Главная / Чамъият / Андозбандии бозгашт

Андозбандии бозгашт

Моддаи 177-и Кодекси Андоз. Андозбандии  бозгашт

  1. Агар шахсе, ки резидент намебошад ва барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда дар Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта нашудааст, барои агенти андози дар кисми 2 хамин моддапешбинишуда дар каламрави Чумхурии Точикистон хизмат расонад ё корхоро ичро кунад, пас барои максадхои хамин фасл чунин ичрои корхо ё хизматрасонихо мувофики хамин модда андозбанди мешавад.
  2. Барои максадхои хамин моддаагенти андоз андозсупоранда – ташкилот ё сохибкори инфиродии дар Чумхурии Точикистон фаъолияткунанда мебошад.
  3. Дар сурати татбик намудани кисми 1 хамин модда, агенти андоз аз маблаге, ки бояд ба гайрирезидент пардохт шавад, андоз мегирад. Маблаги андоз бо рохи татбики меъёри мукаррарнамудаи кисми 1 моддаи 181 Кодекси мазкур нисбат ба маблаге, ки бояд баъди нигох доштани андоз ба гайрирезидент пардохт шавад, муайян мегардад.
  4. Агар агенти андоз барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда ба кайд гирифта шуда бошад, андози нигохдошташуда бояд ба бучет супорида шавад ва ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои мохе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблаги пардохтшаванда (чун маблаги хисобу замшуда) дохил карда шавад.
  5. Агар агенти андоз барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда ба кайд гирифта нашуда бошад, вай ухдадор аст, ки андози нигохдошташударо дар давоми панч руз аз рузи пардохт ба гайрирезидент ба бучет супорад ва эъломияро оид ба маблаги андоз аз арзиши иловашудаи ба чои гайрирезидент хисоб ва пардохтшуда то рузи 15-уми мохе, ки пас аз мохи хисоботи фаро мерасад, пешниход кунад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …