Главная / Биология / Анаконда ва Питон – Морхои калбакипой

Анаконда ва Питон – Морхои калбакипой

Морхои калбакипой – 60 намуд дошта, аксаран калончусса мебошанд. Намудхои хурдтарини онхо то 1 м мешавад. Яке аз морхои калбакипой мори печон аст, ки сари калон дорад. Дар наздикии макъадаш ду барчастагие хаст, ки он нишонаи пойхои акиб мебошад. Ин нишон медихад, ки ачдоди морон пойхои чуфт доштаанд. Ранги аксарияташон ало мебошад. Аксарияти онхо дар кисмхои шарку гарби тропика вомехуранд ва баъзеашон дар минтакахои субтропикию дашту бнёбонхои Осиёи Миёна ва Кавказ зиндаги мекунанд. Мори печон дар чойхои чангали гулию намноки дарёю кули тропика, инчунин дар буттазору ботлокзор бисёранд.

Мори Анаконда
Мори Анаконда

Барои доштани туьмаи худ аввал охиста харакат карда, пас зуд чахида туъмаашро медорад ва халкапечон хафакуш мекунад. Намуди аз хама калонтарини морхои калбаклпой анаконда (аз зоти морхои оби) аст, ки дар Америкаи Чануби зиндаги мекунад. Вай то 10-15 м дарози дошта, дар сохилхои ботлокии Амазонка нутрия, паррандахои обию ботлоки ва мохиёнро шикор мекунад. Вай барои шикор аз об мебярояд ва хатто ба болои дарахт хам мебарояд

Яке аз намудхои дигари морхои калбакипой питони турдор (мори турбадан) аст, ки 5-10 м дарози дошта, дар чанубии Осиё ва Архипелаги Хинду-Малай пахн шудааст. Намуди дигараш мори одди бошад, 5-10 м дарози ва то 100 кг вазн дорад. Ин мор дар чанубии Америка зиндаги мекунад. Дар даштхои Осиёи Миёна ва Кавказ мори печони хурд вомехурад, ки дарозиаш то 1 м мебошад. Вай мори шабгард буда, хазандаю хояндахои хурдро шикор мекунад.

Морхои оби кариб 1000 намуд дорад. Аз онхо баъзеаш захрнок аст. Яке аз намуди морхои оби уж (мор)-и одди аст, ки безахр буда, ранги сиёх ва дар ду тарафи сараш ду доги зарди норинчи ё сафед дорад. Кисми шикамаш зард аст. Он бештар дар кисми аврупои, Сибир ва дар Забайкалею Осиёи Миёна пахн шудааст, ки бештар дар сохилхои ботлокзору дарё ва каналу чуйборхо курбокка, калтакалос, чонварони хоянда. мохи хашаротро шикор карда, бо дандонхои тези ба акиб хамидааш допгга, фуру мебарад. Тобистон дар кабатхои пусидаю намноки растани, ахлоту пору то 20 дона тухм мегузорад. Дарозии баданаш то 1 м мешавад. Вай дар руйи замин печутоб хурда, тез харакат мекунад, дар об мавчвор ва нагз шино менамояд. Туъмаи калон фурубурдааш ба меъда даромада, дар он чо муддати дароз истода хазм мешавад. Барои хамин хам ба чунин мори гушаи зинда одатан мохе ду маротиба хурок медиханд.

Барои эхсоси мухит ва хурокёби забони дарози нугаш чоки мори оби ахамияти калон дорад. Мори оби дар вакти хазидан забонашро бароварда, ба воситаи он чисмхои гирду атрофашро ламс (хис) мекунад.

Чашмони мори обиро пилкхои шаффофи васлшуда мухофизат мекунанд. Мори оби дар зимистон ба хоби табии меравад.

Мори ало аз чумлаи морони захрдор аст, ки ранги он хокистари, чигари, сиёхтоб мешавад ва дар руйи тахтапушташ рахи сиёхи качу килеб дорад, ки давоми он то ба cap рафта, накши харфи «Х»-ро пайдо мекунад.

Рузона мори ало одатан дар офтоби гарм аз пайи шикори мушон ва дигар хайвоноти хурд мешавад. У ба туъмаи доштааш захр зада, уро ба халокат мерасонад. Гадуди дандони захр дар ду пахлуи сараш чой гирифтааст. Дандонхои тези захрдори он дар холати ороми ба дарун хамида, ба ком часпидаанд ва хангоми кушодани дахон ин дандонхо уфуки рост мешаванд. Агар у ба газаб ояд ба хайвоноти калон ё одам низ захр мезанад. Чи кадаре ки чойи захрзада ба cap наздик бошад, хамон кадар хатарнок асг. Бо газидани хама гуна мор фавран ба духтур мурочиат кардан лозим аст. Дар духтурхонахо ба мукобили газидани морхои захрдор зардоби махсус ба кор мебаранд. Вале тавассути чок карда бо хун якчоя захрро фишор дода баровардан, чойи газидаро бо махлули 1-фоизаи маргансовка (перманганати калий) шустан ва гайра ёрии аввалин расондан зарур мебошад.

Мори ало тухме мегузорад, ки дар вай чанин аллакай инкишоф ёфтааст. Бинобар ин ба тези аз тухм морбачахои серхаракат мебароянд. Аз ин чихат вайро мори нимзиндазой меноманд. Ин аломат имконият медихад, ки морони ало дар минтакахои сернами тобистонаш кутох низ зиндаги карда тавонанд.

Дар Точикистон морхо дар водихо ва дар теппахои наздикухи вомехуранд, ки дар байни онхо Намудхои захрнок ва безахр хастанд. Масалан, мори ало дар нишебихои фарози гилин нагз хазида меравад. ба лонахои паррандагон даромада. тухм ва худи онхоро мехурад. Баъзан мори алоро дар болои дарахтони тут. себ дидан мумкин аст, ки паррандагони хурдро таъкиб мекунад. Вай дар сахрою чарогоххо хояндахои майдаро дошта туъмаи худ мекунад.

Мори печони тропикиро бахору тобистон ва тирамох лар нишебихои кухи дидан мумкин аст, ки хачман хурду калтадум буда, ранги пусгаш хокистарранги равшан аст ва дар тахтапушташ як катор догхои сиёхдорад. Хуроки вай хашароти калони захрнок, хояндагон ва калтакалосхо мебошанд. Вай муш ё калтакалосро дошта, ба гирди он мепечаду устухонхояшро шикаста, баъд фуру мебарад.

Аз морхои захрноке, ки газиданашон барои одаму хайвонот хеле хавфнок аст, дар Точикистон мори афъи, мори айнакдор, кавчамор, тирмор зиндаги мекунанд. Дар байни онхо мори айнакдор калон аст. Дарозии он ба 175 см мерасад. Ранги вай аксаран сиёхтоб ё сиёхи баланд буда, шикамаш сафедтоб аст.

Мори айнакдор дар вакти ба хайвоноти калон ё бо одам вохурдан сарашро боло карда, чинхои гарданашро таранг мекунад, ки аз ин сабаб гарданаш ба назар гафси пахн менамояд. Вай фишшосзанон хатарро хис мекунад. Агар одам тасодуфан ба мори айнакдори ором расад, вай хатман захр мезанад. Газидан ва захр задани онхо аломати худмудофиави ва силохи чангиашон мебошад. Захри мори айнакдор ба марказхои нафаскаши, дил, асаб тез таъсир карда, тез аз кор мебарорад.

Кавчамор ранги хокистари ё кахвагии баланд допгга, то 150 см дароз аст. Аз хар ду пахлуяш тасмаи сиёх мегузарад. Кавчамор дар водию нишебии куххо то баландии 2500 метр дучор мешавад. Вай дар гори хайвоноти хоянда, дар зери таркишу харсанг, дар зери решаю ковокии дарахт, дар камишзор дучор мешавад. Баъзан ба болои дарахтон хам хазида мебарояд. Вай мохи апрел аз хоб бедор шуда, мохи декабр ба хоби зимистона меравад. Хуроки кавчамор хайвоноти хоянда, тухму чучахои кабк, гунчишк ва паррандагони дигар аст.

Вай туьмаашро дошта, захр мезанад ва то ба халокат расидан дар дахонаш нигох медорад, пас фуру мебарад. Захри кавчамор хам барои одам хатарнок буда, чойи газидааш аввал варам карда, пас кабуд мешавад. Он чой ба захм табдил ёфта, бо осони сихат намешавад.

Мори афъи (Афи)- 50-80 см дарози дорад. Ранги зарди хокистарии регмонанд дорад. Дар болои сараш накши салиб ё «Т» дида мешавад. Он дар байни регхои водии дарёхои Панч, Вахш, Кофарнихон ва Зарафшон дучор мешавад. Баъзан хазида ба таркиши девор ё манзили одамон медарояд. У одатан бегохи ё шабона серхаракат шуда, рузона аз гармй пинхон мешавад. Хурокаш хашароти калон, хояндахо, калтакалос ва паррандахо мебошад.

Мори Афъи - афи
Сурати Мори Афъи

Тирмор мори рузгард буда, шабона дар лонаи хояндагон, ба таркишхои хок ё зери санг даромада, пинхон мешавад. Баданаш борики хокистарранг ва хеле серхаракат буда, дарозиаш ба 90 см мерасад. Вай тирвор харакат мекунад ва аз ин сабаб онро тирмор номидаанд. Инчунин хамчун тираки хамиртунуккуни (тираки ош) дарозию гафси дорад. У дар соя ё дар болои буттаи шура истода, туъмааш (калтакалос)-ро шикор мекунад. Захри он ба калтакалос марговар буда, баъди 56 сония таъсир мекунад. Дандонхои чуякдори захри тирмор дар кисми акиби чогаш чой гирифтаанд. Бинобар ин вай одамро бо дандонхои захрнокаш газида наметавонад. Тирмор 2-6 тухми дарозруяи борик мегузорад, ки аз он моххои июл-август тирморчахо мебароянд.

Дар омухтани морхои Точикистон профессорон С.А. Чернов ва С.А.Саид-Алиев хиссаи калон гузоштаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …