БАНД (Articulatio), мафсил, пайванди мутахаррики байни устухонхо ё тагоякро гуянд, ки байни онхо рог (диартрозхо) мавчуд аст. Б. як тарзи пайваст шудани устухонхост. Пайванди бехаракати устухонхоро васла (синартроз) меноманд. Б. хамзамон вазифаи такя ва харакатро низ ичро мекунад. Б. аз интихо (сатхи устухон), халта ва чавф иборат аст. Дар бештарин мавридхо як тарафи Б. барчаста ва тарафи дигари он фурухамида мебошад. Б. гайр аз унсурхои асоси, хамчунин хосилахои ёвар низ дорад (мас., диск, исфанч, мохак ва г.). Интихои устухонхои Б. дар халтаи Б. чойгир шудааст. Халтаи Б. аз бофтаи пайванди хосил мешавад. Андаруни онро пардаи зулоли (синовиали) фаро гирифтааст. Пардаи зулоли аз худ шилм чудо карда, лагжиши бемонеаи Б.-ро таъмин менамояд.
Б. аз хисоби шохчахои наздиктарини артерия бо хун таъмин мешаванд; онхо дар халтаи Б. шабакаи зичи анастамозхоро ба вучуд меоранд.
Б.-еро, ки аз ду устухон ташаккул ёфтааст, Б.-и сода ва Б.-еро, ки аз чанд устухон ба вучуд омадааст, Б.-и мураккаб меноманд.
Б. ба таъсири омилхои беруна – сармо, сирояти ангезаи беморихо, лат хурдан, ихтилоли мубодилаи моддахо ва г. нихоят хассос аст. Баъзе беморихо (мас., тарбод) боиси тагйир ёфтани шакли Б. мегарданд. Ба беморихои асосии Б. мансубанд: анкилозхо, синостозхо, артрогрипоз, тарбод, хондродисплазия, гемартроз, артритхо ва г.
Ниг. низ Банди соку пойпанча, Банди зону, Банди оринч, Банди даст, Банди китф, Банди косу рон.
С. Курбонов.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …