Главная / Гуногун / Амирони Бухоро (халки точик дар нимаи аввали асри XIX)

Амирони Бухоро (халки точик дар нимаи аввали асри XIX)

Соли 1800 амири Бухоро Шохмурод вафот кард. Ба чои у писараш амир Хайдар ба тахти аморат нишаст. У соли 1826 дар синни 48-солаги аз дунё гузашт.

Сулолаи хонадони Аштархони (Чонихо) худро аз авлоди пайгамбари ислом хазрати Мухаммад пиндошта, тахаллуси ифтихории сайидро доштанд. Хонадони сулолаи мангития аз ин авлод набуданд. Бинобар ин асосгузори ин сулола Мухаммадрахимхон духтари охирин сулолаи хонадони аштархони – Абдулфайзхонро (1711-1747) ба издивочи худ даровард. Бо ин у максад дошт, ки насли ояндаи хонадони Мангития ба унвони мукаддас ва ифтихории «сайид» мушарраф гардад. Вале аз ин никох фарзанд нашуд.

Баъди ба сари хокимият омадан Шохмурод зани амакаш Мухаммадрахимхонро (духтари Абдулфайзхонро) ба акди никохи худ даровард. Аз онхо се фарзанд таваллуд ёфтанд. Калониаш Хайдар ном дошт. Азбаски у аз духтари сайид таваллуд ёфта буд, аз амир Хайдар cap карда, то Олимхон (1910-1920) амирони Бухоро пеш аз номи худ номи ифтихории «сайид»-ро менавиштаги шуданд.

Дар солхои аввали хукмронии амир Хайдар ба лашкари Бухоро муяссар гардид, ки ба Хева зарбаи шадид расонида, аз чониби ин хонигари хавфи хучуми душманро ба Бухоро бартараф намояд. Вале баъд аз чанд соли ин вокеа, ба сабаби заиф гардидани аморати Бухоро, хонхои Хева аз чумла, Мухаммадрахимхони кунгурот, муттасил хучум намуда, то деворхои Бухоро расид.

Бо максади муттахид кардан ва мустахкам намудани давлати худ амир Хайдар ба саргахи Зарафшон хамла намуда, Панчакент, Фалгар ва Мастчохро як муддат ба каламрави худ дохил намуд. Муборизаи амир Хайдар бо Шахрисабз, хонии Хуканд ва Уротеппа хеле тулони ва токатфарсо буд. Ба амир лозим омад, ки ба тарафи Хисор хам лашкар кашад.

kushbegi-buharyi

У сиёсати падари худро дар бобати марказият додани давлат пеш бурда натавонист. Вай худро яке аз уламои замон пиндошта, дар мадрасаи арк, ки бо амри у сохта буданд, ба дарсгуи машгул шуд. Амир Хайдар Куръонро аз бар карда бошад хам, хеч гох зохиди риёзаткаш набуд. Дар харами худ духтарони зиёдро чамъ оварда буд. Дар замони у муковимати феодалони махалли дубора кувват гирифт. Дар натичаи лашкаркашихои сершуморе, ки ба мукобили феодалони исёнкор ва хамсоягони хусуматпарвар ба амал оварда мешуд, инчунин пардохти маоши беш аз хазор амалдор ва инъомхои пулии харсолаи аъёну ашроф, эхтиёчи моддии давлат низ зиёд мегардад. Дар ин вакт харчи амир Амир Хайдар чанд писар дошт. Насрулло – фарзанди дуюми у икдом дошт, ки харчи зудтар ба тахти Бухоро сохиб шавад. У хокими Карши буд ва падараш амир Хайдарро ба туи хатнаи писараш Музаффар ба он шахр даъват намуд. Падараш дар туй ширкат варзид. Вале дар рохи бозгашт ба Бухоро бемор шуда, баъди 18 руз вафот кард. Зеро писараш Насрулло ба хуроки падар захр андохта буд. ду баробар аз дахли у зиёдтар буд. Андозхо ба номи молиёт ва хироч монанди кушунпули, танобпули, алафпули, чубпули, миробона, кавсан ва гайра дубора чори гардида буданд. Ба замми ин, горатгарихое, ки хангоми амалиёти харби ба вукуъ меомаданд, ба сари мардуми мехнаткаш мусибатхои зиёд оварда, онхоро боз хам кашшоку бенавотар мегардонданд. Дар ибтидои солхои бистум таназзули иктисоди ва харобии саросари кишвар рух дод. Афзудани чабру зулм ва истибдод боиси cap задани ошубхои халки гардид. Яке аз калонтарини он шуриши хитойкипчокхо буд, ки аз соли 1821 то соли 1825 дар водии Миёнкол cap зада давом кард.

Писари калонии амир – Мир Хусайн ба тахти Бухоро нишаст. Кушбегии амир Хакимби бо Насрулло забон як карда ба Мир Хусайн таомхои захролуд дода, уро халок карданд. Баъд аз 76 рузи хукмрони Мир Хусайн низ вафот кард. Вале пеш аз вафоташ у бародараш Мир Умарро аз Кармина даъват намуда, ба чои худ амир таъин карда буд.

Хукмронии Мир Умар камтар аз ду мох давом кард. У бештар ба айшу ишрат машгул шуда, ба корхои давлати беахамияти намуд. Ин бепарвои сабаби норозигии аъёну ашроф ва мардуми Бухоро гардид. Аз ин вазъият истифода намуда, Насрулло бо максади ишголи тахти Бухоро ба суи ин шахр лашкар кашид. Ба у кушбеги Хакимби кумак мерасонд. Мир Умар мачбур мешавад, ки Бухороро тарк намуда, фирор намояд. Баъд аз якуним сол у дар Хуканд вафот кард. Часадашро оварда дар Бухоро гурониданд.

Насрулло соли 1826 ба тахти Бухоро сохиб шуда, то соли 1860 хукмрони намуд. У фавран се бародари дигари худ – Зубайрхон, Хамзахон ва Сафдархонро бо зану фарзандонаш катл намуда, аз даъвогарони тахти амири худро эмин намуд. Барои асрори ба тахт сохибшавиашро пинхон доштан, кушбеги Хакимби низ катл шуд. Дар давоми як мохи пас аз чулуси худ Насрулло хар ру 50-100 касро ба катл мерасонд. Ба гайр аз инхо Насрулло дар ибтидои 7-8 соли хукмронии худ хамаи дарбориёни падараш, наздикон, сипохиёни уро аз вазифаашон махрум намуда, катл кард ва молу мулки хар кадом ба манфиати хазинаи амир мусодира шуд. У бо гаддори ва хунхории фавкулода аз дигар амирон фарк мекард. Барои ин вайро мардум «амири кассоб» номида буданд. Дар давраи хукмронии зиёда аз сисолаи худ амир Насрулло бо бадкирдори, катлу куштор, хиёнат, бешарафи ва хирсу ози гушношунид ном баровард.

Амир Насрулло бо Шахрисабз, Уротеппа, Хуканд ва Хева муттасил чанг мекард. Кушишхои у дар бобати ба хайати аморати Бухоро баргардонидани вилоятхои сохили чапи Ому, ки акнун ба тасарруфи амирони афгон даромада буданд, натича набахшид.

Амир Насрулло бо максади хокими мутлак гаштан як катор чорахои нихоят берахмона дид. Умаро ва сарони сипох, агар андаке норозиги изхор кунанд ва ё майли чудошави намоянд, кушта ё худ бадарга шуда, молу мулкашон мусодира мегардид.

Соли 1842 у беки Мастчох Ботурхочаро ба Бухоро хамрох бурда, катл намуд. Соли 1858 дар яке аз шуришхои худ ба Уротеппа ба амир Насрулло муяссар мешавад, ки шахрро забт намуда, хокими он Рустамбекро ба катл расонад.

Баробари лашкаркашихо амир Насрулло дар пойтахт барои бехатар намудани худ, хукуки кушбегиро махдуд намуд.

Соли 1837 амир Насрулло ислохоти харби гузаронд. То ин вакт лашкари Бухоро аз ду кисмат иборат буд: яке нукархо, ки бидуни мухлат хизмат мекарданд, дигаре карачирикхо, ки сершумор буданд. Гайр аз нукархо шогирдпешахо низ буданд, онхо хизмати кисми тайёрии кушунро адо мекарданд. Нукархо ба ду кисм – ба мерганхо ва найзадастон чудо мешуданд. Мерганхо бо туфанг ва ё камон, найзадастон бо найза мусаллах буданд. Кисми махсусро туп ташкил медод, ки ба он тупчибоши фармонфармои мекард.

Карачирикхо аксар вакт бесилох буданд. Мардони бе силох, аз руи амри амир, белу каланд ба даст мегирифтанд.

Асоси кисми муназзами амир асирони рус, форсхо ва дигарон буданд. Барои онхо либоси махсуси низоми чори карда шуд. Хамаи сарбозони ин кисм мусаллах буданд. Силохи тупчиён таппонча ва шамшери руси буд.

Соли 1860 ин мустабиди хунхор аз тарафи зани ба зур гирифтааш – духтари беки Шахрисабз Кенагасхоним ба халокат расонда шуд. Аз баъзе ривоятхо маълум мешавад, ки номбурда хангоми хоб ба гуши амир симоб рехтааст. Амир Насрулло аз дарди чонкох бедор шуда, пеш аз марг фармудааст, ки он зан ва хамаи фарзандони уро кушта, ба чох партоянд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …