Арзиши оли доштани хукуку озодихои инсон ва кафолати онхо нишонаи дуюми давлати хукукбунёд мебошад. Таърихи башар – таърихи муборизаи инсон барои ноил шудан ба хукук ва озодихое мебошад, ки аз азал ва табиатан ба у тааллук доранд. Тавре ки дар моддаи якуми Эъломияи умумии хукуки башар гуфта шудааст: «Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лихози манзалат ва хукук бо хам баробаранд».
Мувофики моддаи сеюми хамин санад «хар фард ба зиндаги, ба озоди ва ба дахлнопазирии шахси хукук дорад».
Дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон омадааст, ки инсон, хукук ва озодихои у арзиши оли мебошанд. Хукук ва озодихои инсон ва шахрванд бевосита амали шуда, максад, мазмун ва татбики конунхо, фаъолияти хокимияти конунгузор, ичроия, махалли ва макомоти худидоракунии хокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи хокимияти суди таъмин карда мешаванд. Давлат хукук ва озодихои инсон ва шахрвандро эътироф, риоя ва хифз менамояд (моддахои 5 ва 14 Конститутсия).
Хукук ва озодихои инсон аз лахзаи таваллуд ба худи у тааллук дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Хеч гуна шахси мансабдор чунин хукуку озодихоро ба инсон дода наметавонад. Давлат онхоро дар Конститутсия, конунхо ва дигар меъёрхои хукуки факат мустахкам менамояд. Кафолати амали гардидани хукуку озодихоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Агар хукуку озодихои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онхо дахлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин холат давлат ё шахси мансабдор офарандаи хукуку озодихои шахрвандон мешаванд, ки ин боиси махдуд гардидани онхо мегардад. Таъмини химояи хукукии шахсият вазифаи аввалиндарачаи давлати хукукбунёд мебошад. Дар баробари хамин, барпо намудани давлати хукукбунёд харчи бештар барои мувофик омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро хамаи шахрвандон дар ташкил намудани хокимияти давлати иштирок менамоянд. Шахрвандон худро сохиби хакикии давлат хис намуда, макомоти хокимияти давлати ва шахсони мансабдори онхоро интихоб мекунанд. Фаъолияти макомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба чамъият ва шахрвандон равона карда мешавад.