Главная / Гуногун / БАХШИШИ  ТОЧИКИ

БАХШИШИ  ТОЧИКИ

Он руз рузи хуб буд, хеле хуб!

Осмон соф буду бегубор. Хаво бенихоят тозаву форам, кучахо сергул, боби сайру гардиш ва кайфу сафо! Аммо, афсус, сад афсус, ки Серкорбек – бечора! – ба сархори вакт надорад. Аз дасти кору бор рохашро гум карда, чун харруза когазхои гарамшударо тагуру карда, ба кавли баъзехо маошашро «халол» мекард. Ин лахза гичиррос зада, кушода шудани дари уток уро ба худ овард. Пиндошт, ки сардор аз холи кор мепурсад. Аммо гумонаш ботил баромад. Ба уток сардор не, Бекорбек, марди паканаи луб-лундаи тоссар, ворид гашт. Табъи чок дошт.

– Монда набошед! – хушнудона нидо намуд у.

– Саломат бошед!

– Бахайр, худаш чи гап?

– Дида истодаед, кор мекунам!

– Худо кувват дихад, гайрати шумо бачо! – бардам-бардам кадам монда истода боз нидо намуд у.

Холо ба гуши Серкорбек овози булбул хам намефорид. Аввал як хост бигуяд, ки: «Илтимос, баъдтар даро, ман холо банд». Вале хамзамон маколи: «Изои бандаи муъмин харом!» – ба ёдаш расиду аз ин райъаш гашт. Айнакашро аз чашм гирифта, руи миз гузошт. Ва зураки табассум намуда:

– Мархамат, биёед, – гуён, одобро ба чо овард Серкорбек.

Вале баъдтар хазор пушаймон шуд, аммо чи суд – тир аз камон часта!

– Биё нагуед хам, омадем, – каноатмандона бо дахони пур табассум карда, беибо гуфт Бекорбек.

– Э гайрат кардед-дия, – абру чин намуда, нимгурма ва каме бедимог гуфт Серкорбек.

– Медонам, медонам! – бо як болидарухие нидо намуд Бекорбек. – Гумон накунед, ки намедонам. Хамаашро медонам. Ха, хамаашро медонам. Шумо одами бенихоят серкор. Коратон аз муи саратон бисёр. Чи хеле ки мегуянд, ба сархори вакт намеёбед. Аммо… Вале… Лекин… Ха, ман ба вакти шумо зомин намешавам. Ха, хамаги як дакика вактатонро мегираму халос. Як дакика! Бовар кунед! Танхо як дакика! Зиёд не! Лекин аввал карзро адо намудан лозим…

Сухани уро бурида, бо хайрат пурсид:

– Карз?!

– Хо! – нидо зад Бекобек. – Карз-карз!

Бо тахайюр ба руи Бекорбек нигарист.

– Чи хел карз?

Дар чавоб бо тантана нидо зад:

– Карзи инсони!

– Карзи инсони? Валлох, ки…

– Э, мардак! Охир, мо точикем. Мегуянд-ку: расми хуби точиконро гум макун! – зуд инони суханро ба даст гирифт Бекорбек ва ба Серкорбек даст дароз кард: – Бардам, соку саломат хастед?

– Ташаккур, нагз, – ноилоч даст дода, бо дили нохохам хавоб дод Серкорбек.

– Чи хубе, чи хубе! – дасти Серкорбекро такон дода гуфт Бекорбек. – Янга чи тавр, янга?

– Ташаккур, вай хам бардам, соку саломат, – чавоб дод Серкорбек.

– Ох чи хуб! – хушнудона нидо намуд Бекорбек. – Фарзандон чи, фарзандон? Агар хотираам бевафои накунад… онхо шаш нафаранд-а?

– Ташаккур, даву тоз, гелидаю жулида, ба воя расида истодаанд, – бедимог посух дод Серкорбек.

– Хешу акрабо чи хол доранд? – боз суол дод Бекорбек. – Агар хотираам бевафои накунад, як пода хешу акрабо доред-а?

– Ташаккур, ташаккур, – асабиёнаю бозарда чавоб дод Серкорбек. – Холи хешу акрабо, авлоду ачдод, хакку хамсояхо хам дуруст, сад дар сад!

Вале ин гуфта ба Бекорбек сари муе таъсир нарасонд.

– Ох, чи хуб! Чи хуб! Ха, вокиан рузхои истирохатро нагз гузарондед? Ба дараи Варзоб рафтагистед-а? Ё ба дараи Ромит рафтед?

Серкорбек охи чукуре кашида, каме бо овози баланд гуфт:

– Не ба ину на ба он!

– Эъ, чаро? О-о, барои чи-и?

– Охир, банд будам.

– Банд будед? Дар кучо?

– Дар кор будам…

– Нахо-о-од? – сухани Серкорбекро кайчи зад Бекорбек. – Э шумо одами асил. Агар гуям, ки гавхари ноёб, хато намекунам. Медонед, шумо ба падаратон рафтаги! Ха, ха! Як себи дукафон-е! Ха, ха! Ман падаратонро – гурашон пурнуру чояшон чаннат бошад! – хуб мешинохтам…

– Чи, чи?! Э хой, ба дахонатон нигох карда гап занед. Худоро шукр, падари ман зиндаву саломат!

 – Нахо-о-од?! О, лаънатии Гайбатбек-е! Хамон падарлаънат ин гапа гуфт-а? Ха забоната гунда газад-е! Хайр, боз хубтар. Ман чудо хурсанд шудам. Хайр, Худо умрашона дароз кунад! Ха, шумо ба падаратон рафтаед. Охир, аз гул гул меруяду аз шура шура гуфтаги барин, шумо падаратон барин гули сари сабад.

Серкорбек аз ин суханхо лабонашро норозиёна фушурда, чизе нагуфт. Бекорбек бошад, бо фахру гурур ва саросема боз ба гап даромад.

– Шумо боз хаёл накунед, ки ман комплимент мегуям. Рост мегуям, бе хеч таърифу хушомад. Ха, ин хакикат аст. Ман кач шинам хам, гапа рост мегуям. Ха, баъзехо барин дуруя нестам. Бовар кунед!

Серкорбеки босабру токат аз серчогии Бекорбек бесаранчом гардид. Аммо Бекорбек парвои фалак надошт.

– Захмат кашидед-да, – захрханда кард Серкорбек ва бархост. – Лекин, кори таъчили…

– Э-э-э, чи хел захмат будааст, – сухани уро кайчи зада, бепарво даст афшонд Бекорбек ва курсиро кафо кашиду ру ба руи Серкорбек нишаст.

Серкорбек аз ин кадар ширеш барин часпидани Бекорбек ва нимкора мондани кораш дилтанг шуда, намоишкорона руй турш намуду нигохи бадкахронае ба суи Бекорбек андохт.

– Медонам, медонам! – боз бо як болидарухие нидо намуд Бекорбек. – Шумо одами бенихоят серкор. Коратон аз муи саратон бисёр. Чи хеле ки мегуянд, ба сархори вакт намеёбед. Лекин ман ба вакти шумо зомин намешавам. Ха, ха, зомин намешавам. Ха, хамаги як дакика вактатонро мегираму халос. Гуфтам-ку: як дакика! Зиёд не! Бовар кунед!..

– Бовар мекунам! – бадкахрона сухани уро бурид Серкорбек. – Ху-уш?!

– Ху-у-уш, ки бошад, ман омадам, ки аз шумо бахшиш пурсам, – оромона гуфт Бекорбек. – Ха, бахшиш пурсам!

– Бахшиш? – Серкорбек хайратомез ба Бекорбек нигарист. – Бахшиш? Аз ман? Барои чи?

– Э, зинда бошед-е! – табассум кард Бекорбек. – О, ман гунахгор. Ха, рузи чумъа гунохи калон кардам.

– Гунох? – пурсид Серкорбек ва уро ким-чи хел хисси номафхуми ташвишу изтироб фаро гирифт.

– Ха, гунох-гунох! – ботантана гуфт Бекорбек. – Гунохи калон!

– Ох-ха, ана гапу мана гап! – бо тахайюр ба руи Бекорбек нигарист Серкорбек. – Чи хел гунох?

– Чи хел гунох? Ба шумо чи хел фахмонам… Ха, медонед, ман як одат дорам, – файласуфона ба сухан огозид Бекорбек. – Ха, бисёр одати хуб. Ин одат аз падарам ба ман мерос мондаги. Хар шаб пас аз кор ва хуроки шом мисрахои шоирро ба ёд меорам: «Хар шаб зи худат бипурс агар ту марди, к-имруз чи хизмате ба мардум карди». Пас аз ба хотир овардани хамин мисрахо пай бурдам, ки дар баробари хизматхои шоён боз як гунох хам кардаам. Ха, як гунох. Худоё, тавба! Ду руз чи кадар азоб кашидам. Аз гулуям об нагузашт гуям, бовар кунед. Ба фикрам як се-чор килло хароб хам шудам.

– О, чи хел гунох кардед, охир?! – бекаророна пурсид Серкорбек.

– Рузи панчшанбе буд ё… не, не ба фикрам рузи чумъа буд, – гуфт Бекорбек. – Ха, аник рузи чумъа буд.

– Чи буд рузи чумъа?

– Рузи чумъа ман ба наздатон даромада будам-а? – пурсид Бекорбек. – Ёд доред? Ба ёд биёред.

Серкорбек норозиёна паси сар хорид.

– Не, ёд доред?! Бояд ёд дошта бошед! Хеч мумкин нест, ки ёд надошта бошед.

– Ха, ха, ёд дорам, – дилу бедилон чавоб дод Серкорбек. – То ки тезтар аз у халос шавад.

– Офарин! – хушхолона нидо зад Бекорбек. – Дидед, шумоя хотираатон хам кави! Хо-о соати дах буд ё… не, не, соати ёздах буд? Ё…. соати… ха, соати ёздахуним буд. Рост, соати расо ёздахуним буд. Ха, аник! Чунки аз тиреза чашмам ба сардорамон афтод. У ба хуроки нимрузи мерафт. О, у хар руз ним соат пеш меравад-ку. Одаташ хамин… Ба сардор бинг гуфта хам бин-дия. Ки чуръат карда метавонад ба ин? О, шумо хам уро арбобу тура мегуед-ку!

Серкорбек ба газаб омад, вале худро бо азобе дошту тахдидомез:

– Ху-уш?! – гуфту гирехи галстукашро андаке сустар карда пурсид:

– Хайр, баъд чи?

– Баъд чи? Ха, хуш, ки бошад, соати ёздахуним ба наздатон даромадаму якто сигор пурсидам. Ха, танхо як дона сигор. Хамаги якто сигор! Шумо гуфтед, ки надорам. Ха, надорам гуфтед. Харчанд, ки сигор доштед. Хайр, чи хам мегуфтам. Руи одам гарм, нур дорад…

Ин дам косаи сабри Серкорбек лабрез гашту худро дошта натавонист.

– Хой лаккии беимон! – бонг зад у. – Ман сигарет намекашам!

– Шумо сигарет намекашед?!

Аз шиддати изтироб лабхои у париданд.

– Ха! Намекашидам! Намекашам! Ва хеч гох кашидани хам нестам!

– О, дархол хуруси чанги нашавед! – пичингомез гуфт Бекорбек. – Хай-хай, нагз не. Нагз не-е. Хайр, сигор накашед не-дия! Охир, ин он кадар ахамият хам надорад…

Хун ба сари Серкорбек зад ва бо овози пургазаб ба фарёд гуфт:

– Набошад, чи ахамият дорад?!

– Вакт! – нидо зад Бекорбек. – Хо, хо, вакт!

– Чи хел вакт?

– Вакти шумо! Хо, хо! Охир, ман бо хохиши ахмаконаи худ як дакика вакти киммати… Э киммат чи, вакти тиллои шуморо ба боди сабо додам. Ха, ба боди сабо! Аз ин корам шарм медорам. Бовар кунед! «Кори имрузаро ба фардо нагузор» – гуфтаанд. Барои хамин омадам, ки аз шумо бахшиш пурсам. Маро бубахшед, дусти азиз…

– Бас аст!!!

Вачохати Серкорбек чунон бимангез буд, ки Бекорбек дигар чизе нагуфта, утокро тарк кард.

Он руз рузи хуб буд, хеле хуб!

 6 январи соли 2001

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …