Главная / Илм / БАНГИ ДЕВОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

БАНГИ ДЕВОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

bangi_devona_-600x330Банги девона (ба русси «Дурман») — ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли киф аст, дигареро гулаш тахбартах, баргаш ва пояаш хама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузурги ба андозаи чормагз аст ва чун самари беданчир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмхои бисёри ба микдори мурч, вале тираранг чойгир хастанд. Мизочаш дар дарачаи чорум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: барг, пусти самар ва тухми онро куфта гузошта банданд, дарди сари кухнаро, ки аз бисёр чамъ шудани сафро ва баланд гаштани фишори хун ходис шуда бошад, таскин медихад; тафсхои узвхои гуногунро паст менишонад, варамхоро тахлил медихад. Барги онро куфта гузошта банданд ё равгани тухмашро бимоланд, бавосир ва дардхои гарми макъадро дафъ мекунад.

Агар онро дар сирко пухта бимоланд, варамхои гуногун ва истискоро (водянкаро) тахлил медихад, дарди луккосиро басанда мекунад, арак карданро кат месозад. Хар як кисми наботи онро куфта гузошта банданд, узвхои суст ва нотавонгаштаро ба холи сихати аслиашон бармегардонад ва намегузорад, ки моддахои зарарнок ба узвхо рехта шаванд, рутубатхои бегонаро хушк мекунад.

bangi_devona_3-300x169
Bangi Devona (surat -rasm)

Баргашро дар оташ гарм карда ба чашм банданд, дарди чашмро шифо мебахшад; ба сар гузошта банданд, дарди сари аз хунуки сар задаро таскин медихад, назлахои сарро аз фуромадан манъ месозад; ба хояхо гузошта банданд, оби ба даруни онхо фуромадаро пароканда ва дафъ менамояд; агар инро ба варамхо ва пучаку чиртакхо гузошта банданд, онхоро тахлил медихад ва мепазонад. Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми он то ним грамм аст. Вале агар аз ин як грамм бихуранд, низоми фикрро вайрон ва як шабонаруз девона мегардонад.

Одамоне, ки дар шушашон пуфакчахо дошта бошанд ва ё ба зукомхои вируси гирифтор гарданд ва инчунин, гирифтори варами пардахои даруни сина бошанд, хар руз як дона барги миёнахачми онро дар об чушонида, он обро бинушанд, шифо мебахшад. Вале дар ин амал баъзе одамонро як ё нимсоат гаранг мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …