Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОХАИ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБИ

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОХАИ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБИ

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 октябри соли 2005 № 395 тасдик шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОХАИ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2006-2010

Мукаддима

Барномаи давлатии рушди сохаи тарбияи томактаби дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2006-2010 (минбаъд – Барнома) мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи маориф” (моддаи 28) ва Накшаи татбики ислохоти сохаи маориф барои солхои 2004 – 2009 (карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30.06.2004 № 291) тахия шуда, вазифа ва роххои асосии рушди сохаи тарбияи томактабиро муайян мекунад.

Зарурияти тахияи Барнома аз он иборат аст, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисахои томактаби хамчун зинаи нахустини тахсилоти шахрвандон баланд бардошта шавад ва ба шароити нави иктисодию ичтимои мувофик гардонида шавад.

Барнома бо дастгирии офиси минтакавии дар Алмаато будаи Ташкилоти тахсилот, фарханг ва илми СММ (ЮНЕСКО), ки моххои июн – сентябри соли 2004 дар асоси чамъбасти натичахои тахкики вазъи тарбияву таълим дар муассисахои томактаби, эхтиёчи кудакону волидони навохии Шугнону Ванчи ВМКБ, Панчакенту Айнии вилояти Сугд, шахри Кулобу нохияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, нохияхои Файзободу Рогун гузаронида шуда буд, омода гардидааст.

  1. Тахлили вазъи муассисахои томактаби

Омузиши вазъи муассисахои томактаби дар Чумхурии Точикистон нишон медихад, ки дар 5 соли охир (солхои 1999 – 2004) микдори онхо торафт кам шудааст:

Чадвали 1

+—–Т——-+—————-Т————+———————–Тч|  Солхо      |Шумораи муассисахои томакта- | Шумораи кудакон дар онхµ|             |бии доимоамалкунанда         |                        |+————-+—————————–+————————+|   1999      |           523               |           51614        ||             |                             |                        ||   2000      |           502               |           53409        ||             |                             |                        ||   2001      |           501               |           57312        ||             |                             |                        ||   2002      |           496               |           59763        ||             |                             |                        ||   2003      |           494               |           62950        ||             |                             |                        ||   2004      |           492               |           61893        |+————-+—————————–+————————+

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Точикистон

Нишондодхо тасдик мекунанд, ки агар дар соли 1999 шумораи муассисахои доимоамалкунандаи томактаби дар Чумхурии Точикистон 523 ададро ташкил диханд, пас онхо дар соли 2004 ба 492 адад расида, нисбати соли 1999 ба микдори 31 адад кам шудаанд. Вале бояд зикр кард, ки микдори кабули кудакон дар ин муассисахо аз 51700 ба 62000 расида, талаботи волидон ба кудакистонхо меафзояд. Аз шумораи умумии ахолии 0-7 сола (1350,0 нафар) танхо 6,2 % кудакони синни томактаби ба муассисахои томактаби фаро гирифта шудаанд, зеро солхои охир дар мамлакат шумораи ахолии ин синну сол хело афзудааст ва то соли 2004 ин афзоиш ба тарики зайл аст:

Чадвали 2

+————–+———-Т—-+—————-+——————-ч|              | Шумораи ахолии|Шумораи кудакони| Фоизи фарогирии   ||              | 0-7 сола      |дар муассисахои | кудакон дар муас- ||              | (хазор нафар) |томактаби фаро  | сисахои томактаби ||              |               |гирифташуда     |                   ||              |               |(хазор нафар)   |                   |+-Т–Т———+—————+—————-+——————-+| Чумхурии     |    1350,0     |    63,0        |      4,7          || Точикистон   |               |                |                   |+—Р———-+—————+—————-+——————-+| ВМКБ         |    34,0       |    1,6         |      4,7          |+————–+—————+—————-+——————-+| Вилояти      |    366,1      |    23,0        |      6,3          || Сугд         |               |                |                   |+—Р———-+—————+—————-+——————-+| Вилояти      |    518,8      |    12,2        |      2,4          || Хатлон       |               |                |                   |+————–+—————+—————-+——————-+| ш. Душанбе   |    117,9      |    19,5        |      16,5         |+—Т———-+—————+—————-+——————-+| НТЧ          |    313,2      |    6,7         |      2,1          |+————–+—————+—————-+——————-+

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Точикистон

Чадвали мазкур нишон медихад, ки вазъи фарогирии кудакон дар минтакахои гуногун баробар нест. Масалан, агар дар шахри Душанбе фарогирии кудакон ба муассисахои томактаби 16,5% бошад, дар вилояти Сугд 6,3 %, вилояти Хатлон 2,4 % ва шахру нохияхоия тобеи чумхури 2,1% аст. Махсусан ин масъала дар вилояти Хатлон ташвишовар аст, зеро шумораи ахолии 0-7 солаи вилояти Хатлон (518,8) аз шумораи умумии ахолии ин синну соли минтакахои дигари чумхури хеле зиёд аст, лекин фарогирии кудакон ба муассисахои мазкур факат 2,4 %-ро ташкил медихад. Ин аст, ки кариб 95 % кудакон (хусусан дар дехот) бе тайёри ва малакахои зурурии хаёти ба мактаб фаро гирифта мешаванд.

Аз солхои 1994-96 сар карда дар нохияхои Муминобод, Ховалинг, Балчувон, Шурободи вилояти Хатлон; нохияи Мастчохи Кухии вилояти Сугд ва нохияхои тобеи чумхури (Варзоб, Тавилдара) муассисахои томактаби фаъолияти худро катъ намудаанд ва то хол баркарор нагардидаанд.

Солхои охир муассисахои томактаби бо ашёхои тарбиявию таълим таъмин карда намешаванд. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати аз сабаби кам будани бучети давлати барои таъмини муассисахои томактаби ба таври кофи маблаг чудо намекунанд. Имруз зери назорати катъи гирифтани хуроки кудакон, хизматрасонии тибби мухим аст, зеро онхо ба меъёр, гизоноки ва талаботхои хифзи саломатии кудакон чавобгуй нестанд. Муассисахое, ки барои кудакистонхои чумхури тачхизоту бозичахоро бо назардошти синни солу кудакон бояд истехсол намоянд, вучуд надоранд.

Дар системаи тарбияи томактаби 4475 нафар кормандони омузгори фаъолият доранд, ки аз онхо 24,7% бо маълумоти оли, 50% бо маълумоти миёнаи махсус, 43 % бо маълумоти миёнаи педагоги, 5% бо маълумоти олии нопурра ва 20,3 % бо маълумоти миёнаи умуми мебошанд.

Вазъи таъмини шуъбахои маорифи шахру нохияхо бо мутахассисони соха ташвишовар аст, зеро аз 68 нохияхои чумхури 38-то идораю шуъбахои маориф мутассадиёни кор бо муассисахои томактаби дошта бошанд хам, аз байни онхо танхо 10% мутахассисони соха мебошанд. Чунки дар аксарияти нохияхо шумораи кудакистонхо кам буда, назорати фаоълияти кори онхо ба зиммаи мудирони кабинетхои методи ё кормандони гайриихтисоси шуъбахои маориф гузошта шудааст. Ин амал имконият намедихад, ки шуъбахои маориф фаъолияти кудакистонхоро тахти назорати катъи гиранду вобаста ба шароити махал ва инкишофу мушкилоти онхо дар назди макомоти болоии идоракунии маориф ва макомоти махаллии хокимияти давлати масъалагузори кунанд. Дар муассисахои томактаби, гайр аз ин, мебел (дар хонахои бози, хоб), тачхизоти варзиши, фонди китобхои бачагона, бозичахо, асбобхои аёнии таълим комилан фарсуда шудаанд ва ё аз чунин васоил махруманд. Возех аст, ки ин ба сифати тарбияву таълими кудакон таъсири манфи мерасонад. Солхои охир аксарияти бинохо таъмири пурра нашудаанд ва баъзеашон таъмири давриро надидаанд. Дар натича боми бинохои кудакистонхо мечакад, кубурхои обгузар ва хатхои барк аз кор баромадаанд (нохияхои Шугнон, Рошткалъа, Ванчи ВМКБ; Айни, Ашт, Зафарободи вилояти Сугд, Бохтар, Бешкент, Кулоб, Темурмалик Ёвони вилояти Хатлон, нохияхои ш Душанбе, Рогун ва гайрахо).

Хулоса, фарогирии кудакони синни томактаби дар кудакистонхо ва сифати тарбияю таълими кудакон дар онхо бо бисёр сабабхои иктисодию ичтимои ба талаботи имруза чавобгуй нест.

2 . Мониторинги муассисахои томактаби

Дар Точикистон оид ба проблемахои тарбияи томактаби, сифати таълими томактаби, сабабхои пурра таъмин нашудани хукуки кудакони синни томактаби ба нигохубин ва аз чихати илми асоснок намудани онхо корхои тадкикоти гузаронида нашудааст.

Бо максади бехтар намудани фаъолияти муассисахои томактаби бо ташаббуси Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ва дастгирии ташкилоти байналмилалии дар Алмато будаи ЮНЕСКО мониторинги муассисахои томактабии нохияхои Шугнон, Ванч ( ВМКБ), Панчакент, Айни ( вилояти Сугд), Кулоб, Бешкент (вилояти Хатлон) ва Файзободу Рогун (НТЧ) гузаронида шуд. Максади асосии омузиш аз масъалахои зерин иборат буд:

– бахо додан ба вазъи тарбияву таълим дар муассисахои томактаби ва муайян кардани эхтиёчи кудакону оилахо ба тарбияи томактаби дар нохияхои пилоти;

– тахлили вазъи ичтимои, моддию техникии муассисахои мазкур ва сохтори онхо (шумораи муассисахои томактаби ва кудакон, расонидани хизматхои гуногун, таъмин бо барномахо, проблемахои таъмин бо мутахассисон ва маблаггузори);

– муайян намудани проблемахои тарбияи томактаби ва роххои бартараф кардани онхо, тахияи тавсияхо ва накшахо барои кудаконе, ки ба кудакистонхо фаро гирифта нашудаанд;

Вазифахои асосии омузиш:

– муайян кардани сатхи тарбияю таълими кудакони синни томактаби дар оила ва кудакистонхо;

– нишон додани шароитхои мавчудаи тарбия ва таълими кудакон;

– инъикоси манбаъхои маблаггузори, таъмини кудакистонхо бо кадрхои ихтисосманд ва маводи методи барои тарбия ва инкишофи кудак;

– мушохидаи тамоили робитаи оила ва кудакистон дар тарбияи кудакон;

Корхои тадкикоти дар шахру нохияхо бо усулхои пурсишнома (барои кормандони масъули шуъбахои маориф, сарварону мураббиёни муассисахои томактаби, падару модарон, кормандони. хукуматхои махалли, чамоатхо ва гайрахо), мубохисаи инфироди, расмгири ва чамъ овардани маълумот чараён гирифт. Дар доираи тадкикоти мазкур 926 нафар фаро гирифта шуданд, аз чумла:

– волидайн, намояндагони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, чамоатхо-714 нафар;

– мудирон ва мушовирони кудакистонхо – 72 нафар;

– мураббиён-124 нафар;

– мутахассисони шуъбахои маориф – 16 нафар.

Натичаи омузиши масъалаи мазкур дар нохияхои интихобшуда нишон дод, ки муассисахои томактаби ба мушкилоти иктисодию ичтимои нигох накарда, мавчудияти худро нигох дошта, кори тарбияю таълими тарбиягирандагонро тибки хуччатхои меъёри, аз чумла барномаи таълимии “Рохнамои мурабби” дуруст ба рох мондаанд. Мутаассифона, дар онхо душворихои зиёде мавчуданд, ки халли онхо танхо ба шуъбахои маориф вобаста нест. холати бинохои кудакистонхо, нуктахои об (Ванч Бешкент, Шугнон, Айни), барк ва системаи гармидиханда (Шугнон, Ванч Панчакенту Бешкент) хароб буда, пурра таъмирталабанд. хамаи тачхизоти хонахои бози, хоб, бозичахо мувофики синну сол, аёният оид ба машгулиятхои гуногуни пешбинишудаи барномаи “Рохнамои мурабби” кухнаю фарсуда шудаанд ё таъмин нестанд.

Яке аз вазифахои халталаби муассисахои томактаби таъмин намудани онхо бо кадрхои баландихтисоси соха аст. Аз 206 нафар кормандони педагогии кудакистонхои нохияхои пилоти 30,7 % маълумоти миёнаи умуми доранд.

Аз шумораи умумии падару модароне, ки ба саволхо посух доданд 93 фоизашон гирифтани тарбияи томактабиро зарур мешуморанд, 5% онхо тарбияи томактабии хонагиро дуруст мехисобанд ва факат 2% волидайн ба саволи гузошташуда чавоб дода натавонистанд.

Гайр аз ин, дар чумхурии мо асосан муассисахои давлатии томактаби амал мекунанд. Сабабхои инкишоф наёфтани муассисахои хусусию гайридавлати барои кудакон, пеш аз хама дар сатхи паст карор доштани маълумотнокии падару модарон оид ба афзалиятнокии тарбияи томактаби, камбизоатии оилахо, такмил наёфтани хуччатхои меъёрии хукуки, бемасъулиятии рохбарони аксарияти макомоти махаллии хокимияти давлати, шуъбахои маориф ва дигархо мебошад. Инчунин, нокифоя будани маблаггузории муассисахои томактаби боиси сол то сол паст гардидани нуфузи соха шудааст.

  1. Максад ва вазифахои Барнома

Максади Барнома мутобики конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи маориф” ба танзим даровардани системаи тарбияи томактаби бехтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисахои томактаби аст.

Вазифахои Барнома аз инхо иборат мебошанд:

– чоннок намудани тарбияи томактаби ва бехтар кардани сифати омодагии кудакон ба мактаб дар кудакистонхо тавассути ташкил намудани гуруххои тайёри ба мактаб дар назди кудакистонхо ва мактабхои тахсилоти умуми;

– такмили базаи меъёрии хукукии системаи тарбияи томактаби;

– дарки афзалиятноки ва тахкими заминаи омузиши забонхои давлати ва хоричи, бахусус русию англиси, дар кудакистонхо;

– бехтар намудани сифати тайёр кардани кадрхои баландихтисос барои муассисахои томактаби;

– мустахкам намудани базаи моддию техники ва ичтимоии муассисахои томактаби;

– таъмини раванди таълими томактаби бо маводи таълими, илмию методи;

– хамкори бо ташкилоту созмонхои гайрихукуматти дар мавриди баланд бардоштани маълумотнокии падару модарон дар тарбияи кудакон ва тайёр намудани онхо ба мактаб (кудаконе, ки ба кудакистонхо фаро гирифта нашудаанд);

– такмили махорати касбии мушовирони шуъбахои маориф, сарварон ва мураббиёни кудакистонхо тавассути чопи маводу дастурхои методи, табодули назар ва омузиши тачрибаи кишвархои дигар;

  1. Роххои амали гаштани Барнома

Бо максади амали гаштани максаду вазифахои гузошташуда зарур аст:

– дар навбати аввал, заминаи хукукии хифзи кудак мустахкам гардад:

– таъмини вариантнокии мазмун, шаклхо ва усулхои тарбияи томактаби дар кудакистонхо;

– ташхиси инкишофи кудак дар чараёни таълим ва бехтар намудани мухити ташаккули он дар муассисаи томактаби;

– таъмини заминаи модди-техники ва таълимию методии муассисахои томактаби;

– васеъ ба рох мондани шаклу намудхои нави муассисахои томактаби барои кудакони дорои имкониятхои махдуди инкишоф;

– дар хамаи минтакахои чумхури таъсис додани хадамоти психологи-тибби ва педагоги;

– таъмини омодагии пешазмактабии кудакон дар заминаи тахсилоти томактаби;

– тахия ва татбики Стандарти давлатии таълими томактаби;

– тачдиди назар намудани мазмуни тарбияи кудакон дар муассисахои томактаби бо назардошти талаботи давлат ва чомеа;

Дар баланд бардоштани сифати тарбияву таълими томактаби фарохам овардани шароитхо барои ташаккули шахсияти кудак дар кудакон пайдо намудани малакахои зарури барои омодаги ба мактаб асос аст. Дар мазмуну мундаричаи фаъолияти кории муассисахои томактаби ба омузиши забонхои давлати, русию англиси бояд диккати махсус дод. Яке аз вазифахои мухимми тарбияи кудакон дар муассисахои томактаби инкишофи акли, эхсосот ва нигох доштану мустахкам намудани холати чисмонию рухии кудак аст.

Ба максади конеъ гардонидани талаботи шахрвандон ба кудакистонхо лозим аст, ки заминаи хукукию маблаггузории соха мустахкам гардад ва намудхои гуногуни муассисахои томактаби ташкил шаванд:

– муассисахои томактабии равияхои варзишию табобати, эстетики, экологи, гуруххои кудакони лаёкатманд, кудакони инкишофашон махдуд ва гайрахо;

– кудакистонхои оилави;

– таъсиси гуруххои тайёри ба мактаб дар заминаи мактабхои тахсилоти умумии дехоте, ки кудакистонхо фаъолият намекунанд;

– яслихо, кудакистонхо, ясли-кудакистонхо;

– муассисахои томактабии комплексии “Мактаб-кудакистон”;

Дар идораю шуъбахои маорифи вилоятхо, шахру нохияхои чумхури идоракуни ва расонидани ёрии методи ба кудакистонхоро бояд мутахассисони ихтисосманди сохаи томактаби ба ухда дошта бошанд. Ин имконият медихад, ки проблемахои инкишофи кудакон ва муассисахои томактаби саривакт ва самаранок халлу фасл шаванд.

Бо максади таъмини муассисахои мазкур бо маводи методи ва гузаронидани тадкикотхои илмию педагоги дар системаи тарбияи томактаби зарурияти таъсиси Маркази чумхуриявии илми – методи ба миён меояд.

Дар оянда барои зиёд намудани шумораи кудакон дар кудакистонхо, хусусан дар дехот сохтани бинохои комплексии “Мактаб-кудакистон” ба максад мувофик аст.

  1. Маблаггузории Барнома

Барои такмил ва инкишоф додани системаи тарбияи томактаби шароити модди ва базаи мустахками иктисоди зарур аст. Манбаъхои маблаггузории татбики Барномаи давлатии инкишофи сохаи томактабиро барои солхои минбаъда Бучети давлати муайян мекунанд. Маблаггузории Барнома аз Бучети давлати, ки барои дастгохи маркази, муассисахои тобеи Вазорати маориф хамасола чудо карда мешавад ва инчунин аз хисоби маблагхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилоту муассисахо, созмонхои гайридавлати ва сарпарастон пешбини шудаанд, сурат мегирад (Замимахои 1 ва 2).

  1. Тайёр кардани кадрхо ва такмили ихтисоси кормандони муассисахои томактаби

Базаи тайёркунии мутахассисон барои муассисахои томактаби донишгоххо ва коллечхои омузгории Точикистон ба хисоб мераванд. Хар сол 140 нафар факултахои педагогикаи томактабиро хатм менамоянд, ки аз онхо танхо 8-10% ба чойи кор хозир мешаванд. Аз ин лихоз, механизми чалб ва вобасткунии хатмкунандагони факултахои томактабии мактабхои олии омузгориро барои кор, хусусан дар дехот, тахия кардан лозим аст.

Бояд хатмкунандагони факултаи томактабии мактабхои олии омузгори дар баробари гирифтани ихтисоси асоси, инчунин имконияти гирифтани ихтисосхои иловагии педагог-рухшиноси кор бо кудакони синни томактаби, менечменти тарбияи томактаби, забонхои хоричиро дошта бошанд.

Курсхои такмили ихтисоси кормандони муассисахои томактаби дар донишкадахои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд, лекин новобаста аз он, ки чунин марказхо дар вилоятхо, шахри Душанбе низ фаъолият мекунанд, онхо самараи дилхох намедиханд.

Аз ин лихоз, тахия ва амали гардонидани технологияи таълими фосилави оид ба такмили ихтисоси кормандони педагогии муассисахои томактаби дар донишкадахои такмили ихтисос, марказхои методи ба максад мувофик аст.

Инкишофи алокахои байналмилали оид ба тачрибаивазкуни, такмили ихтисоси кормандони муассисахои томактаби, омухтани система, моделхои гуногуни тарбияи томактабии давлатхои хоричи кишвар дар сатхи паст карор дорад. Хангоми гузаронидани курсхои такмили ихтисос аз технологияи нави хозиразамон, ки ба фаъолияти амали вусъат мебахшад, истифода кардан лозим аст.

Ташкил ва гузаронидани чорабинихои чумхурияви, ба монанди “Кудакистони сол”, “Мудири сол”, конференсияхои илми-амали ва семинархо рочеъ ба сайкал додани махорати касбии мураббиён ва проблемахои тарбияи томактаби ба максад мувофик аст.

  1. Натичаи нихоии Барнома

Барномаи зикршуда бояд давра ба давра татбик гардад. Дар системаи тарбия ва таълими томактаби базаи меъёрии хукуки, асосхои илмию методи оид ба инкишофи шабакаи муассисахои томактаби таъсиси гуруххо ва синфхои тайёри ба мактаб тахия ва мустахкам мешавад. Сифати чо ба чогузории кадрхо дар идораю шуъбахои маорифи тамоми минтакахо бехтар мегардад.

Сатхи сифати тарбияву таълим дар муассисахои томактаби баланд мешавад. Истифодаи шаклхо ва усулхои наву фаъол дар тайёркуни ва такмили ихтисоси кормандони педагогии кудакистонхо ба бехтар шудани махорати касбии онхо кумак мерасонад. Тахия, нашр ва дастрас намудани адабиёти бачагона, маводи таълимию методи барои муассисахои томактаби халлу фасли худро меёбад.

Аз хисоби ташкили гуруххо ва синфхои тайёри ба мактаб дар заминаи кудакистонхо ва мактабхои тахсилоти умуми фоизи фарогирии кудакон дар муассисахои томактаби зиёд мегардад ва омодагии кудакон ба мактаб бехтар мешавад. Макоми мурабби дар чомеа баланд бардошта мешавад.

* Замимахо оварда намешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …