Главная / Чамъият / БАРАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ШАРТНОМАХОИ КАРЗИ ВА ХУЧЧАТХО

БАРАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ШАРТНОМАХОИ КАРЗИ ВА ХУЧЧАТХО

 Мукарарроти умуми: Шартномаи карзи хамчун хуччати асосии карзи, бояд дар раванди барасмият даровардани хуччатхо аз чониби эксперти карзии масъул ё корманде, ки ба омода кардани хуччатхо машгул аст, баъд аз кабул шудани карор доир ба додани карз, тайёр карда шавад. Бояд он шакли шартномаи карзи ва хуччатхо истифода шаванд, ки аз чониби Бонк тасдик шудаанд.

Эксперти карзии масъул ё корманде, ки ба омода кардани карзхо машгул аст,  бояд итминон хосил намояд, ки карзгиранда ба имзо гузоштани шартномаи карзи ва хуччатхо омода аст. Ин масъала шартхои зеринро дар бар мегирад:

а) Карзгиранда бо шартхои додани карз, ки аз чониби Кумитаи карзи тасдик шудаанд, рози аст;

б) Шиносномаи карзгиранда мавчуд аст ва ба холати санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома, эътибор дорад;

в) Хамаи хуччатхои зарурии тичорати карзгиранда мавчуд мебошанд ва ба холати санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома эътибор доранд;

г) Шиносномахои хамаи шахсони сеюм аз руи шартномахо мавчуд мебошанд ва ба холати санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома эътибор доранд (гаравдех, кафолатдех, шохидон);

д) Шиносномахои шохидон (шавхар / зан) мавчуд мебошанд ва ба санаи дархости карзи ва имзо намудани шартнома эътибор доранд;

е) Шакли дархост пурра ва хоно пур карда шуда, сана ва имзо гузошта шудааст;

ж) Пайнавишти Кумитаи карзи пурра ва хоно пур карда шуда, сана ва имзо гузошта шудааст;

з) Шартхое, ки аз чониби Кумитаи карзи пешниход шудаанду бо додани карз алокаманди доранд ва дар Пайнавишти Кумитаи карзи инъикос ёфтаанд, пурра ичро шудаанд ва ичроиши онхо ба таври зарури хуччатгузори шудааст;

и) Хамаи хуччатхои зарури барои барасмият даровардани таъминоти гарав мавчуд мебошанд ва ба холати санаи дархости карзи ва имзогузории шартномахо, инчунин дар мухлати амали карз эътибор доранд.

Омода намудан ва бастани шартномахои карзи ва дигар хуччатхо

Аз лахзаи аз чониби Кумитаи карзи дастгири ёфтани дархости карзи, эксперти карзи ё корманди масъул оид ба омода намунаи карз, бояд шартномаи карзи, шартномаи гарав, шартномаи замонати, ухдадории мухлатнок (замимаи №15) ва дигар хуччатхои заруриро барои барасмият даровардани карз тайёр кунад. Эксперти карзи бояд шартномахои карзи ва хуччатхоро дакик омода намуда, дар онхо маълумотхои заруриро аник ва хоно инъикос намояд.

Маълумотхои зарурро метавон ба компютер ворид намуд ё худ дар холати зарури дасти навишт. Низомнома ва / ё худ маълумотхое, ки ба шартномахои карзи ворид карда мешаванд, набояд бо рохи хат задан ва / ё ислох намудан тагйир дода шаванд. Дар чунин холатхо зарур аст, ки шартнома аз нав тайёр карда шавад, шартномаи «галат» омода шуда, нест карда шавад. Шартномахои карзи ва / ё хуччатхои ислохшуда, хатзадашуда бе эътибор дониста мешаванд.

Мувофики талаботхои Ташкилот, шартнома бояд аз чониби шахсони зерин имзо гузошта шавад:

а) Раиси Бонк/Сардори филиал, вохиди амалиётии Ташкилот ё худ шахси ивазкунандаи у;

б) Агар зарурати имзои дуюм пайдо шавад, он метавонад аз чониби сармухосиби Ташкилот ё рохбари бахши карзии вохиди амалиётии дахлдор гузошта шавад;

в) Аз чониби карзгир, гаравдех ё зомини дахлдор имзо гузошта мешавад. Ашхоси мазкур инчунин бо ишора ба тасдик намудани он, ки бо хамаи бандхои шартнома шинос шудаанд, бояд дар хар як сахифахои ин шартномахо, ба хотири дар оянда рох надодан ба бахс ва ихтилофи назар миёни чонибхо, имзо гузоранд.

г) Эксперти карзи (ба сифати ичрокунанда), инчунин дар хар як сахифаи  шартномахо имзо мегузорад.

Шартномахои гарав ва шартномаи замонати (имкон дорад мактуби кафолати) бояд ба шартхои шартномаи карзи мувофикат кунанд.

Танхо баъд аз ичро гардидани хамаи шартхои ба додани карз, таъминот бо гарав ва дигар шартхо вобаста буда, шартнома кувваи конуни мегирад.

Бояд хар як шартнома аз чониби карзгир / гаравдех / зоминон / шохидон / дигар шахсони лозими ва Ташкилот, дар дохили бинои ташкилот, дар хузури эксперти карзии масъул ба имзо расанд.

Эксперти карзи бояд шахсияти нафари ба шартнома / хуччат имзо гузоштаро тавассути мукоиса намудани маълумотхои мавчуд буда доир ба ин шахс бо маълумотхои дар шиносномаи у дарч гардида, муайян намояд. У бояд назорат кунад, ки оё имзо ва дигар мушаххасоти дар шиноснома буда, бо имзо ва дигар мушаххасоти шахси ба шартномаи карзи имзо гузошта мувофикат мекунад ё не.

Агар имзо ё худ дигар мушаххасот мувофикат накунанд, пас эксперти карзи бояд чараёни барасмият даровардани карзро нигох дорад ва оиди ин масъала рохбари бахши бонкдории корпоративи ва / ё Сардори вохиди амалиётии ташкилотро вокиф созад. Танхо баъд аз маълум намудани хамаи сабабхои ба вукуъ пайвастани вазъияти мазкур ва итминони пурра хосил намудани Бонк (дар чунин холат Сардор ва / ё рохбари бахши бонкдории корпоративи) нисбат ба  муайян кардани шахсияти нафари ба шартнома имзо гузошта,чараёни барасмият даровардани карз аз нав фаъол мегардад.

 Дар холате, ки сохиби шиноснома баъд аз гирифтани шиноснома имзояшро тагйир дода бошад, бояд сохиби шиноснома дар хузури эксперти карзи ва рохбари бахши бонкдории корпоративи дар нусхаи шиносномаи худ имзояшро гузорад. Рохбари бахши карзи ухдадор аст, бо имзои худ онро тасдик намояд ва таърихи рузро гузорад. Дар холате, ки рохбари бахши карзи хозир набошад, имзои мазкури карзгирандаро Рохбари вохиди амалиёти ё худ шахси уро ивазкунанда тасдик менамояд.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …