Главная / Илм / БАНДХОИ МЕНЮИ АСОСИ ВА ТАЪИНОТИ ОНХО

БАНДХОИ МЕНЮИ АСОСИ ВА ТАЪИНОТИ ОНХО

Программы (Программахо). Хангоми интихоб намудани ин сатр дар экран руйхати программахое пайдо мешавад, ки онхо дар системаи Windows ба кайд гирифта шудаанд. Барои ба кор даровардани ягон программа кифоя аст, ки номи он аз руйхат интихоб карда шуда, тугмаи чапи муш пахш карда шавад. Масалан, дар расми 10 программаи Microsoft Excel интихоб карда шудааст.

Избранное (Интихобшуда). Хангоми интихоби ин сатр зерменюи силсиладоре кушода мешавад, ки дар он истифодабарандагони компютер хуччатхои заруртарини худро чойгир карда метавонанд.

barnomaho

Документы (Хуччатхо). Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз мачмуи хуччатхои дар хотираи компютер мавчудбуда, ба экран танхо руйхати 15 хуччате пешниход карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер дар сеансхои охирин махз бо онхо кор кардаанд. Агар аз руйхати пешниходкардашуда ягон хуччат интихоб карда шавад, он гох аввал программае ба кор медарояд, ки ин хуччат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин програм Расми 10. Зерменюи банди Программахои менюи асосии Windows ма информатсияи дохили хуччати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятхои равзана истифода бурда хуччатро тахрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.

Настройка (Танзимкуни). Пас аз интихоби ин сатр дар экран зерменюи зерин пайдо мешавад, ки ба воситаи он истифодабарандаи МЭХ имкониятхои мавчудаи компютерро бо талаботхо ва завки худ мувофик (танзим, чур) менамояд.

Сатри Панель управления (Панели идоракуни) яке аз калидхои асосии таъсиррасони ба кисмхои компютер ва имкониятхои системаи Windows ба шумор меравад. Хангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонахои гуногун чойгир шудаанд (Расми 11). Ба воситаи онхо ин ё он кисми компютерро ба система пайваст ё аз он чудо кардан ва имкониятхои программавии системаро мувофики завки худ идора кардан мумкин аст.

Сатри Принтеры (Принтерхо) барои принтери навбатиро ба системаи Windows пайваст кардан ва ба параметрхои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.

Сатри Панель задач (Панели масъалахо) барои бо ин панел дохил намудани тагйиротхо хизмат мерасонад.

Найти (Кофтуков). Азбаски дар дискхои магнити микдори хеле зиёди информатсияи табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар хамин хам ин сатри меню барои ба осони ва зуд кофта ёфтани папка, хуччат ё программахо пешбини карда шудааст.

Расми 11. Равзанаи программаи Панели идоракуни Справка (Маълумотнома). Бо ёрии ин сатри менюи асоси истифодабарандаи МЭХ оиди пахлухои гуногуни системаи Windows маълумотхои ёрирасонро дастрас менамояд.

Выполнить (Ичрокуни). Ин сатри меню имконият медихад, ки ба воситаи он программаи лозими якбора барои ичро равона карда шавад.

Завершение работы (Анчоми кор). Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows ба охир расонида шуда, компютер хомуш карда мешавад.

Саволхо:

  1. Бандхои менюи асосии Windows кадомхоянд?
  2. Банди Программы (Программахо)-и менюи асосии Windows чи гуна функсия дорад?
  3. Чи тавр ягон программаи заруриро ба воситаи менюи асоси ба кор даровардан мумкин аст?
  4. Бо ёрии кадом банди менюи асосии Windows хуччати ба наздики сохташуда ё истифодабурдашударо кушодан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Ба менюи асосии Windows дохил шавед ва бандхои онро бо навбат кушоед.
  3. Аз менюи асосии Windows истифода бурда, равзанаи программаи Панели идоракуниро кушоед ва нишонахои онро муоина намоед.
  4. Бо ёрии менюи асоси кори компютерро катъ намоед ва пас аз 30 сония аз нав компютерро ба кор дароред.
  5. Дар дафтар дар шакли таблитса номи бандхои менюи асосро биёред ва функсияхои онхоро мухтасар номбар кунед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

slide-0

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, …