Главная / Илм / БАНДИ ОРИНЧ

БАНДИ ОРИНЧ

bandi-orinjБАНДИ ОРИНЧ (Articulatio cubiti), пайванди байни устухони бозу ва устухонхои соид. Онро бандхои китфу оринч (кат ва рост шудан), китфу соид (кат ва рост шудан, хамчунин тоб хурдани устухони соид) ва банди проксималии соиду оринч (тоб хурдани устухони соид, чап ва рост кардани кафи даст) ба вучуд меоранд. Хар сеи банд дар як халтаи умуми чой гирифтаанд. Чавфи банд аз камерахои пеш ва кафо иборат буда, онхо бо рогхои танг байни хамдигар алока доранд. Дар мавзеи тамоси пайхои мушаки китф ва Б. о. халтахои зулоли чой гирифтаанд.
КЛ
Расми 1. Банди оринч (намуд аз пеш): 1 – гилофаки банд; 2 – бандаки канории оринч; 3 – тори кач; 4 – устухони оринч; 5 – устухони соид; 6 – пайи мушаки дусараи китф (бурида шудааст); 7 – бандаки доирашакли устухони соид; 8 – бандаки канории соид; 9 – устухони китф.
Расми 2. Банди оринч (бурида шудааст): 1 – устухони китф; 2 – чавфи банд; 3 – гилофаки банд; 4 – шохачаи оринч; 5 – устухони оринч; 6 – устухони соид; 7 – шохачаи чанбарак; 8 – тагояки банд; 9 – блоки устухони китф.

С.С. Курбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …