Моддаи 93-и Кодекси оила. Аз ухдадории таъмини хамсари худ озод намудани зан (шавхар) ё махдуд кардани мухлати ухдадори
Суд метавонад зан ё шавхарро хам дар давраи акди никох ва хам пас аз бекор кардани он дар холатхои зерин аз ухдадории таъмини хамсари худ озод кунад ё мухлати ин ухдадориро ба таври муайян махдуд созад:
– суиистеъмол намудан аз машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо ё дигар моддахои мадхушкунанда (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
– агар хонадории зану шавхар камтар аз панч сол давом карда бошад;
– агар зан ё шавхаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.