Главная / Гуногун / Азоб додани банда

Азоб додани банда

Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро дасту пой баста, укубат хаме кард. Гуфт:
– Эй писар, хамчу ту махлукеро худои азза ва чалла асири хукми ту гардонидааст ва туро фазилат дода, шукри неъмати бориитаоло ба чой ор ва чандин чафо бар вай маписанд, набояд, ки фардои киёмат бех аз ту бошад ва шармсои бари!

Бар банда магир хашми бисёр,
Чавраш макуну дилаш маёзор.
Уро ту ба дах дирам хариди,
Охир на ба кудрат офариди.
Ин хукму гуруру хашм то чанд?
Хаст аз ту бузургтар худованд.
Эй хочаи Арслону Огуш,
Фармондехи худ макун фаромуш!

azobДар хабар аст ва хочаи олам салиаллоху алайхи ва олихи ва салам, ки гуфт:
– Бузургтарин хасрате рузи киёмат он бувад, ки бандаи солехро ба бихишт баранд ва хочаи фосикро ба дузах!

Бар гуломе, ки тавъи хидмати туст,
Хашми бехад марону тира нагир,
Ки фазехат бувад ба рузи шумор.
Банда озоду хоча дар занчир.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …