Главная / Биология / Аз мугча инкишоф ёфтани навда

Аз мугча инкишоф ёфтани навда

Мугча навдаи холо инкишофнаёфтаи чанини мебошад. Аз мугча инкишоф ёфтани навдаро, хусусан бахорон, хангоми ба кушодашави шуруъ кардани мугчахо мушохида кардан мумкин аст. Ё ин ки шохчаеро дар об гузошта дар шароити хона ё мактаб кушодашавии мугчахоро мушохида кардан кулай аст.

Мо мебинем, ки барои кушодашавии мугчахо фурсати муайяни вакт ва шароити мувофик лозим аст. То пурра кушодашавии мугчахо баъзан хафтахо лозим мешавад.

Пеш аз хама мугчахо варам карда калон мешаванд. Сипас, пулак- чахои он боз шуда, баргчахои печхурдаи сабзи навда намудор мешаванд. Масофаи байни баргхо (байнибандхо) вобаста ба суръати сабзиши онхо меафзояд. Навда ба дарози кад мекашад. Тадричан баргхо то андозаи мукаррариашон, ки ба ин растани (дар тачриба истифода шудааст) хос аст, месабзанд.

mugcha

Мугчаи дар нуги навда чойгиршударо сармугча мегуянд. Дар он чо конуси (ё нуктаи) сабзиш фаъолият дорад. Дар натичаи таксим шудани хучайрахои он хучайрахои нав хосил мешаванд. Конуси сабзиш асосан аз бофтаи бавучудоранда (ё хосилкунанда) иборат аст. Баргхои ибтидоии конуси сабзиш месабзанд ва дар натичаи чунин фаъолияти он (конуси сабзиш) навда инкишоф меёбад. Хамин тавр, аз сармугча пояи асоси ва аз мугчахои пахлуи навдаву шохахои пахлуи сабзида мебароянд. Аз мугчахои гуловар иав- дахои гулгунчадор (иавдагулхо) инкишоф меёбанд.

Дар бисёр растанихо сабРастанихои алафи низ мугча доранд. Масалан, аз мугчахои болоии навнихоли лубиё ё дигар растанихои дупалла навдаи асоси сабзида мебарояд. Аз мугчахои пахлуи, ки дар пояи асоси чойгиранд, навдахо ё шохчахои пахлуи инкишоф меёбанд.

Аз нугаш кад кашидани пояро ба назари эътибор гирифта, метавон сабзишу инкишофи растанихоро идора кард. Агар нуги навдаи бодиринг, помидор, пахта, себ ва дигар растанихои дупаллагиро бурем, навда дигар ба боло кад намекашад. Аммо дар ин растанихо навдахои пахлуи пайдо мешаванд. Дар холати буридани нуги навдаи пахлуи бошад, вай хам аз кад кашидан боз монда, сершоха мешавад.зиши банди дида мешавад, ки дар натичаи он байнибандхои навда босуръат месабзанд ва боиси кад кашидани навда (ё поя) мегар- данд. Масалан, дар гандум, хайзурон (бамбук) ва дигар растанихои хушадор дар натичаи таксимшави ва рушди хучайрахои бехи банди сабзиши банди ба амал меояд. Бо ин сабаб пояи навраси баъзе рас- танихо бо суръати калон месабзанд. Масалан, пояи хайзурон дар давоми як шабонаруз зиёда аз як метр кад кашида, дароз мешавад.

Чи тавре ки шумо медонед дар бог, гулбог ва гулгашту хиёбонхо дар даврахои нашъуна- мои мукаррариашон мудом шохаю навдаи дарахтону буттахоро бурида, бо хамин мин- вол сабзишу инкишофи онхоро идора меку- нанд. Богбонхои кордону мохир навдаву шохахоро максаднок бу- рида ба дарахтон шаклхои ачоибу хайратангез дода, хусну латофа- ти кучаву хиёбонхоро боз дилработар мегардонанд 45 .

  1. Мугча чист ва он дар навда чи тавр инкишоф меёбад?
  2. Сармугча чист?
  3. Конуси расиш дар кучо чойгир аст?
  4. Навда аз чи инкишоф меёбад?
  5. Дар кадом растанихо сабзиши банди мушохида карда ме- шавад?
  6. Кадкашии растанихоро чи тавр идора кардан мумкин аст?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …