Главная / Гуногун / Андоз чист ва барои чи он лозим аст?

Андоз чист ва барои чи он лозим аст?

Андоз ин пардохтхои хатми аз чониби корхонаву шахсони вокеи (одамон) ба хазинаи давлат аст. Андоз дар замонхои кадим  буд ва онро хамчун «Хакки подшох» меномиданд.

andoz

Дар замони хозира маблагхое, ки ба сифати андоз ба давлат супорида мешавад он барои конеъ кардани талаботхои давлати лозим аст, ки чумлаи онхо:

  1. Барои нигох доштани амнияти кишвар. Барои яроку аслиха, маоши кормандони мудофиаи кишвар, кормандони сохторхои кудрати аз чумлаи милисахову кормандони БДА, сухторнишони, гумрук, андоз, амният ва гайра;
  2. Барои баланд бардоштани сатхи дониши халк – масъалахои маориф;
  3. Барои масъалахои идоракунии давлати – Хукуматхои нохияву шахрхо;
  4. Масъалахои тандурусти;
  5. Пардохти нафака, чубронпули ва дигар подошпулихо;

Андоз метавонад дар шакли пули ва моли ба хазинаи давлат супорида шавад, лекин асосан  дар шакли пули пардохт мешавад.

Дар Точикистон аз соли 2015-ум инчониб 10-намуди андоз хаст. Дар холати пардохт накардани андоз аз тарафи хукумат нисбати шахсони андозбандишаванда чарима, мусодираи –амвол ва ё хабс пешбини мешавад.

Барои чамъ кардани андоз дар Точикистон сохтори махсуси давлати сафарбар карда шудааст ки дар он зиёда аз 1000 корманд фаъолияти касби менамоянд. Ин сохтор номи Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон аст ки бинои асосии он дар кучаи Неъмат Карабоев дар шахри Душанбе –Пойтахти Точикистон маскан гирифтааст.

Агар вазифаи асосии андоз ин гани кардани бучаи давлат бошад, пас вазифаи дуюминаш ин ба танзим даровардани бахшхои иктисодиёт аст. Яъне агар андозаи андоз баланд бошад пас ин ё он соха аз фаъолияташ муфлис шуда ба дигар бахшхои иктисодиёт таъсири манфии худро мерасонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

iso-shaiton

Дуои Хазрати Исо (а)

Хазрати Исо (а) кабл аз ин ки мурдаеро зинда кунад, ду ракъат намоз мехонд ва …