Главная / Чамъият / Асосхои бахисобгирии ичрои ухдадории андоз

Асосхои бахисобгирии ичрои ухдадории андоз

Моддаи 65-и Кодекси Андоз. Асосхои бахисобгирии ичрои ухдадории андоз

  1. Бахисобгирии ичрои ухдадории андоз аз чониби макомоти андоз бо рохи пеш бурдани хисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) амали карда мешавад.
  2. Аз чониби макомоти андоз пеш бурдани хисобномаи шахсииандозсупоранда (агенти андоз) инхоро дар бар мегирад:

-кушодани хисобномаи шахси барои хар намуди андоз;

-минбаъд дар хисобномаи шахси дарч намудани маблагхои хисобкардашуда, иловаги хисобшуда, пардохтшуда, бахисобгирифташуда, баргардонидашудаи андоз, чаримахо ва фоизхо;

-бастани хисобномаи шахси.

  1. Маблаги хисобкардашудаи андоз маблаги андозе мебошад, ки аз чониби шахсони зерин хисоб карда шудаааст:

-андозсупоранда (агенти андоз) дар хисоботи андоз;

-макомоти андоз аз руи намудхои алохидаи андозхо аз шахсони вокеи, ки Кодекси мазкур мукаррар намудааст;

-макомоти ваколатдор – тибки асосхои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

  1. Дар Кодекси мазкур тахти мафхуми маблаги андози (ухдадории андози) иловаги хисобшуда ва аз чониби макомоти андоз дар хисобномахои шахсии андозсупоранда дохилкардашуда маблаги хисобшавандаи андоз, чаримахо ва фоизхо барои давраи андози муайяни андозсупоранда фахмида мешавад. Иловаги хисоб намудани маблаги андоз, чаримахо ва фоизхо, аз чумла зиёд ё кам кардани ухдадори, аз чониби макомоти андоз дар холатхои зерин амали карда мешавад:

-аз руи натичахои санчиши андоз ва хамагуна дигар маълумоти ба макомоти андоз маълумшуда;

-тибки маълумоти макомоти дигар, натичахои назорати камерали, муоинаи хронометражи ё шаклхои дигари назорати андоз;

-аз руи натичахои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) аз болои огохинома дар бораи натичахои санчиши андоз ва (ё) карори макомоти болоии андоз, ки аз руи натичахои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) кабул шудааст.

  1. Маблаги ухдадорихои андози хисобшуда, ки барои ичрои онхо амали намудани шартхои махсус зарур мебошад, дар давраи амали чунин шартхои махсус хамчун карзхои андози мушкилситон дониста шуда, дар макомоти андози дахлдор алохида ба хисоб гирифта мешавад. Шартхои махсус барои ичрои чунин ухдадорихои андоз аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Бахисобгирии андозхо, чаримахо ва фоизхои пардохтшуда, бахисобгирифташуда, баргардонидашуда дар хисобномахои шахсии андозсупоранда (агенти андоз) дар асоси хуччатхои пардохти ва дигар хуччатхои зерин пеш бурда мешавад:

-оид ба пардохти андозхо, чаримахо, фоизхо;

-дар бораи бахисобгирихо, баргардонидани маблагхои изофапулии андозхо, чаримахо ва фоизхои гузаронидашуда;

-дар бораи бахисобгирихои гузаронидашуда, баргардонидани маблаги барзиёди андоз аз арзиши иловашуда, ки бахисобгирифташуда хисобида шудаанд, нисбат ба маблаги хисобкардашудаи андоз;

-дар бораи ба хисоб гирифтан ва (ё) баргардонидани маблагхои сахван пардохтшудаи андозхо;

-оид ба маблагхои руёнидашудаи карзхои андоз, чаримахо, фоизхо.

  1. Хангоми тагйир ёфтани мухлати ичрои ухдадории андоз оид ба пардохт намудани андоз, чаримахо ва фоизхо тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур дар хисобномаи шахсии андозсупоранда маблаги андоз, чаримахо ва фоизхое, ки мухлати ичрои ухдадорихои андоз барои онхо тагйир дода шудааст, бо дарназардошти мухлати ичрои он инъикос карда мешавад. Дар давраи тагйирёбии мухлати пардохти андоз, чаримахо ва фоизхо аз чониби макомоти андоз нисбат ба андозсупоранда чорахои чавобгари ва чорахои мачбуран ситонидан татбик карда намешаванд.
  2. Маблаги фоизхои дар хачм ва бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур иловаги хисобшуда дар хисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) бо нишон додани даврае, ки онхо иловаги хисоб шудаанд, инъикос карда мешавад.
  3. Рохбари макомоти андоз хукук дорад маблаги андозро хисоб карда, пардохти фаврии онро то санае, ки маъмулан андоз супорида мешавад, талаб намояд, агар ин чорабини барои  таъмини ситонидани андоз зарур бошад ва иттилооти мушаххас мавчуд бошад, ки агар пардохти фаврии андоз сурат нагирад, андозсупоранда бо рохи фирор аз худуди кишвар, супоридани дороихо ба шахси дигар ё андешидани дигар чорахое, ки ба ситонидани андоз монеъ мешаванд, аз андозбанди канорагири менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …