Главная / Маданият ва санъат / Амсиласозии маснут

Амсиласозии маснут

Дигаргунии намуди чузъхои либос ва ороишу зебогии он (ороишхои гуногун, гулдузи, кашидадузи, апликатсия бо рангхои гуногун, тисма) – ро амсиласозии либос меноманд. Дар вакти моделрони рангхо бояд мувофик бошад ва дар вакти духтан риштахо мувофики матоъ бошад.

Амсиласози ва тарохии (конструксияи) либос аз истифодабарии он вобаста аст, яъне истифодаи пешдоман якчанд намудро дорад. Пешдоман барои тайёр кардани таом бояд васеътар бошад, ки (яъне синаи ин кисми болои васеътар ва кисми поён васеътар бошад, ки ду пахлуи ронро хам руст кунад то ки либоси асоси аз ифлосихо мухофизат шуда бошад.

Хама медонанд, ки барои кор дар ошхона либоси махсус: пешдонман, дастпушак ва нимдастпушак лозиманд. Пешдоман барои рубучини хона, барои шустушуи асбобхо барои чомашуии дасти, барои пешвозгирии мехмон гуногун мешаванд. Мувофики таъиноташон барои тайёр кардани таом.

oroishi-libos

Пешдоман барои шустушуи асбобхо ва чомашуии дасти бо пеши назди синадор ва аз матои обнагузаронанда бошад, он матохое, ки зич бофта нусхаи хархелаи гулдор ва гайра. Ба пешдомане, ки барои пухтани таом лозим талаботи дигар мавчуд аст: матояш барои тез- тез шустан мувофик ва он бояд доимо тоза бошад.

Он пешдоман бояд руи либосро бештар пушад барои аз ифлоси, чарахсаи равганхо дар вакти тайёр кардани таом нигох дорад. Дар ин холат ба пешдомани кори ороишхои гуногун шарт нест, бурма, кашидадузи ва гайра, барои он ки дарзмолкуниро мураккаб мекунад.

Дар дигар холат дар вакти тайёр кардани мизи идона он майдатар, зебо ва назардид бошад. Духтани пешдоман хеле содда аст. Шумо медонед, ки акнун чи хел колабро месозанд, интихоби фасон ба шумо вобаста аст.

Ин корро мустакилона ичро карда метавонед. Матоъро барои пешдоман харидан шарт нест. Либосхое, ки ба шумо хурд шудаанд пешдоман сохтан мумкин аст, доман, курта ё ки аз куртаи кухнаи мардонаи гулдор, рахдор, бегули якранга ё рангаш хархела. Куртаи мардона асосан дар кади гиребон ё буриш ё кисми поён тез фарсуда мешавад, аммо кисми пеш ва акибаш мустахкам мемонад. Аз хамин лихоз либосхои матоъхои сунъи ки зиёдтар хизмат мекунад шустанаш осон дарзмол кардан лозим не, онро бо ороишхои тисмахои рангбордор ё апликатсия нав кардан мумкин. Аз руймолхои хархела аз матоъхои пахтагин пешдомани хурди зебо духтан мумкин ба канори он ороишхо духта ба кунчаш тисмахои барои гарданбанд ва миёнбанд духтан мувофик аст.

Аз матоъхои полиэтилени плёнка, клиёнка ё матоъхои шафоф ба онхо колаби пешдоманро гузошта онро бо кайчи бурида духтан лозим нест. Ин хел пешдоманхо зиёд хизмат намекунад, аммо дар сохтан хам вакти камро мегирад. Ин гуна пешдоманхо бештар лозим барои чомашуи, шустани асбобхо ва лигар корхое, ки ба онх чирк пош мехурад.

Агар шумо хохед, ки аз матои зич бофта (тит) пош намехурдаги матоъ ё монанди плаши кухнаи (балони) онгох онро 20-25 см дарозтар буред ва поёнашро катъ карда кисми пахлуиро хам дузед аз мобайни чоки амуди ба чоки каткарда гузоред ва ба он тарафхои ин чок амуди ду киса барои асбобхо ва матоъхои дар даст буда дузед, пешдомани кулай барои корхои хочагии рубучин таъмири хона руи хавли ва гайра истифода бурда мешавад.

Амсиласози ба конструксия вобаста асосан ба таъгир додани хатхои сина, хатти миён, хатти боло ва поёни пешдоман дигаргун сохтан ва гайра мебошад.

Дар вакти амсиласози якчанд ороишхоро истифода мебарем яке аз намудхояш.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …