Главная / Илм / БАНДИ ЗОНУ

БАНДИ ЗОНУ

bandi-zonuБАНДИ ЗОНУ (Articulatio genis), пайванди курашакл, ки устухонхои мучи канори ва мобайнии рон, сатхи болои устухони калони сок ва собунак ба вучуд меоранд. Собунак дар пайи асабхои чорсара чой гирифтааст. Сатхи пайвандии мучи устухони рон, устухони калони сок ва собунак бо тагояки гиалини фаро гирифта шудааст. Халтаи мафсилии Б. з. васеъ буда, кисми пеши онро пайхои мушаки чорсараи рон ташкил медиханд. Б. з.-ро бандакхои пахлуии устухонхои калон ва хурди сок, хамчунин бандакхои салибшакл ва кундаланги чавфи Б. з. устувор медоранд. Дар байни сатхи бандхои устухони рон ва устухони калони сок ду тагояки досшакл – мохакхои дохили ва беруни чой гирифтаанд. Б. асосан харакати кат ва рост шуданро ичро мекунад; дар холати кат будани банд зонуро метавон андак ба берун ё дарун низ тоб дод.
Ба осебхои Б. з. гемартроз, гусастани бандакхои пахлуи, мохак ва бандакхои салибшакл, баромадану шикастан, зарбу лат хурдан ва г. мансубанд. Артрозхо, хондроматоз, гонит, бурсит ва г. аз чумлаи амрози Б. з. махсуб мешаванд.
КЛ
Расми 1. Банди зонуи рост (намуд аз пеш; гилофи банд дур карда, собунак бо пайи мушаки чорсараи рон ба поён кашида шудааст): 1 – устухони рон; 2 – бандаки салибшакли кафо; 3 – бандаки салибшакли пеш; 4 – мохаки зону; 5 – бандаки кундаланги зону; 6 – бандаки пахлугии устухони калони сок; 7 – халтаи амики зери кулчаи зону; 8 – бандаки кулчаи зону; 9 – сатхи банди кулчаи зону; 10 – пайхои мушаки чорсараи рон; 11 – пардаи байни устухонхои зону; 12 – устухони калони сок; 13 – устухони хурди сок; 14 – бандаки пеши сараки устухони хурди сок; 15 – бандаки пахлугии устухони хурди сок; 16 – мохаки латералии банди зону; 17 – мучи латерали; 18 – сатхи кулчаи зону.
Расми 2. Бандакхои салибшакл ва мохаки банди зонуи рост: 1 – бандаки кулчаи зону; 2 – халтаи амики зери кулчаи зону; 3 – бандаки кундаланги зону; 4 – гилофи банд; 5 – мохаки латерали; 6 – бандаки пахлугии устухони хурди сок; 7 – бандаки салибшакли акиб; 8 – мохаки медиали; 9 – бандаки пахлугии устухони калони сок; 10 – бандаки салибшакли пеш.

С.С. Курбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …