Аскар Хаким

Бузургон дар бораи Аскар Хаким чунин мегуянд: Дар баландтарин куххо, дар чое, ки гуё аз об нишоне нест, амиктарин, тозаву булуринтарин чашмахо мечушанд. Дар чунин холатхо, хамчунон ки дар шеър аст, баланди аксаран мутаносиби амикист. Парвози баланди куллахои асроаср човидони сухан хамчун Рудаки, Фирдавси, Хайём, Мавлави, Хофиз дар жарфои зиндаги, эхсоси миллии чахоншиноси, руху равон, фарханги халк решахои амик дорад.

askar-hakim-03Шеър дар кушиши баланди ва амикии хеш як максадро пайгири мекунад, ки он дарёфти рухи инсон мебошад, зеро нест чизе аз он баландтар ва амиктар. Ва шеър дар хамгироии хар дуи ин мукобилафтода ба зухур меояд, чунонки баланди нест бе амики ва баръакс.

Шеър тахаррук, тахарруки андеша ва эхсосот аст, ки бидуни он на парвоз вучуд дораду на чараён.

Точикон дар гузашта яке аз адабиёти бузургро офариданд, харчанд адабиёти асил наметавонад гузашта бошад, он на танхо дар холи хозир, балки дар оянда  хам муосир  аст ва хамин адабиёт дар замони мо хам силсилаи номхои дурахшонеро, ба монанди Айни, Лохути, Турсунзода пеш овард, ки хар яки онхо ба худ куллаи махсусеро мучассам мекунад.

Маро бо Мирзо Турсунзода дустии деринасоле буд. Ман уро хамчун шоири оличаноб, донишманди бузурги фарханги маънавии Шарк, ходимичамъиятии маъруф дар саросари китъаи Осиёву Африко, рохбари хунарманди Иттифоки нависандагон ва, албатта, хамчун як инсони самими, дилкушод, хирадманд кадр мекардам. Шояд табиати пурчушу хуруши кафкозии ман дар у таскину оромиш меёфт ва дустии мо дар тазоди хулку атвор, вале дар ягонагии максад устувор гашта буд. Мо аз кутбхои гуногун ба суи хатти истивои дусти харакат мекардем. Худо шохид, ки мо ба он даррасидем ва онро дар тамоми тули умрамон бо шоистаги бо худ бурдем.

Бинобар ин холо дучандон шоду хурсандам, ки ман китоби шогирди у, Аскар Хаким, давомдихандаи кори уро на танхо дар арсаи шеъру шоири, балки дар фаъолияти бузурги хаёти чамъиятию давлатии кишвараш – Точикистон муаррифи мекунад. Охир  у боз муовини Раиси Мачлиси мили Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мебошад.

Ман Аскар Хакимро кайхо, аз даврони  Мирзо Турсунзода, аз замоне мешинохтам, ки у хануз тамоман чавон буд ва хамчунон ки мегуянд, аз зумраи нависандагони чавоне ба хисоб мерафт, ки умедхои бузург мебахшанд. Умедхо бор оварданд, холо  у яке аз шоирони пешбари точик аст. Ва на факат точик, зеро у  ба забони точики менависад, ки бо форсию дари, ки дар Эрону Афгонистон забони модари мебошад, як аст. Бинобар хамин шоиру донишмандони ин кишвархо дар баррасии манзумаи у «Санги ман – алмос», ки дар Маскав дар Созмони байналмилалии иттифокхои нависандагон дар соли 2000 баргузоор шуда буд ва ба ман хам даст дод, ки дар он ширкат варзида, аз муваффакияти у бо чону дил шод гардам, дар бораи сахми у хамчунон дар шеъри муосири форси сухан мегуфанд. Охир, ширкаткунандагони хоричии барраси сохибони фарханги махз хамон забоне буданд, ки Аскар Хаким бо он менависад ва бинобар ин эътирофи онон махсусан мухим, асил буд. Онхо дар бораи у, хамчунон дадр бораи шоире, ки чараёни тозаро адр шеъри муосири форси инкишоф медихад, харф мезаданд. Интишори чилди калони ашъори мунтахаби у дар Техрон ин казияро бори дигар ба исбот мерасонад.

askar-hakim-02

 Дар бораи шеъри Аскар Хаким мешавад, ки хамчун дар бораи вокеияти асили забони руси хам сухан гуфт, зеро он аз чониби устодони сухан, хамчун Владимир Солоухин, Яков Козловский, Станислав Золотсев, ки асосан классикаи шеъри муосири халкхои бародарро тарчума мекарданд, ба забони руси баргардон шудааст.

Аскар Хаким шеърро хамсони ниёиш меофарад. Ин мачмуаро хонда, бовар хосил кардан мумкин аст, ки худи у хам ба шеър бо изтироби ибодату ниёиш ва эхтироми комил муносибат дорад. Ва азбаски хар гуна ниёиш кори мукаддасест, ки рухро мусаффову баландпарвоз мекунад, шеър хам ба акидаи у, ба тозаги ва фарозрафтанхои рух бояд мададгор бошад. Бисёре аз навиштахои Аскар Хаким махз барои амали гаштани хамин гуна талаботи оли хидмат мекунанд.

            Ба ин махсусан манзумаи охирини у «Санги ман – алмос» мисол шуда метавонад, ки у дар он ба хама шакли тазохури хасти бо эхтиром ва шавку завк мурочиат карда, дар баробари андешахояш дар сари асрори Олам ва кисмати башарият барои ба мавчудияти хар зарра мухофизакор будан даъват ба амал меорад:

            Осмон дорад агар панчаи оби рахмат,

            На факат бар сари сарву гулу райхону тамишк

            Ба сари газна, шутурхору  гумой,

            Ба сари хори хасак хам борад.

            Шоир ба мохиятхои ходисахо ва зухурот андар рафта мекушад, дарёбад, ки:

Фарки парвозу хазидан дар чист,

                        Гар паридан нарасонад ба савойи хуршед.

            «Ман»-и лирики, гиноии у сифатхои шахсию махрамона ва шахрвандию шахсиро бисёр хам табии ба хам меорад. Ва ба хамин тарик хамаи гаму шодихои олами атроф, ки моро фаро гирифтааст, ба мухити хамдилии «шахси»-и у мубаддал мешавад.

             Ва саросари ин китобро дурахши хамчун ситора мисраъхои мухаббати мукаддас ва оли дар зухуроти гуногунаш фаро гирифтааст, ки он мухаббати фарзандию падари, зану мард, мухаббат ба халки хеш ва умуман ба мардум, ба тамоми хасти ва ба Офаридгори оламхо мебошад.

askar-hakim-01

  Рисолати шоир аз руи акидаи эчодии Аскар Хаким бо шеър барои сафо ва улвияти рух мадад кардан аст, дар хамин аст сабаби ифодаи дурахшони башардусти дар ашъори у, ки новобаста ба хамаи сахтихое, ки халки точик аз сар гузаронд, хамеша зарур боки мемонад.

            Ёд кардан аз фочеахое, ки душманон ба сари кишвари у оварданд, хар кадар дарднок, дар бораи шароити носозгори хозираи ичтимои фикр кардан хар кадар вазнин бошад хам, у ба монанди баъзе адибон, ки аз манфиатхои мухдуди сиёси ва даъвохои шахсии худ фаротар рафта натавонистанд, ба берахми дода намешавад.

            Эхсоси токатнопазири дар шоир ба хамаи он чизе, ки барои инсон ва умуман башарият халокатовар аст, махз аз замони бачаги, бо сабаби аз тири силохбадасти маст ба марг расидани модар ташаккул меёбад:

                        Шуд аз он руз якин

                                    Мастию тиру туфангам манфур.

                                                                        «Санги ман – алмос»

            Шоир аз хамон замони тифли дарёфта буд, ки истифодаи силох ба максадхои чинои ва майхораги, ки харобкори рух аст, харгиз кобили кабул нест ва у на дар асоси дарки тачрибаи талхи дигарон, балки тачрибаи худ фаро меравад, то инсонро дар микёси чахон аз ин фочиа каблан огох кунад.

                                    Шури чанг аст ба хар бонги ситез,

Нури сулх аст ба хар харфи салом.

                                                           «Санги ман – алмлос»

            Ин байт, ки хамсони панду хикмат аст, точи хамаи он чизе мебошад, ки Аскар Хаким бар зидди хама гуна хунрезихои байнихамдигари навиштааст. Ва хар кадар ки башарият аз нутфаи хамин гуна сулху салох обастан мешавад, хамон кадар зудтар он чизе, ки ба шоир дар асари дигари у «Достони Нону Имон» рух менамояд, амали мегардад:

                        Хар гахе ки модари точик мешурад хамир,

                        Гуиё мешурад у моро зи нав аслу замир.

                        Гуиё мегуяд у моро, ки насли одамед,

                        Модари гети агар розист, асли одамед,

                        Модари инсону гети хохад аз фарзанди хеш,

                        То кунад худро рахо у аз худу аз банди хеш…

                        То хама майдони машку посгохи аскорон

                        Сабз гардад хамчу гандумзорхои бекарон…

                        Дорам уммеде, ки халки гушнаву сери чахон

                        Гирди хам оянд акнун гирди як дасторхон.

                        Чун замин дасторхони сабзи ахли олам аст,

                        Руйи дастархон баробар хиссаи хар одам аст. 

            Ин мисраъхои ба ин дарача саршори илхоми шоирро хонда, ба амали шудани пешбинии шоири оличаноби точик бовар накардан мумкин нест. Фикр мекунам, ки хонандагон некбинии хуршедии ин китоби тозаро комилан эхсос хоханд кард.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …