Главная / Чамъият / Аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати

Аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати

Конуни чумхурии точикистон

Дар бораи аудити дохилИ дар ТАШКИЛОТХОИ БАХШИ давлатИ

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

  (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2010, №7, мод. 563;

Конуни ЧТ аз 23.07.2016 с., №1354)

  Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиеро, ки дар раванди ташаккулёби, банакшагири, гузаронидани аудити дохили ва тахияи хисоботи аудитори дар ташкилотхои бахши давлати ба вучуд меоянд, танзим менамояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

аудити дохили – фаъолияти мустакил ва объективй оид ба гузаронидани санчиш, баходихи ва машваратдихии низомхои идоракуни ва дигар низомхо, ки бо максади мусоидат намудан ба фаъолияти конуни, самаранок ва натичабахши ташкилотхои бахши давлатй анчом дода мешавад;

аудитори дохили – хизматчии давлатй, ки аудити дохилиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мегузаронад;

супориши  аудиторй – супориши муайян  барои гузаронидани тахкикоти аудитй, ки аз амали санчиши ва ё машварати иборат мебошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– максади супориши аудитори – тахияи хулосаи объективи ва мустакил оид ба фаъолият ва натичахои идоракунии таваккал, сифати татбик ва самарабахшии низоми идоракунии молияви ва назорат, риояи конунгузори ва ичрои накшаи корхона, муассиса ва ташкилотхо (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

намудхои супориши аудиторй – аудити низом, аудити мувофикат ба конунгузории Чумхурии  Точикистон, аудити молиявй, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотй (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– ташкилотхои бахши давлати – корхона, муассиса ва ташкилотхое, ки ба моликияти давлати тааллук дошта, аз бучети давлати маблаггузори мешаванд (таксимкунандагони асоси,  таксимкунандагон ва маблаггирандагони бучети) (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

ёрии машваратй – пешниходи тавсияхо, хулосахо, изхори акидахо, омузиш ва тавзехот, ки барои инкишофи чараёни идоракуни ва назорати таваккал дар ташкилотхои бахши давлатй, таъин гардидаанд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи аудити дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 3. Доираи амал ва максадхои Конуни мазкур

 

  1. Конуни мазкур амали аудити дохилиро дар ташкилотхои бахши давлати мукаррар менамояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Максадхои Конуни мазкур инхо мебошанд:

-муайян намудани принсипхои аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати;

-мукаррар намудани механизми татбики аудити дохилй дар ташкилотхои бахши давлати.

 

Моддаи 4. Принсипхо ва меъёрхои аудити дохилй дар ташкилотхои бахши давлати

 

Фаъолияти аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, стандартхои байналмилалии аудити дохили амали карда шуда, ба принсипхои ошкорбаёни, конуният, низомноки ва накшави асос меёбад. Аудиторхои дохили фаъолияти худро тибки талаботи Кодекси одоби касбии аудиторхо бо риояи принсипхои мустакилият ва бегарази, салохият ва касбияти вокеи, поквичдони, масъулиятшиноси ва махфият амали менамоянд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлатй

 

Аудити дохили ба ташкилотхои бахши давлати дар ичрои самаранок ва натичабахши вазифахои худ тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо роххои зерин мусоидат мекунад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354):

1) Ошкор намудан ва баходихии таваккал дар ташкилотхои бахши давлати;

2) Баходихии мувофикат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуктаи назари:

– хаммонандкунй, баходихй ва идоракунии таваккал аз чониби рохбарияти ташкилотхои бахши давлатй;

– риоя намудани конунгузории Чумхурии Точикистон, ичрои ухдадорихои шартномавй ва гайришартномавй;

–  боэътимод ва хаматарафа будани иттилоотй дорой ахамияти ичтимой;

– судмандй, самаранокй ва сарфакорй;

– таъмини амнияти дороихо ва хуччатхо;

– ичрои вазифахо ва ноил шудан ба максадко.

3) Тахия намудани тавсияхо оид ба такмили фаъолияти ташкилотхои бахши давлати, инчунин анчом додани мушохидаи ичрои мувофики онхо (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

БОБИ 2. АУДИТОРХОИ ДОХИЛИИ ТАШКИлотХОИ

БАХШИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дожили дар ташкилотхои бахши давлатй

 

  1. Ба вазифаи аудитори дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй шахрванди Чумхурии Точикистон, ки дорой тахсилоти олии иктисоди ё хукукшиносй, на камтар аз се сол аз руи ихтисосаш собикаи кори дошта, инчунин чавобгуи дигар талаботи тахассусии мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мебошад, таъин карда мешавад.
  2. Мансаби холии аудитори дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ишгол карда мешавад.

 

Моддаи 7. Хукук ва ухдадорихои аудиторхои дохилии ташкилотхои бахши давлати

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Аудиторхои дохилии ташкилотхои бахши давлатй чунин хукукхо доранд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354):

– гирифтан ва санчидани хамаи хуччатхои зарурй ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори таксимкунандагони асосй, таксимкунандахо ва маблаггирандагони бучети талаб кардани тавзехоти барои гузаронидани аудити дохили зарур (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– гузаронидани санчиши сохтор ва тарафхои бо ташкилоти бахши давлати алокахои берунадошта, ки маблагхои давлатиро истифода ё ихтиёрдори мекунад;

– изхори мулохизаи мустакил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молияви ва низоми назорати дохилй;

– дар холати пешниход накардани хуччатхои зарурй ва дигар иттилооти мухиме, ки ба ташаккули мавкеи вокеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санчиш ва ё изхори мулохизаи худ дар хисобот худдори намояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– амали намудани хукукхои дигаре, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинй гардидаанд.

  1. Хангоми гузаронидани аудит, аудиторхои дохилии ташкилотхои бахши давлатй ухдадоранд аст, ки мукаррароти  конунгузории Чумхурии Точикистон, меъёрхои эътирофшудаи байналмилалии аудити дохилй ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторхоро риоя намояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Аз чониби аудитори дохилй истифода гардидани хукуки худ бо максади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин хукукхо дар фаъолияти аудиторй манъ аст.
  3. Дар амалхои худ аудиторхои дохили ухдадоранд, ки мустакил, бегараз, салохиятнок ва поквичдон бошанд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  4. Аудиторхои дохилй вазифадоранд аз пахннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбй ба онхо дастрасшуда, ба истиснои холатхое, ки конун ичозат медихад, худдорй намоянд.

 

БОБИ 3. МАКОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ ОИД БА АУДИТИ ДОХИЛИ ДАР ТАШКИЛОТХОИ БАХШИ ДАВЛАТИ

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Моддаи 8. Ваколатхои макоми  ваколатдори давлати оид ба  аудити дохили дар ташкилотхои

                    бахши давлати

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба  аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати (минбаъд – макоми ваколатдор) Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мебошад. Ба ваколатхои макоми ваколатдор инхо дохил мешаванд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354):

– сиёсати назорати молиявии дохилй ва аудити дохилиро дар ташкилотхои  бахши давлатй дар асоси  меъёрхои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохили ва конунгузории Чумхурии Точикистон тахия ва татбик менамояд;

– барои гузаронидани аудит, мушохидаи идоракунии молиявй ва назорат фармон интишор мекунад, ки ичрои он аз чониби хамаи ташкилотхои бахши давлатй, хатмй мебошад;

– хар сол тахкикоти тахлилии фаъолияти хамаи вохидхои сохтори аудити дохилии ташкилотхои бахши давлатиро анчом медихад;

– ёрии машваратиро барои хамаи вохидхои сохтории аудити дохилии ташкилотхои бахши давлатй, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;

– хамохангсозии фаъолиятро оид ба омузонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомузии аудиторхои дохили дар ташкилотхои бахши давлатй анчом медихад;

– тартиб ва усулхои ташкили санчиши тахассуси оид ба гирифтани сертификати «Аудитори дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй»-ро мукаррар менамояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– махзани маълумоти вохидхои сохтории аудити дохилии ташкилотхои бахши давлатй ва фехристи аудиторонеро, ки бомуваффакият аз санчиши тахассусии аудиторхои дохилй дар бахши давлатй гузаштаанд, пеш мебарад;

– дар ташкилотхои бахши давлати, ки вохиди сохтории аудити дохили надоранд, аудити дохилиро мегузаронад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– ваколатхои дигареро,  ки хилофи конунгузории  Чумхурии Точикистон намебошанд, анчом медихад.

  1. Рохбарони ташкилотхои бахши давлатй ухдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии макоми ваколатдорро ба хамаи хуччатхо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушохидаи идоракунии молиявй ва назорат заруранд, таъмин намоянд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 9. Гузориши тахлили оид ба аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Хамаи вохидхои сохтории аудити дохилии ташкилотхои бахши давлати хар сол, на дертар аз 1 апрел ба макоми ваколатдор оид ба ичрои накшаи аудити соли гузашта гузориши тахлилиро пешниход мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354):

– супориши аудитории ичрошуда, холатхое, ки дар онхо махдудкунии доираи супориши аудитори чой доштанд ва сабабхои эхтимолии ичро нашудани накша (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– хулосахои асоси нисбат ба амали низоми Идоракунии молияви ва назорати бахши давлатй ва тавсияхо оид ба такмил додани фаъолияти он;

холатхои ошкоршудаи вайрон намудани конунгузории Чумхурии Точикистон (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– пешниходхо оид ба рушди аудити дохили.

  1. Гузориши тахлилии солона бояд аз чониби рохбари ташкилоти бахши давлатй тасдик карда шавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Макомоти ваколатдор хар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти хамаи вохидхои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта чамъбаст намуда, ба Хукумати Чумхурии Точикистон гузориши тахлилч пешниход мекунад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

БОБИ 4. ВАЗИФАХОИ РОХБАРИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ АУДИТИ ДОХИЛИ

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Моддаи 10. Вазифахои рохбари ташкилоти бахши давлати, ки вохиди сохтории аудити дохили дорад

  1. Рохбари ташкилоти бахши давлати, ки вохиди сохтории аудити дохили дорад, барои  таъмини фаъолияти он тибки  меъёрхои дар Конуни мазкур мукарраргардида ва ба таври дахлдор ичро намудани вазифахои худ нисбат ба аудити дохили масъул мебошад.
  2. Ба вазифахои рохбари ташкилоти бахши давлати, ки вохиди сохтории аудити дохили дорад, инхо дохил мешаванд:

– тасдики накшаи солона ва дарозмуддати санчиш, инчунин накшаи  такмили ихтисоси кормандони вохиди сохтории аудити дохили;

– тасдики накшаи амалиёти чори оид ба ичрои хатми ва саривактии тавсияхои дар хисоботи аудит пешниходгардида;

– кабули карор оид ба ичрои хатми ва саривактии тавсияхои пешниходнамудаи аудиторхо;

– баррасии хисоботи тахлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохили;

– пешниход намудани иттилоот ба макомоти дахлдор оид ба конунвайронкунихои ошкоршуда;

– таъмин намудани захирахои дахлдори моддию техники ва молияви барои татбики накшаи солона ва дарозмуддати аудит (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 11. Вазифахон рохбари ташкилоти бахши давлатие, ки вохиди сохтории аудити дохилй надорад

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Рохбари ташкилоти бахши давлати, ки вохиди сохтории аудити дохилй надорад, барои андешидани тадбирхои зарурй оид ба гузаронидани аудит аз тарафи макоми ваколатдор масъул мебошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Корманди ваколатдори макоми ваколатдор хангоми гузаронидани аудит амалхои худро бо рохбари ин ташкилот мувофикд мекунад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  3. Ба вазифахои рохбари ташкилоти бахши давлатие, ки вохиди сохтории аудити дохили надоранд, дохил мешаванд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354) :

– мусоидат намудан дар фарохам овардани шароити зарури барои гузаронидани аудити дохилй;

– ба кормандони ваколатдори макоми ваколатдор пешниход намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– иштирок намудан дар арзёбии таваккалхо;

– тасдик намудани накшахои амалиёти ва кабул намудани Карорхои дахлдор оид ба ичрои зарури ва саривактии тавсияхое, ки дар хисоботи аудитори пешниход шудаанд.

 

БОБИ 5. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛИ ДАР ТАШКИЛОТХОИ БАХШИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 12. Таъсиси вохиди сохтории аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Ташкилотхои бахши давлатие, ки бояд вохиди сохтории аудити дохилй дошта бошанд, мувофики  меъёрхои зерин  муайян  карда мешаванд:

– хачми маблаггузори аз бучети давлатии Чумхурии Точикистон аз якуним миллион нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад;

– шумораи миёнаи кормандонашон дар соли таквими зиёда аз 800 (хаштсад) нафар бошад.

  1. Дар ташкилотхои бахши давлатие, ки вохиди сохтории аудити дохили надоранд, аудити дохили тибки тартиби мукаррарнамудаи онхо аз чониби макоми ваколатдор гузаронида мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

(Кисми 3 хорич карда шуд бо КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Моддаи 13. Доираи амали аудити дохили

 

  1. Доираи амали аудити дохили барои хар як ташкилоти бахши давлати нисбати дигар ташкилот ва сохторхое (барномахо ва лоихахое) махдуд карда мешавад, ки захирахои онхо аз чониби ташкилотхои дахлдори бахши давлати ё ташкилотхои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорой вохиди сохтории аудити дохили буда, аз Бучети давлатии Чумхурии Точикистон маблаггузори мешаванд.
  2. Дар ташкилотхои бахши давлатие, ки дар тобеияти макомоти махаллии хокимияти давлати мебошанд ва пурра аз хисоби бучети махалли маблаггузори карда мешаванд, аудити дохили аз чониби аудиторхои дохилии макомоти махаллии молия мувофики дастурхои методии макоми ваколатдор амали карда мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  3. Ба таксимкунандагони асосии маблагхои бучети зарур аст, ки хангоми банакшагирии фаъолияти вохидхои сохтории аудити дохили риояи тобеияти байни ташкилотхои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияхои назоратии онхо бо макомоти махаллии хокимияти давлати рох надиханд.
  4. Санчишхои сохтор ва тарафхои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлати, ки маблагхои бучетиро мегирад, ё ихтиёрдори мекунад, аз руи зарурат, баъди тасдики сардори вохиди сохтории аудити дохили ва рохбари ташкилоти бахши давлати, инчунин дар асоси мувофика бо рохбарияти ин сохтор ва тарафхо, гузаронида мешаванд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  5. Сохтор ва тарафхое, ки дар кисми 4 моддаи мазкур пешбинй шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлати алокаманд бошанд ё ба сифати таксимкунандаи асосии маблагхои бучети баромад намоянд ё таксимкунандаи маблагхои барномахои байналмилали ва фондхое бошанд, ки дар доираи кумаки расми расонида мешаванд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 14. Вохиди сохтории аудити дохили

 

  1. Вохиди сохтории аудити дохили ба рохбари ташкилоти бахши давлати хисоботдиханда ва нисбат ба дигар сохторхои тобеи таксимкунандаи асосии маблагхои бучети дар банакшагирии кори худ, ичрои аудити дохили ва тахияи хисоботхои аудитори мустакил мебошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Вохиди сохтории аудити дохили оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотхои бахши давлати ёрии машваратй расонида, накшахои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти накшаи таълими касбии аудиторхои дохили тахия менамояд.

 

Моддаи 15. Ухдадорихои асосии вохиди сохтории аудити дохили

 

Вохиди сохтории аудити дохили чунин ухдадорихо дорад:

– дар асоси баходихии таваккал накшахои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;

– оид ба мушохидаи ичрои накшаи солона ба рохбари ташкилоти бахши давлати хар семоха хисобот пешниход мекунад;

– оид ба кори ичрогардида хар сол ба рохбари ташкилоти бахши давлати хисобот пешниход менамояд;

– баходихии самаранокии низоми назорати дохили ва мувофикати онро бо максадхои ташкилоти бахши давлати анчом медихад;

– баходихии вокеият ва дурустии иттилооти мухими ичтимоиро анчом медихад;

– ба мувофикати фаъолияти сохторхои таркибии ташкилоти бахши давлатй бо мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон бахо медихад;

– самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблагхо, басандагии назорати истифодабарии онхо ва рох надодан ба талафот бахо медихад;

– пешниходи гузоришро оид ба натичахои аудит таъмин менамояд;

– тавсияхои заруриро барои бехтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлати ва сохторхои дохилихочагии он пешничод менамояд;

– кори аудиторхои дохилии ташкилотхои тобеъро хамоханг месозад ва ба онхо ёрии методи ва машварати мерасонад;

– пахн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатй ё ба дигар сирри бо Конун хифзшаванда тааллук дорад, таъмин менамояд;

– дигар ухдадорихоеро, ки аз санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бармеоянд, ичро менамояд.

 

Моддаи 16. ухдадорихои вазифавии сардори вохиди сохтории аудити дохили

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Сардори вохиди сохтории аудити дохили чунин ухдадорихои вазифави дорад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354):

–  накшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;

– кори вохиди сохтории аудити дохилиро барои ичрои вазифахои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;

– мувофики меъёрхо ва методологияи аудити дохили расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;

– мушохидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;

– ба рохбари ташкилоти бахши давлатй оид ба фаъолияти яксола, аз чумла баходихи ба низоми назорати дохили хисобот пешниход мекунад;

– оид ба хама гуна омилхои ошкоршудаи фаъолияти гайриконуни ба рохбари ташкилоти бахши давлати иттилоот пешниход мекунад;

– барои ичрои хар як супориши аудитори максад, дойра, давомноки, техника ва захирахои аудитиро муайян мекунад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– ба рохбари ташкилоти бахши давлати барои таъин намудани коршиноси тахсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохили пешниход менамояд;

– оид ба хамаи масъалахои аудит ба рохбари ташкилоти бахши давлати гузориш пешниход менамояд;

– ваколатхои дигари бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишударо ичро менамояд.

 

Моддаи 17. Методологияи аудити дохили

 

Хангоми гузаронидани санчиши аудити кормандони вохиди сохтории аудити дохилй шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санчиш карор додаанд, хабардор менамоянд ва ба у имконияти мухокимаи якчояро дар вакти зерин мухайё менамоянд:

– то огози фаъолияти аудитории дахлдор – дар бораи максад ва доираи супориши банакшагирифтаи аудитори (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354);

– баъди анчоми аудит – хулоса ва тавсияхои пешниходшуда ва дар мавриди муносиб додани шарху эзох.

 

Моддаи 18. Бархурди манфиатхо

 

  1. Аудитори дохили набояд ба бархурди манфиатхо рох дихад. Ба корманди вохиди сохтории аудити дохили гузаронидани аудит дар холатхои зерин манъ аст:

– агар дар он кисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатхои шахси ва ё амволии у чой дошта бошанд;

– дар давраи гузаронидан ё дувоздах мохи охир дар кисми объекте, ки аудити дохили гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;

– дар холати мавчудияти дигар холатхое, ки ба вокеи ва холис будани аудиторхои дохили, ки аз меъёрхои эътирофнамудаи аудити дохили бармеоянд, таъсир расонад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

  1. Дар холати ба вучуд омадани бархурди манфиатхо корманди вохиди сохтории аудити дохили бояд рохбари ташкилоти бахши давлатиро огох намояд ё дар холати ба бархурди манфиатхо хамрох будани рохбари ин ташкилот аз ин хусус рохбари таксимкунандаи асосии маблагхои бучетиро хабардор намояд.

 

Моддаи 19. Махфияти фаъолияти аудиторхои дохили

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Аудиторхои дохили бояд талаботи пахн накардани иттилоотеро, ки ба онхо хангоми ичрои ухдадорихо дастрас шудааст, гайр аз холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, риоя намоянд.

2.Тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маводи санчиши хазинадорй махфи мебошад. Ба дигар шахс додани хуччатхои дахлдор танхо бо ичозати хаттии рохбари ташкилоти бахши давлати, гирифтани он бошад, тибки конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 20. Мустакилияти аудити дохили дар ташкилотхои бахши давлати

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Сардори вохиди сохтории аудити дохили ва хамаи аудиторон ба истиснои вохиди сохтории аудити дохилии макоми ваколатдор набояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354):

– дорой ваколатхои ичроия ё идоракуни, вазифахо ё ухдадорихо бошанд ба гайр аз онхое, ки ба идоракунии вазифахои аудити дохили марбутанд;

– набояд дар фаъолияти харрузаи ташкилоти бахши давлатй иштирок намоянд.

 

Моддаи 21. Гузориши аудити

 

  1. Гузориши аудити – хуччати расмии аудити дохили мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогири ва максадхои супориши аудитори иборат буда, аз чумла хулосахои вокеи ва пешниходхои аудиторро дар бар мегирад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Баъди анчом додани санчиш аудиторхои дохили ё рохбари гурухи аудиторони дохили ухдадоранд дар давоми дах руз ду нусхаи хисоботи хаттиро тайёр намоянд, ки як нусхаи он ба рохбари ташкилоти бахши давлатии санчидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар вохиди сохтории аудити дохили нигох дошта мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).
  3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниход намудани хисоботи аудити дар дастурхои методии макоми ваколатдор муайян карда мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 22. Чавобгари барои риоя накарданн Конуни мазкур

 

Шахсони вокеива хукукие, ки мукаррароти конуни мазкурро риоя намекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№631

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …