Главная / Илм / Асосхои сохтори конститутсиони ва рукнхои давлатдори дар ЧТ

Асосхои сохтори конститутсиони ва рукнхои давлатдори дар ЧТ

Чумхурии Точикистон:  Аз соли 1991- соли бунёди Чумхурии сохибистиклоли Точикистон то соли 1994 – кабули нахустин Конститутсияи давлати мустакили Точикистон вазъи сиёсиву ичтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. 24-уми ноябри соли 1991 бори аввал дар таърихи Точикистони давраи нав раъйпурсии умумихалки барои интихоби Президенти кишвар баргузор шуд ва Рахмон Набиевич Набиев аз чониби кулли шахрвандони мамлакат ба хайси сарвари давлат интихоб гардид.

Дар назари аввал чунин менамуд, ки хокимияти сиёси мувофики талаботи демократия баркарор ва суботи сиёси дар кишвар таъмин шудааст, аммо муковимати сиёси хеле авч гирифта, гирдихамоихои моххои апрел- майи соли 1992, таъсиси Хукумати муросои милли, силсилаи зуроварихо ва фишорхо ба Сарвари давлат ва вакилони халк, нихоят задухурдхои дохили окибат боиси сар задани чанги граждани гардиданд. Моххои май-ноябри соли 1992 Точикистон дар холати бухрони шадиди сиёсиву ичтимои карор гирифта, бесомониву беконуни хукмфармо гардид.

Нихоят, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хучанд Ичлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба кори худ шуруъ кард ва тавассути хамин ичлосияи сарнавиштсоз барои хомуш кардани оташи чанги граждани замина гузошта шуд. Рузи 19-уми ноябри соли 1992 дар хамин ичлосия интихоботи Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон баргузор шуд, ки бо тарафдории 186 вакил аз 197 вакили хузурдошта Эмомали Шарифович Рахмонов Раиси Шурои Оли ва Сарвари давлати Точикистон интихоб гардид.

Мардуми шарифи Точикистон савганди Э.Ш.Рахмоновро дар он лахзахои таърихи бо мароки тамом шуниданд: «Ман кори худро аз сулх огоз хохам кард. Мо хама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»

Натичаи фаъолият ва чонбозихои содиконаи Э.Ш.Рахмонов буд, ки сулху субот ва ризоияти милли дар кишвар пойдор гардида, давлат аз хавфи нобуди начот дода шуд. Минбаъд тавассути часорату заковат ва хираду адолатпешагии Э.Ш.Рахмонов 27-уми июни соли 1997 дар шахри Москва Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти милли дар Точикистон ба имзо расид, ки баъди он кишвар ба мачрои хаёти осоишта ва созандаги кадам ниход.

Аз тарики раъйпурсии умумихалки 6-уми ноябри соли 1994 кабул шудани Конститутсия сахифаи дурахшони китоби таърихи давраи истиклоли Точикистон аст. Ба чонибдории Конститутсия 94,4 фоизи шахрвандони дорои хукуки интихоботи овоз дода, мохиятан рохи тараккиёти ояндаи худро муайян намуданд. Конститутсияи соли 1994 дар таърихи Точикистон назир надорад, чунки то ин вакт сохти давлатдори тамоман дигар буд. Акнун Конститутсияро ба тархи биное шабохат додан мумкин буд, ки аз руи он сохтмонро огоз кардан лозим меомад.

Конститутсия хачман як китоби начандон калон аст, аммо дар он мундарича ва мохияти тамоми сохахои зиндаги ва дурнамои инкишофи давлату давлатдори: шакли идоракуни, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, макомоти хокимияти давлати, хулоса, мухимтарин самтхо ва равияхои рушди чомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.  Он аз мукаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Дар мукаддима аз номи халки Точикистон кабул шудани Конститутсия зикр мешавад, ки комилан дуруст аст. Ин хуччати такдирсозро на гурухи одамон, балки аксарияти мутлаки шахрвандони Чумхурии Точикистон ба тарзи умуми, мустаким, баробар ва бо овоздихии пинхони, яъне аз руи талаботи чомеаи демократи кабул кардаанд.

Боби аввал «Асосхои сохтори конститутсиони» ном дошта, аз 13 модда иборат аст. Дар ин боб хусусиятхои Чумхурии Точикистон хамчун давлат, рамзхои давлати, масъалахои дахлнопазирии инсон ва шахрванд, сохибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлати будани халк, тачзияи хокимияти давлати, сохти марзиву маъмурии давлат, кафолати гуногун будани равияхои сиёси ва мафкурави, чудо будани дин аз давлат, эътибори оли доштани Конститутсия ва мустакиман амал кардани меъёрхои он, кисми таркибии низоми хукукии Точикистонро ташкил додани санадхои хукукии байналмилали, самтхои асосии сиёсати хоричи, гуногуншаклии моликият ва моликияти истисноии давлат мукаррар карда шудаанд.

Боби дуюми Конститутсия «Хукук, озоди, вазифахои асосии инсон ва шахрванд» ном дошта, дар он аз вазъи хукукии инсон ва шахрванд, роху усулхои кафолати онхо, инчунин вазифахои асосии инсон ва шахрванд сухан меравад. Ин боб аз 34 модда иборат аст.

Боби сеюм «Мачлиси Оли» ном дошта, аз 16 модда иборат мебошад. Дар он хусусиятхои парламенти Точикистон, роху усулхои интихоботи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ваколатхои аъзои парламент ва вазъи хукукии онхо, шаклхои фаъолияти хар яке аз палатахои парламент, салохияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон хангоми гузаронидани мачлисхои якчоя, салохияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар алохидаги, субъектхои хукуки ташаббуси конунгузори, роху равиши кабули конунхо ва чараёни конунгузори, инчунин, дигар масъалахои вобаста ба фаъолияти конунгузории парламенти Чумхурии Точикистон шарх дода шудаанд.

Боби чахорум аз 9 модда иборат буда, ба вазъихукукии Президенти Чумхурии Точикистон хамчун сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат) бахшида шудааст.

Боби панчум масъалахои сохтор, тарзи фаъолият, ваколат ва мавкеи Хукуматро дар низоми хокимияти давлати дар бар мегирад.

Боби шашуми Конститутсия вазъи хукукии хокимияти махаллиро фаро гирифтааст. дар боби хафтум вазъи хукукии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар хайати Чумхурии Точикистон танзим шудааст. Чихати характерноки боби мазкур аз он иборат аст, ки Конститутсия танзими салохияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро дар сохахои ичтимои, иктисоди, фарханги ва ваколатхои дигари вилоятро ба конуни алохидаи конститутсиони хавола кардааст.

Боби хаштуми Конститутсия ба яке аз шохахои мустакили хокимияти давлати – суд бахшида шудаааст. Дар он принсипхои мухимтарини адолати суди, ваколати судяхо ва мухлати фаъолияти онхо, шартхо ва коидахои интихоб ва таъин кардани судяхо ба макомоти гуногуни суди, салохияти Суди конститутсиони ва масъалахои марбут ба дахлнопазирии судяхо инъикос ёфтаанд.

Боби нухуми Конститутсия «Прокуратура» ном дорад. Ба макомоти прокуратура бахшида шудани боби алохида шаходати мавкеи хоси он дар бобати тахкими конуният мебошад.

Нихоят, боби охирин ва дахуми Конститутсия тартиби ворид кардани тагйиру иловахоро ба он дар бар мегирад. Раванди демократикунонии хаёти чомеа ва пешрафти давлатро бо дарназардошти характери дуняви ва ичтимоии он моддаи садуми Конститутсия кафолат медихад.

Вокеан, асосхои сохти конститутсиони гуфта, чиро дар назар дорем? Инхо принсипхо ё усулхои рохбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти чомеа ва давлат дар асоси онхо ба рох монда мешавад.

Принсипхои демократизм, чумхурият, волоияти ко- нун, иктисоди бозори, давлати ичтимои, дуняви, гуногунандешии сиёси ва мафкурави ба чумлаи ин принсипхо дохил мешаванд.

Мухимтарин хусусиятхои Точикистон хамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: сохибихтиёри, демократи, хукукбунёди, дунявива ягона. Маънои сохибихтиёри хеле васеъ аст, яъне он хам ба халк хамчун сарчашмаи хокимият тааллук дорад. Сохибихтиёрии Точикистон, пеш аз хама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтхои асосии сиёсати дохили – роху усулхои тараккиётро дар сохахои иктисоди, ичтимои, фарханги, конуният ва гайра, дар сиёсати хоричи роху усулхои муносибат бо давлатхои хоричи ва умуман чомеаи чахониро мустакилона муайян менамояд.

Дар масъалаи сохибихтиёрии халк бояд дар ёд дошт, ки халк баёнгари сохибихтиёрист ва хокимияти худро бевосита (яъне дар раъйпурси ва овоздихи) ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. Мафхуми халк дар кисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия шарх дода шудааст, яъне тамоми шахрвандони Точикистон, сарфи назар аз миллаташон халки Точикистон хисоб меёбанд. Сохибихтиёрии халк боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танхо Президент, Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар чаласаи якчояи худ хукуки сухан гуфтан доранд. Чаро? Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шахрвандон бо тарзи умуми, мустаким, баробар ва бо овоздихии пинхони интихоб мекунанд, яъне у ба маънии пуррааш вакили олии халк аст. Аъзо ва вакили парламентро низ халк тавассути овоздихии умумихалки интихоб менамояд.

Раъйпурсии умумихалки ва интихобот ифодаи олии хокимияти бевоситаи халк аст. Акнун дар хусуси демократия сухан меронем. Демократия калимаи юнони буда, маънояш хокимияти халк аст. Хокимияти халк дар ду шакл зохир мегардад: дар шакли демократияи бевосита, яъне кабули карору конунхо ё халли масъалахои хаётан мухим дар интихобот ва раъйпурсихо ва дар шакли демократияи намояндаги, яъне ба воситаи макомоти аз тарафи халк бевосита интихобшудаи намояндаги.

Яке аз шаклхои дигари демократия хамин аст, ки шахрвандон хукук доранд дар иттиходияхои чамъияти, хизбхо, ассосиатсияхо, махфилхо, гуруххо ва гайрахо муттахид шаванд ва ба ин восита дар амали гардонидани хокимият иштирок намоянд.

Маънои давлати хукукбунёд низ хеле васеъ аст. Чунин тарзи давлатдори орзуи чомеаи инсони аз кадимулайём аст. Давлати хукукбунёд чунин давлатест, ки фаъолияти хама – хам давлату макомоти он ва хам кулли шахрвандон ба хукук тобеъ мебошад. Хамчун давлати хукукбунёд эътироф шудани Точикистон

маънои ба хукук ва, пеш аз хама, ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти макомоти давлатиро дорад. Точикистон аз рузи кабули Конститутсияи соли 1994 инчониб давлати хукукбунёд месозад ва аллакай бисёр нишонахои он дар хаёт татбик шудаанд. Хонандагони азиз агар танхо ба номгуи конунхое, ки дар китоби «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» чоп шудаанд, бодиккат нигаранд, хоханд фахмид, ки ягон сохаи хаёти чомеа ва давлат нест, ки оид ба танзими он конун кабул нашуда бошад.

Яъне конун ба хайси танзимгари муносибатхои чамъияти пахлухои гуногуни зиндаги ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад. Масалан, барои хонандаи мактаби миёна ва донишчуи мактаби оли донистани Конуни ЧТ «Дар бораи маориф» ва Конуни ЧТ «Дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими» хеле зарур аст, чунки ин санадхо хама масъалахои вобаста ба тахсилро фаро мегиранд ва дар ин санадхо хукуку манфиатхои хонандагону донишчуён равшану возех ифода ёфтаанд.

Аломатхои асосии давлати хукукбунёд инхоянд: волоияти конун, арзиши оли доштани хукуку озодихои инсон ва кафолати онхо, тачзияи хокимият ва масъулияти байнихамдигарии давлат ва шахс. Ин аломатхо дар боби аввали Конститутсия, инчунин дар бисёр конунхои дигар инъикос ёфтаанд. Маънои дуняви чандон душвору мураккаб нест.

Давлати дуняви чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазхаби аз чониби давлат эътирофшуда вучуд надорад ва хеч як дину мазхаб хатми ё худ афзалиятнок хисобида намешавад. Дар Чумхурии Точикистон ягон дини расми вучуд надорад, хама дину мазхабхо аз хукуки баробари вучуд доштан бархурдоранд.

Шахрвандони Точикистон, сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайрави мекунанд, комилан баробархукук мебошанд. Дар ягон хуччати давлати диндор будан ё набудани шахс кайд карда намешавад. Дар Точикистон бо вучуди он ки беш аз 90 фоизи шахрвандон дини исломро пайрави мекунанд, лекин ин дин аз

чониби давлат хамчун дини асоси ё расми эътироф намешавад. Ташкилотхои дини аз давлат чудо мебошанд ва хукуки ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатхои вобаста ба ташкилотхои диниро Конун ба танзим медарорад.

Точикистон давлати ягона мебошад. Маънои ягона будани Точикистон дар он ифода меёбад, ки макомоти олии намояндаги, ичроия ва судии барои тамоми кишвар умуми дорад, як Конститутсия, як низоми конунгузори ва шахрвандии ягона дорад. Дар Точикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи карз ва андоз чорист. Гайр аз ин, кисмхои таркибии давлати ягона (вилоятхо, шахру нохияхо) дорои хукуки сохибихтиёри буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз макомоти маркази давлатхои ягона – мутамарказ ва гайримутамарказ мешаванд. Точикистон аз ин чихат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони макомоти махаллии хокимияти давлати аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдики Мачлиси дахлдори вакилони халки пешниход менамояд. Мувофики моддаи 7-уми Конститутсия Точикистон аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо, шахракхо ва дехахо иборат аст.

Дигар хусусияти давлати ягона аз он иборат аст, ки кувваи мусаллахи ягона дорад, ки аз чониби макомоти марказии хокимияти давлати идора карда мешавад.

Точикистон дар кисми 2-юми моддаи 1-уми Конститутсияи Точикистон давлати ичтимои эътироф шудааст. Хусусияти ичтимои доштани давлати Точикистон дар он зохир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фарохам овардани шароит чихати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.

Таъмини некуахволии чамъият дар асоси адолати ичтимои – принсипи асосии давлати ичтимоист. Мафхуми некуахволии чамъият дар мухайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва гизо, ба хама дастрас будани ёрии тибби, маориф, шаклхои гуногуни иттилоот ва гайра ифода меёбад.

Дигар хусусияти асосхои сохти конститусионии Точикистон дар гуногун будани равияхои сиёси ва мафкуравист. Хеч як мафкура хамчун мафкураи хукмрон ё мафкураи давлати эътироф шуда наметавонад. Гуногунии мафкурави маънои онро дорад, ки хар як шахс, гурухи ичтимои, хизби сиёси, иттиходияи чамъияти метавонад назария ва акидахои сиёсии худро бемонеа тахия ва инкишоф дихад, онхоро таргибу ташвик намояд. Хамон мафкурае рох дода намешавад, ки миллатгарои, нажодпарасти, бадбини ва хусумат, зуран сарнагун намудани сохти конститутсионии Точикистонро таргиб намояд.

Дар Точикистон иттиходияхои чамъиятие хастанд, ки мафкураи онхо комилан мухолифи якдигар аст, масалан, Хизби коммунисти ва Хизби нахзати ислом.

Аммо азбаски онхо дар доираи конунхои кишвар фаъолият мекунанд, хукуки озодона таргиб кардани мафкураи худро доранд. Намояндагони хизбхои сиёси дар парламент низ фаъолият мекунанд, онхоро мардум аз руи акидахои сиёси ва мавкеашон дар чомеа ба сифати вакил интихоб кардаанд. Аз ин ру, онхо хукуки комил доранд, ки манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатхое, ки конун ба онхо додааст, химоя ва пешбари кунанд.

Нихоят, яке аз хусусиятхои дигар – принсипи иктисоди бозори. Баробархукуки ва хифзи хукукии хама шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусуси асоси ин принсипро ташкил медихад.

Рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон – Парчами давлати, Нишони давлати ва Суруди милли – рамзхои истиклолият ва сохибихтиёрии давлат буда, симои вокеи ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд. Онхо рукнхои асосии мукаддасоти милли ба шумор мераванд. Ба дидани Парчаму Нишон ва шунидани Суруди милли ифтихори ватандори ва эхсоси маъсулияти хар як шахрванд дар назди Ватан боло мегирад.

Дар тамоми кишвархои чахон аз чониби шахрвандон нисбат ба рамзхои давлати садокату эхтиром ба чо оварда мешавад. Беэхтироми нисбат ба рамзхои давлати бо конуни чинояти сазовори чазо дониста мешавад.

Рамзхои давлати дар низомномахои дахлдор инъикос ёфтаанд, ки онхоро Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик кардааст. Тибки Низомнома дар бораи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон, ки бо Карори Мачлиси Олии ЧТ аз 11 декабри соли 1999 тасдик шудааст, Парчами давлати матои росткунчаест, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуки чойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, пахнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари пахнои хар яке аз раххои ранга аст. Дар руи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зархал рамзи точи тансикшуда ва дар болои он хафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Парчами давлати дар бинохое афрохта мешавад, ки дар онхо намояндагони хар се шохаи хокимияти давлати фаъолият мекунанд, чунончи кароргохи расмии Президенти ЧТ, Мачлиси Олии ЧТ, Хукумат, судхо, макомоти ичроияи хокимияти давлати дар махалхо, инчунин дар давраи гузаронидани ичлосияхои мачлиси Оли, Мачлисхои вакилони халки вило ятхо, шахрхо ва нохияхо ва мачлисхои намояндагони чамоатхо. Низомномаи мазкур истифодаи тасвири Парчамро ба максади ороиши низ ичозат додаст, ба шарте ки ороиши он ба асли тасвири парчам мувофикат кунад ва нисбат ба он бехурмати зохир карда нашавад.

Нишони давлати аз тасвири точи тансикшуда ва нимдоира аз 7 ситорае, ки бо нурхои офтоби аз паси куххои барфпуш тулуъкунанда руи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хушахои гандум ва аз тарафи чап шохахои пахтаи шукуфон ихота кардаанд, иборат мебошад.

Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар кисми поён руи курси китоби боз чой гирифтааст.

Нишон ранга буда, точ, офтоб, куххо, хушахои гандум, китоб, курси бо зархал тасвир ёфтаанд, появубаргхои нихолхои пахта сабз, раххои тасмахо сурх, сафед ва сабз, муковаи китоб сурх аст. Бояд гуфт, ки мавриди истифодаи Нишони давлати нисбат ба Парчаму Суруди милли васеътар аст, чунончи шиносномахои хар яки мову шуморо махз Нишони давлати оро медихад, инчунин дар хама мухру бланкхои хуччатхои макомоти давлати тасвири Нишон чой дода шудааст.

Агар Парчаму Нишони давлати танхо ба дидан хисси эхтиром ва ифтихори моро бедор намоянд,  шунидани Суруди милли хаячони касро дучанд мегардонад. Суруди милли рамзи давлатдории милли аст. Тибки Низомномаи Суруди милли, ки он бо Карори Мачлиси Олии ЧТ аз 11 -уми декабри соли 1999 тасдик шудааст, эхтироми Суруди милли ва азёд донистани он вазифаи мукаддаси хар шахрванди кишвар мебошад.

Хар кишваре, ки сохиби истиклолияти давлати аст, сохиби пойтахт низ мебошад. Пойтахт мавкеи чойгиршавии макомоти олии хокимият, маркази фарханг ва инчунин макони чойгиршавии намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ба шумор меравад. Мувофики Конститутсияи ЧТ ва Конуни ЧТ «Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон» аз 13 декабри соли 1996 шахри Душанбе пойтахти Чумхурии Точикистон мебошад ва шахри дорои ахамияти чумхурияви хисоб меёбад.

Оиннома ва Нишони пойтахт аз мавкеи махсус доштани он дар хаёти кишвар гувохи медихад.

Забон мукаддастарин рукни давлатдории хар миллати дунёст. Махз бо шарофати истиклол ва худшиносии милли забони точики макоми давлати пайдо кард ва дар Конститутсияи Точикистон (моддаи 2) ба сифати забони давлати эътироф гардид. Ёдрас шудан лозим аст, ки халки точик аз чумлаи халкхоест, ки забони хеле кадима дорад. Давраи нихоии ташаккули забони точики ба асрхои IX-X рост меояд. Бо вучуди набудани давлатдори дар тули асрхои зиёд забони точики дар аксар кишвархои Шарк ба сифати забони коргузории давлати истифода мешуд ва бузургтарин дастовардхои илму адаби дорои шухрати чахони бо хамин забон офарида шудаанд. Кабул шудани Конуни забон дар таърихи 22 июли соли 1989 ба эхёи фарханги нави давлатдори мусоидат кард. Дар Конуни мазкур манфиати миллатхои гайриточик оид ба истифодаи забони модариашон ба эътибор гирифта шуда, забони руси хамчун забони муоширати байни миллатхо эътироф шудааст.

Асъори милли – сомони нишонаи дигари устувории истиклоли давлатист. Асъори милли ба рушди иктисоди милли мусоидат карда, муносибатхои ин сохаро ба танзим медарорад. Вазъи муътадили иктисодиёти кишвар дурустии икдоми Сарвари давлатро дар хусуси ба муомила баровардани асъори миллисомони собит мекунад.

Саволхо:

  1. Рукнхои давлатдориро номбар кунед.
  2. Давлатхои кадимтарини ачдодони мо кадомхо буданд ва дар кадом минтакахо сукунат доштанд?
  3. Сохти давлатдории империяи Хахоманишихо чи гуна буд?
  4. Нахустин Эъломияи хукуки башар ба ки тааллук дошт?
  5. Давлатхои Бохтару Сугд дар кадом асрхо вучуд доштанд? 6. Давлати Сосониён чи гуна давлат буд ва чанд сол хукмрони кардааст?
  6. Давлати Сомониён чи гуна сохти давлати дошт?
  7. ЧМШС Точикистон кай ва дар чи гуна вазъи сиёси ташкил ёфт?
  8. Точикистон дар хайати ИЧШС чанд маротиба Конститутсия кабул кардааст?
  9. Таърифи мафхуми истиклолияти давлатиро тибки Эъломияи истиклолияти Точикистон шарх дихед. 11. Конститутсияи соли

1994 аз чанд боб иборат аст ва кадом масъалахоро дар бар мегирад? 12. Хусусияти ичтимои доштани Точикистонро шарх дихед. 14. Ба фикри шумо, чаро рамзхои давлати мукаддас эълон шудаанд?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …