Главная / Илм / БАНДИНА

БАНДИНА

faciaБАНДИНА (Fascia), захмбанд, васоит ва усулхои ба сатхи бадан ё ягон чои дигари он бастани рифодот (матоъи бандиш). Тавассути Б. ин ё он кисми баданро бехаракат низ менамоянд. Б. устуворгардон, тазйиковар, ночунбон, шахкунанда (асосан гачмони) мешавад. Навъхои маъмули Б.-и устуворгардон мархами часпак, ширеши ва бинти мебошанд. Айни хол дар захмбанди Б.-и ангори ва туриро бештар истифода мебаранд.
Худи матоъ (одатан, дока ва пахта)-и захмбандиро низ Б. меноманд. Ин кабил Б.-хо асептики (матоъи тамйизи), антисептики (матоъе, ки хосияти зиддибактерияви дорад), хушк, нам, мархамдор ва г. мешаванд. Б.-ро барои мухофизати чарохат аз ифлосии беруна, чаббидани моеъоте ки аз захм ё манбаи чирк мебароянд, муоличаи бофтахои осебдидаю сироятёфта ва г. кор мефармоянд. Истилохи «бандина» аз «захмбанди» фарк дорад. Гирифтани бандинаи пешина, пошидани доруи ордак, молидани мархам, аз нав бастану иваз кардани Б.-ро захмбанди меноманд. Онро духтур ё хохари шафкат бо чо меорад.
Б.-ро бояд хар одами калонсол ва хонандаи синфхои болои гузошта тавонад. Дар хона бештар Б.-и устуворгардонро ба кор мебаранд. Онхо гуногуншакл буда, бастанашон малакаи муайян мехохад. Б.-и нодуруст басташуда тез бечо мегардад ё баръакс, бофтахоро сахт фишурда, боиси пайдоиши дард ва ихтилоли харакати хун мешавад; аз бинтбандии нокулаи гардан нафас танг мегардад. Барои бинтбандии мураккаб ва мушкил дониш ва малакаи махсус лозим аст.
Коидахои асосии ба чарохат печонидани Б. чунинанд: 1) Б.-и матоъаш тамйизшударо бо дасти тоза бастан лозим аст; пусти атрофи манбаи захмро бо спирт, арак, йод ё атр дезинфексия кардан шарт мебошад. 2) Бемор дароз кашад ё бахузур шинад, корманди тиб бояд тавре истад, ки руи беморро бинад ва хангоми бинтбандиаш дард шиддат накунад. Пойро рост, дастро каме кат карда бинт мепечонанд. Нуги бинтро ба дасти чап, калобаашро ба дасти рост гирифта, ба атрофи узви чарохатнок печонидан лозим. Аввал кисми борик, баъд охиста-охиста чои гафси узви захмдорро бинтпеч мекунанд. Ду печиши аввали бинт бояд болои хам бошад. Печиши минбаъда бояд нимаи кабати пешинаро рупуш кунад. Агар дар ин холат бинт нохамвор ва «халта» шавад, онро чаппа кардан лозим аст. Ду-се печиши охирин бояд монанди печиш якум болои хам хоб раванд, баъд охири бинтро бо кайчи дударрон карда, гирех мебанданд (бо даст дарондани нуги бинт чарохатро ба дард меорад). 3) Барои бандина асосан докаи тамйизшуда (дар корхонаи фарматсевти тайёр мекунанд)-ро ба кор мебаранд. Агар дока набошад, матоъи дарзмолшуда ё докаи тозаро истифода бурдан мумкин аст. 4) Б. бояд чарохатро пурра пушонад, то ки ба захм такроран микробхои касалиовар дохил нашаванд. 5) Б. бояд бофтахоро фишурда ё таранг насозад, дардро зиёд ва нафасгириро душвор накунад. 6) Б.-ро ба хар чои бадан тавре бояд баст, ки шахс азият накашад, вакти зарурат гирифтанаш осону бедард бошад. 7) Б.-ро бодиккат ва зебо печонидан лозим, ки узв (сар, по ва г.) ба назар баднамо натобад.
Дуруст бастани Б. чарохатро аз сирояти микроорганизмхо мухофизат намуда, чирку фасодро пайваста мачаббад, хунравиро кисман бозмедорад, дардро як муддат кам мекунад. Аз ин ру Б.-е, ки саривакт гузошта шудааст, инкишофи оризахои хавфнок (уфунат, гангрена, кузоз ва г.)-ро боз медорад.
Б.-и устуворгардон. Б.-и часпак (наклейка)-ро чаррохон барои бастани захми «тоза» (бештар барои чаррохи) ва манбаи чирк, пуччак истифода мебаранд. Аввал ба захм ё манбаи газак Б.-и бинтии пахтадор гузошта, баъд бо бинти махсус (дар таркибаш ширеш дорад) мепушонанд. Часпакхо барои тана, гардан ва г. хеле мувофиканд.
Ласук (Б.-и мархами часпон) тасмачаи борик аст ва монанди Б.-и часпак истифода мешавад. Тасмачаро аз болои Б. мечаспонанд. Ласукро тарзе истифода бурдан лозим аст, ки бофтахо (хусусан панчахо) тазйик наёбанд, дар акси хол дард шиддат карда, бофтахо кабуд мешаванд. Чаррохон онро баъзан барои бо хам наздик кардани канорахои чарохат кор мефармоянд.
Б.-и сарбандакшакл. Сарбандаки махсуси тибби, матоъпораи секунчаи дурушт (катон, хомсуф ва г.), сарбандаки оддии занона ё руймолчаро истифода бурдан мумкин аст. Онро, одатан, барои ба китф овезон карда бастани даст кор мефармоянд. Бо Б.-и сарбандакшакл панчаи по ва дастро низ бастан мумкин аст.
Б.-и ангори (контури)-ро барои чои сухтаги истифода мебаранд. Онро аз лулапечхои махсуси пахтаю докаги (дар фабрика ё пешаки дар поликлиникаю беморхонахо тайёр мекунанд) месозанд. Бо Б.-и ангори якбора сатхи калони баданро рупуш кардан мумкин аст. Аз дигар Б.-хо бартари дорад. Онро ба чои сухтаги зуд ва бедард гузоштан мумкин (иваз карданаш низ осон аст).
Бандинаи турдор нисбат ба Б.-и докаги чандиртар буда, дар хар узви бадан (сар, по, банду бугумхо ва г.) мустахкам ва муддати дароз чой мегирад. Он махсусан барои ангуштон кулай ва барои бастани соки по ё даст ягона Б. аст. Дар мавриди истифодаи Б.-и турдор пуст нафас гирифта, чои бастаги арак намекунад.
Бандинаи бинтии фалахмоншакл барои бастани захми руй (бештар бини ва занах) пешбини шудааст. Бо ин максад ду нуги бинтро бурида, бо кисми яклухташ чарохат ё чои римнокро мебанданд. Дарозии Б. бояд ба якуним печи гирди сар баробар бошад.
Бандинаи мудаввар оддитарин бандина аст. Бо он захмхои хурд, мас., дар чашм, гуш, сар, гардан, китф ва сарпанчаи дастро мебанданд.
Бандинаи морпечро ба узвхои дарози бадан (пой, даст) мепечонанд. Бинтро дар як хати рост бояд тавре печонд, ки Б. шакли хушаро гирад.
Бандинаи хаштмонанд асосан барои бастани банду бугум (китф, оринч, зону, банди соку панчаи по) пешбини шудааст. Аввал бинтро поёнтар аз банд (мас., оринч) баста, баъд онро аз чукураки оринч ба суи китф, сони боз ба тарафи оринч мебаранд, ки Б. шакли адади 8-ро мегирад. Аз ин гуна Б. даст муваккат ночубон мешавад. Агар лозим ояд баъзан 2 – 3 навъи Б.-ро якбора истифода мекунанд.
Бандинахои махсус (мачозан кулохи Букрот, бандинаи неаполитани ва г. меноманд) ва таъиноташон аникро кормандони тиб дар амбулаторияю беморхонахо истифода мекунанд.
Иваз кардани Б. дар хона манъ аст, чунки бо ин кор чарохат сироятнок мешавад. Аз чарохатбандии ноухдабароёна шиддат гирифтани дард, хунрави ва диг. оризахо ачаб нест. Бемор бояд нисбат ба Б. беэътинои накунад, ба бечо шудани он рох надихад. Б. бояд хамеша (хангоми кор хам) покиза бошад (бо ин максад аз дастпушак истифода мебаранд).
Бандинаи тазйиковар асосан барои боздоштани хунрави аст. Аз болои бандина болиштаки пахтаю бинти гузошта, сахт бинтбанди мекунанд. Истифодаи Б.-и тазйиковар ба захми чукурчаи зери зону хавфнок аст, чунки харакати хун дар шараёни по катъ гашта, боиси инкишофи гангрена мешавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …