Главная / Биология / Асабхои вегетативи (автономи)

Асабхои вегетативи (автономи)

Системаи асаби вегетативи (худмухтори). Дар аввали асри XIX олими франсави Ф.К. Биш вобаста аз ичроиши вазифаи худ системаи асаби вегетативиро кашф кард.

Асаби вегетативи аз кисмхои маркази ва канори иборат аст. Кисми маркази — дар магзи cap ва хароммагз чойгир буда, канори бошад аз асабхо ва гиреххои асаби иборат аст. Асабхо дар навбати худ аз марказхои вегетативии хароммагз ва магзи cap ба гиреххои вегетативи раванда ва асабхои аз гиреххои нейронхо ба узвхо раванда чудо мешаванд. Кисми автономии системаи асаб аз кисми соматики бо он фарк мекунад, ки танзими кори узвхоро факат тавассути гирехи асаби таъмин мекунад. Нейронхои гиреххо импулсхои на он кадар зиёдро равона мекунад, ки ба кори узвхои дохили халал намерасонад. Танзими автономи бешуурона буда аз тарафи одам идора карда намешавад. Кисми автономии системаи асаб дар навбати худ аз ду зеркисм иборат аст. 

asabhoi-vegatitivi-768x400

Симпатики ва парасимпатики (гумрох). Маркази асабхои симпатики дар моддаи хокистарранги сегментхои гардан то чорбанд чойгир шудаанд. Маркази асаби парасимпатики бошад дар магзи дарозруя ва чорбанд чойгир шудааст. Асабхои симпатики ва парасимпатики мукобили якдигар амал намуда кори муътадили узвхои организмро таъмин мекунанд.

Масалан: асаби симпатики кори дилро фаъол намуда, рагхои хунро хурд мекунад дар натича фишори хун баланд мешавад. Чудошавии шираи меъда кам шуда, кашишхурии девории он суст мегардад.

Асаби парасимпатики бошад, кори дилро нофаъол менамояд, дар натича рагхои хун васеъ шуда, фишори хун паст мешавад. Чудошавии шираи меъда зиёд мешавад. Кашишхурии девории меъда фаъол мегардад. Хазмшавии хурок ва ба хун дохилшавиаш меафзояд. Фаъолияти системаи асаби вегетативи дар мутобикшавии  организм ба шароити мухити атроф накши мухими биологи мебозад. 

Саволхо

  1. Системаи асаби вегетативи чист?
  2. Кадом намудхои ин асабро медонед?
  3. Асабхои симпатики ва гумрох ба узвхо чи хел таъсир мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …