Главная / Илм / БАКТЕРИЯХО

БАКТЕРИЯХО

bacteriaБАКТЕРИЯХО (Bacteria; аз юн. bakterion – чубча), микроорганизмхои асосан якхучайра, ки дар табиат нихоят фаровонанд.
Б.-ро бори аввал дар а. 17 олими голланди А. Левенгук ошкор кард. Омузиши дакики хусусиятхои биологии Б. бо номи олими франсави Л. Пастер, микробиологи немис Р. Кох ва олими англис Д. Листер марбут аст. Б. чубшакл, курашакл (коккхо), спиралшакл (спирохетахо), вергулшакл (вибрионхо) ва г. мешаванд. Дарозии Б.-и чубшакл 1 – 8 мкм, барашон 0,5 – 2 мкм, диаметри Б.-и курашакл 0,5 – 1 мкм аст (1 мкм – аз хазор як хиссаи миллиметр). Б. бо девораи хучайрави ва гишо (мембрана)-и ситоплазмави фаро гирифта шуда, ситоплазмаи кабат-кабат, дона-дона ва найчашакл доранд. Хучайраи Б. аз кислотаи дезоксирибонуклеат ва рибосома, ки дар таркибаш кислотаи рибонуклеат дорад, иборат аст. Б. хамчун организмхои сапрофит (гизояшон бокимондаи моддахои гуногуни органикист) ё паразит гизо мегиранд. Баъзе навъхои Б. (мас., Б.-и азотандуз) аз моддахои ноорганики моддахои органики хосил мекунанд. Вобаста ба тарзи нафасгири Б. ба аэробхо, микроаэрофилхо (дар мавриди паст шудани фишори чузъии оксиген инкишоф меёбанд) ва анаэробхо (барои инкишофи онхо оксиген лозим нест) чудо мешаванд. Дар раванди фаъолият Б. ба мухит ферменти зиёд ихроч менамоянд. Баъзе Б. кабати берунии мухофиз (капсула, спора ва г.) доранд. Дар Б. тагйирпазири, мутобикат ва устувори бар зидди таъсири зарарнок назар ба диг. организмхо бештар аст. Ба бисёр Б. зиддияти байнихами, мукобилат бо микроорганизмхои дигар, инчунин холати симбиоз (хамзисти) хос мебошад. Актиномисетхо, микоплазмахо ва г. гуруххои асосии Б.-ро ташкил медиханд.
Вобаста ба таркиби химияви Б. аз хучайраи организмхои дигар тафовут надоранд. Хучайраи Б. аз 75 – 85% об иборат аст. Такр. 90%-и бокимондаи хушкро пайвастхои молекулаашон калон – кислотахои нуклеинат (10%), сафедахо (40%), полисахаридхо (15%), пептидогликан (10%) ва липидхо (15%) ташкил медиханд.
Дар рафти хаёти Б., мисли организмхои дигар, ферментхои сершумор ширкат меварзанд. Баъзеи онхо (мас., эндоферментхо) факат дар дохили хучайра фаъолият карда, раванди синтез, нафаскаши ва г.-ро таъмин месозанд. Ферментхои дигар (экзоферментхо)-ро Б. ба мухит ихроч менамоянд.
Бахри рушду афзоиши Б. бояд мухити сукунат ба микдори кофи гази карбонат, нитроген, намакхои гуногун ва харорати мувофик дошта бошад. Барои бисёр Б.-и беморизо харорати созгор 370 аст (яъне мувофик ба харорати бадани одаму хайвонот).
Ба фаъолияти Б. харорат, нами, афканишоти ултрабунафш ва ионнок таъсир мерасонанд. Б. ба сармо тоб меоранд. Баъзеи онхо дар сармои 190С (спорахо дар – 2530С) низ метавонанд фаъолият дошта бошанд. Вале аз гармии зиёд онхо зуд нобуд мешаванд; Б.-и беспора дар харор. 60 – 700 ва спорадор дар харор. зиёда аз 1000 махв мегарданд.
Дарачаи бардошти Б. ба беоби низ гуногун аст. Мас., гонококкхо бинобар хушкидан зуд мефавтанд; фаъолияти Б.-и исхоли хунин то 7 руз, гулузиндонак – 30 руз, домана – 70 руз, бемории сил – 90 руз, спорахои батсиллаи сухтани то 10 сол махфуз мемонад. Б. ба афканишоти ултрабунафш, аз чумла ба нури бевоситаи офтоб, хассос мебошанд.
Аз микдори беинтихои Б.-е, ки дар табиат мавчуданд, факат адади ками онхо боиси пайдоиши беморихо мешаванд. Б.-и бемориовар баъди ба организм афтодан, захр – экзотоксин хосил мекунанд (мас., ангезахои хунок, ботулизм, кузоз ва г.). Экзотоксинхо нихоят захрнок мебошанд: 5 кг захри ботулизм ё 7 кг энтеротоксини стафилококкхо метавонад зиёда аз 5 млн л обро сироятнок созад.
Баъзе Б. (салмонеллахо, микробхои руда, ангезандахои исхоли хунин, гонококкхо ва г.) эндотоксин хосил мекунанд. Захрнокии эндотоксинхо нисбатан суст буда, онхо ба бофтахо таъсири интихоби надоранд; эндотоксин зери таъсири формалдегид ба анатоксин табдил намеёбад.
Б. дар хок, об хаво, организми одам ва хайвонот мавчуд буда, дар мубодилаи моддахо дар табиат, баркарор сохтани захираи гази карбонат (CO2) дар атмосфера ва гизохои минералии нитрогендор дар хок (барои сабзиши растанихо заруранд) ахамияти калон доранд. Баъзе Б. барои хосил кардани антибиотикхо, ферментхо, спирт, витаминхо, кислотахои органики ва г., инчунин дар тахвили пахта, абрешим, кахва, каучук, силосонии хуроки чорво ва г. ахамияти калон доранд. Б.-и дигар боиси пусиш ва туршии озукавори ва диг. анвои махсулот мегарданд. Б. ангезандаи бисёр беморихои одам (вабо, исхоли хунин, домана, тоун, хунок, сил, брутселлёз ва г.), хайвонот (мас., сухтани ва г.) ва растани (тосаки картошка ва г.) мебошанд. Баъзе Б.-и бемориовар ва захри онхо барои тайёр кардани ваксина ва зардоби табобати ба кор мераванд. Бар зидди Б.-и зарарнок аз воситахои физики (харорати баланд, нури ултрабунафш ва г.) ва химияви (моддахое, ки бактерияхоро махв мекунанд ё инкишофи онхоро суст мегардонанд) истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …