Главная / Чугрофия / БАЛАНДИИ НИСБИ ВА МУТЛАК

БАЛАНДИИ НИСБИ ВА МУТЛАК

Баландии нисби ва муайян кардани oн. Ба харитаи табии нимкурахо назар андозем, рангхои гуногуниро мушохида мекунем. Oн рангхо нохамворихои сатхп Заминро ншион мсдиханд, ки онро дар географияи табии релеф меноманд. Он аз пасти, хамвори, води, теппахо ва куххо иборат мебошад (Аз чадвали баландии кисми поёнии харита нишон дихед, ки ин намудхои релеф дар харита бо кадом рангхо ифода карда шудаанд?).

ченкунии  баландиОнхо ба худ хос баланди доранд. Баланди нисби ва мутлак мешавад. Фаркияти баландии як нуктаи сатхи Заминро аз дигараш баландии нисби меноманд. Онро дар махал ба воситаи нивелири мактаби муайян мекунанд. Масалан, ба мо лозим аст, ки дар махал баландии теппаро муайян кунсм. Барои ин амалро ичро кардан ду хонанда ипггирок мекунанд. Яке аз онхо нивелирро дар доманаи теппа гузошта, амуди будани онро аник менамояд. Баъд ба воситаи нишонгираки нивелир нуктаи нишон мегирифтагиро муайян мекунад. Хонандаи дигар ба он нуктаи нишонгирифта мех мекубад. Хамии тавр, баландии теппаро аз домана то кулла чен мекунанд. Агар баландии нивелир I метр, баландии теппа 6 метр бошад, дар он сурат аз доманаи телпа то куллаи oн хонандатон чои якдигарро 5 маротиба иваз мекунанд ва баландии нисбпп онро муайяп менамоянд.

Баланлии мутлак ва муайян кардани он. Ба мо маълум аст, ки кисмхои алохидаи сатхи хушки аз сатхи бахр ва укёнус дар баландихои гуногун вокеъ гардидаанд. Хар яки онхо (хамвори, теппа, пахнкух, каторкух ва гайра) дорои баландии нисби ва мутлак мебошанд. Агар баландии нисбиро аз руи баландии як нуктаи сатхи хушки нисбат ба нуктаи дигари он муайян кунанд, баландии мутлакро аз сатхи миёнаи оби бахр ва укёнус муайян менамоянд. Бинобар ин баландии нуктаи сатхи Заминро, ки мувофики нишеби аз сатхи бахр (дар илми топография он ба 0 баробар асг) хисоб карда мешавад, баландии мутлак меноманд.

Дар чумхурии мо баландии мутлаки сатхи Замин аз сатхи Бахри Балтика хисоб карда мешавад. Онро дар накшаи махал ва харитаи табий бо нукта ифода карда, бузургии баландиро аз сатхи бахр бо метр нишон медеханд. Масалан, баландии мутлаки агбаи Анзоб аз сатхи бахр 3372 метр, куллаи Исмоили Сомони 7495 метрро ташкил медихад.

Тасвири нохамворихои сатхи Замин (релеф) бо хатхои Уфуки. Сатхи Замин нохамвор аст. Як махал аз махали дигар бо пасти ва баландии худ фарк мекунад. Барои дар накша ва харитаи табии тасвир кардани онхо аз хатхои уфуки истифода мебаранд.

Хар як хати уфуки нуктахои баландии мутлакашон якхеларо бо хам пайваст менамояд. Хамин тавр, xaтеpo, ки баландихои мутлаки (аз сатхи бахр) якхеларо бо хам пайваст мекунад, хати уфук меноманд. Агар нохамвории (релефи) сатхи Замин гуногун (аз чихати баланди) бошад. Дар накша ва харитаи табии хатхои уфуки бештар кашида мешаванд. Тарзи кашидани хатхои уфуки дар расми 15 тасвир ёфтааст. Дар он намуди зохирии Чазираи Линколн ва накшаи онро мебинем. Агар ба намуди зохирии чазира назар андозем, мебинем, ки хати уфуки аз сохили он кашида шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки сохили чазира ва сатхи бахр як хел баландии мутлак доранд ва он бо 0 ифода шудааст. Дигар хатхои уфукй (20, 40, 60 80..-) аз якдигар дар масофаи 20 метр кашида шудаанд. Хар яки онхо баландии мутлаки нуктаи муайяни махалро ифода мекунанд. Бинобар ин дар накша барои фарк кардани баландии мутлаки якхела дар назди хар як хати уфуки баландии мутлаки он бо адад ифода карда шудааст (Аз расми 15 он ададхоро нишон дихед).

Дар накша мо инчунин аз руи ба хам наздик ва ё дур чойгир шудани хатхои уфукй нишебй ва моилии махалро муайян мскунем. Ба хам наздик вокеъ гардидани хатхои уфуки гувохи медихад, ки релефи он кисми махал нихоят нишеб аст. Дар як кисми накшае, ки хатхои уфуки аз якдигар дур кашида шудаанд, моил будани релефро нишон медиханд. Хатчахое, ки ба хар як хати уфуки ба таври амуди кашида шудаанд, ба кадом самт паст шуда рафтани релефи махалро нишон медиханд.

Хамин тавр, дар накша ва харитаи табии нохамворихои сатхи Замин ба воситаи хатхои уфуки нишон дода мешаванд. Аз хамин сабаб мутахассисон (геологхо, рохсозон, бинокорон, накбканхо ва гайра) дар фаъолияти худ аз накшахои топографи хамачониба истифода мебаранд.

Савол ва супориш

  1. Баландии нисби чист?
  2. Баландии мутлак ва нисби аз якдигар чи фарк доранд?
  3. Хатхои уфуки барои чи лозиманд?
  4. Дар накша ба хам наздик ва аз хамдигар дур кашида шудани хатхои уфуки чй маъно дорад ва чиро ифода мекунад?
  5. Аз накшахои топографи кадом мутахассисон бсштар истифода мебаранд?
  6. Аз руи накшаи Чазираи Линколн нишеби ва моилии махалро муайян кунед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …