Главная / Илм / БАЛНЕОЛОГИЯ

БАЛНЕОЛОГИЯ

balneologiiaБАЛНЕОЛОГИЯ (аз лот. balneum – хаммом, оббози ва …логия), як сохаи илми тиб, ки обхои шифобахш, обшифои ва таъсири обро ба организми одам меомузад. Б. аз бахшхои гуногун таркиб ёфтааст, мас., балнеография (тавсифи курортхо), балнеотерапия (муолича бо оби минерали), балнеохимия (тадкики хосиятхои химиявии обхои минерали), балнеотехника (хифзи оби минерали ва истифодаи босамари он).
Об, хамчун манбаи хаёт, хамеша бо тамаддуни инсоният алокаи ногусастани дошт. Одамон ба оби рухафзои дарёву чашма аз кадимулайём таваччухи хоса зохир мекарданд, хусусияти шифобахшии обхоро медонистанд ва истифода мебурданд.
Дар огози тамаддуни аврупои тачхизоти шустушуй ва оббози хеле сода буданд. Бинобар кам будани об онро сарфа мекарданд. Одамон асосан аз обзан ва душхои хунук истифода мебурданд. Афлотун дар тавсифи давлати идеалии худ обзанхои гармро факат барои пиронсолон ва маризон ичозат дода буд. Асри 5 то м. дар худуди вулконхои Юнон ва чазирахои хамшафати он истифодаи обзанхои минералии гарм расм гашт. Бисёр чашмахои шифобахш мукаддас дониста мешуданд.
Сокинони Рим дар бахр ё дарёи Тибр оббози мекарданд. Одамони сарватманд дар хонахои худ чойхои махсуси оббози бунёд менамуданд; барои табакахои камбизоати ахоли хаммомхои умуми сохта шуда буданд. Табобат бо обхои шифобахш ба чузъи таркибии зиндагии римиён табдил ёфт. Оби гарме, ки аз куху дара фаввора зада мебаромад, бо максади рафъ намудани бисёр беморихо истифода мешуд.
Дар мамлакатхои Шарки Наздик ва Миёна шустушу дар хаммом одати маъмули буд. Одамони сарватманд хатто ваннахои чубини худро ба уштурхо бор карда ба сафар мебаромаданд. Чанговарон барои оббози чох кофта, онро тахтабанди мекарданд; чунин чоххо бо оби гарм пур карда мешуданд.
Сарзамини Осиёи Маркази низ бо чашмаю обхои шифобахши худ шухрати беандоза дорад. Факат дар каламрави як худи Точикистон зиёда аз 200 чашмахои шифобахши обашон хунук ва гарм мавчуданд.
Абуалии Сино дар «Ал-Конун» оид ба ахамияти гармоба кардан ва баёни гармобахо мегуяд: «Хар кас, ки фарбехи бихохад, бояд баъд аз таом гармоба биравад… Агар касе халшавию логар шудан бихохад, бояд бо шиками гурусна гармоба кунад ва андар он бисёр бимонад… Бояд аз якбора берун шудан аз гармоба ва баъди он сарро барахна ва танро андар маърази сарди гузоштан эхтиёт шуд, балки агар айёми зимистон бошад, бояд хангоми берунои аз гармоба бо чомахои гарм худро бипечид. Касоне, ки ба холи табанд ва ё касоне, ки ба гусастагии пайвастаги ва омос гирифторанд, бояд аз гармоба пархез кунанд…»
Абуалии Сино дар чои дигар рочеъ ба шустушу бо оби сард гуфтааст: «(Оби сард) касеро хуб аст, ки тадбираш аз хама чихат ба чой бошад. Син, кувват, гарми ва фасли он хама созгор буда, ба хомии гизо, кай, исхол, бехоби ва назлахо гирифтор набошад… (Оби сард)-ро гохе аз барои кави гардонидани пуст ва нигох доштани гарми аз паси оби гарм ба кор баранд. Агар чунин хоста бошанд, об набояд сахт сард, балки миёна бошад…»
Тадкики обхои шифобахши Точикистон таърихи дерина дорад. С. 518 сайёхони чини Хой-Сэн ва Сун-Юн, баъдтар Хюэн-Сен (с. 664) аз Помир дидан карда, дар бораи обхои минералии он маълумот медиханд. С. 1272 Марко Поло ва с. 1602 Петер Бенедикт Гоес ба Помир омада, дар баробари олами хайвоноту наботот макони обхои шифобахш будани ин сарзаминро кайд кардаанд. Дар тадкикоти минбаъдаи балнеологии каламрави Точикистон Б.А. Федченко, Н.И. Берёзкин, Е.Г. Андреев, К.П. Арихбаев, М.В. Лавров, Г.И. Жуков, Е.Т. Исоева, П.Т. Зоиров, И.О. Косимов ва диг. сахми назаррас гузоштаанд. Ниг. низ Балнеотерапия, Обхои минерали, Гидротерапия.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …