Моддаи 170-и Кодекси Андоз. Андозбандии хамлу накли байналмилали ва транзити
- Хизматрасонихои наклиёти ё дигар хизматрасонихо ё ичрои корхои бевосита марбут ба хамлу накли байналмилалии борхо ва мусофирон, инчунин тахвили сузишворию равганхои молидани ва дигар маводи истеъмоли, ки ба дохили киштии хавоии худи ва (ё) хоричи барои истеъмол хангоми парвозхои байналмилали бор карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Тахти мафхуми хамлу накли байналмилали кашондани бор ва мусофирон фахмида мешавад, ки махалли харакат ё махалли таъиноти онхо (яке аз ин махалхо) берун аз каламрави Чумхурии Точикистон карор дорад.
- Барои максадхои хамин модда ба корхо ва хизматрасонихое, ки бинобар хамлу накли байналмилали анчом дода мешаванд, инхо дохил мешаванд:
-корхо, хизматрасонихои наклиёти (боркашони, хамлу накл), борбардори, борфарори, азнавборкуни, ирсоли молхое, ки аз (ба) каламрави Чумхурии Точикистон интикол дода мешаванд, инчунин молхое, ки тавассути каламрави Чумхурии Точикистон ба тарики транзит интикол дода мешаванд;
-корхо, хизматрасонихои наклиёти вобаста ба интиколи почта, мусофирон, багоч аз (ба) каламрави Чумхурии Точикистон, ба истиснои даромадхо аз хизматрасонихои вобаста ба фуруши чиптахои хавопаймо дар каламрави Чумхурии Точикистон ба хатсайрхои хавоии байналмилали мутобики шартномахои комиссия, супориш ё дигар шартномахои шабех, новобаста ба шакли бастани онхо;
-хизматрасонии техники, тичорати, аэронавигатсиони, фурудгохии хатсайрхои байналмилалии хавои, ба истиснои даромадхо аз хизматрасонихо оид ба фуруши чиптахои хавопаймо дар каламрави Чумхурии Точикистон ба хатсайрхои хавоии байналмилали мутобики шартномахои комиссия, супориш ё дигар шартномахои шабех, новобаста ба шакли бастани онхо.
- Дар холати ичрои корхо ва хизматрасонихои дар сархати якуми кисми 2 хамин модда пешбинишуда, озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда хангоми риояи шартхои зерин татбик мегардад:
-мавчудияти шартнома (карордод) оид ба ичрои корхо, хизматрасонихо, ки бевосита бо тахвилкунандаи молхо баста шудааст;
-ба расмият даровардани боркашони бо хуччатхои ягонаи байналмилалии боркашони;
-нисбат ба борхои транзити – мавчудияти эъломияи боркашонии гумрукии молхое, ки ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид карда шуда, тахти низоми транзит ба расмият дароварда шудаанд.
- Дар холати ичро намудани корхо ва хизматрасонихои дар сархатхои дуюм ва сеюми кисми 2 хамин модда пешбинишуда, озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда дар сурати риоя намудани шартхои зерин татбик мегардад:
-мавчуд будани шартнома (карордод) оид ба ичрои корхо, хизматрасонихо, ки бевосита бо кабулкунандаи (фармоишгари) корхо, хизматрасонихои номбаршуда баста шудааст;
-барасмиятдарории боркашони бо хуччатхои ягонаи байналмилали.
- Интикол ва хизматрасонии борфиристонихои транзитие, ки дар сархати сеюми кисми 1 моддаи 171 Кодекси мазкур зикр шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
- Хамин модданисбат ба давлатхое, ки оид ба хизматрасонии наклиёти ё дигар хизматрасонихо ё ичрои корхои мустакиман вобаста ба боркашони ва мусофиркашонии байналмилали ба Чумхурии Точикистон низоми андозбанди бо андоз аз арзиши иловашударо истифода мебаранд, татбик намегардад.