Главная / Илм / БАРГИ ЗУЛФ

БАРГИ ЗУЛФ

podorozhnik_bolshojБАРГИ ЗУЛФ (Plantado major), гуши хар, асфагул, забони барра, занбарак, зуф, зуфтурум, филгуш, навъе аз гиёххои бисёрсола. То 60 см кад мекашад. Пояи кутох, барги байзашакл (аз бехи поя месабзад), гули майдаи буртоб дорад. Аз май то охирхои сент. гул мекунад. Дар богу киштзор, заминхои партов, канори чуй ва чашмасорон месабзад. Б. з. гиёхи шифобахш аст. Дар тибби мардуми Чин 3 хаз. сол кабл баргу тухми Б. з.-ро барои табобати беморон кор мефармуданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино варча ва дарди гушро (агар шираи барги онро ба гуш чаконанд) рафъ менамояд. Реша, тухм ва барги он кабзияти чигар ва гурдаро мекушояд, баргаш хунравиро боздошта, захмхои кухнаро шифо мебахшад. Абуалии Сино бо Б. з. хар гуна варам, захму чарохат, нуксонхои чигар, гурда, узвхои нафас, реши руда, варами чашм, дарди дандон ва обхураро табобат мекард.
Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Мухаммад Хусайн шираи Б. з.-ро хангоми сил, варача, хунпартои, захми меъда, зики нафас, инчунин саръ истифода мебаранд. Шираи Б. з. кори чигар, гурда, испурчро таквият бахшида, кабзияти онхоро рафъ месозад, хазми гизоро бехтар мекунад. Агар бо чушоби барг ё решаи Б. з. дахонро чайконанд, дарди дандон ва сузиши дахон нест мешавад, хунравии ворахо катъ мегардад.
Дар тибби халки барги тару тозаи зуфро чун воситаи хунбанд (хангоми чарохатхо) истифода мебаранд. Бо чушоби барги тару тоза ва тухми он исхоли хунин ва беморихои меъдаву рударо муолича менамоянд (2 чумча тухми онро дар ним истакон оби чушонида меандозанд ва баъди ним соат менушанд). Чушоби решаи Б. з. табларзаро бартараф месозад. Хокаи тухми онро хангоми исхоли музмин, назлаи (катари) меъда, исхоли хунин кор мефармоянд, хокаи баргашро ба захм мепошанд.
Дар амалияи тибби муосир накеъ ва шираи Б. з. дар мавриди беморихои меъдаву руда (газак, энтероколит, энтерит), халахои шадиду музмин ва беморихои захми истифода мешавад. Доруи «палантаглюзид», ки аз Б. з. тайёр мекунанд, дар муоличаи илтихобу реши меъда ва рудаи дувоздахангушта ба кор меравад. Накеъ, чавхар, шира ва чушоби Б. з. давои хуби беморихои узвхои нафас, сулфакабутак, сили шуш ва нефрити музмин мебошанд. Киёми барги он хосияти таскинбахши дошта, фишори хунро мефарорад; шираи баргаш барои муоличаи реши карнияи чашм давои хуб аст.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …