Главная / Илм / БАКТЕРИОЛОГИЯ

БАКТЕРИОЛОГИЯ

bakteriologiyaБАКТЕРИОЛОГИЯ (Bacterioljgia; аз бактерияхо ва …логия), як сохаи микробиология, ки ба омузиши бактерияхо машгул аст. Б.-и умуми масъалахои тасниф, морфология, физиология, биохимия, ирсият, тахаввул, дар мухити гизои пахн гаштани бактерияхоро тадкик мекунад. Б.-и тибби хосияти бактерияхои барои одамон касалиовар, роххои чудо кардани онхо, ташхисот, масъалахои иммунитет ва г.-ро меомузад. Б.-и ветеринари барангезандахои касалии сироятии хайвонотро тадкик мекунад. Б.-хои санитари, кишоварзи ва саноати низ мавчуданд.
Таърихи тараккиёти Б.-и назариявию амали дар Точикистон ба ташкили Пажухишгохи санитарию бактериологи дар ш. Душанбе (с. 1932) алокаманд аст. Дар пажухишгохи мазкур шуъбаи Б. таъсис ёфта буд, ки айни хол маркази илмию методи махсуб мешавад. Дар шуъба таъсири тарафайни бактерияхо, вирусхо ва соддатаринхо дар меъдаю руда, таъсири биосенозхо ба давомоти бемори, хусусияти бактерияи исхоли хунин, ангезахои салмонеллёз ва роххои пахн гардидани беморихои сирояти мавриди тадкик карор гирифтанд.
С. 1941 дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино кафедраи микробиология таъсис ёфт, ки дар тарбияи мутахассисони сохаи Б. сахми назаррас гузошт. Кормандони кафедра аз рузхои аввали фаъолияти илмии хеш ба масъалаи тадкикоти бактериологи эътибори махсус медоданд. Дар натича оиди ангезандаи бисёр беморихои сироятии маъмул ва роххои махв сохтани онхо, пайдоиши беморихои римдор, хусусияти ирсии микроорганизмхои беморизо, мас., кампилобактерияхо, хелокобактерияхо ва г. маълумоти чолиб ба даст омаданд. Тадкикоти бактериологи дар Ин-ти пешгирии беморихои Вазорати тандурустии чумхури низ ба рох монда шудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …