Главная / Илм / БАХЧУ-Л-ХАЗОКАТ

БАХЧУ-Л-ХАЗОКАТ

asar«БАХЧУ-Л-ХАЗОКАТ», асари тиббии Кудрат Ахмад ибни Хофиз Иноят Ахмад. С. 1835 дар Хиндустон таълиф карда шудааст. Китоб аз мукаддима, ду боб ва хотима иборат буда, асосан ба масъалахои умумии тиб бахс мекунад. Мукаддима ба таърифи илми тиб, максад ва мавзуи он бахшида шудааст. Боби аввал дар бораи куллиёти тибби илми буда, аз чахор фасл иборат мебошад: фасли якум рочеъ ба умури табиия, фасли дуюм оид ба баёни хелхои беморихо, фасли сеюм дар бораи сабабхои амроз ва фасли чахорум оид ба аломоти беморихо маълумот медихад. Боби дуюми китоб дар бораи куллиёти тибби амали аст. Он аз ду фасл иборат мебошад: фасли якум – дар конунхои хифзи сиххат; фасли дуюм – дар тадбири илоч. Дар хотимаи китоб рочеъ ба маърифати (шинохтани) таъсири адвияи муфрада (давохои гайри таркиби), дарача ва конуни таркиб ва микдори истеъмоли он маълумот дода шудааст. Дар фасли якуми боби аввали китоб омада: «Бояд донист, ки авкоти умр филчумла чахоранд: яке синни нумув, яъне болидан ва он то кариби си сол аст. Дуюм, синни вукуф ва он то сиюпанч ё чихил (ба хасби мизоч ва иклим). Сеюм, синни инхитот бо бакои кувват ва он то кариби шаст сол аст. Чахорум, синни инкитот бо зухури заъф ва он то охири умр бошад». Китоб с. 1869 дар Хиндустон чоп шудааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …