Главная / Чамъият / БАРКАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАХО БАРОИ НИГОХДОРИИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИ – КАРОР

БАРКАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАХО БАРОИ НИГОХДОРИИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИ – КАРОР

ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КАРОР ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРКАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАХО БАРОИ НИГОХДОРИИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2015-2019

Мутобики моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои инкишофи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон” ва бо максади рушди минбаъдаи сохаи меваю сабзавотпарвари, таъмини ахолии чумхури дар давраи тирамоху зимистон бо махсулоти озукавори аз яхдону сардхонахо, Хукумати Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Барномаи ташкил ва баркарорсозии яхдону сардхонахо барои нигохдории махсулоти кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019 тасдик карда шавад (замима мегардад).
  2. Агентии захирахои моддии давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Иттифоки “Точикматлубот”, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо маблаггузории Барномаи ташкил ва баркарорсозии яхдону сардхонахо барои нигохдории махсулоти кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019 – ро аз хисоби маблагхои бучети, карзхои бонки, чалби сармояи ватанию хоричи, грантхои ташкилотхои байналмилали ва сарчашмахои худи таъмин намоянд.
  3. Вазорату идорахои дахлдор, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати:

– чихати татбики Барномаи ташкил ва баркарорсозии яхдону сардхонахо барои нигохдории махсулоти кишоварзи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019 тадбирхои зарури андешанд;

– оид ба рафти ичрои Барномаи мазкур хар сол то 1 феврал ба Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон маълумоти муфассал пешниход намоянд.

  1. Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон маълумоти аз чониби вазорату идорахои дахлдор ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба рафти ичрои Барнома пешниходшударо чамьбаст ва тахлил намуда, хар сол то 1 март ба Хукумати Чумхурии Точикистон хисобот пешниход намояд.

Раиси

Хукумати Чумхурии Точикистон                                                                            Эмомали Рахмон

аз 1 декабри соли 2014 № 727

ш. Душанбе

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …