятдор, хамкори бо олимони Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, дигар ташкилотхои илмию тахкикоти ва мактабхои тахсилоти умуми, мактабхои миёнаи махсус, мактабхои олию муассисахои зертобеи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои анчом додани тахкикоти муштарак ва тарбияи кадрхои илми, таъмини ташкилотхои илмию тахкикоти бо асбоб, тачхизот ва реактивхои зарури, ташкили сохтори муосири итилооти, баланд бардоштани самаранокии хамкорихои байналмилали равона гардидааст.

Тахкикоти илми дар Чумхурии Точикистон дар муассисахои илмию тахкикотие анчом дода мешаванд, ки маком ва сохтори хукуки доранд.

Муассисахои тахсилоти олии касби. Дар кишвар холо хамгироии илм ва тахсилоти оли дар сатхи зарури ба рох монда нашудааст. Сатхи хамкорихои нерухои муассисахои илмию тахкикоти ва муассисахои тахсилоти оли ба максади тайёр кардани кадрхои илмии тахассуси оли ва махсусан мутахассисони сохаи илмхои табиатшиноси, риёзию техники ба талаботи замон чавобгу намебошад ва ин холат ба рушди илм, сифати тахсилот ва нихоят ба ташаккули неруи аклонии мамлакат таъсири манфи мерасонад. Аз ин ру, бе хамгироии самараноки илм ва маориф рушди неруи илмию техники ва кадрии мамлакат имкон надорад.

Чихати муваффак гардидан ба максадхои Барнома ичрои вазифахои зерин зарур аст:

-таъмини дастгирии тахкикоти илмии муштарак, ки аз тарафи олимони муассисахои тахсилоти олии касби ичро карда мешавад;

-кабули чорахо доир ба рушди заминаи тачрибави ва иттилооти барои тахкикоти илми ва такмили раванди таълим дар муассисахои тахсилоти оли;

-чалби бештари чавонон ба сохаи илмхои табиатшиноси, риёзию техники ва фаъолияти инноватсиони;

-дастгирии давлатии тайёр кардани кадрхои илми, ки он ба такмили заминаи меъёрии хукукии илм, механизмхои маблаггузори, ташкил кардани тахкикот нигаронида шудаанд;

-давра ба давра зиёд намудани андозаи стипендияи аспирантхо;

-такмили низоми пардохти мехнати докторон ва номзадхои илм хамчун рохбарони илми;

-чори намудани низоми шартномавии пардохти музди мехнат дар сохаи илм;

-ворид намудани тагйирот ба накша ва барномахои таълимии марбут ба илмхои табиатшиноси, риёзию техники.

Академияи илмхои Чумхурии Точикистон. Академияи илмхои Чумхурии Точикистон муассисаи давлатии олии худидорашавандаи илмии Чумхурии Точикистон аст, ки гузаронидан, инкишоф додан ва хамоханг сохтани тахкикоти бунёди ва амали дар кишвар, тахлили масъалахои мухими рушди иктисоди, ичтимои ва фархангиро таъмин ва дар ташаккулу амалисозии сиёсати давлатии илмию техники иштирок мекунад.

Ба хайати Академияи илмхои Чумхурии Точикистон 19 институти илмию тахкикоти, бахши дар Помир будаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, марказхои илмии Хучанд ва Хатлон, Агентии амнияти ядрои ва радиатсиони дохил мешаванд.

Институтхои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, муассисахои дигари илми- тахкикоти, муассисахои тахсилоти олии мамлакат ва мактабхои илмиро, ки ба мавзуъхои мушаххаси тахкикот дар аксари сохахои илм муайян карда шудаанд, дар бар мегирад. Тачрибаи хамгироии бахшхои академи, сохави ва тахсилоти оли дар гузаронидани тахкикоти муштараки бунёди, ба вучуд овардан ва татбик намудани технология ва маводи нав, дорухои табобати ва усулхои самарабахши табобати беморон, офаридани навъхои нави зироатхои кишоварзи ва зотхои нави хайвонот андухта шудааст. Вале тачрибаи мавчудаи хамгироии бахшхои академи, сохави ва тахсилоти оли доир ба гузаронидани тахкикоти илми ва тахияи технологияхои ракобатпазир холо дар сатхи зарури чавобгуйи талаботи муосири рушди чомеа намебошад ва кудрати таъмини гузариш ба рохи рушди инноватсионии илм ва технологияро надорад.

Дар раванди илмию тахсилоти таваччухи махсус ба чихатхои инноватсионии рушди илм ва ба вучуд овардани технологияхо ба максади тайёр кардани мухандисон, технологхо, конструкторхо, ки метавонанд дар сатхи баланди касби ба фаъолияти инноватсионию сохибкори машгул шаванд, дода мешавад. Академияи тахсилоти Точикистон гузаронидани сохтани тахкикоти илми доир ба педагогика ва сохаи тахсилоти, истифодаи тачрибаи ватани ва чахони дар сохаи илмхои педагоги ва амалия, тахияи асосхои илмии шаклхои фаъоли таълим дар мактабхои тахсилоти умуми ва тахсилоти олии касбиро амали месозад. Дар назди Академияи тахсилот Пажухишгохи илмию тахкикотии педагоги ва Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф амал мекунад. Мураттаб ва мувофиксозии шабакаи муассиса ва ташкилотхои илмию тахкикоти имкон медахад, ки захирахо ба самтхои афзалиятдоштаи рушди илм, технология ва техника бо максади баланд бардоштани самаранокии илм муттамарказ гардонида шаванд.

Дар Барнома тадбирхои мушаххас бо дарназардошти имкониятхои вокеи ва пешбинишавандаи кишвар, хисобу китоби дахлдори харочоти иловагии молияви пешниход карда шудааст.

Хангоми ичрои низоми тадбирхои Барномаи рушди минбаъдаи илмхои табиатшиноси, риёзию техники дар Чумхурии Точикистон ва мутаносибан бо ин, барои тахия ва дар истехсолот истифода намудани технологияхои нав заминаи зарури фарохам оварда мешавад.

Бо назардошти максад ва вазифахои нишондодашуда Барнома 7 самти зеринро пешбини менамояд:

1) Муттамарказонидани иктидорхои илми дар самтхои асосии тахкикот.

Дар системаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва муассисахои тахсилоти олии касбии чумхури мактабхои илмии эътирофи чахони пайдокарда дар чунин самтхои илм, аз кабили риёзиёт, астрофизика, физика, асосхои химиявиву технологии истифодаи захирахои ашёи хом, геология, сейсмология, омузиши олами хайвонот ва захирахои биологи, физиология ва биохимияи растанихо, хирургия, гастроэнтерология, психиатрия ва наркология, генетика ва селексияи пахта ва зироатхои дигари кишоварзи, усулхои мубориза бар зидди зараррасонандахои кишоварзи, хокшиноси ва агрохимия таъсис дода шуда буданд.

Вале дар айни замон бо сабаби чой доштани масъалахои чиддие, ки ба имкониятхои махдуди маблаггузори ва фарсудагии заминаи моддиву техникии илм алокаманд мебошанд ва хамчунин бо дарназардошти суръати фавкулодда баланди рушди илми чахони, ракобати афзоишёбандаи мактабхои илми ва талаботи вокеии рушди ичтимоиву иктисодии мамлакати мо масъалаи бехад мухим ин муайян кардан ва чудо намудани самтхои афзалиятдоштаи тахкикоти илми дар ояндаи наздик, муттамарказ гардонидани нерухои илми ба ин самтхо, дастгирии мактабхои ташаккулёфта ва самаранок фаъолияткунандаи илми ва дар як вакт ба вучуд овардани шароити мусоид барои анчом додани тахкикот доир ба бахшхои навтарин ва тезрушдкунандаи илм мебошад.

Муайян кардани самтхои нав ва тез рушд кардаистодаи тахкикот имконият медихад, ки захирахои асоси ба ин самтхо равона карда шуда, заминаи моддиву техникии илм ба максадхои муайян тахким ёбад ва кадрхои илми тарбия карда шаванд. Ин, дар навбати худ, дар сатхи муосир анчом додани корхои илми, баланд бардоштани ракобатпазирии корхои илмиро таъмин намуда, дар нихояти кор дар амал бештар татбик ёфтани натичахои тахкикотро суръат мебахшад.

Дар асоси самтхои ояндадору афзалиятдошта ва нави тахкикот барномахои мачмуи ва максаднок ташаккул меёбанд, ки дар онхо максад ва вазифахои тахкикот, ичрокунандагон, мархила ва мухлатхои ичрои кор, хачм ва манбаъхои маблаггузори, натичахои чашмдошт, тавсияхои амали, самаранокии иктисоди ва ичтимои муайян карда мешаванд.

Хукумати Чумхурии Точикистон самтхои асосии тахкикоти илмиро барои давраи то соли 2015 кабул кардааст ва дар ин асос бо назардошти холати вокеии рушди илмхои муосир равандхои зерини тахкикоти илми афзалиятдор шуморида мешаванд:

а) Риёзи.

б) Физика. Физикаи ядрои, физикаи механики ва усулхои ченкунии хосиятхои гармофизикии моддахо. Физикаи холатхои конденси. Оптика ва электроникаи кванти. Масъалахои физикию техникии энергетикаи алтернативи. Физикаи нанотехнология ва омузиши хосиятхои физикию химиявии онхо. Амнияти ядрои ва радиатсиони.

в) Химия. Коркарди такрории мачмуии ашёи хоми маъдани ва партовхои саноати. Химияи пайвастагихои координатсиони. Химияи пайвастагихои аз чихати биологи фаъол. Геохимияи кабати тахшинии замин. Металлхо ва хулахои хосиятхои махсусдошта. Мавод барои микроэлектроника. Полимерхо ва композитхо. Синтези доруворихо ва иловахои гизои.

г) Биология. Омузиш, хифз ва истифодаи окилонаи навъхои гуногуни биологи, генофонд, захирахои биологи ва гуногуншаклии биологии марзхои махсусан хифзшавандаи Точикистон. Омузиши таъсири тагйироти иклим, омилхои антропогени ва техногени ба намудхои гуногуни биологи, системахои табиии экологи ва зироатхои кишоварзи. Интродуксия ва мутобикшавии растанихо. Такмил додани низоми дастачамъии мухофизати зироатхои кишоварзи аз зараррасонандахо.

д) Фотосинтез ва хосилнокии растанихо. Генетика ва биохимияи фотосинтез. Истифодаи озмунхои физиологи дар селексияи зироатхои кишоварзи.

е) Мутобикшавии биохимияви ва омилхои танзимкунандаи устувории организмхои зинда ба таъсири офатхо. Таъсири радиатсияи ултрабунафш ба фаъолияти растанихои баландкух. Физиологияи хайвонот.

ё) Асосхои генетики-физиологии коркарди агротехнологияхои пурсамар. Истифодаи усулхои биотехнологияи муосир дар селексияи навъхои нави зироатхои кишоварзи, парвариши растанихо ва истехсоли маводи тухмии солим.

ж) Зилзилашиноси. Мониторинги (назорати) сейсмологи ва баходихи ба хатари сейсмики. Коркарди усулхои ягонаи чамъовари, коркард, интикол ва нигох доштани иттилооти сейсмики ва иттилооти дигари геофизики. Назарияи ба зилзила тобоварии бино ва иншоот. Усулхои тачрибавии ба зилзила тобовари.

з) Экология. Технологияхои сарфаи энергия. Манбаъхои гайрианъанавии баркароршавандаи аз нигохи экологи тозаи энергия, усулхои табдили онхо ва захираи энергия (аккумулятсия).

и) Геология. Канданихои фоиданок. Маъданхосилшави ва металлогения. Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия. Тектоника.

к) Астрофизика. Чисмхои хурди системаи Офтоб, объектхои наздизамини, ситорахо ва системахои ситораги. Астрономияи берунигалактики.

2) Муттамарказонидани нерухои илми ва технологи ба самтхои афзалиятдоштаи рушди иктисодиву ичтимоии кишвар.

Ба максади афзун гардонидани таъсири илм ба рушди ичтимоиву иктисодии мамлакат, наздик кардани (пайвастани) илм ба эхтиёчоти амали, тавсиаи доираи тахкикоти амали ва баланд бардоштани самаранокии онхо, ба вучуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияхои инноватсиони зарур аст.

Неруи илми бояд дар чунин самтхои афзалиятдоштаи сиёсати рушди ичтимоию иктисодии мамлакат истифода шавад:

а) Сиёсати ичтимоию иктисоди:

-созмон додани сохтори идоракунии иктисодиёти милли ва омилхои иктисодиву хукуки, ки ба принсипхои иктисодиёти бозаргони мувофик бошанд;

-гузаронидани сиёсати фаъоли сохториву саноати, ки ба инкишоф додани истехсолоти воридотию ракобатпазир ва корхонахои аз чихати таксимоти байналмилалии мехнат ояндадор равона шудааст;

-рушди иктисодию ичтимоии комплекси агросаноати;

-тахкими низоми молиявию бонки;

-такмили сиёсати инноватсиони, ки чалби маблагхои асосии хоричиро ба иктисодиёт пешбини менамояд;

-такмили низоми давлатии хифзи ичтимои, шугли ахоли ва сиёсати давлатии демографи.

б) Гидроэнергетика, истифодаи мачмуи ва окилонаи захирахои об, манбаъхои баркароршавандаи энергия ва технологияхои сарфаи энергия:

-рушди минбаъдаи гидроэнергетика;

-асоснок намудани сиёсати сарфаи энергия дар хама сохахои иктисодиёти милли;

-истифодаи комплекси ва окилонаи захирахои об;

-истифодаи манбаъхои гайрианъанавии аз чихати экологи тозаи баркароршавандаи энергия (Офтоб, энергияи шамол, манбаъхои геотермали ва биомасса).

в) Комплекси саноати ва ашёи хоми маъдани, офаридани маводи нав ва технологияхои муосир:

-истехсоли маводи нав, коркард ва дар саноат истифода бурдани технологияхои муосир;

-тахияи технологияхои аз нав кор кардани алюминий ва истехсоли махсулоти тайёр;

-тахияи технологияхои аз нав кор кардани пахта ва навъхои дигари ашёи хоми кишоварзи;

-ба вучуд овардан ва истифодаи технологияхои сарфаи захирахои кампартов ва аз чихати экологи тозаи коркарди мачмуии захирахои ашёи хоми маъдани;

-тахия ва аз худ кардани технологияхои коркарди такрории захирахои пасмонда;

-коркарди технологияхои масолехи сохтмони;

-тавсиаи заминаи ашёи хоми маъдани;

-коркарди технологияи хосил кардани нанамавод.

г) Устувори ва амнияти экологи:

-мониторинги (назорати) мухити зист, тахияи чорабинихо оид ба хифзи табиат;

-коркарди технологияхои тоза кардани обхои равон, безараргардонии партовхо ва бетаъсиргардонии партовхои корхонахои саноати;

-тахлили таъсири антропогени ва техногени ба тагйироти иклим, мониторинги (назорати) холати атмосфера ва гидросфера;

-тахлили тагйироти иклим, таъсироти антропогени ва техногени ба навъхои гуногуни биологи, низоми табииву экологи ва кишти зироатхои кишоварзи;

-назорати (мониторинги) навъхои гуногуни биологи ва амнияти биологи;

-мониторинги радиатеиони ва амнияти радиатсиониис ахоли ва мухити зист;

-мониторинги холати сейсмологи дар марзи мамлакат, коркарди усулхои пешгуи кардани заминларзахо, таъмини амнияти сейсмологи, истифодаи технологияхои нави иттилоотиву коммуникатсиони барои ба даст даровардани иттилооти бефосила ва зуди сейсмологи.

д) Технологияхои иттилоотиву коммуникатсиони:

-рушд ва таъмини дастрасии инфрасохтори муосири иттилоотиву коммуникатсиони ба доираи васеи ахоли, дастгирии рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсиони дар мамлакат;

-таъмини самаранокии истифодаи технологияхои иттилоотиву коммуникатсиони дар идоракунии давлати ва сохаи ичтимоиву иктисоди, сохахои илм, тандурусти, маориф.

е) Маориф:

-тарбия ва омода намудани кадрхои илмиву омузгории тахассуси оли;

-тахияи стандартхои давлатии тахсилот, накша ва барномахои таълими барои мактабхои тахсилоти умуми ва тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби;

-омода ва нашр кардани китобхои дарсии силсилаи нав барои мактабхои тахсилоти умуми, тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби;

-тайёр кардани кадрхои баландихтисос – технологхо, нанотехнологхо, мухандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахассисони ахбороти технологи.

Дар назар аст, ки доир ба хар яке аз самтхои дар боло нишондодашуда, ки ба рушди ичтимоиву иктисодии кишвар мусоидат менамоянд, барномахои максадноки мачмуи, технологияхо, тавсияхои амали ва чорабинихои дигаре, ки ба истифодаи босамари натичахои тахкикоти илми нигаронида шудаанд, тахия карда мешаванд.

3) Тахкими заминаи моддию техники ва таъмини ташкилотхои илмию тахкикоти бо тачхизоти илми, асбоб, реактив ва дигар маводи зарури.

Самаранокии тахкикоти илми бештар ба холат ва рушди заминаи моддию техники, таъмини кормандони илми бо асбоб ва тачхизоти навтарин, навсози ва такмили асбобхои илми, таъмини реактивхою таркибхои химияви ва гайра вобаста аст. Дар кишвархои тараккикарда ба ин максадхо маблагхои зиёд чудо карда мешавад.

Бо сабабхои ба хама маълум дар Точикистон, дар дахсолаи охир имконияти зарурии расонидани ёри барои рушди заминаи моддию техникии илм ва навсозии асбобу тачхизоти ташкилотхои илмию тахкикоти мавчуд набуд.

Бо назардошти ин вазъият дар Барнома ба тадбирхое диккати асоси дода мешавад, ки ба тахким ва азнавсозии (модернизатсияи) заминахои моддию техникии ташкилоти илмию техники ва таъмини кормандони илм бо асбоб, тачхизот, реактивхо ва дигар маводи зарури равона карда шудаанд.

Ба сифати тадбирхои аввалиндарача таъмир, навсози, тачдиди (модернизатсияи) чунин объектхои илми, аз чумла дар шахрхои маркази расадхонахои ситорашиноси, пойгоххои зилзилашиноси, богхои наботот ва дар муассисахои тахсилоти умуми, муассисахои ибтидои, миёна ва олии касби ва муассисахои зертобеи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон озмоишгоххои мучаххаз пешбини мегардад.

Ба таври назаррас нав кардани асбобу тачхизоти илми ба накша гирифта мешавад, маблагхо асосан барои харидории асбобхои барориши силсилави истифода мешаванд.

Чудосозии харсолаи маблагхои иловаги барои харидории реактивхои химияви, асбобхо, пайвастагихои фаъоли биологи ва маводи гуногуннавъ, лавозимоти техники, ки барои анчом додани тахкикот заруранд, пешбини карда мешавад.

4) Хамкории институтхои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон бо муассисахои тахсилоти оли.

Яке аз вазифахои мухими Барнома таъмини инкишофи хамкорихои институтхои академи ва муассисахои тахсилоти олии касби ба хисоб меравад. Пешбини мешавад, ки дар асоси Барномаи хамгироии илм ва маориф, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик шудааст, чорабинихо тахия карда мешаванд, ки онхо ба муттахид кардани неруи илмии институтхои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва муассисахои тахсилоти олии касби имкон фарохам оварда, низоми тайёр кардани мутахассисони чавонро максаднок ва самараноктар мегардонанд.

Дар ин чо чалби кормандони пешбари илмии академи ва кор дар асоси хамкорихо дар муассисахои тахсилоти олии касби барои анчом додани тахкикоти муштарак, хондани лексияхо ва рохбари ба аспирантон, навиштани китобхои дарси ва дастурхои таълими дар мадди назар аст. Донишчуён барои чалб шудан ба кори илми ва гузаронидани тахкикот дар институтхои академи имкониятхои бештар ба даст меоранд. Зарур аст, ки шаклхои хеле гуногуни хамгироии бахшхои академи ва муассисахои тахсилоти олии касби дар илм истифода шаванд. Аз ин нуктаи назар, ташаббуси Донишгохи миллии Точикистон доир ба кушодани Институти илмию тахкикотии илмхои табиатшиноси дар назди ин мактаби оли кобили таваччух аст, ки дар он дар баробари кормандони Донишгохи миллии Точикистон, хамчунин олимони Академияи илмхои Чумхурии Точикистонмутахассисони сохаи илмхои дакик ва табиатшиноси кор мекунанд ва аспиранту донишчуёни факултахои табиатшиноси имкон доранд, ки корхои илмиро тахти рохбарии олимони хам Донишгохи миллии Точикистон ва хам Академияи илмхо анчом диханд.

Бо максади ба вучуд овардани шароити мусоид барои ичрои тахкикоти илми ва дастгирии вазъи моддии мутахассисони чавон -хатмкардагони мактабхои оли онхо дар асоси шартнома ба кор кабул карда мешаванд, аз чумла барои иштирок дар ичрои лоихахои илми, барномахои мачмуии максаднок ва шартномахо бо хочагихо бо мукаррар кардани музди мехнати мувофик пешбини мегарданд.

Андешидани чорахо чихати ба вучуд овардани шароити мусои барои тахсили аспирантхо, бехтар намудани низоми тайёр кардани кадрхои илмии тахассуси оли – доктор ва номзадхои илм зарур аст. Пешниход дар бораи дар соли 2010 ташаккул додани шабакаи нави шурохои диссертатсиони дар кишвар, хамчунин такмили тартиби аттестатсияи кадрхои илми ва илмию омузгории тахассуси оли ва бехтар намудани фаъолияти Комиссияи аттестатсияи кадрхои илми ва илмию омузгории тахассуси оли омода карда мешаванд.

Гузаронидани корхои муштараки илмию тахкикотии кормандони институтхои академи, институтхои илмию тахкикотии сохави ва муассисахои тахсилоти олии касби аз руйи шартномахои хамкори, лоихахои муштарак аз руи грантхои ташкилотхои байналмилали ва аз руйи фармоишхои вазоратхо, корхонахо ва ташкилотхо дар асоси бастани шартномахо бо хочагихо пешниход мешавад.

Таъмини дастгирии тахкикоти илмии муштарак, ки аз тарафи олимони муассисахои илмию тахкикоти ва муассисахои тахсилоти олй ичро карда мешаванд.

Кабули чорахо доир ба рушди заминаи тачрибави ва иттилооти барои тахкикоти илми ва такмили раванди таълим дар муассисахои тахсилоти оли.

Ба вучуд овардани заминаи меъёрии хукукии фаъолияти сохторхои хамгиросозанда (интегратсиони).

Тайёр кардани мутахассисон оид ба технологияхои навин, мухандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахассис оид ба ахбороти технологи дар давлатхои хоричии дур ва наздик.

Таваччухи махсус ба хамкории олимон дар ичрои барномахои мачмуй ва максаднок доир ба масъалахои мухими илми ва илми техники ва чорабинихои “Барномаи миллии амалиёти мубориза ва накшаи амалиёт доир ба хифз ва истифодаи окилонаи гуногуншаклии биологи”, “Накшаи миллии амалиёти Чумхурии Точикистон доир ба сабук гардонидани окибатхои тагйирёбии иклим” ва монанди инхо дода мешаванд. Ташаббус доир ба баргузор намудани конференсияхои муштараки илми, симпозиум ва семинархо, нашри асархои илми ва мачмуаи маколахо дастгири карда мешаванд.

Дар асоси “Барномаи тайёр кардани кадрхои илми барои солхои 2009-2015” чорабинихои зарурии тайёр кардани кадрхои илмии тахассуси оли дар Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Академияи тахсилоти Точикистон, институтхои илмию тахкикотии сохави ва мактабхои олии касби ба максади бо мутахассисон, хусусан дар сохахои нав ва тезрушдкунандаи илм ва технологияхо пурра таъмин намудани муассисахои илмию тахкикоти тахия карда мешаванд.

Бо максади дастгирии ичтимоии кормандони сохаи илм мебояд, ки як катор санадхои конунгузори ва меъёрию хукуки омода ва кабул карда шаванд, аз чумла: дар бораи такмил додани низоми (системаи) пардохти музди мехнат дар сохаи илм; дар бораи давра ба давра чори намудани системаи шартномавии пардохти музди мехнат; дар бораи шароит ва тартиби пардохти музди мехнати олимони Академияи илмхо ва ташкилотхои илмию тахкикотии сохави, ки дар асоси хамкори дар муассисахои тахсилоти олии касби кор мекунанд ва гайра. Дастгирии давлатии кормандони сохаи илм, хусусан аспирантхо ва олимони чавон чихати бехтар кардани шароити зиндагонии онхо зарур аст:

-гузориши (трансформатсияи) мазмуни тахсилот аз донишмарказонидан, ки натичаи нихоии масъулият ва салохият ба хисоб меравад;

-заминахои моддию техники, мухити фаннию макони ва таъминоти таълимию методии муассисахои тахсилоти касби ба шароити муосири ичтимоию иктисоди, ба талаботи раванди таълимию тарбияви мувофик карда шавад;

-маданияти забондони, иттилооти, экологи, иктисоди ва хукукии мухассилин тахким бахшида шавад;

-такмил бахшидани сохтор ва мазмуни барномахои тахсилоти касби, бозомузи ва такмили ихтисоси омузгорони хамаи зинахои тахсилоти касби;

-таъмини пай дар пайи зинахои тахсилоти касби аз руйи мазмун ва давомнокии тахсилот.

5) Ташаккули заминаи иттилоотии тахкикот дар сохаи илмхои табиатшиноси.

Чумхурии Точикистон аз чихати сатхи фаъолияти инноватсиони, нуфузи махсулоти баландтехнология дар сохтори истехсолот ва содирот, рушди инфрасохтори аз давлатхои аз чихати иктисоди пешрафта хеле кафо мондааст.

Ракобатпазири аз руи суръати истифодаи навоварии илмиву техники ва хавасмандии истехсолот ба дастовардхои илми, самаранокии равандхои инноватсиони муайян карда мешавад. Вобаста ба ин, истифодаи захирахои зехни ва ташаккули заминаи илмиву технологи яке аз вазифахои мухими умумимиллии Чумхурии Точикистон мебошад, ки кабули тадбирхои махсус доир ба рушди инноватсиони – ба вучуд овардани шароити зарурии ташкили, иктисоди ва хукукиро талаб мекунад. Бо андозаи фарохам омадани шароити зарури инфрасохтори инноватсиони низ дар шакли марказхои инноватсионию технологи, бизнес-инкубаторхо, марказхои трансфери технологияхо ва монанди инхо ташаккул меёбанд.

Ба фаъолгардони ва хавасмандии фаъолияти ихтирооти кушиш ба харч додан зарур аст, зеро патентхо ба ихтироот яке аз омилхои муайянкунандаи неруи инноватсионии мамлакат мебошанд.

Таваччухи махсус бояд ба тайёр кардани мутахассисон дар сохаи нанотехнология ва менечменти инноватсиони равона карда шавад.

Ба катори самтхои афзалиятдоштаи фаъолияти инноватсиони дар кишвар мо ва хамкорихои байнидавлатии инноватсиони, ки дар асоси онхо лоихахои инноватсиони тахия шуда метавонанд, инхоро номбар кардан мумкин аст: маводи металлии конструксиони, технологияхои энергияи тачдидпазир, маводи полимерии композитсиони, технологияхои сарфаи энергия, мувофиксозии кори гидроузелхо бо истифодаи усулхои моделсозии математики, технологияи истехсоли пектини камметил, технологияхо дар сохаи мониторинги мухити зист ва пешгири кардани офатхои табии ва техногени, инженерияи генетеки ва биотехнологияи гени, истифодаи тестхои физиологи дар селексияи навъхои нави зироатхои кишоварзи, технологияхои истехсоли дорухои нави табобати дар асоси истифодаи ашёи хоми растанихои махалли ташхис, пешгири ва табобати касалихои инсон.

Яке аз сабабхои мухимтарине, ки рушди илмхои табиатшиносиро дар кишвари мо ба таъхир меандозад, акибмони дар ташкили инфраструктураи иттилооти мебошад, ки ба истифодаи технологияи навтарини иттилоотию коммуникатсиони асос ёфтааст. Мактабхои тахсилоти умуми, мактабхои ибтидоии миёна ва олии касби ва муассисахои зертобеи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон, институтхои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон бо техника ва технологияи компютери суст мучаххазанд. Ташкили инфраструктураи иттилооти, ки чавобгуи талаботи муосир бошад, дар мархилаи ибтидоии худ карор дорад. Дар 5 соли охир бояд шабакаи итилоотии ИНТЕРНЕТ бунёд карда шавад.

Дар баробари рушди робитаи компютери ва технология зарур аст, ки ба дастгирию тахкими заминаи анъанавии иттилоотии илм -китобхонахои илми диккати зарури дода шавад. Солхои охир, чунонки маълум аст, ба китобхонахои илми ворид шудани адабиёти махсуси илми аз мамлакатхои дигар якбора кохиш ёфт. Мубодилаи байналмилалии байни китобхонахо дар сатхи паст карор дорад, барои такмили китобхонахо бо нашрияхои нави илми маблаги ночиз чудо мегардад.

Яке аз халкахои нисбатан сусти инфраструктураи илмхои табиатшиноси нашри осори илми мебошад. Аз сабаби кофи набудани маблаггузори монографияхо, мачмуахо, мачаллахои илми, асархои илми хеле кам ба нашр мерасанд, конференсияхои илми оид ба масоили мухими илмхои табиатшиноси кам баргузор мешаванд. Аз ин сабаб натичахои тахкикот кухна мегарданд, тархрезихои олимони Точикистон ба фазои байналмилалии илмию иттилооти ворид намешаванд.

Тачрибаи чахони ба тарзи равшан нишон медихад, ки бе заминахои зарурии иттилооти пешрафти илм, сохтани технологияи нави кобили ракобат ва истифодаи босамари он дар амал имконнопазир аст.

Бо дарназардошти чунин омилхо дар ин Барнома ба ташкили заминаи иттилоотии тахкикот дар сохаи илмхои табиатшиноси таваччухи асоси зохир карда мешавад.

Дар солхои наздик бо максади пайваст шудан ба шабакаи байналмилалии интернетии хамаи муассисахои илмию тахкикоти, ки дар онхо оид ба илмхои табиатшиноси тахкикот анчом дода мешавад, тадбирхо пешбини карда мешаванд. Барои ичрои ин максад зарур аст, ки мактабхои тахсилоти умуми, мактабхои ибтидои, миёна ва олии касби ва муассисахои зертобеи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон, муассисахои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон бо кадри кофи бо компютер ва техникаи дигари иттилооти таъмин карда шаванд. Дар натича барои гирифтани иттилооти илми аз, маркази илми ва китобхонахои хар кадом кишвар рох кушода мегардад.

Ташкили китобхонахои махсусгардонидашудаи электрони ва хазинахои иттилоотии маълумот оид ба самтхои алохидаи илмхои табиатшиноси дар назар аст.

Татбики технологияи иттилоотию коммуникатсионии мархилаи нав дар амалияи илми тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар мактабхои олии касбии мамлакат ва ба рох мондани низоми тарбия ва бозомузии кормандони илм ва мутахассисон дар сохаи истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсиониро талаб мекунад.

Барнома оид ба дастгирии китобхонахои илми ва мукаммал кардани фондхои адабиёти илми заминаи гирифтани маълумот аз дигар нашрияхои пешкадами илми ва мачаллахо, дастгирии нашри асархои илми, адабиёти иттилооти, воситахои таълими оид ба илмхои табиатшиносиро пешбини мекунад.

6) Дастгири ва рушди хамкорихои байналмилалии илми.

Ояндаи илми Точикистон аз бисёр чихат ба он вобаста аст, ки он то чи андоза тез ва самаранок ба фазои чахонии илм ворид шуда метавонад. Бо назардошти ин чорахое андешида мешаванд, ки ба дастгири ва рушди шаклхои гуногуни хамкори ва шарикии олимони Точикистон бо олимони давлатхои дигар равона гардидаанд. Дар Стратегия ба таври назаррас тавсиа бахшидан ва баланд бардоштани самаранокии хамкорихо бо ташкилот ва муассисахои илмии давлатхои ИДМ, давлатхои дигар, ташкилотхои байналмилали, фондхо, ассосиатсияхо ва монанди инхо хам дар асоси шартномаву созишномахои ба имзо расондаи Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо ва хам Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, муассисахои алохидаи илмию тахкикоти ва мактабхои оли пешбини гардидааст.

Хамчунин, чалби олимон ба ичрои лоихахои илми ва илмию техники дар чахорчубаи созишномаву шартномахои байналмилали, пеш аз хама бо давлатхои Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ), барномаву лоихахо аз руи грантхо, ки аз тарафи марказхо, фондхо ва ташкилотхои байналмилали, аз чумла Маркази байналмилалии илмию техники, Ташкилоти озукавори ва кишоварзии СММ (ФАО), Фонди чахонии экологи, Ташкилоти умумичахонии СММ доир ба масъалахои тандурусти, Ташкилоти СММ доир ба масъалахои маориф, илм ва фарханг (ЮНЕСКО), Ташкилоти давлатхои исломи доир ба масъалахои маориф, илм ва фарханг (ИСЕСКО), Агентии байналмилалии энергияи атоми (МАГАТЭ), Маркази байналмилали доир ба тахкикоти кишоварзи дар минтакахои хушкида (ИКАРДА), Маркази байналмилали доир ба бехтар кардани чуворимакка ва гандум (СИММИТ), Институти байналмилалии захирахои генетики (ИПГРИ) низ пешбини гардидаанд. Тавсиаи хамкорихои бисёрчанбаи байналмилалии илми аз руи самтхои Ассотсиатсияи байналмилалии академияи илмхо (МААН), Ассотсиатсияи Академияи илмхои Осиёи Маркази (ААНСЦА), Академияи илмхо барои чахони рушдкунанда (ТВАС), Кумитаи доимии хамкории илми ва технологии Ташкилоти конференсияи исломи (КОМСТЕК) дурнамои хуб дорад.

Таваччухи махсус ба тавсиаи имкониятхои сафари олимон ба марказхои пешсафи илмию тахкикотии чахон барои кори илми ва барои иштирок дар конференсияхои байналмилали ва чорабинихои дигари илми равона карда мешавад.

Дастгири чихати дар кишвари мо баргузор намудани конференсияхои байналмилалии илми, симпозиумхо, семинархо ва монанди инхо доир ба масъалхои мухими илм пешбини мешавад.

Дар натичаи амалисозии ин чорабинихо имконияти иштироки олимони Точикистон дар баргузории тахкикоти муштарак бо олимони хорича аз руи лоихаву барномахои байналмилали, истифодаи базаи муосири тачрибави ва асбобии марказхои илмии хоричи, тахсил ва такмили ихтисоси олимони чавон ба таври назаррас тавсиа меёбад. Намояндагии васеи олимони Точикистон дар конференсияхо ва чорабинихои дигари илми ва давлатхои хоричи ва баргузории онхо дар Чумхурии Точикистон ба воридшавии илми мамлакати мо ба фазои байналмилалии илм, тахкими афзалиятхои дастовардхои олимони точик ва ба даст овардани иттилооти зарури доир ба комёбихо ва равишхои рушди илм дар чахон мусоидат менамояд.

7) Рушди робитахои иттилоотиву коммуникатсионии илм.

Зимни тахияи Барномаи рушди сохаи иттилоотиву коммуникатсиони як катор чорабинихое пешбини мегарданд, ки ба ичрои тахкикоти илми равона шудаанд.

То соли 2010 ташаккул додани шабакаи иттилооти бо пайвастан ба шабакаи байналмилалии иттилоот – ИНТЕРНЕТ ва ворид шудани хамаи муассисахои илми-тахкикотии мамлакат ба он низ пешбини мегардад. Барои амали кардани ин максад бо микдори кофии компютерхо ва техникаи дигари иттилооти таъмин намудани институтхо, озмоишгоххо ва кафедрахо зарур аст. Дар натича, ба гирифтани иттилооти илми аз давлатхои дигар, марказхои илми, китобхонахо ва монанди инхо имконият фарохам меояд. Хамчунин таъсиси китобхонахои махсусгардонидашудаи электрони, мачаллахои электрони ва хазинахои (базахои) иттилоотии маълумот доир ба самтхои алохидаи илм дар назар аст.

Бо мусоидати Ассосиатсияи точикистонии истифодакунандагони шабакахои компютери, институтхои академи, тахкикоти ва институтхои тахсилотии академи ва мактабхои олии касби ба истифодаи низоми алокаи оптикию нахии муосир гузаронида мешаванд.

Барои истифодабари аз навтарин технологияхои иттилоотиву коммуникатсиони тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси сохаи мухандиси, технологхо, донструкторон дар мактабхои олии касби ва ба тартиб даровардани системаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони илми ва мутахассисон дар сохаи истифодаи технологияхои иттилоотиву коммуникатсиони дар назар дошта шудааст.

Стратегия дастгирии китобхонахои илми ва пурра кардани фондхои адабиёти илми, ба базаи маълумот пайвастани нашриётхои пешсафи илми ва мачаллахо, дастгирии нашри асархои илми, адабиёти иттилоотиву маълумоти, дастурхои илмиву методиро пешбини мекунад.

Дар замони муосир хамкории байналмилалии илми бо суръати нихоят баланд таракки намуда, дар дарачаи бештар пешрафти илм ва самаранокии истифодаи дастовардхои илмиро дар хамаи сохахои фаъолияти чомеаи инсони муайян мекунад. Ояндаи илми Точикистон бештар ба ин вобаста хохад буд, ки чи гуна зуд ва босамар вай метавонад ба фазои илми чахони ворид шавад, хамгирои пайдо намояд. Бо назардошти ин, дар Барнома тадбирхое дохил карда шудаанд, ки ба дастгири ва рушди шаклхои гуногуни хамкори ва кооператсияи олимони Точикистон бо олимони мамлакатхои дигар равона шудаанд.

Барнома чалби олимонро ба ичрои лоихахои илми ва илмию техники дар доираи шартномаю созишномахои байналмилали, барномаю лоихахо оид ба грантхо, ки аз тарафи фондхою ташкилотхои байналмилали ва хоричи пешниход карда мешаванд, пешбини мекунад. Таваччухи асоси ба васеъшавии имконияти ба сафари хидмати фиристодани олимон ба марказхои пешкадами илмию тахкикоти барои кори илми ва иштирок дар конференсияхои байналмилали ва дигар чорабинихои илми равона мегардад. Расонидани кумак барои дар кишвари мо гузаронидани конференсияхои байналмилалии илми, симпозиум, семинар ва гайра оид ба масоили мухимтарини илмхои табиатшиноси пешбини карда мешавад.

 

Боби 4. Хачм ва манбаъхои маблаггузории Барнома

 

Манбаи асосии таъмини захиравии Барнома ин маблагхое, ки хамасола барои сохаи илм чудо карда мешаванд, ба хисоб меравад. Хулоса оид ба мувофики максад будани маблаггузории хар кадом кори илмию тахкикоти, хачм ва мухлати ичрои он ба Шурои хамохангсозии корхои илмию тахкикоти (КИТ) дар сохаи илмхои табиатшиноси пешниход карда мешавад. Шурои хамохангсозии КИТ хулосаи мувофики максад будани корхои илмию тахкикотиро ба Вазорати рущди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон интикол медихад.

Барои маблаггузории Барнома манбаъхои гайрибучетие низ истифода мешаванд, ки ба онхо маблагхои сармоягузори, маблагхое, ки фонд ва ташкилотхои байналмилали ва хоричи барои ичрои лоихахои илми ва илмию техники чудо кардаанд, дохил мешаванд.

Хачми маблаггузории тадбирхои Барнома аз имконияти бучети давлати, воридшавии вокеии маблагхои гайрибучети ва талаботи табии ба харачоти молияви вобаста аст.

 

Боби 5. Идоракунии татбики Барнома ва назорати ичрои он

 

Идоракунии давлатии Барнома Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон мебошад.

Ичрокунандагони асосии Барнома муассисахо ва ташкилотхои илмию тахкикоти, мактабхои тахсилоти умуми, мактабхои ибтидои, миёнаи касби, мактабхои олии касби ва муассисахои зертобеи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон мебошанд, ки дар онхо оид ба илмхои табиатшиноси ва риёзию техники тахкикот анчом дода мешавад.

Назорати ичрои Барномаро Шурои хамохангсозии КИТ анчом медихад. Чараёни ичрои тадбирхои Барнома, арзёбии ахамияти илми ва самарабахшии натичахои бадастомадаи тахкикот аз тарафи Раёсати Шурои хамохангсозии КИТ барраси гардида, аз чониби рохбар бо тартиби муккараршуда кабул карда мешавад.

Идоракунии чории Барнома, аз чумла, чамъовари, тахлил ва чамъбасти мавод оид ба ичрои тадбирхо, арзёбии натичахои бадастомада, тахлили мушкилоти бамиёномада, тахияи тавсияхо оид ба истифодаи натичаи тахкикоти илми ва тархрезихои амали, тахияи хисоботи фосилави ва чамъбасти аз тарафи бахшхои Шурои хамохангсозии КИТ ва Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

Боби 6. Низоми тартиби чудо кардани маблаг барои гузаронидани чорабинихо

 

Бо назардошти маблагхои молиявии аз бучети давлати чудогардида ва аз манбаъхои дигари воридшуда Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон хангоми зарурат дар мувофика бо Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон ва Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ба нишондихандахои максаднок, аз чумла дохил ва хорич кардани тадбирхои чудогона, харочот оид ба онхо, хайати ичрокунандагон, механизми ичрои тадбирхо тасхех ворид менамояд.

Хар сол то якуми феврал Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ба Хукумати Чумхурии Точикистон ва Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон дар хусуси ичрои Барнома хисоботи пурра пешниход менамояд.

Бо карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз “27” феврали соли 2010 № 89

тасдик шудааст

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …