Главная / Илм / Анор дар Канзи Шифо (Китоб)

Анор дар Канзи Шифо (Китоб)

anor-660x330Анор -ин самар навъхои гуногун дорад: ширин, майхуш, турш. Мизочи анори ширин умуман сард дар дарачаи дувум ва дар якум тар аст. Мизочи пусташ сард ва хушк аст, бисёр кабзиятовар мебошад. Бехтарини самари анори ширин бузургдона ва шодоби он аст. Хислатхои шифобахши он: агар бихуранд, гизоияташ кам, вале аз он хуни солим пайдо мешавад, боднок аст.

Агар инро одамони гарммизоч бихуранд, олати мардии онхоро ба харакат меоварад, узвхои баданро аз моддахои зарарнок пок мегардонад, гиреххои мавчударо мекушояд, дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, ташна мегардонад. Агар инро баъд аз таом бихуранд, таомро зуд аз меъда фуруд меоварад. Инчунин хурдани ин рухи табииро, ки маконаш чигар аст, соф ва дурахшон мегардонад, худи чигарро кувват мебахшад; барои истискои оби, сустии чигар (суулкиня), зардпарвин, беморихои сипурз, дилтапак (дилбози), дарди узвхои даруни сина, сурфаи гарм дору мешавад, овозро соф ва равшан мекунад, баданро фарбех мегардонад; кутур ва хоришро дафъ месозад, ранги рухсораро неку менамояд.

Вале ин анори ширинро аз хад зиёд бихуранд, гизоро вайрон ва мурдор мекунад, меъдаро заиф мегардонад; азбаски ин боднок аст, масомхои пустро дагал мегардонад, инчунин барои одамони табгирифта зарар дорад. Дар ин маврид барои ислохи ин анори турш бояд бихуранд. Ва агар ба одамони сардмизоч зарар кунад, занчабил бихуранд, зиёнаш ислох меёбад.

Оби анори ширинро дар об чушонида, гафс гардонида бошанд, инро рубби анори ширин мегуянд. Рубби онро бихуранд, назар ба оби он кавитар аст. Вале хурдани ин хам меъдаро суст мегардонад — дар ин холат барои ислохи зиёнаш мустако бояд хурд. Чун сари анори ширинро сурох карда, дафъа ба дафъа ба кадри гунчоиши он равгани бодоми ширин ё равгани бунафша дар он рехта, ба руйи оташ гузоранд, то он ки равганро бимакад ва ба хадде расад, ки дигар равганро чазб накунад. Он анорро бимаканд, дарди узвхои даруни сина ва сурфаи хушки кухнаро дафъ мекунад. Оби анори ширинро бо шакар ва нишоиста, шилми бодом ва равгани бодом, ки нимгарм бошад, нимгарм бардавом бихуранд, низ хамин асарро дорад.

Оби ин анорро дар шиша рехта ба офтоб гузоранд, то он ки гафс гардад ва баъд онро дар чашм кашанд, рушноии онро меафзояд — харчанд ин кухнатар шавад, бехтар ва кавитар мегардад. Хурдани тухмаш бодангез аст, дар меъда бод пайдо мекунад. Гулашро сухта бипошанд, чарохатхоро ба хам оварда хушконида, сихат мекунад.

Мизочи анори майхуш (туршу ширин) дар сарди ва тари моил ба эътидол аст. Дар дигар чихат монанди анори ширин мебошад. Вале дар таскин додани чушиши сафро ва чушиши хун аз он кавитар аст ва барои одамони сафровимизоч назар ба анори ширин ва турш форамтар мебошад. Хислатхои шифобахши он: оби анори майхушро, ки бо чирмхои дарунаш фишурда гирифта бошанд, аз 150 то 300 грамм бо 70 грамм шакари нав биёшоманд, барои дафъ кардани моддаи сафро бо исхол ва кувват бахшидан ба меъда даво мебошад; табхои сафрови, зардпарвин, кутур ва хоришро дафъ мекунад — дар ин хислат монанди халилаи зард аст.

Чун оби анори майхушро дар зарфи мис ба кивом оваранду бимоланд, барои шилпуки, кутур ва кави гардонидани чашм давои хубест, инчунин чарохатхои кухна ва хабисаро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад. Мизочи анори турш дар дарачаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, дарунро сахт мекунад; тафс, гармии меъда ва чигарро таскин медихад; чушиш ва фишори баланди хун ва сафроро паст мегардонад ва ба меъда рехта шудани моддахои зарарнокро манъ мекунад, пешобро меронад, намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз поёнии бадан ба майна бароянд ва дуднокии онхоро дафъ месозад. Хумор, кай ва дилтапак (дилбози)-ро ба ибро меоварад.

anor-daraxt

Вале инро аз хад зиёд бихуранд, рудахоро захмин мекунад, сатхи даруни рудахоро мехарошад. Агар баъд аз таом бихуранд, ба магзи сар баромадани бухорхои зарарнокро манъ мекунад. Инчунин ба одамони хунукмизоч зиёнкор аст, куввати чозибаи чигарро заиф мегардонад, инчунин куввати бохро суст мекунад. Дар ин холат анори ширин, сир (саримсок) ва занчабил бихуранд, зиёнаш ислох меёбад.

Оби анори туршро ба чашм кашанд, барои нохунак ва сурхихои он дору мешавад. Ва агар оби онро дар дахан гардонанд ва муддате дар он нигох доранд, захмхои радди ва бадфиоли онро манъ мекунад. Ин оби анори туршро дар зарфи мис бо асал хуб чушонида, онро дар дахан гардонанд, решхои хурандаи даруни даханро шифо мебахшад. Оби ин анори туршро то гафс шуданаш бичушонанд, ки гафс гардад, инро руби анори турш меноманд. Рубби анори туршро бо асал даромехта чаконанд, решхои даруни бини ва дарди гушро ба ибро меоварад. Инро ба решхои хабиса гузошта банданд, сихат мегардонад, гушти зоидро низ дур мекунад.

Анори туршро бо пусташ пухта гузошта банданд, кутур ва хориши сафровиро шифо мебахшад. Инро дар шароб хуб чушонида, ба варам бимоланд, онро тахлил медихад. Шароби ин бандкунандаи дарун асг. Агар инро биёшоманд, одати бади хок ва чизхои ношоистаи дигар хурдани занони хомила ва дигаронро дафъ мекунад.

Рубби анори турш назар ба шароби он кавитар аст. Чун даруни анори туршро холи карда, баъд дар сирко мухарро бипазанд, то он ки гафс гардад ва онро ба микдори донахои мурч хабхо банданду 15 адад ё зиёда аз он бихуранд, исхоли кухнаро дафъ мекунад ва харошида шудани сатхи даруни рудахоро, ки хатарнок бошад, инчунин захми рудахову макъадро шифо мебахшад.

Мизочи рубби анори майхуш дар дарачаи дувум сард ва дар аввал хушк аст. Ин барои дафъ кардани тафси меъда ва иллати обхура дору мебошад, табхои тезро таскин медихад, хуморро мешиканад, хохишхои бади занони хомиларо нест мекунад, ранги зардро ислох месозад, гамро дур мегардонад. Оби анори майхушро дар дахан гардонанд, милки дандонро мустахкам мекунад. Агар пусти онро бихуранд, беихтиёр равон шудани пешобро ислох мекунад. Хушки онро соида, ба кадри 3,5 грамм бо оби гарм бихуранд, кирмхои меъда ва рудахо, хатто кирми кадудонаро дафъ мекунад. Низ решаи хамаи анорхоро дар об чушонида, он обро бинушанд, хамин гуна асар дорад; ин обро дар дахан гардонанд, милки дандонро мустахкам мегардонад ва дарди дандонро таскин медихад.

Анордона барои давоги кавитар аст назар ба кисмхои дигари онхо.  Агар тухми анор ва баробари он мавизи ангурро гирифта, панчяки он зираи сиёх — хамаро куфта бихуранд, иллати кай карданро манъ месозад ва меъдаро кувват мебахшад. Вале хурдани ин ба одамоне, ки сатхи даруни рудахояшон харошида шуда бошад ва сурфа доштагон зарар дорад. Дар ин маврид мавизи ангур бояд бихуранд, ислохи зарари он намояд.

Тухми хамаи навъхои анорро дар об чушонида, то ноф дар он даромада нишинанд, бечо ва бемаврид омадани хайзро ислох мекунад, макъади (кутани) баромадаи тифлонро ба чояш мебарад. Инро куфта, бо асал хамир сохта, гузошта банданд, доги обиларо дур мекунад. Ин тухми анорро сухта, бо асал сиришта, ба сина ва меъда аз ру бимоланд, хунрави ва хун кай карданро манъ мекунад. Бо обе, ки дар он тухми анор чушонида шуда бошад, бо будодаи чави мукашшар ва биринч — хамаро якчо дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна кунанд, исхол, харошида шудани сатхи даруни рудахоро шифо мебахшад; бо ин об макъадро бишуянд, хуни бавосирро манъ мекунад ва беморихои макъадро даво мебошад.

guli_anor-300x225Гули анор дар хислатхои тибби монанди гулнори форси аст. Агар хушки онро куфта бипошанд, хуни буни дандонро катъ мекунад, чарохатхоро ба хам меоварад, чушиши (пухтани) даханро шифо мебахшад, даридани пардахои шикам (чурра, дабба)-ро сихат мекунад. Агар инро дар об чуш дода, он обро дар дахан гардонанд, дандонхои чунбонакро сахт месозад, хуни аз милки дандон меомадагиро нигох медорад, чушиши даханро шифо мебахшад.

Гули анорро бо барги тари ангур якчо куфта, ба сари меъда аз ру гузошта банданд, иллати бисёр кай карданро ба ибро меоварад. Оби гули анорро бо гулоб даромехта, дар чашм чаконанд, рехта шудани моддахои зарарнокро ба чашм манъ мекунад ва варами онро тахлил медихад; агар бо оби сагангур ё оби барги зуф бичаконанд, захми сурохи закарро, ки сузок меноманд, шифо мебахшад; рутубати онро хушк мекунад ва моддахои зарарнокро намегузорад, ки ба закар рехта шаванд. Агар инро бо оби соф даромехта бичаконанд, харошидаги ва хоидагии кафш ва музаро ба ибро меоварад ва милкаки нохунро хам дар вакти ибтидо бошад, сихат мебахшад; бо сирко даромехта бимоланд, сурхбодро дафъ мекунад.

Пусти тари анорро куфта, фишурда обашро бигиранд ва онро дар офтоб гафс гардонанд, инро усораи пусти анор меноманд. Ин дар хусусият баробари гули он аст. Чун хафт адад гунчаи ношукуфтаи онро даст нарасонида фуру баранд, дар муддати як сол ба тани он кас пучак барнамеояд, дарди чашм намерасад.

Чун анорро дар об то мухарро шуданаш бичушонанду 15 грамми онро бо оби хамон анори чушонидашуда бо 50 грамм орди арзан даромезанд, то атола барин гардад ва дар он равгани зайтун ё равгани гулисурх рехта бихуранд, исхоли бадтарини илочнопазирро манъ мекунад. Бемори табгирифта андак хурок хурда, баъд оби анори ширин ё туршро бимакад, фоида мебахшад ва агар пеш аз гизо бимакад, бехтар аст. Чун анорро дар шароб то пухтанаш бичушонанд, баъд онро соида, бар гуш гузошта банданд, дарди онро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …