Главная / Илм / БАНДАКХО

БАНДАКХО

bandakhoБАНДАКХО (Ligamenta), пайвандак, тор ё лавхачахои махкамеро гуянд, ки устухонхои бадан (скелет)-ро бо хам мепайванданд. Торхои баъзе узви баданро (мас., бандаки ханчара, ки бо устухон васл нест) низ бандак мегуянд. Чандири, ёзандаги, нафиси ва устувории Б. гуногун мешавад. Ёзандагии Б. ба хисоби миёна то 6,5 кг/1 мм2 аст. Чунончи, бандаки устухони косу рон 350 кг, бандаки дарози пошна 200 кг борро мебардорад. Б. дар овони кудаки хеле чандиру ёзон буда, бо мурури замон (дар калонсоли) ин хосият кам ва хатто гум мешавад (дар баъзе маврид Б. охак баста, ба устухон табдил меёбанд).
Б. асосан дар атрофи банду бугум чойгир буда, ба халтаи онхо мепечанд ва ба танзими харакат мусоидат мекунанд. Як кисми Б. барои дар холати амуди нигох доштани бадан ширкат варзида, ба устувории равоки пой кумак мерасонанд.
Ёзидан ва гусастан аз чумлаи осебхои Б. мебошанд. Аз харакати якбораи масофааш зиёд дар Б. тагйироте ворид мегардад, ки ба тамоми кори банду бугум таъсир мерасонад. Агар омили осебовар аз хадди мустахками Б. кавитар набошад, он гох ёзиши бандакхо бидуни тагйироти анатомии онхо ба амал меояд. Аз харакати мачбуриву берун аз эътидол Б. нимдаррон ё канда мешаванд. Б.-и бугуми соку панчаи по ва сарпанчаи даст нисбатан бештар, Б.-и зону ва оринч камтар осеб меёбанд; дар ин сурат бандак андак варам ва дард карда, харакаташ махдуд мегардад.
Хангоми иллат ёфтани Б. зуд ба духтур мурочиат кардан лозим аст. То омадани духтур чои осебдидаро бо бинт сахт мебанданд. Агар осеб пурра табобат карда нашавад, пас баъзе аломатхои он (мас., ноустувории банду бугум, аз нав бечо шудан, ёзидан) такроран падид меоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …