Главная / Илм / БАДБуИИ ДАХОН

БАДБуИИ ДАХОН

badbuii-dahonБАДБуИИ ДАХОН (Foetor ex ore), буи нофорамест, ки бештар хангоми беморихои милки дандон, дандонхо, димог, сурхруда, меъда, шуш ва г. падид меояд. Дар баъзе мавридхо Б. д. нишонаи диабети канд, газаки гурда (нефрит) ё беморихои дигари узвхои даруни аст.
Хангоми Б. д. барои муайян кардани сабаби пайдоиш ва бартараф намудани он ба духтури дандон мурочиат кардан лозим. Аввало иллати дахону дандонхоро табобат бояд кард, баъд маслихати духтурони дигар низ лозим аст.
Б. д.-ро тавассути эликсири дандон («Идеал», «Лимонный», «Специальный»), сакич («Дирол», «Орбит» ва г.) ва лосёнхо (обхои мушкин) муваккатан бартараф менамоянд. Барои пешгирии Б. д. баъди истеъмоли гизо ва пеш аз хоб дахонро обгардон карда, дандонхоро шустан лозим аст; хусусан протезхоро хуб нигохубин бояд кард. Риояи коидахои бехдошти шахси, хусусан санатсияи чавфи дахон, омили мухими пешгирии Б. д. мебошад. Хангоми ин ё он бемори (хусусан беморихои меъдаю руда) ичрои маслихати духтур хатмист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …