Главная / Илм / БАНГИ ДЕВОНА

БАНГИ ДЕВОНА

bangi-devonaБАНГИ ДЕВОНА (Datura stramonium), ачинахорак, тотура, шонаи ачина, чавзи масил, гиёхест яксола. То 1,5 м кад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарозруяи паррадор, гули кифшакли сафед, гузаи байзашакли сершох, тухми гурдашакли сиёх дорад. Аз апр. то охири тирамох гулу мева мекунад. Б. д. гиёхи басо захрнок ва бадбуй буда, хамчун алафи бегона дар богу киштзор, заминхои партов, кад – кади чуйбор, сохили дарё, канори роххо меруяд. Дар Точикистон дар хама чо (гайр аз Помири Шарки) пахн шудааст. Барги Б. д. ашёи хоми дорувори аст. Онро дар давраи гулшукуфти растани мегундоранд.
Дар хусуси таъсири Б. д. ба организм дар дастнависхои Миср ишора шудааст. Олими Юнони Кадим Теофраст Б. д.-ро чун захри ба вучуд орандаи чунун тавсиф намудааст. Абуалии Сино кайд карда, ки Б. д. касро масту мадхуш мекунад ва барои магзи сару дил зиёновар аст. Ба акидаи Абурайхони Беруни як донак (0,531 г) тухми Б. д. касро маст мекунад ва як мисколи он (4,250 г) одамро мекушад.
Дар тибби халки тухми Б. д.-ро барои тайёр кардани дорухои мураккаб истифода мебаранд. Бо чушоби тухми Б. д. хангоми дарди дандон, сардард ва табларза дахонро обгардон мекунанд, онро дар вакти дарди сахти дил, меъда (баъзан хангоми дарди тахтапушту сина) чун воситаи дардбар ва хобовар кор мефармоянд. Баъзе табибон Б. д.-ро барои муоличаи зики нафас, саромос ва чун воситаи таскинбахш хангоми беморихои асабу рухи, невралгия, тарбоду радикулити музмин тавсия медиханд. Дар гомеопатия он барои табобати беморихои рухи, кузоз, саръ, фалач, сарсом, сулфакабутак истифода мешавад. Чавхари спиртии тухми Б. д.-ро баъзан хангоми бемории саратон тавсия медиханд. Дорухои Б. д. («астматин», «астматол», «солутан»)-ро дар тибби муосир барои давои зики нафас, амрози асабу рухи, тарбод, невралгия ва г. кор мефармоянд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …