Главная / Илм / Арча дар Канзи Шифо (Китоб)

Арча дар Канзи Шифо (Китоб)

archa-660x330Арча дарахти маълум аст, ки дар кухистонхо мебошад. Дар тиб аз хама бештар самарашро ба кор мебаранд Самараш кулула ва каме калонтар аз нахуд, дар аввал сабз ва баъди расидан сиёх мегардад. Инро баъди сиёх шуданаш чамъ мекунанд ва дар соя хушк карда, дар зарфи махкам нигох медоранд. Агар хамин тавр накунанд, зуд кирм мехурадаш.

Мизочаш дар дарачан дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, бисёр форам аст, кувватхои тахлилдихандаи варамхо ва моддахои гализи бадан дорад. Агар гузошта банданд, хушккунандаи решхои тар мебошад.

Барои нест кардани варами гарми майна ва пардахои он, фолич, нотавон гаштани ягон узви бадан, карии гуш, реш ва захмхои буни дандон, дамкутахи, истиско, бавосир, равон кардани хайзи бандшудаи занон, афтонидани бача аз шиками занони хомила, барои нест кардани буйи бади захмхои раддии бадфиол, барои муй руёнидан ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш, шах шудани узвхои бадан, дафъ кардани догхои пусти бадан ва тахлил додани варамхои гарм фоида дорад.

Агар барги тари арчаро куфта гузошта банданд, варами гарми майна ва пардахои онро, ки дар тибби хозира менингит меноманд, дафъ мекунад. Самарашро бихуранд, барои иллати фолич ва нотавон шудани ягон узви бадан шифо мебахшад.

Самари арчаро дар равгани кунчид то сиёх гаштани равган бичушонанд ва баъд он равганро соф намуда, нимгарм дар гуш чаконанд, карии гушро багоят фоида дорад. Ин самари арчаро махин куфта, бо асал хамир карда, ба дандон ва милки он бимоланд, чарохати бехи дандон ва бадбуйии бодхурдаи онро дур мекунад.

35 грамм самари арчаро махин куфта, бо 18 грамм равгани гов ва 18 грамм асал хамир карда, лесида бихуранд, барои иллатхои дамкутахи ва бавосир даво мешавад. Агар самари арчаро танхо дар об чушонида, он обро бинушанд, боди меъдаро дафъ мекунад ва истискоро шифо мебахшад; хайзи бандшудаи занхоро мекушояд, инчунин бачаи онхоро аз шикам меафтонад. Агар куфтаи инро бо асал хамир карда, занхо аз таг бардоранд, низ таъсираш хамин тавр аст. 10,5 грамм самари арчаро куфта бихуранд, тамоми кирмхои меъдаро мекушад.

Чун 35 грамм самари арчаро аз тухмаш пок карда, дар зарфе аз болояш он микдор равгани гов бирезанд, ки онро бипушонад, баъд дар оташ ба дарачае бипазанд, ки равганро тамоман ба худ чазб намояд, пас соида, бо 35 грамм канди сафед куфта, даромехта, хар пагох ба дили нахор одамони сардмизоч бо оби гарм бихуранд, дардхои поёни бадан ва бавосирро шифо мебахшад ва хамаи кирмхои рудахоро мерезонад. Самари инро куфта, ба захмхои даванда ва хуранда бипошанд, онхоро хушк ва сихат мекунад, вале агар ба чарохатхо бипошанд, дахани онхоро ба хам меоварад, инчунин захмхои бадбугаштаро ба ибро меоварад.

Куфтаи онро бо асал сиришта, ба захмхои даванда гузошта банданд, давидани онхоро манъ мекунад ва намегузорад, ки пуст сиёх гардад. Инчунин баргашро куфта, ба варамхои гарм гузошта банданд, онхоро тахлил медихад ва сиёхии пустро дафъ мегардонад, инчунин доги сурхро, ки баъд аз бех шудани захм боки монда бошад, дур мекунад. Агар ин баргро бо анчир якчо куфта, ба узвхои шахшуда гузошта банданд, онхоро ба холи аслии сихаташ меоварад.

Самарашро куфта, бо сирко хамир карда, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш бимоланд, муй меруёнад. Микдори як бор хурдан аз самари арча дар як руз то 10,5 грамм аст. Агар ёфтани ин муяссар нагардад, ба чойи ин гураи сарвро метавон истифода кард. Аммо инро аз хад зиёд бихуранд, ба меъда ва халкум зарар мекунад. Дар холати зарар карданаш асал бихуранд, ислохи он газанд менамояд.

Аз самари арча равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик:

1.60 адад самари арчаро дар 300 грамм равгани кунчид ё равгани зайтун бирён мекунанд, то он самархо сухта гарданд. Баъд равганро соф намуда, дар вакти хочат хангоми холи будани меъда аз таом, андаки онро гарм намуда, чанд катра дар гуш чаконанд, кариро дафь мекунад.

  1. Самари арчаро нимкуфта дар равгани зайтун бичушонанд, то равган сиёх шавад ва баъд равганро соф карда бигиранд. Ин хам равгани тухми арча аст, ки монанди равгани боло зикрёфта хосият дорад, яъне хамаи навъхои кариро сихат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …