Главная / Чамъият / Арбитражи мехнати

Арбитражи мехнати

Моддаи 321-и Кодекси Мехнат. Арбитражи мехнати

  1. Агар тарафхои бахси мехнатии коллективи дар комиссияи ошти дар давоми дах руз созиш накунанд, бо иштироки намояндаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати арбитражи мехнати таъсис дода мешавад.
  2. Хайат ва шумораи арбитражи мехнатиро аз руи хар бахс тарафхо муайян мекунанд. Раиси арбитражи мехнати бо созиши тарафхо аз чумлаи аъзои хамин арбитражи мехнати тасдик карда мешавад.
  3. Ба хайати арбитражи мехнати вакилони халк, намояндагони иттифокхои касаба ё дигар намояндагони кормандон, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.
  4. Арбитражи мехнати бахси мехнатии коллективиро бо иштироки хатмии намояндагони тарафхо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони макомоти дигари манфиатдор барраси мекунад.
  5. Арбитражи мехнати бояд дар давоми дах рузи таъсис ёфтанаш карор кабул намояд.
  6. Агар тарафхо каблан дар бораи ичрои карор созишнома имзо карда бошанд, карори арбитражи мехнати хатми мебошад.
  7. Тарафхо ва макомоти ошти ухдадоранд, ки барои рафъи сабаби холатхое, ки боиси бахси мехнатии коллективи гардидаанд, тамоми имкониятхоро истифода намоянд.
  8. Агар комиссияи ошти ва арбитражи мехнати ихтилофи тарафхоро танзим карда натавонанд, сабабхои онро ба коллективи мехнати, иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон навишта мефиристанд. Дар ин холат коллективи мехнати, иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон хукук доранд барои ичрои талабхое, ки мувофики моддаи 318 Кодекси мазкур ба миён гузошта шудаанд, тамоми воситахои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистонро то хадди пурра ё кисман катъ кардани кор (ба кор набаромадан, ичро накардани ухдадорихои мехнати) дар ташкилот, муассиса, ташкили корпартоиро истифода баранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …