Главная / Илм / Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)

Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)

angur-660x330Ангур — маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад. Бехтарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз чинси аскари, сохиби, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд аз инхо навъхои дигараш маком дорад. Мизочаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг будани навъхои он. Мутлакан пухтаи он дар дарачаи якум гарм ва тар аст; баъзехо бисёр ширини онро то дарачаи дувум гарм донистаанд.

Хислатхои шифобахши он: ин бехтарини мевахо ба хисоб меравад хамчун гизо ва пайдо кардани хуни солим; мизочхои гализро ба эътидол меоварад, хунро соф мекунад, моддахои савдови ва сухтаро аз бадан дафъ месозад; холи бади узвхои даруни сина ва шушро ислох менамояд, баданро фарбех мегардонад; агар онро макида оби онро биёшоманду пусташро партоянд, чарбии гурдаро зиёда мекунад. Вале хурдани ин ба меъдаи тармизоч ва боднок зарар дорад ва инчунин дар он бодро ба амал меоварад — давои ин зиёнаш зира ва арпабодиён хурдан аст. Ва агар дар чигар ва сипурз гирех пайдо шуда бошад, низ зиён мекунад, ба кулинчи боди ва гурда низ зарарнок аст — дар ин мавридхо тухми карафс бихуранд, кифоя аст, ки ислохи зарар намояд. Инчунин дарунро мулоим ва хурандаашро ташна мекунад — дар ин холат сиканчабин ва гизохои турш истеъмол бояд намуд.

Агар ангур хурда, аз болояш оби хунук бинушанд, багоят зарарнок аст: мумкин аст ба иллати истиско ва табхои бадбу гирифтор намояд. Бояд ки ангурро баъди аз дарахташ чудо кардан дархол тановул накунанд, балки як-ду руз истода бошад, баъд бихуранд ва инчунин мобайни ду таом, ки таоми аввал хурдашуда хазм ёбад, баъд онро бихуранд. Ангури нав бодангез аст. Агар пусти он андак пажмурда гардад, баъд бихуранд, дар гизоият кавитар мешавад назар ба анчир, бодаш хам кам мебошад, баданро кувват мебахшад, фарбех мекунад, хуни солимро зиёда менамояд; моддахои нодаркор ва зарарнокро пазонида, барои дафъ шудан мухайё месозад; дарунро мулоим мекунад, барои беморони нимчон ва ба касони аз бемори навхеста ва инчунин таби хунуки доими гирандагон фоида дорад.

Оби ангур зуд нуфузкунанда ва ба тези аз меъда гузаранда аст, барои беморихои узвхои даруни сина ва шуш бисёр фоидабахш аст ва бояд оби онро макида, пусташрю бипартоянд. Мавиз, хусусан мавизи тойфи барои меъда, чигар, гурда ва хичак мувофиктар мебошад. Агар ангур баъди аз сараш чидан ду руз монда бошад, онро ва ё мавизашро бардавом бихуранд, дардхои меъда, рудахо ва хичакро шифо мебахшад.

angur-2-300x151Аз ангур равган хам тайёр мекунанд ба ин усул. Оби ангурро бо равгани зайтун якчо чушонида, обаш бухор шуда равад, баъд равганро соф карда мегиранд. Ин равган багоят гармкунандаи бадан, тахлилдихандаи моддахои гафс, гардонандаи варамхо ва мулоимкунандаи пуст аст. Мизочи тухми ангур дар дарачаи дувум сард ва хушк аст. Агар инро бихуранд, бод пайдо мекунад, дарунро мебандад, пешоб ва маниро нигох медорад, хусусан тухми ангуре, ки аз хуми сирко бароварда бошанд, дар ин бобат кавитар аст. Вале ин ба хичак ва гурда зарар дорад.

Мизочи пусти меваи ангур дар дарачаи якум хунук ва хушк аст. Агар инро бихуранд, аз меъда дер фуруд меояд, бод пайдо мекунад. Пусти меваи ангурро сухта, ос карда бипошанд, пусти баданро чило медихад, рутубатхои чашмро хушк мегардонад ва аксари захмхоро дар хар як узве, ки бошанд, хушк месозад.

Ангури хом ва гураи он дар таъм тунч ва мизочаш хунук мебошад. Хурдани ангури сурх, ки нисбатан турштар аст, аз меъда дер мефурояд, вале ба меъда кувват мебахшад. Аммо навъи сафеди он латиф ва аз меъда ба зуди поён фуруд меояд. Хокистари чуби токро бихуранд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар инро гузошта банданд, варамхои сарди хояхоро тахлил медихад; дарди сар, дарди нимсар ва бавосирро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …