Главная / Гуногун / Амири Лайс

Амири Лайс

Яке аз бандагони Амру Лайс гурехта буд. Касон дар акибаш бирафтанд ва бозоварданд. Вазирро бо вай гаразе буд ва ишорат ба куштан фармуд, то дигар бандагон чунин феъл раво надоранд. Банда пеши Амру сар бар замин ниходу гуфт.

Хар чи равад бар сарам, чун ту писанди, равост,
Банда чи даъви кунад, хукм худованд рост.

Аммо ба мучиби он парвардаи неъмати ин хонадонам, нахохам, ки дар киёмат ба хуни ман гирифтор ои. Агар бе гумон ин бандаро бихохи кушт, ба таъвили шаръи бикуш, то дар киёмат маъхуз ба фармони хак набоши.
Амру гуфт:
– Таъвил чи гуна аст?
Гуфт:
– Ичозат фармой, то вазирро бикушам, ба касоси у бифармои хуни маро рехтан, то ба хак кушта боши.
Маликро ханда гирифт, вазирро гуфт:
– Чи маслихат мебини?
Гуфт:
– Эй худованди чахон, аз бахри худой ин шухдидаро ба садакоти гури падар озод кун, то маро дар балое наяфканда. Гунох аз ман аст ва кавли хукамо муътабар, ки гуфтаанд:

«Чун карди бо кулухандоз пайкор,
Сари худро ба нодони шикасти,
Чу тир андохти дар руи душман,
Хазар кун, к-андар омочаш нишасти».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …