Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМУЗИШИ ЗАБОНХОИ РУСИ ВА АНГЛИСИ

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМУЗИШИ ЗАБОНХОИ РУСИ ВА АНГЛИСИ

КАРОРИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАСДИКИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМУЗИШИ ЗАБОНХОИ РУСИ ВА АНГЛИСИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2004-2014

Мутобики Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 4 апрели соли 2003 № 1047 “Дар бораи такмили таълим ва омузиши забонхои руси ва англиси дар Чумхурии Точикистон” Хукумати Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Барномаи давлатии замимашудаи такмили таълими забонхои руси ва англиси дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2004-2014 тасдик карда шавад.
  2. Вазорати иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хангоми тахияи дурнамои рушди иктисодию ичтимои ва тахияи лоихаи Бучети давлати барои соли 2004 ва солхои минбаъда барои амали намудани чорабинихои Барномаи давлатии такмили таълим ва омузиши забонхои руси ва англиси дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2004-2014 вобаста ба имкониятхои бучет маблаг пешбини намоянд.
  3. Вазорату идорахо, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои Чумхурии Точикистон бо чалби сохторхои тичорати ва гайритичорати барои ичрои вазифахои дар Барнома пешбинишуда тадбирхо андешанд.
  4. Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон якчоя бо вазорату идорахои дахлдор доир ба тайёр ва таъмин намудани кадрхои илмию педагоги, такмили тайёрии методии онхо чорахои мушаххас андешида, барои хамаи табакахои ахолии Чумхурии Точикистон системаи омузиши забонхои руси ва англиси созмон диханд.
  5. Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон шумораи чорабинихои фархангию оммавиро барои кудакону чавонон зиёд карда, чопи босифати китобхои дарси ва адабиёти таълимиро бо забонхои руси ва англиси ба рох монад. Бо иштироки Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ва Иттифоки нависандагони Точикистон тарчумаи адабиёти бадеи, илми ва илми-оммавии заруриро ба забонхои русию англиси ва точики таъмим намояд.
  6. Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон барномахои телевизион ва радиоро бо забонхои русию англиси такмил дода, вакти барои онхо чудошударо зиёд намояд.
  7. Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон хар шаш мох чараёни ичрои карори мазкурро барраси намуда, ба Хукумати Чумхурии Точикистон ахборот пешниход намояд.

Раиси

Хукумати Чумхурии Точикистон                                                                        Э. Рахмонов

аз 2 декабри соли 2003 № 508

ш. Душанбе

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …