Главная / Илм / БАЛАНИТ

БАЛАНИТ

balanitБАЛАНИТ (Balaninis), газаки пусти сари олоти таносули мардон. Б. одатан бо илтихоби баргаки дохилии галафа хамрох мешавад. Дар чунин мавридхо онро баланопастит меноманд. Б. дар сурати танг будани галафа (фимоз) ва гун шудани катрахои пешобу смегма (шираи гилофаки нара) пайдо шуда, аксаран ба уретрит, диабети канд ва диг. беморихо якчоя инкишоф меёбад.
Хангоми Б. сари нара сузиш ва хориш мекунад. Аломатхои мазкур хусусан баъди пешоб кардан шиддат меёбанд. Пусти сари нара ва галафа варам карда, сурх мегардад, сатхи онро реш фаро мегирад, аз сурохии он фасод меояд; баъзан укдахои лимфавии кадкашак калон мешаванд.
Дар мавриди газаки шадид алокаи чинсиро бояд катъ кард. Худсарона нуги нараро кушода, ба он дорухои гуногун молидан ё пошидан мумкин нест, чунки ин кор боиси пахн шудани газак ва пайдоиши гангрена мегардад. Хатман ба духтури уролог мурочиат кардан лозим аст. Хангоми фимоз ба амалиёти чаррохи даст мезананд.
Бо риояи коидахои тозаги ва муоличаи саривактии фимоз метавон Б.-ро чилавгири кард. Пеш аз хоб ва пагохи сари нараро аз смегма тоза карда, бо оби ширгарму собун шустан лозим аст.
Б. дар ашхосе, ки хатна карда шудаанд, ба мушохида намерасад.
Ад.: Оперативная урология, М., 2003; Урология, М., 2005.
Х.У. Ёров.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …