Моддаи 83-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Аз чониби прокурор огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури
- Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи у хангоми назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо дар худуди Чумхурии Точикистон хукук доранд вобаста ба хама гуна хукуквайронкунихои маъмурие, ки барои содир кардани онхо тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон чавобгарии маъмури пешбини шудааст, парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз намоянд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
- Прокурор дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор кабул мекунад, ки он бояд дорои маълумоти пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур бошад. Карори мазкур дар мухлатхои мукаррарнамудаи моддаи 85 Кодекси мазкур ба макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) барои барраси фиристода мешавад.