БАЛГАМ (Sputum), яке аз хилтхои чахоргона. Б. хангоми беморихои гуногуни узвхои нафас чудо шуда, дар вакти сурфидан хорич мегардад. Микдори Б. аз чанд мл (хангоми бронхит ва пневмония) то 1 – 2 л (хангоми беморихои фасодноки шуш, ниг. Бронхоэктаз) мешавад. Ихрочи Б. ба фаъолияти бронххо ва мавкеи бемор вобаста аст (мас., ихрочи Б. хангоми ба пахлуи солим дароз кашидани бемор зиёд мешавад). Б. одатан бебуй аст, вале хангоми пусиш дар шуш хеле бадбуй мегардад.
Холат ва ранги Б. ба таркиби он вобаста аст. Б. моеъ, часпак ва гализ мешавад. Б.-хои луоби, зардоби, фасоди, луобию фасоди, зардобию фасоди ва хуни хам вучуд доранд. Б.-и луоби беранг, шаффоф, часпак буда, дар даврахои аввали бронхит, газаки шуш, зики нафас мушохида мегардад. Б.-и зардоби моеъи шаффоф ва кафкдор аст; хангоми обварами шуш чудо мешавад. Б.-и фасоднок кабудча буда, дар шуш хангоми пусиш тавлид меёбад. Б.-и хунин каме хун дошта, хангоми беморихои гуногуни шуш ва дил ихроч мешавад. Дар Б. унсурхои хучайравии хун, хучайрахои омос, торхои эластики, соддатаринхо (мас, амёба), кирмхо (эхинококк, кирминаи аскаридахо), занбуругхо, бактерияхои гуногун ва г. вучуд дошта метавонанд.
Б. манбаи бисёр беморихои сирояти аст. Барои пешгирии чунин беморихо ба руи фарш ва рох туф кардан ё ба кафи даст сурфидан мумкин нест. Чунки бактерияхои Б. хангоми дастфушури ба каси дигар мегузаранд ё дар чизхои дастрасида (пул, дастаки дар, мошин ва г.) боки мемонанд. Дар вакти сурфидан, дахонро бо руймолча ё пушти дасти чап пушондан лозим аст. Бемороне, ки Б. чудо мекунанд, бояд ба туфдони махсуси сарпушдор туф кунанд; пас аз сурфидан, фуру бурдани Б. зарар дорад. Б.-и туфдонро каблан ба махлули гандзудо (хлоргексид, хлорамин) безарар гардонида, сипас ба канализатсия мерезанд. Туфдони холиро дар махлули сода чушонида безарар мекунанд. Барои тахкики лаборатории Б. онро дар зарфи тоза чамъ меоранд (махлули гандзудо намерезанд). Баъд аз балгампартои дахонро обгардон кардан лозим аст. Хангоми беморихои сироятие, ки ихрочи Б. яке аз аломатхои онхост, риояи коидахои гигиенаи шахси хеле зарур мебошад. Б. барои ташхиси бисёр беморихо (хусусан амрози узвхои нафаскаши) ахамияти калон дорад.
Б.-ро барои санчиш бехтараш пагохирузи дар косачаи Петри гундошт. Кабл аз сурфидан, дахонро бо махлули фуратсилин (1 : 50 000) ва сипас бо оби чушонидаи хунук обгардон мекунанд. Агар Б. дар мавриди бронхоскопия гирифта шуда бошад, пас натичаи ташхиси он нисбатан эътимодбахш аст. Барои тадкики Б. аз усулхои макроскопи, физикию химияви, микроскопи, бактериологи ва биологи истифода мекунанд.
Дар вакти пайдо шудани сурфаи балгамдор бояд ба духтур мурочиат кард.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …